Дастури сеюм: Агар мехоҳӣ, ки адоват куни ба адовате, ки дар қалбат вуҷуд дорад, адоват кун, ба рафъи он кушиш кун. Ҳам ба нафси аммора ва ҳавои нафси худ, ки ба ту бисёр зарар мерасонад адоват кун. Ва ба ислоҳи он кушиш кун. Ба хотири он нафси зарардиҳандаи худ ба мӯъминон адоват накун. Агар мехоҳӣ, ки душмани кунӣ кофирҳо, зиндиқҳо ва бединҳо бисёр аст, ба онҳо адоват ва душманӣ кун. Бале, чи тавре ки сифати муҳаббат ба муҳаббат лоиқ ва муносиб аст, ва хислате ҳамчун душманӣ низ зиёдтар аз ҳар чизи дигар, худ шоистои душманист. Агар мехоҳӣ, ки душмани худро мағлуб кунӣ, ба муқобили бадӣ ва зишти ӯ, хубӣ  кун. Чунки, агар бо бадӣ ва зиштӣ муқобила намоӣ, хусумат ва душманӣ изофа хоҳад шуд. Зоҳиран агар мағлуб ҳам шавад, қалбан кина ва душманӣ хоҳад баст. Адоват ва душманӣ давом хоҳад кард. Агар бо некӣ муқобила намӣ, пушаймон шуда ва ба ту дӯст хоҳад шуд. Аз назари ҳукми:

اِذَا اَنْتَ اَكْرَمْتَ الْكَرٖيمَ مَلَكْتَهُ § وَ اِنْ اَنْتَ اَكْرَمْتَ اللَّئٖيمَ تَمَرَّدًا

мақоми мӯъмин, карим будан аст. Аз икром ва саҳоват ва илтифоти ту ба ту мусаххар ва ром хоҳад шуд. Зоҳиран лаим ва мумсики хасис ва бахил ҳам бошад, аз ҷиҳати имон карим мебошад. Бале ба як одами бад бигӯи, ки ту як одами хуб ҳастӣ ва як одами хуб ва нек хоҳӣ шуд, инро такрор такрор бигӯи як одами нек шудани ӯ, ва ба як одами хуб бигӯи, ки ту як одами бад ҳастӣ ва як одами бад хоҳӣ шуд инро такрор такрор бигӯи, як одами бад шудани ӯ бисёр ба вуқуъ мегардад. Ин тавр бошад ба монанди дастурҳои Қуръонӣ  5وَاِذَا مَرُّوا بِاللَّغْوِ مَرُّوا كِرَامًا ۞ وَاِنْ تَعْفُوا وَتَصْفَحُوا وَتَغْفِرُوا فَاِنَّ اللّٰهَ غَفُورٌ رَحٖيمٌ  гӯш бидеҳ. Саодат ва саломат дар ӯст.

Дастури чорум: Аҳли кина ва адоват ҳам ба нафси худ, ҳам ба бародари мӯъмини худ, ҳам ба раҳмати Илоҳӣ зулм мекунад, таҷовуз мекунад. Чунки, таввасути кина ва адоват, нафси худро дар як азоби алим ва дарднок мегузорад. Аз неъматҳо ва эҳсонот ва хубиҳое, ки ба душмани ӯ ва мухолифи ӯ яъне ба нафари  муқобили ӯ меояд азоб ва аз ғаму ғусае, ки аз тарси ӯ меояд ба нафси худ бор мекунад, ба нафси худ зулм мекард. Агар адоват аз ҳасад биёяд, пас он тамоман азоб аст. Чунки, ҳасад аввалан соҳибашро маҳв мекунад, дар мегиронад. Дар ҳаққи маҳсуд яъне шахси ҳасад шуда ё зарараш кам аст ва ё ҳеч зарар нахоҳад дошт.

Чораи ҳасад: