МАСЪАЛАИ ЁЗДАҲУМ

Ибтидои Масъалаи Ёздаҳуми Самара, шомили натиҷае чун биҳишт, саодати абадӣ ва дидори Аллоҳ аз меваҳои бешумори куллию ҷузъии шаҷараи кудсии имон аст, ки садҳо намунаи он, дар Рисолаи Нур баён гардида ва бо ҳуҷҷатҳои яқин исбот шудааст. Тавзеҳи матлабро ба “Сироҷи Нур” ишора мекунем ва мутаарризи аркони куллии он нашуда, танҳо чанд намунаи самараҳои хоссу ҷузъии аз ҷузъиёти мавзӯъ баён мегардад.

Якум: Рӯзе дар дуо гуфтам: “Ё Раббӣ! Манро ба ҳурмату шафоати Ҷабраил, Микоил, Исрофил ва Азроил, аз шарри ҷинну инс муҳофизат намо!” Вақте номи Азроилро, ки боиси тарсу ҳароси ҳамааст ба забон овардам, эҳсоси ширин, оромибахш ва дӯстдоштанӣ, ба ман рух дод. Гуфтам “Алҳамдулиллоҳ” кӯшиш ба дӯстдоштани Азроил кардам. Ба як самараи ҷузъии аз самараҳои бисёри имони ба Азроил ба унвони яке аз малоика, як ишораи мухтасар мекунем:

Аввалан: Бо арзиштарин дороии инсон, ки дасту пояш дар иртибот ба он, ба ларза меафтад рӯҳи ӯст. барои пешгирӣ аз зоеъ шудан ва нобудӣ ва билотаклифии (рӯҳ), супурдани он ба дастони қудратманду амин, сурури амиқ, насибам кард. Фариштагонеро ба ёдам овардам, ки аъмоли инсонро сабт мекунанд, дидам монанди ин мева чи самараҳои дилпазир доранд.

Сониян: Ҳар кас барои боқӣ мондани сухан ё феъли боарзиши худ, тавассути китобат, шеър ва ҳатто филму синамо, муштоқона нисбат ба ҳифзи он кӯшиш мекунанд. Махсусан агар феълҳои матраҳ бошад, ки дар биҳишт самароте бабор оварад, дар ин сурат фард алоқамандтар мешавад. Эҳсоси кироманкотибин, ки дар тарафи чапу рости инсон нишаста ва (амалу кирдори инсонро) барои нишон додан дар манзараҳои абадӣ, барои мукофоти доимӣ (сабт мекунанд); дар назарам чунон ширину дилпазир омад, ки ба баёнаш қодир нестам.

Онгоҳ, ки аҳли дунё аз ҳама ҷонибҳои зиндагии иҷтимоӣ, аз китобҳо, дӯстон, хизматгорон ва ҳама корҳое, ки боиси оромишам мешуд, боиси инзивоям гардиданд. Замоне, ки таҳти фишори ваҳшати ғурбат будам, дунёи пуч бар сарам овор мешуд, яке аз самараҳои бешумори имон овардани ба малоик, ба фарёдам расид. Ҷаҳони ҳастӣ ва дунёамро шодмону пур аз фариштагону рӯҳониён кард ва боис шуд ҷаҳоне, ки дар он зиндагӣ мекардам бо шодӣ лабханд бизанад. Дар ҳамон мавқеъ, нишонам доданд, ки олами аҳли залолат, пур аз ваҳшату холию гиристан аст.

Қувваи хаёлам дар ҳамон ҳол, ки ба сабаби лаззати ҳосилшудаи аз ин самара, шоду масрур буд. Меваи мушобеҳе аз меваҳои фаровони имон ба ҳама пайғамбаронро чашид. Ҳамон лаҳза эҳсос кардам ҳамроҳи ҳамаи анбиёи гузашта зиндагӣ кардаам. Имону тасдиқам нисбат ба онҳо, замонҳои собиқро равшанӣ бахшид, имонамро вусъат дода, куллият бахшид. Низ бар даъвоҳои Паёмбари охируззамонамон дар бораи имон гувоҳӣ дода, шаётинро ба сукуткардан маҷбур кард.

Ногаҳон саволе ба қалбам хутур кард, ки посухи қатъии он дар “Ламъаи Ҳикмату-л Истиоза” омадааст. Савол ин буд:

“Дар ҳоле, ки натиҷаҳову манфиатҳои зебои самараҳо ва фоидаҳову ҳасаноти бисёр дилнишине ҳамчун меваҳои зикршуда ва тавфиқоту иноятҳои меҳрубононаи Арҳамму-р-роҳимин, аҳли ҳидоятро ёрӣ карда ба онҳо қуввату нерӯ мебахшанд, чаро аҳли залолат дар бисёр вақтҳо ғолиб мешаванд ва гоҳо бист нафари онҳо, боиси парешонии сад нафар аз аҳли ҳидоятро фароҳам мекунанд?” Бале, эҳсос кардам саволе ба ин маъно аз ман пурсида шуд. Дар чунин андеша будам, ки ба ёди малоика ва таъкидҳои Қуръон афтодам, ки дар баробари дасисаҳои бисёр заифи шайтон, ёрии Ҷаноби Ҳақ насиби аҳли имон мегардад. Бо таваҷҷӯҳ ба шарҳу баёни ҳикмати қатъии ин мавзӯъ, дар Рисолаи Нур ишораи бисёр мухтасар ба посухи саволи мазкур мекунем:

