МАСЪАЛАИ ҲАФТУМ

 Самараи як рӯзи ҷумъа дар замони ҳабси Денизлӣ мебошад.

 

بِسْمِ اللهِ الرَّحْمٰنِ الرَّحِيمِ

وَمَٓا اَمْرُ السَّاعَةِ اِلَّا كَلَمْحِ الْبَصَرِ اَوْ هُوَ اَقْرَبُ ۞ مَا خَلْقُكُمْ وَلَا بَعْثُكُمْ اِلَّا كَنَفْسٍ وَاحِدَةٍ ۞ فَانْظُرْ اِلٰٓى اٰثَارِ رَحْمَتِ اللّٰهِ كَيْفَ يُحْيِى الْاَرْضَ بَعْدَ مَوْتِهَا اِنَّ ذٰلِكَ لَمُحْيِى الْمَوْتٰى وَهُوَ عَلٰى كُلِّ شَىْءٍ قَدٖيرٌ

Дарсеро, ки замоне дар Костамону, ба дархости хонандагони мактаб ва дар посӯхи ин матлаб, ки “Холиқамонро ба мо муаррифӣ кун” гуфта дархост карданд, пештар дар Масъалаи Шашум омада буд, ба забони фанҳои мактабӣ, ба онҳо дода будам. Маҳбусоне, ки дар ҳабсхонаи “Денизлӣ” тавонистанд бо ман дар тамос бошанд, мутолиа карданд. Барои пазириши комили имонӣ, нисбат ба охират, як иштиёқе ҳис карданд ва ба ман хитоб карда гуфтанд: Охиратамонро низ, ба мо фаҳмон. То, ки нафсамон ва шайтонҳои замонӣ, моро аз роҳ берун накунанд ва дигар вориди зиндон нашавем.” гуфтанд. Ва дар ҳабсхонаи Денизлӣ, ки шогирдони Рисолаи Нур, собиқан Масъалаи Шашумро мутолиа карда буданд, баёни хулосае аз рукни охират низ, лозим омад. Бинобар ин, як хулосаи кӯтоҳе аз Рисолаи Нур баён мекунам:

Чуноне, ки дар Масъалаи Шашум, Холиқамонро аз арзу самовот ҷуён шудем; онҳо низ, бо забони фаннӣ, мисли офтоб, Холиқамонро ба мо шиносониданд. Айнан ба ҳамон тартиб охиратамонро ибтидо аз Раббамон мешиносем, сипас аз Пайғамбарамон, баъд Қуръон, баъд соири паёмбарон ва китобҳои муқаддас, онгоҳ аз фариштагон, сипас аз коинот хоҳем пурсид.

Пас, мартабаи аввали охиратро аз Аллоҳ мепурсем. Ӯ низ, бо ҳамаи расулоне, ки фиристодааст ва ҳамаи фармонҳову номҳо ва сифатҳояш, мефармояд: “Бале, охират ҳаст, шуморо ба он сӯ мебарем.” Гуфтори Даҳум бо дувоздаҳ ҳақиқати қатъӣ, ҷавоби қисме аз номҳои вобаста ба охиратро исботу равшан кардааст. Ба хотири ин, ки тавзеҳи мазкур кифоя мекунад, дар ин ҷо сирфан як ишораи бисёр кӯтоҳ хоҳем дошт:

Бале, модоме ки ҳеҷ салтанате нест, ки ба итоаткунандагонаш мукофот надиҳад ва исёнкоронро ҷазо надиҳад. Албатта салтанати сармадие, ки дар мартабаи рубубияти мутлақ аст, ба мунтасибони бо имон, он салтанат ва касоне, ки бо тоатҳо, таслими фармонҳояш ҳастанд, мукофот медиҳад ва ононеро, ки салтанати боиззати мазкурро бо куфру исён инкор мекунанд, ҷазо медиҳад. Номҳои “Рабу-л оламин” ва “Султону-д дин” мегуянд мукофоту ҷазо мутаносиб бо он раҳмату ҷамол, ва он иззату ҷалол хоҳад буд.

