ҚИСМИ ЯКУМИ

АСОИ МӮСО

Самарае аз Ҳабсхонаи Денизлӣ

 

Ин як матни мудофиавии аз “Рисолаи Нур” зидди зиндиқон ва куфри мутлақ мебошад. Мудофиаи ҳақиқии мо дар ин ҳабс инчунин аст. Чунки мо танҳо бо ин машғул мебошем.

Ин Рисола, самара ва хотирае аз ҳабсхонаи Денизлӣ  ва маҳсули ду рӯзи ҷумъа мебошад.

 

Саъид Нурсӣ

***

 

 

بِسْمِ اللّٰهِ الرَّحْمٰنِ الرَّحِيمِ

فَلَبِثَ فِى السِّجْنِ بِضْعَ سِنٖينَ

 Бар асоси ихбор ва сирри ояти мазкур Юсуф алайҳиссалом пири маҳбӯсон аст. Ва ҳабсхона як навъи мадрасаи Юсуфия башумор меравад. Модоме, ки бисёре аз шогирдони Рисолаи Нур дуюм бор аст, ба ин мадраса мераванд; албатта алоқаманд шудани Рисолаи Нур ва исбот кардани баъзе масоил ва хулосаҳои он, ин кушодани дарсхона барои тарбия кардан ва хондану ба пуррагӣ тарбия гирифтан лозим омад. Инак панҷ — шаштои аз ин хулосаҳоро баён мекунем.