Бале, гоҳо дар баробари талоши пинҳонии фарди девонаву музир барои оташзадани хонае, ки сад нафар онро бино карда ва садҳо нафар аз он муҳофизат мекунанд, ҳатто мумкин аст ба давлату подшоҳ низ муроҷиат шавад, то хонаи мазкур по барҷо боқӣ монад. Вуҷуди он хона ба вуҷуди шароити аркону асбоби лозима вобастагӣ дорад. Аммо аз байн рафтану вайрон кардани он хона, бо аз байн рафтани танҳо яке аз шароит, воқеъ мегардад. Яъне бо гӯгирд задани як девона, сӯхта нобуд мешавад. Ба ҳамин тартиб, шаётини инсу ҷин, бо камтарин коре, ки анҷом медиҳанд, боиси вайрониҳои бузург ва оташсӯзиҳои маънавию ваҳшатнок мешаванд. Решаи асосии ҳамаи бадиҳо ва исёнҳову шурур, адаму нобудист. Ва адаму тахриб, дар зери сурати вуҷуд, махфист. Шаётин ва шарри инсию ҷиннӣ дар истинод ба ин нуқта бо қудрати бисёр андак дар баробари қудрати беҳадду канор, меистанд. Ва аҳли ҳаққу ҳақиқатро ҳамеша  ба сӯйи даргоҳи Ҷаноби Ҳақ маҷбур ба фирор мекунанд. Қуръон низ, ба ҳимояти онон (аҳли ҳақиқат) ҳамеша таъкид мекунад ва асмои навадунӯҳ гонаи Илоҳиро дар ихтиёрашон мегузорад ва дастури ботаъкид медиҳад, ки дар рӯбарӯи душманон собитқадам бошанд.

Бо ин посух, яку якбора нишонаҳои ҳақиқати азим ва асоси масъалаи бузургу ҳайратангез, ба тартиби зер дида шуд:

Ҳамчуноне, ки биҳишт тамоми маҳсулоти олами вуҷудро дорад, тухмиҳои расидаи дунёро ба сурати доимӣ мепарварад. Ҷаҳаннам низ, барои нишондодани натиҷаҳои аламовари тарсноки беҳадду канор, адаму холӣ, маҳсулоти адамиро таҳия мекунад ва корхонаи ваҳшатноки ҷаҳаннам, илова бар соири вазифаҳое, ки дорад, олами вуҷуд ва коинотро аз зиштиҳои олами адам, пок мекунад. Феълан намехоҳем боби ин масъалаи ваҳшатнокро кушоем. Иншоаллоҳ баъдан тавзеҳ дода мешавад.

Низ, ҷузъе аз самараи имони ба малоик ва намунаи вобаста ба Накиру Мункар чунин аст:

Дар олами хаёл, вориди гуре шудам, ки монанди ҳар кас бояд вориди он мешудам, дар ҳоле, ки дар гури торику хунук, ки ба ҳуҷраи инфиродӣ монанд аст, танҳо, бекас, ғарқи ноумедӣ, ваҳшат ва танҳоии мутлақ, ба худ меларзидам. Ногаҳон ду дӯсти азиз аз тоифаи Накиру Мункар намоён шуданд, ба суям омада ва бо ман гуфтугӯро шуруъ карданд, қалбу қабрам вусъат ёфт, нурониву гарм шуд, ва даричаҳое ба сӯйи олами арвоҳ кушода шуд. Аз он чи, ки дар олами хаёл медидам ва қарор буд дар оянда воқеъан ба сарам ояд, аз дилу ҷон шод шуда, шукур гуфтам.

Яке аз талабаҳои улуми диние, ки сарфу наҳв мехонд, аз дунё меравад. Дар қабр накиру мункар аз ӯ мепурсанд: “مَنْ رَبُّكَ?” Парвардигори ту кист? Ӯ худро дар мадраса гумон карда, бар асоси илми наҳв чунин посух медиҳад: “مَنْ, мубтадо ва رَبُّكَ хабари он аст. Ин матлаб осон аст, саволҳои мушкилтар диҳед.” Фариштагон ва ҳам арвоҳи ҳозир ва валиеро, ки дар онҷо кашфу-л-қубур карда ва шоҳиди моҷаро будааст, ба ханда во медорад ва раҳмати Илоҳӣ низ, мутабассим шуда, талабаи мо аз азоб наҷот меёбад. Марҳум Ҳофиз Алӣ, ки аз шуҳадои қаҳрамони Рисолаи Нур аст, дар зиндон ҳангоме, ки Рисолаи Самараро бо камоли шавқ менавишту мутолиъа мекард, аз дунё рафт. Дар қабр ба фариштагоне, ки маъмури суоланд, монанди ҷаласаи додгоҳ, бо ҳақиқатҳои Рисолаи Самара ҷавоб медодааст. Ману талабаҳои Рисолаи Нур низ, саволҳои ононро дар оянда, ба шакли ҳақиқӣ ва дар айни замон, ба лиҳози маъно бар асоси ҳуҷҷатҳои қавию дурхшони Рисолаи Нур посух дода, Иншоаллоҳ онҳоро ба тасдиқу таҳсину такбир во медорем.