Бо чашми худ ба равшании рӯзу ошкории хуршед мебинем, ки раҳмати ом ва шафқату карами муҳит, рӯйи заминро фаро гирифтааст. Барои мисоли раҳмати мазкур, дар ҳар баҳор ҳама дарахтон ва набототи мевадорро чун ҳурони биҳиштӣ мепӯшонад ва музайян мекунад ва анвоъи меваҳоро дар дастонашон қарор медиҳад ва онҳо низ, ба мо хитоб карда мегуянд: Бифармоед бигиред ва бихуред. Ё ба воситаи ҳашароти заҳрдор, асали ширину шифобахшро ба мо мехӯронад. Ва ба воситаи ҳашароти хазанда, ҳарири нармро барои мо муҳаё карда, ба мо мепӯшонд. Ба ҳамин тартиб, дар як қабза тухмӣ, барои мо ҳазорон ман таом нигоҳ дошта ва ба унвони эҳтиёт дар ин анборҳои хурд, захира намудааст. Соҳиби раҳмату шафқате, ки чунин мекунад, бешубҳа, инсонҳои мӯъмини дӯстдоштаву миннатпазир ва аҳли парастишро нобуд намесозад, балки барои ин, ки ононро мазҳари раҳматҳои дурахшонтар кунад, аз ҳаёти дунявӣ раҳо месозад. Ин ҷавобест, ки номҳои “Раҳим ва Карим” ба саволи мо медиҳанд ва мегуянд: “ ‌اَلْجَنَّةُ حَقٌّ‌ ”

Ҳам модоме, ки мо бо чашмонамон мебинем, дар умуми махлуқот ва дар рӯйи замин, чунон як забардасти бо ҳикмат ва чунон ба ҳисоби адолат дар ҷараён аст, ки ақли башар фавқи онро фикр намекунад. Масалан, ҳикмати азалист, ки тамоми таърихчаи ҳаёт ва ҳаводиси вобаста ба онро дар қувваи ҳофиза, ки яке аз ҳазорон узви бадани инсон ва ба андозаи донаи хурд аст, навишта ва онро ба сурати китобхона дароварда ва барои муҳокимаи инсон дар хашр, ба унвони  санади хурд дар нашри дафтари аъмоли ӯ бо сирри ёдоварии ҳамешагӣ, ба дасти инсон медиҳад ва дар қувваи муфаккирааш қарор медиҳад. Ҳамин ҳикмат аст, ки аъзоро дар ҳама махлуқот, бо мизонҳои бисёр ҳассос қарор медиҳад, аз микроб то каркадан, аз магас то симурғ ва аз як бутта гул то буттаи гули баҳоре, ки миллиардҳо, балки триллионҳо шукӯфа медиҳад. Ҳикмате, ки дар ҳамаи ин маврид, таносубро бо миқёсҳои сарфакорона бакор мебандад ва офаридаҳоро бо тавозуну назму ҷамол чун шоҳкории ҳунарӣ меофаринад. Адолати сармадие, ки ҳуқуқи ҳаёти ҳар зиҳаётро дар камоли мизон, адо мекунад ва хубиҳоро натиҷаи хуб ва бадиҳоро натиҷаи бад медиҳад ва бо силӣҳое, ки аз замони Одам (а.с) то кунун бар тоғиёну ситамгарон зада, худро бисёр қудратманд нишон додааст. Бешубҳа, ҳамон тавре, ки тасаввури хуршед бидуни рӯз имкон надорад, ҳикмати азалию адолати сармадии мавриди баҳс низ, наметавонад бидуни охират бошад ва иҷоза намедиҳад золимону мазлумон ба воситаи марг ба як шакл бираванд. Чунин беадолатии хавфноку беоқибати дур аз ҳикмат, ба ҳеҷ ваҷҳ имкон надорад. Ин исмҳои “Ҳаким, Ҳакам, Адл, ва Одил” ба саволи мо, қатъиян ҷавоб медиҳанд.