Намунаи ҷузъӣ аз ин, ки имон овардани ба малоика, мадори саодати дунявист:

Кӯдаки маъсуме, ки дарси илму фиқҳ гирифта, ба кӯдаки дигаре, ки дар канораш буд ва барои вафоти бародараш гиря мекард, гуфт: “Гиря макун, шукур кун… бародари  ту бо фариштагон ба сӯйи биҳишт рафт, дар онҷо сайру гашт карда, зиёдтар аз мо лаззат мебарад, монанди фариштагон, бол мезанад; ӯ ҳоло метавонад ҳамаҷоро тамошо кунад.” Ба ин тартиб, гиряи ӯро ба табассуму шодӣ, табдил кард.

Ман низ, монанди ҳамон кӯдаке, ки мегирист, дар ин зимистони ҳазин ва вазъияти аламоварам, хабари бениҳоят дарднок, яъне вафоти ду касро шунидам. Яке аз онҳо бародарзодаам марҳум Фуод буд, ки дар мактабҳои муътабару олӣ ҳамеша ба мақоми аввал ноил шуда, ба нашри ҳақиқатҳои Рисолаи Нур машғул буд. Дигараш низ, ҳамшираи марҳумаам Олимахонум буд, ки ба сафари Ҳаҷ рафту дар вақти сакарот ба тавоф машғул буда, аз дунё дар гузашт. Дар марги ин ду, ҳамчун дар вафоти марҳум Абдураҳмон, ки шарҳи он дар Рисолаи Пиронсолон омадааст, гиря кардам. Аммо дар айни ҳол ба нури имон дар олами маъно дидам, ки Фуоди бегуноҳу он бонуи солиҳа, ба ҷойи инсонҳо, бо фариштагон дӯст шудаанд, ва аз ҳалокату исёнҳои дунявӣ, наҷот ёфтаанд. Ба ҷойи ғаму андуҳи шадид, шодии бузург эҳсос кардам. Ба онҳо, ба падари Фуод яъне бародарам Абдулмаҷид ва ба худам табрик гуфтаму шукри Худои Арҳамму-р-роҳиминро ба ҷо овардам. Ин матлабро ба нияти дуои раҳмат, барои он ду марҳум навишта ва сабт кардам.

Ҳамаи мувозинатҳои дарҷшудаи дар Рисолаи Нур самараҳои имонро, ки мадори саодати дунявию ухравист, баён мекунад. Самараҳову фоидаҳои бузургу куллии имон дар ин дунё боиси саодати ҳаёту лаззати умр ҳастанд. Аз ин ҷиҳат, имони ҳар шахси мӯъмин, барояш саодати абадиро натиҷа медиҳад. Балки дар охират ба сурати саодат, сунбул дода ва ба он сурат мешукуфад.

Панҷ фоидаи самароти куллӣ ва бисёр фаровони мазкур, дар таҳти унвони меваи меъроҷ дар бахши поёни Гуфтори Сию Якум ва панҷ фоидаи дигар дар Шохаи Панҷуми Гуфтори Бисту Чорум ба унвони намуна навишта шудааст. Дар оғоз гуфта будем, ҳамон тавре, ки ҳар як аз аркони имон, дорои самараҳои ҷудо-ҷудо бисёр зиёд мебошад, як самара аз самараҳои фаровони он маҷмӯъа, биҳишти барин, самараи дигари саодати  абадӣ ва боз самараи дигар ва шояд дилнишинтаринашон руъяти Илоҳист. Дар мувозинати бахши поёни Гуфтори Сию Дуюм як қисми аз самароти имон, ки мадори саодати ду ҷаҳон аст, равшанӣ дода шудааст.

Яке аз далелҳои вуҷуди самароти бо арзиши рукни имони ба қадар дар ин дунё, дар забони мардум ба ин сурат зарбулмасал шудааст: مَنْ اٰمَنَ بِالْقَدَرِ اَمِنَ مِنَ الْكَدَرِ  яъне, “Касе ки ба тақдир имон дошта бошад аз ғаму ғусса наҷод меёбад.” Дар поёни Рисолаи Қадар бо як тамсили зебо вуруди ду мард ба боғи қасри шоҳона ва самараи куллии он баён шудааст. Ҳатто ман дар зиндагии худам ба сабаби ҳазорон таҷруба, дарёфта ва донистаам, ки агар имони ба қадар набошад, саодати ҳаёти дунявӣ аз байн меравад. Дар мусибатҳои дарднок, ҳар гоҳ аз гушаи имони ба қадар нигоҳ мекардам, медидам, ки дарди мусибат ба миқдори зиёд кам мешавад, ва ҳайрон аз ин мешудам, ки чигуна бидуни имон ба Қадари илоҳӣ метавон зиндагӣ кард.

Дар Мақоми Дуюми Гуфтори Бисту Дуюм ба яке аз самараҳои куллии рӯкни имони ба малоика чунин ишора шудааст: Азроил алайҳиссалом дар муноҷот ба Ҷаноби Ҳақ хитоб карда мегуяд: “Дар амал кардан ба вазифаи қабзи арвоҳ, бандагонат аз ман нороҳат шуда, шикоят мекунанд.” Ба ӯ ҷавоб гуфт: “Бемориҳову мусибатҳоро дар баробари анҷоми вазифаи ту парда карор медиҳам, то шикояти бандагонам аз онҳо бошад ва ҳеҷ мутаваҷҷеҳи ту нашаванд.”

Вазифаи Азроил алайҳиссалом низ, монанди ҳамин пардаҳост, то шикоятҳои ноҷо мутаваҷҷеҳи Ҷаноби Ҳақ ҷалла ҷалолуҳу нагардад. Зеро, ҳар кас ба мушоҳидаи ҳикмат, раҳмат, ҷамолу маслиҳате, ки дар марг вуҷуд дорад қодир намебошад. Зоҳирро мебинанд, лаб ба эътироз кушода шикоят мекунанд. Барои он, ки чунин шикоятҳои ноҷо мутаваҷҷеҳи Раҳими Мутлақ нагардад, ҳикмат ин аст, ки Азроил алайҳиссалом пардаву ҳиҷоб бошад.

Ба ҳамин тартиб, вазифаи ҳамаи малоик, балки ҳама асбоби зоҳирӣ, он аст, ки пардае дар баробари иззати рубубӣ шаванд, то иззату тақдиси қудрати Илоҳӣ ва иҳотаи раҳматаш дар чизҳое, ки зебоии онҳо дида намешавад ва ҳикматҳояшон дониста намешавад, дар ҳифз монад ва дар ҳадафи эътирозҳо воқеъ нагардад ва мубоширати қудрат дар чизҳои беарзишу бетараҳҳум… дида нашавад; вагарна Рисолаи Нур бо ҳуҷҷатҳои бешумор исбот кардааст, ки муҳри тавҳид аз он нишон дорад, ки ҳеҷ сабаби таъсири ҳақиқӣ надорад ва дар эҷод низ фоқиди қобилият лозим аст.

Халқ ва ё эҷод кардан хоссаи ӯст. Сабабҳо танҳо як парда ҳастанд. Бошуурон ба мисли фариштагон, ба сабаби ихтиёрҳои ҷузъияшон, танҳо навъи хизмати фитрие, ки касб номида мешавад ва танҳо як амали убудият, он ҳам беимкони эҷод, дар ихтиёр надоранд.

Бале, иззату азамат, хоҳони ин ҳастанд, ки сабабҳо пардадори дасти қудрат бошанд.

Дар назари ақлу тавҳид ва аҳадият низ, мехоҳанд сабабҳо, дасти худро аз таъсири ҳақиқӣ кӯтоҳ кунанд.

Пас ҳамчуноне, ки малоик ва сабабҳои зоҳирие, ки дар умури хайрӣ ва вуҷудӣ истихдом мешаванд. Қудрати Раббониро дар чизҳое, ки зебоиҳояшон дидаю дониста намешавад, аз зулму қусур муҳофизат намуда ва ҳар кадом як васила, барои тақдису тасбеҳи Илоҳӣ, ба шумор мераванд,

Ба ҳамин тариб, коркарди шайтонҳои инсу ҷин ва маводи зараррасон дар умури шаррӣ ва адамӣ низ, қудрати субҳониро аз зулму ситам ва эътирозоти ноҷо ва шикоятҳо, мераҳонад ва ба тақдису тасбеҳи Раббонӣ ва муназзаҳу мубарро буданаш аз ҳар гуна қусуре, ки мумкин аст дар коинот бошад, хизмат мекунад. Зеро ҳама нуқсонҳо аз адам ва аз надоштани қобилият ва аз тахрибу анҷом надодани вазифа — ки ҳар кадоми аз инҳо, навъе аз масъалаи адамист — ва аз афъоли адамие, ки фоқиди вуҷуданд, сарчашма мегирад. Ин пардаҳои шайтонӣ ва мубтанӣ бар шар, марҷаъи он нуқсонҳо қарор мегиранд ва эътирозҳоро ба сӯйи худ ҷалб карда, василае барои тақдиси Ҷаноби Ҳақ ҷалла ҷалолуҳу мешаванд.

Воқеан дар умури адамӣ ва тахрибию шаррӣ, ба қуввату иқтидор ниёз нест. Кори хурду қуввати ҷузъӣ, балки анҷом надодани вазифа кофист, то гоҳо боиси адамҳову тахрибҳои бузург гардад. Фоилони шурур, гумон меравад, ки муқтадиранд; дар ҳоле, ки ҷузъи адам, таъсире надоранд ва хориҷ аз касби ҷузъ, қудрате надоранд, бинобар ин, чун шурурони мазкур реша дар адам надоранд, пас шурурон, фоилони ҳақиқианд. Онҳо мустаҳиққи онанд, ки агар бошууранд муҷозотро таҳаммул кунанд. Пас шурурон дар сайиот, фоиланд.