Вақти таъмини ҳоҷоти ҳамаи махлуқоти зиҳаёт берун аз доираи тавоноии онҳо қарор дорад ва қодир ба баровардани онҳо нестанд ва вақте ниёзҳои худро бо забони истеъдоди фитрӣ ва эҳтиёҷи зарурие, ки як навъи дуост талаб мекунанд, ин ниёзҳо аз сӯйи дасти ғайбие, ки бисёр раҳиму самеъу меҳрубон аст бароварда мегардад. Маъмулан аз ҳар даҳ дуои инсонҳо, ки як амри ихтиёрист ва махсусан дар аҳли хос ва анбиё, шаш ҳафт дуо, хилофи одатҳо шинохта шуда, мустаҷоб мегардад.

Аз ин, яқин карда мешавад, ки як Самиъи муҷиб дар паси парда ҳаст, ки оҳи ҳар дардманду ниёиши ҳар ниёзмандро мешунавад. Ӯ мутаваҷҷеҳи хурдтарин ниёзҳои хурдтарини зиҳаёт аст ва оҳи пинҳонашро мешунавад ва бо меҳрубонӣ дар амал ба ӯ ҷавоб медиҳад ва хушнудаш мекунад.

Албатта ва ҳар ҳолда, ҳеҷ шубҳаи этимолӣ намонд. Дуои ҳазрати Муҳаммад (с.а.в.) дуои бақои ухравии навъи башар ба унвони муҳимтарин махлуқро шомил мешавад ва дуое, ки умумист ва бо умуми коинот ва асмову сифатҳои Илоҳӣ робита дорад ва муҳимтарин дуо ҳисобида мешавад. Ҳамаи паёмбарон ба унвони фармондеҳон ва ситорагони навъи инсон низ бо эшон ҳамроҳ шуда, ба ин дуо омин омин мегуянд. Афроди диндори уммати ӯ низ, ҳар рӯз бо гуфтани чанд салавот ба дуои ӯ омин омин мегуянд. Ҳатто тамоми махлуқот дар дуои ӯ шарик шуда, ба Худованд хитоб карда мегуянд: “Бале, ё Раббано! Хостаашро ато фармо, Мо низ ҳамонро мехоҳем.” Таҳти чунин шароите, ки ғайри қобили инкор мебошад, дуои вобаста ба бақои ухравии ҳазрати Муҳаммад алайҳиссалоту вассалом — аз сабабҳои бешумори боиси ҳашр — ба даргоҳи Худое, ки эҷоди охират барояш монанди эҷоди баҳор осон аст, ба танҳоӣ барои эҷоди охирату биҳишт басандааст. Ин матлабро номҳои “Муҷиб, Самеъ ва Раҳим” дар саволи мо ҷавоб медиҳанд.

Ба ҳамон равшание, ки рӯз нишон диҳандаи хуршед аст, дар мурдану зинда шуданиҳои ҳамаи рӯйи замине, ки ба воситаи тағйири фаслҳо сурат мегирад, қатъан тасарруф кунандае дар паси парда ҳаст, ки кураи бузурги заминро бо назму мизон ба содагии як боғча ва ҳатто як дарахт меофарад. Баҳори боазаматро ба осонии эҷоди як гул ва зебоии як мавзуни он, падид меорад. Ва сесад ҳазор гурӯҳ аз набототу ҳайвонотро, ки ҳар кадом дар ҳукми як китоб ҳастанд, ба рӯйи замине, ки ҳамчун саҳифаест аз китоби бузург ва намунае аз ҳашру нашрҳои беҳаду канор, менигорад. Қалами қудрате, ки мавҷудотро дар айни баҳам омехтагӣ, аз ҳам ҷудо мекунад ва дар айни шабоҳат, бесаҳву хато, ба комилтарину мунзамтарин ва бомаънотарин шакл менависад. Ӯ дар матни ин азамат, бо раҳмати беинтиҳо ва ҳикмати бепоён, амал мекунад. Ва коиноти азимро чун хонаи фаршшудаву музайян, мусаххари инсон мекунад. Инсоне, ки халифаи Ӯ ба рӯйи замин аст. Инсоне, ки уҳдадори амонатест, ки кӯҳу осмон ва замин, аз қабулаш сар печиданд. Инсоне, ки ба сабаби дараҷаи бартар, аз дигар мавҷудот бо кароматтар аст ва ба хитобҳою мусоҳибаҳои субҳонӣ, мушарраф аст. Инсоне, ки аз мақоми фавқулода бархӯрдор аст. Худованд дар тамоми фармонҳои осмонӣ, саодати абадӣ ва бақои ухравиро ба шакли қатъӣ, аҳд карда ва ба инсон ваъда додааст. Албатта дори саодатро — ки офариданаш барои Ӯ, ба қадри офаридани баҳор осон аст — барои инсонҳои мушаррафу мукаррам, муҳаё хоҳад кард ва ҳашру қиёматро хоҳад овард. Номҳои “Муҳйӣ, Мумит, Ҳай, Қайюм, Қадир ва Алим” дар ҷавоби суоли мо аз Холиқамон, чунин ҷавоб медиҳанд.