Танҳо дар ҳасанот ва умури хайр ва аъмоли солиҳа сӯҳбат аз вуҷуд мешавад ва некон фоилону муассирони ҳақиқӣ нестанд. Онҳо қобиланд ва файзи Илоҳиро мепазиранд ва подошашон низ фазли Илоҳист. Бинобар ин, Қуръони Ҳаким мефармояд:

 مَٓا اَصَابَكَ مِنْ حَسَنَةٍ فَمِنَ اللّٰهِ وَمَٓا اَصَابَكَ مِنْ سَيِّئَةٍ فَمِنْ نَفْسِكَ

Натиҷа: Дар ҳоле, ки коиноти ҳастӣ ва оламҳои бешумори адам, дар муқобила бо якдигар натиҷаҳое ҳамчун биҳишту ҷаҳаннамро ҳосил мекунанд. Ва ҳама оламҳои ҳастӣ “اَلْحَمْدُ لِلّٰهِ اَلْحَمْدُ لِلّٰهِ” ва тамоми оламҳои адам “سُبْحَانَ اللّٰهِ سُبْحَانَ اللّٰهِ” мегуянд. Ва бо як қонуни муборизаи фарогири фариштагон бо шайтонҳо, хайрҳо бо бадиҳо, дар муборизаанд. Ин рӯбарӯӣ, то муборизаи илҳом ва васваса дар атрофи қалб кашида мешавад, якбора аз самараҳои имон овардани ба фариштагон таҷаллӣ мекунад ва масъала ҳал шуда, олами зулмонӣ, нуронию дурахшон мешавад. Нуре аз анвори ояти муборакаи اَللّٰهُ نُورُ السَّمٰوَاتِ وَالْاَرْضِ -ро нишонамон дода, ширинии онро ба мо мечашонад.

Дар Гуфтори Бисту Чорум ва Бисту Нӯҳум — ки дорои каромати (Алиф)-ҳост — ба дигар самараҳои куллии ин матлаб, ишора мешавад ва вуҷуди малоик ва вазифаҳои онҳо ба вузӯҳ исбот мегардад. Бале, ҳашамати Рубубии пур меҳру муҳаббате, ки мехоҳад худро дар ҳар тарафи коинот дар ҳар чизи куллию ҷузъӣ ва дар ҳар навъе муаррифӣ кунад то ӯро шинохта ва дӯст бидоранд. Албатта дар муқобили он ҳашамату марҳамату муаррифӣ ва дӯстдоштан, бояд бо убудияти густурдаву фарогир, бинобар маърифату шуур, бо шукру тақдис, мувоҷеҳ шавад. Ин амри лозиму қатъист. Ин вазифаро танҳо ва танҳо малоики бешумор ҳастанд, ки метавонанд ба ҳисоби ҷимодот ва аркони азими бешуури дар коинот анҷом диҳанд. Танҳо онҳо ҳастанд, ки метавонанд иҷроиёти ҳакимонаю бошукӯҳи салтанати Рубубиро дар ҳар сӯ, дар замину осмон, дар умқи замин ва беруни он, намояндагӣ кунанд.

 Масалан, қонунҳои берӯҳи фалсафа, хилқати замин ва вазъияти фитрии онро бисёр зулмонию ваҳшатангез, нишон медиҳад; дар ҳоле, ки ба воситаи ин самараи нуронии замин, ба тарзи маънус ба дӯши ду фаришта ба номҳои Савр ва Ҳуд қарор дорад. Воқеан дар таҳти назорати онҳост. Яъне, моддаи ухравӣ ба номи Сахрат, ки аз биҳишт оварда шуда ва санги бинои боқии кураи заминест, ки фонӣ мебошад ва ишоратест ба ин, ки қисме аз он, дар оянда ба биҳишти боқӣ мунтақил мешавад ва барои малоикае, чун Савр ва Ҳут нуқтаи истинод қарор гирифтааст. Ба ин асос аз паёмбарони қадими Бани Исроил ривоятҳост. Ва аз Ибни Аббос низ ривоят шудааст. Мутаассифона ин маънои қудсӣ ва ин ташбеҳ ба мурури замон дар назари авом ҳақиқат талаққӣ шуда ва шакли ғайри мантиқӣ гирифтааст. Фариштагон ҳамон тавре, ки дар ҳаво гаштугузор мекунанд, дар хоку сангу замин низ, ҳузур доранд, бинобар ин, онҳо ба санги ҷисмонӣ ва кураи замин, ниёз надоранд. Инчунин, ниёз ба моҳию гов надоранд, ки ба рӯяшон қарор бигиранд.

Ё масалан, кураи замине, ки ба теъдоди сарҳои анвоъи (мавҷудот) ва ба теъдоди забони афроди анвоъи мазкур ва ҳамин тавр ба теъдоди аъзову баргҳо ва меваҳои он афрод тасбеҳ мегуяд, бешубҳа  бо огоҳӣ аз он убудияти бошукӯҳ ва бешуури фитрӣ ва барои он, ки онҳоро бо маърифат намояндагию тақдими даргоҳи Илоҳӣ кунад, ба фариштаи муваккале ниёз дорад, ки дорои чил ҳазор сар бошад, ҳар сар чил ҳазор забон дошта бошад ва бо ҳар забон чил ҳазор тасбеҳ бигуяд. Ин матлабро, ки айни ҳақиқат аст Мухбири Содиқ хабар додааст.

Фариштагоне ҳамчун Ҷабраил алайҳиссалом, ки муносибати Раббониро ба муҳимтарин натиҷаи офариниши коинот, яъне инсон таблиғу изҳор мекунад,  Исрофил ва Азроил алайҳимассалом, ки иҷроиёти Илоҳӣ ва махсуси Холиқ (Офаридагор), ҳамчун зинда кардан, ҳаёт бахшидан ва омода сохтан барои маргро — ки дар олами зиҳаётон мавридҳои ваҳшатноку боҳашамат, ба шумор мераванд — намояндагӣ мекунанд ва бо убудияти том, ба онҳо назорат доранд. Ҳамчунин Микоил алайҳиссалом, ки бар эҳсонҳои Раҳмонӣ дар ризқу рӯзӣ, ба унвони ҷомеътарин, густурдатарин ва лаззатбахштарини умур дар доираи ҳаёт, назорат дорад ва шукру сипосҳои бешуурро бошууру бомаърифат, намояндагӣ мекунад, моҳиятҳои бисёр аҷибе доранд ва бақои рӯҳу вуҷудашон муқтазои салтанат ва ҳашамати Рубубист. Вуҷуди онҳо ва ҳар як аз тоифаҳои махсуси онҳо ба андозаи вуҷуди ҳашамат ва салтанате, ки дар ҳастӣ мисли хуршед зоҳир аст, қатъию яқинӣ мебошад. Масъалаҳои дигари вобаста ба малоикро бояд бо ҳамин матолиб қиёс намуд.

Бале, Қадири Зулҷалоли ва-л Ҷамоле, ки ба рӯйи кураи замин чорсад ҳазор навъи зиҳаёт офарид ва ҳатто аз мутааффинтарин ва содатарин мавод, бисёре аз зируҳонро халқ кард ва ҳар сӯро ба вуҷуди онон муборак гардонид ва тавре тадбир намуд, ки дар муқобили сунъи мӯъҷизоташ ба забони хеш “Мошоаллоҳ, Боракаллоҳ, Субҳоналлоҳ” бигуянд ва дар баробари эҳсонҳои раҳматаш “Алҳамдулиллоҳ, ва Шукрулиллоҳ, Аллоҳу Акбар” ба забон оваранд, албатта бешубҳа, сокинон ва рӯҳониён, доим дар убудият ва дур аз исёну гарданкашӣ ва муносиб бо осмонҳои бузург халқ намуда ва самовотро ба вуҷудашон муборак гардонида ва холӣ раҳо нанамудааст. Бисёри аз анвоъи ҳайвонот, анвоъи малоике офарид, ки қисми аз онҳо бисёр хурданд ва савор бар донаҳои барфу борон бо забони худ офаринишу раҳмати Илоҳиро тақдир мекунанд, қисми дигари аз онҳо савор бар ситорагони сайёр ва дар ҳоли гашту гузор дар коинот дар баробари азамату иззату ҳашамати Рубубӣ, такбиру таҳлил мегуянд. Ба ин тартиб, убубияташонро ба оламиён эълон медоранд.

Бале, аз замони Одам то кунун, ҳамаи китобҳову динҳои осмонӣ, бар вуҷуди малоик ва убудияташон иттифоқи назар доштаанд. Низ, ривоятҳои фаровону мутавотир, бинобар воқеъ шудани гуфтугӯ ва муҳовара бо фариштагон дар тамоми асрҳо вуҷуд доштааст. Ин матолиб вуҷуди малоикро ва ин, ки бо мо дар иртибот ҳастанд ба ҳамон тартибе, ки мардуми Амрикоро надидаем, аммо ба вуҷудашон итминон дорем, бароямон ба сурати қатъӣ исбот мекунад.

Акнун биё бо нури имон ба дуюмин самараи куллӣ, бингар ва онро чашида бубин, чигуна сар то сари олами ҳастиро музайян сохта, зебо намуда ва табдил ба бузургтарин масчиду маъбади паҳновар кардааст ва дар баробари намоиши сарду мурда ва торику ваҳшатноки фанну фалсафа, олами дилнишин, маънус, нуронӣ, бошууру зиндаро нишон медиҳад ва ҷилвае аз лаззати ҳаёти боқиро нисбат ба дараҷоти аҳли имон, дар ҳамин дунё ба онҳо мечашонад.

 

Идома: Ҳамчуноне, ки дар ҳар сӯйи коинот ба сирри ваҳдату аҳадият, айни қудрат, айни исм, айни ҳикмат ва айни санъат вуҷуд дорад, ва ҳар офаридае ба забони ҳоли худ, бар ваҳдату тасарруфу эҷод ва рубубияту халлоқият ва қудсияти Офаридагор, гувоҳӣ медиҳад. Ба ҳамон тартиб, фариштагонро халқ кард ва тасбеҳотеро, ки ҳар махлуқ ба забони ҳол ва беидрок, баён медорад, тавассути малоик бо забони мубтанӣ бар убудият, ба анҷом мерасонад. Фариштагон ба ҳеҷ ваҷҳ бар хилофи фармонҳои Илоҳӣ ҳаракат намекунанд, ғайр аз убудияти холис кори дигаре надоранд ва бе фармони Илоҳӣ ба ҳеҷ кор дахолат намекунанд. Онҳо ҳатто берухсат, ба шафоат низ қодир нестанд. Малоик ба тамоми маъно мазҳари сирри عِبَادٌ مُكْرَمُونَ ۞ يَفْعَلُونَ مَا يُؤْمَرُونَ ҳастанд.

 

ХОТИМА

Ишораи мухтасарест бар ҳақиқати муфассал, ки яке аз мӯъҷизоти ғайбӣ ва ошкори Сураи قُلْ اَعُوذُ بِرَبِّ الْفَلَقِ -ро нишон медиҳад. Ишорате, ки пас аз мағриб ногаҳон ва бе ихтиёр бар қалбам илҳом шуд, ки шомили нуктаи эъҷозомез ва хеле муҳим мебошад.