Бале қудрате, ки дар ҳар баҳор решаи ҳамаи дарахтону гиёҳонро ба ҳамон шакле, ки буд, эҳё ва намунаи ҳашру нашри сесад ҳазор навъи ҳайвонию наботиро пайдо мекунад. Агар ҳазор солиро, ки ҳар кадоми аз умматҳои Муҳаммад ва Мусо алайҳимуссалоту вассалом сипарӣ кардаанд, дар олами хаёл, муқобили ҳам қарор диҳем ва ба он бинигарем, хоҳем дид, ҳазор намунаи ҳашру нашр ва ҳазор далел барои онро дар зарфи ду ҳазор баҳор[1] нишон додааст. Ҳашри ҷисмониро дур аз чунин қудрате дидан, ҳазор мартаба бехирадию нобиноист.

Ҳам модоме, ки 124 ҳазор пайғамбар, ки машҳури навъи башаранд, муттафиқу-л қавл саодати абадию бақои ухравиро мустанад ба ҳазорон аҳду ваъдаи Ҷаноби Ҳақ, эълон карданд ва бо мӯъҷизаҳояшон нишон доданд, ки дуруст мегуянд ва рақами бешуморе аз аҳли вилоят бо кашфу завқ, ҳамон ҳақиқатро тасдиқ мекунанд. Бешубҳа ҳақиқати мазкур чун хуршеди тобон, зоҳир мегардад. Касе, ки дар ин амр шубҳа кунад, девонааст.

Бале, як-ду нафар ки дар фан ё ҳунар мутахассис ҳастанд, назарҳову фикрҳояшон дар бораи он фан ё ҳунар ба назари касе, ки дар он амр тахассус надорад, гарчи дар фанҳои дигар олиму мутахассис бошад, дуруст аст. Онҳо ба осонӣ қодиранд фикри мухолифашонро ботил кунанд. Барои мисол, дар масъалаи монанди “исботи ҳилоли моҳи Рамазон дар рӯзи шак” ё ин даъво “норгил (чормағзи ҳиндӣ)  ки монанди кансерваи шир аст, дар рӯйи замин боғҳо дорад” ду нафари исботкунанда, бар ҳазор инкоркунанда ғалаба карда ва муваффақ мешаванд. Зеро касе, ки дар пайи исботи ин матлаб аст, пас як норгил ё ҷойи онро нишон диҳад, басандааст.

Аммо нафй ва инкоркунанда, маҷбур аст тамоми нуқтаҳои заминро бигардад ва нишон диҳад, ки дар ҳеҷ куҷои олам чунин чизе вуҷуд надорад. Ба ҳамин тартиб касе, ки аз биҳишту доруссаодат хабар медиҳад ва вуҷуди онро исбот мекунад, кофист асаре аз онро монанди филмҳои синамо, ё сояву рашҳае аз онро кашфан, нишон диҳад. Аммо касе, ки дар пайи нафй вуҷуди биҳишт аст, тамоми коинотро аз азал то ба абад, бояд аз назар бигузаронад ва онро ба дигарон низ нишон диҳад, то ба инкори мавзӯъ муваффақ шавад.

Барои ҳамин сирри муҳим аст, ки “нафй ва инкорҳое, ки назар ба ҷойи хоссе надоранд ва монанди ҳақиқатҳои имонӣ, саросари олами вуҷудро мавриди назар қарор медиҳанд — ба шарти ин, ки зотан муҳол набошанд — исбот намешаванд.” аҳли таҳқиқ бар ин амр  иттифоқи назар дошта, онро ба унвони як қоидаи асосӣ пазируфтаанд.

Бинобар ин, ҳақиқати қатъӣ, афкори мухолифи ҳазорон файласуф дар масоили имонӣ, агар танҳо як мухбири содиқ, назаре дода бошад, набояд шубҳаву васваса эҷод кунад. Бо ин ҳол яксаду бист ҳазор исботкунанда чи аз мутахассисон, мухбирони содиқ ва исботкунандаву мутахассиси аҳли ҳақиқат, ки шумораашон фаровон аст ва асҳоби таҳқиқ, дар аркони имония иттифоқи назар доранд. Аз ин рӯ, дудила шудан ба воситаи инкори чанд файласуф, ки ақлашон ба чашмашон аст ва қалбе надоранд ва дур аз маънавиёту нобиноянд — бениҳоят ҳамоқату девонагист.

Модоме, ки мисли рӯшании рӯз бо чашмони худ, дар нафс ва атрофамон раҳмати фарогир, ҳикмати омму инояти доимиро мушоҳида мекунем ва асарҳову ҷилваҳои салтанати рубубию муқтадир ва адолати олияи дақиқу намоишҳои ҷалоли азизеро мебинем. Ҳикмате ки ҳатто ба теъдоди меваҳову шукуфаҳои як дарахт, ҳикматҳои дар он қарор дода ва раҳмате, ки ба ҳар як аз инсонҳо ба теъдоди ҷиҳозоту ҳисҳо ва қувваҳояшон, эҳсонҳову инъомҳое нигоҳ доштааст. Адолати азизу бо инояте, ки бар миллатҳое чун қавми Нӯҳ ва Ҳуд ва Солеҳ алайҳимуссалом ва қавми Од ва Самуд ва Фиръавн силӣ зада ва аз ҳуқуқи хурдтарин ҷондорҳо, муҳофизат карда ва мекунад.

وَمِنْ اٰيَاتِهٖٓ اَنْ تَقُومَ السَّمَٓاءُ وَالْاَرْضُ بِاَمْرِهٖ ثُمَّ اِذَا دَعَاكُمْ دَعْوَةً مِنَ الْاَرْضِ اِذَٓا اَنْتُمْ تَخْرُجُونَ

Ояти фавқ бо иҷози азим мегуяд:

Сарбозони мутеъеро тасаввур кунед, ки дар ду гарнизон (қароргоҳ) хобу хез доранд ва бо шунидани садои фармондеҳ, фавран силоҳ ба даст гирифта, омодаи анҷоми вазифа мешаванд. Ба ҳамин тартиб, осмонҳои азим ва кураи замин, монанди ду гарнизон, таҳти амри султони азалианд, ки бо дамидани дар сур ҳазрати Исрофил алайҳиссалом ва фарохонии ӯ, касоне ки дар ин ду гарнизон ба хоби марг рафтаанд, фавран либоси ҷасад бартан карда, ба суръат хориҷ мешаванд. Салтанати Рубубӣ, дар ҳар баҳор, ҳамин вазъиятро ба намоиш мегузорад, Оромидагони гарнизони замин, бо садои сури фариштаи раъд, бармехезанд ва бар азамати беинтиҳои ӯ, гувоҳӣ медиҳанд.