بِسْمِ اللّٰهِ الرَّحْمٰنِ الرَّحٖيمِ

قُلْ اَعُوذُ بِرَبِّ الْفَلَقِ ۞ مِنْ شَرِّ مَا خَلَقَ ۞ وَمِنْ شَرِّ غَاسِقٍ اِذَا وَقَبَ ۞ وَمِنْ شَرِّ النَّفَّاثَاتِ فِى الْعُقَدِ ۞ وَمِنْ شَرِّ حَاسِدٍ اِذَا حَسَدَ

Сирфан ба лиҳози маънои ишоратӣ, дар ин сураи азим ва хориқулода, ба Паёмбар ва уммати ӯ фармон дода мешавад: “Аз шурури шаётини инсӣ ва ҷинние, ки дар коинот ба ҳисоби оламҳои адамӣ фаъоланд, худро ҳифз кунед.” Ин фармон, ҳама асрҳоро шомил мешавад, махсусан бо маънои ишоратие, ки дорад, даврони аҷиби рӯзгори моро ошкоро мавриди хитоб қарор медиҳад ва хизматгузорони Қуръонро ба истиоза фаро мехонад. Ин мӯъҷизаи ғайбӣ, бо панҷ ишора ба таври хулоса баён мешавад.

Ҳар як ояти ин сура маънеҳои фаровон дорад. Ин ки дар маънои ишоратӣ, дар панҷ ҷумлаи он чаҳор бор калимаи “Шар” такрор мешавад ва бо муносибати маънавию боқувват, ба чор навъи шуруру инқилобҳо ва муборизаҳои моддию маънавии даҳшатнок ва туфонии ин аср ишора мешавад. Ва дар маъно, фармон дода мешавад, ки “Аз ин мавридҳо дур шавед” Бешубҳа  иршоди ғайбист, ки шоистаи эъҷози Қуръон мебошад.

Масалан قُلْ اَعُوذُ بِرَبِّ الْفَلَقِ дар ибтидои сура бар асоси ҳисоби абҷад ва ҷифр ба таърихи 1352 ё 1354 ишорат аст, ки аз омодагии пур ҳирсу ҳасади навъи башар барои вуқӯъи ҷанги ҷаҳонии дуюм баъд аз ҷанги якум нишон дорад. Ин оят ба лиҳози маъно, ба уммати Муҳаммадия алайҳиссалом мегуяд: “Вориди ин ҷанг нашавед ва ба Худоятон паноҳ бубаред.” Дар маънои рамзӣ низ, ба шогирдони Рисолоаи Нур, ки хизматгорони Қуръон ҳастанд, бо таваҷҷӯҳи хос хабар медиҳад, ки дар таърихи мазкур аз зиндони Эскишаҳир ва аз шарри ваҳшатнок, наҷот ёфта ва тарҳи нобуд карданашон ақим хоҳад монд. Бинобар ин ба забони рамз, ба онҳо амр мекунад, ба Худо паноҳ бубаранд ва истиоза кунанд.

Ё ояти مِنْ شَرِّ مَا خَلَقَ бидуни шумориши ташдид мешавад 1361; ки ишоратест ба хасороти золимонаю бераҳмонаи ин ҷанги беназир бо таърихҳои Ҳиҷрию Румӣ ва дар айни ҳол бо маънои рамзӣ, ба шогирдони Нур, ки бо тамоми қувваташон дар роҳи хизмати ба Қуръон талош мекунанд, ишора дорад, ки аз тарҳи густурдаи нобудӣ ва балои аламовару ваҳшатнок ва аз зиндони Денизлӣ наҷот меёбанд. Ба забони ишора ба онҳо мегуяд: “Худро аз шарри халқ муҳофизат кунед.”

Намунаи дигар, иборати اَلنَّفَّاثَاتِ فِى الْعُقَدِ аст — ташдидҳо шуморида намешаванд. — ки мешавад 1328; агар ломеро, ки ҳамроҳи ташдид ҳаст, ҳисоб кунем, адади 1358 ишорае ба соли 1358 замоне, ки ғаддорони аҷнабӣ бо ҳирсу ҳасад ва бо фикри нобуд кардани инқилоби озодихоҳи мо — ки дар ҳимояти аз Қуръон сурат гирифта буд — салтанатро табдил карда ва ба роҳандозии ҷангҳои Балкан ва Италиа ва ҷангҳои ҷаҳонии якум ва дуюм шароратҳои моддию маънавии худро бо дамидани фикрҳои заҳролуди дипломатҳояшон аз тариқи радио, дар зеҳнҳои ҳар кас, ҷой доданд ва тарҳҳои пинҳонии худро ба нуқтаҳои ҳассоси муқаддароти башар, талқин карданд. Ашрореро ба майдон оварданд то муқаддамоти нобудии ваҳшиёнаи пешрафтҳои ҳазорсолаи тамаддунро фароҳам оваранд. Ин нуктаҳо комилан мутобиқи маънои اَلنَّفَّاثَاتِ فِى الْعُقَدِ аст.

Ба ҳамин тартиб وَمِنْ شَرِّ حَاسِدٍ اِذَا حَسَدَ — дар назар нагирифтани ташдиду танвин — муодили рақами 1347 аст, ки дар ин таърих, ба сабаби иҷбори муоҳидаҳои аҷнабӣ, буҳрони аҷибе дар ин ватан, сурат гирифт. Ва ба сабаби таҳаккуми фалсафа, дар миёни ин миллати диндор, таҳаввулоти муҳим эҷод шуд ва дар айни ҳол, ҳасодатҳо ва рақобатҳои ваҳшатноки давлатҳо, сабаби вуқӯъи ҷанги ҷаҳонии дуюм гардид. Тавофуқу мутобиқи маънои ишории ояти фавқ, бо ҳодисаҳои зикршуда, бешубҳа ламъае аз эъҷози ғайбии он аст.

Ёдоварӣ:

Ҳар як оят, маънои мутааддид дорад. Низ ҳар як маънои он, куллист ва мумкин аст дар ҳар давра, афродеро шомил шавад. Дар ин баҳс, танҳо маънои ишории оятҳое, ки мутаваҷҷеҳи давраи кунунии мост, зери назар аст. Дар баробари маънои куллии оят, асру замонаи мо, яке аз афроди он ба шумор меравад. Лекин ба сабаби хусусиёте, ки дорад, сабаб мешавад, оят ба таърихи он ҳодиса бингарад.

Ман чаҳор сол аст, ки намедонам ин ҷанг чи воқеъаҳо ё чи натиҷаҳо дошта ва напурсидаам, ки сулҳ шудааст ё не, аз ин сабаб, ҳеҷ гоҳ ба ин сураи қудсӣ, аз он назар муроҷиат накардам то бидонам, чи қадар ба замонаи мо ва ба ин ҷанг ишора дорад; вагарна дар бахшҳои мухталифи Рисолаи Нур, махсусан дар Рисолаи Самония баён ва исбот гардидааст. Ин хазина чи асрори фаровони дигаре дорад. Баҳсро дар инҷо кӯтоҳ мекунам ва хонандаро ба ҳамон ҷо ирҷоъ медиҳам.

 

Ҷавоби саволе, ки мумкин аст ба зеҳн ояд:

Дар ин ламъаи эъҷозия, ба муносибати бисёр зарифу латиф ва ба сабаби рамзу ишорааст, ки дар مِنْ شَرِّ مَا خَلَقَ ибтидои оят ҳам مِنْ ва ҳам شَرِّ ро дар муҳосиба овардаем, ва дар وَمِنْ شَرِّ حَاسِدٍ اِذَا حَسَدَ поёнӣ, танҳо شَرِّ ро ҳисоб намуда ва وَمِنْ ро сарфи назар кардем, низ дар وَمِنْ شَرِّ النَّفَّاثَاتِ فِى الْعُقَدِ ҳар дуи онҳоро ба ҳисоб наовардаем. Зеро дар махлуқот, ғайр аз шар хайрҳо низ ҳаст ва ҳама шаррҳо мутаваҷҷеҳи ҳар кас намешавад. مِنْ ва شَرِّ ки табъизия аст ва маънои “баъзӣ”ро медиҳад ва “шар” ба сурати рамз, вориди ин матлаб шудааст. Аммо танҳо ҳасуд ҳасад меварзад ва комилан шар мешавад ва лузуме ба мафҳуми “баъзӣ” нест. Дар рамзи اَلنَّفَّاثَاتِ فِى الْعُقَدِ ки гуфтем шомили дипломатҳои соҳир мешавад, ки барои манфиаташон оташ ба кураи замин медаманд, ки ҳар чи мекунанд, барои тахрибу нобудист. Аз ин рӯ, ба калимаи “шар” лузуме намемонанд. зеро ҳама корҳояшон “шар” аст.

 

ҲОШИЯЕ БАР ЯК НУКТАИ ЭЪҶОЗИИ ИН СУРА:

Ҳамчуноне, ки ин сура бо чаҳор ҷумла аз панҷ ҷумлаи худ,  бо маънои ишорӣ, чор инқилоб ва туфони бузурги шароратангези асри моро, дар назар дорад. бо чаҳор мартаба такрори مِنْ شَرِّ — ташдид ҳисоб намешавад — воқеан, чор маънои ишорӣ ва дар мақоми ҷифр ба ваҳшатноктарин фитнаи олами Ислом яъне, ҳамлаи Чингиз ва Ҳулогӯ ва асри фурӯпошии давлати Аббосӣ, назар дорад ва бар он таъкид мекунад.

Бале, شَرِّ  бидуни ташдид муодили панҷсад (500) аст ва مِنْ навад (90); бисёре аз оятҳо назар кунанда ба оянда, дар воқеъ ҳам ба давраҳои гузашта ва ҳам замони феълии мо назар доранд. Имом Алӣ (р.з.) ва Ғавси Аъзам (қ.с.) низ, ки аз оянда хабар додаанд; ба ҳамин тартиб, бо таваҷҷӯҳ ба давраҳои гузашта ва замонаву давраи феълии мо хабар доданд. غَاسِقٍ اِذَا وَقَبَ Дар муодили 1161 ва غَاسِقٍ 810; аз ин сабаб ин оят, ба шароратҳои муҳими моддию маънавии он рӯзгорон, ишора дорад, на замонаи феълӣ. Ҷамъи ин ду рақам, 1971 милодӣ мешавад ва хабар аз шарри ваҳшатнок дар он таърих медиҳад. Агар 30 сол баъд, маҳсули тухмиҳои феълӣ, ислоҳ нашавад, бешубҳа  бояд мунтазири силиҳои даҳшатангез буд.

***