Албатта, бешубҳа чуноне, ки дар Гуфтори Даҳум собит кардем, хостаҳои комилан қатъии он раҳмат, ҳикмат, иноят, адолат ва салтанати сармадӣ, бо адами таҳаққуқи охират ва ҳашру нашр, муаттал мемонад ва (дар сурате, ки ҳашр набошад) он ҷамоли раҳмати беинтиҳо, ҷойи худро ба номеҳрубонии баду бениҳоят медиҳад. Он камоли ҳикмати беҳадду канор мубаддал ба беҳудагии ноқис ва исрофҳои бефоида мешавад. Инояти комилан дилнишин, ба иҳонатҳои комилан талх табдил мегардад. Он адолати ҳаққонии бисёр дақиқ, ба зулмҳои бисёр шадид, табдил мегардад ва он салтанати сармадии комилан қудратманду боҳашамат, суқут мекунад ва бо таҳқир нашудани ҳашр, ҳамаи ҳашаматаш аз миён меравад ва камолоти рубубиаш, бо аҷзу нуқсон айбдор мешавад. Не, ба ҳеҷ ваҷҳ имкон надорад. Ҳеҷ ақл, чунин эҳтимол намедиҳад, маҳоли маҳз асту берун аз доираи имкон, ботил ва мумтанеъ аст.

Чигуна мумкин аст, Худованд инсонеро, ки баноз парварида ва ақлу дил дар ихтиёраш ниҳода, то муштоқи саодати абадию боқии доимӣ, дар охират шавад, барои ҳамеша несту нобуд кунад? Ин бераҳмии золимонаест. Чигуна мумкин аст, аъзову истеъдодҳои инсонеро, ки танҳо дар мағзаш садҳо ҳикмату фоида қарор додааст бо марги беоқибат, ба тарзи бефоидаву бенатиҷа ва дур аз ҳикмат ба ҳадар диҳад? Ин амр хилофи ҳикмат аст. Бо амалӣ нашудани ҳазорон ваъдаву ваъид — ҳошо — нишон аз аҷзу ҷоҳилии ӯ хоҳад дошт; ҳар бошуур медонад, ки ин матлаб бо салтанати боҳашамати ӯ ва камоли рубубияташ зид аст. Иноят ва адолатро дар қиёс бо ин матолиб мулоҳиза кун…

Саволеро, ки дар бораи охират аз Холиқамон пурсидем, номҳои “Раҳмон, Ҳаким, Адл, Карим ва Ҳоким” бо ҳақиқати мазкур ҷавоб дода ва охиратро бешакку шубҳа ба равшании хуршед, исбот мекунанд.

Мо бо чашми худ мебинем ҳофизияти муҳит ва боазамате ҳаст, ки ҳукм мекунад. Суратҳои мутааддиди ҳар чизи ҷондор ва ҳар рӯйдод ва дафтари вазифаҳои фитрӣ ва саҳифаи аъмолаш, ки вобаста ба тасбеҳоти ӯ бо забони ҳол, дар баробари исмҳои илоҳист, дар лавҳаҳои мисолӣ ва ҳастаҳову тухмиҳо ва қувваҳои ҳофизае, ки намунаҳои хурде аз лавҳи маҳфӯз мебошанд, махсусан дар қувваи ҳофизае, ки дар мағзи инсон аст, бузургтарин, ва дар айни ҳол хурдтарини китобхона башумор меравад, дар соири оинаҳои инъикос диҳандаи моддию маънавӣ қайд гардад ва навишта шавад, сабт гардад ва таҳти муҳофизат қарор гирад. Он гоҳ замоне, ки фаслаш бирасад ҳамаи он навиштаҳои маънавиро ба сурати моддӣ, ба мо менамоёнад ва бо қувваи миллионҳо мисолу далел ва намуна, аҷибтарин ҳақиқати вобаста ба ҳашрро, ки дар ояти:

[2]وَ اِذَا الصُّحُفُ نُشِرَتْ омадааст дар баҳоре, ки гуле аз қудрати ӯст, дар бузургтарин гули худ бо миллиардҳо забон ба олами вуҷуд эълом мекунад. Ашё ва дар сарашон навъи инсон, барои фанову суқут дар адам ва ғарқшуда дар пучӣ, зиҳаётон низ, ки навъи башар дар раъсашон қарор дорад, барои нобудшудан офарида нашудаанд. Бо қудрат исбот мекунад, ки инсон халқ шудааст то бо тараққӣ, ба бақо бирасад ва бо тасфия давом ёбад ва бо истеъдодҳояш ба вазифаи сармадӣ пардозад.

Бале, дар ҳар баҳор мушоҳида мекунем, гиёҳони бешуморе, ки дар фасли тирамоҳ даргузаштаанд, ҳар дарахт, ҳар реша, ҳар дона, ва ҳар тухмӣ дар ҳашри баҳор, ояти وَ اِذَا الصُّحُفُ نُشِرَتْ мехонанд ва маънои онро ба забони худ, тибқи вазифае, ки солҳои пешин ба уҳда доштанд, тафсир мекунанд ва ба он ҳофизияти боазамат, гувоҳӣ медиҳанд; ва чаҳор ҳақиқати бузург дар ояти هُوَ الْاَوَّلُ وَالْاٰخِرُ وَالظَّاهِرُ وَالْبَاطِنُ ро дар ҳама чиз нишон медиҳанд ва ҳофизиятро дар болотарин дараҷа ва ҳашрро ба содагӣ ва ба қатъияти баҳор, ба мо меомӯзонад.

Ба ин тартиб, ҷилваҳои ин чаҳор исм аз ҷузъитарин то куллитарин, ҷараён меёбад. Масалан донае, ки маншаи дарахт аст, мазҳари исми اَلْاَوَّلُ мешавад ва ба қутии хурде монанд аст, ки барномае ба ғояти комили дарахт ва ҷиҳозоти бенуқсони эҷоди он  ва тамоми шароити шакл гириашро дарбар дорад ва азамати ҳофизиятро исбот мекунад.

Меваи дарахт низ, ки мазҳари исми وَالْاٰخِرُ  аст, бо тухмии худ, ки ҳамчун сандуқчаи хулосаи ҳамаи вазифаҳои фитрии дарахт ва феҳристи коркардҳояш ва дастуруламалҳои ҳаёти дуюмиашро дарбар дорад, ба олитарин шакл ба ҳофизият гувоҳӣ медиҳад.

Сурати ҷисмонии дарахт низ, ки мазҳари исми وَالظَّاهِرُ аст, ҳуллаву либоси мавзун ва ҳунармандонае дар бар дорад, ки бо нақшҳову зиннатҳо ва нишонаҳои дурахшони ҷудогона, зиннат дода шудааст; гуё либоси ҳафтод ранги ҳурон аст ва азамати қудрату камоли ҳикмат ва ҷамоли раҳматро дар матни ҳофизият дар муқобили дидагон нишон медиҳад.

Дастгоҳи дарунии дарахт ҳам, ки оинаи исми وَالْبَاطِنُ аст, ҳамчун корхона, дастгоҳ ва як кимёхонаи комилу боназм ва эъҷозомез аст ва монанди як хазинаи ризқҳо, ҳеҷ шохаву мева ва баргеро беғизо намегузорад ва дар матни ҳофизият, камоли қудрат ва адолату ҷамоли раҳмат ва ҳикматро ба мисли хуршед исбот мекунад.

Дуруст, ба ҳамон шакл, кураи арз низ, аз лиҳози фаслҳои солона, як дарахт аст. Тамоми донаҳову тухмиҳое, ки бо таҷаллии исми “Аввал” дар фасли тирамоҳ назди ҳофизият ба амонат супорида мешаванд, маҷмӯъаи фармонҳои Илоҳӣ вобаста ба дарахти рӯйи заминанд, ки либоси баҳор бар тан карда ва миллиардҳо шоху баргу мева ва гул медиҳанд. Феҳристи дастуруламалҳое ҳастанд, ки реша дар тақдири Илоҳӣ дорад. Ва саҳифаи хурду дафтари хадамоте ҳастанд ки шомили вазифаҳои анҷомшуда дар тобистони гузашта мешаванд. Ин амр билбадоҳа нишон медиҳад, ки Ҳофизи Зулҷалоли ва-л Икаром бо қудрату адолат ва ҳикмату раҳмати беинтиҳо, кореро анҷом додааст.

Ва охири дарахти солонаи замин, низ ин аст, ки ҳамаи вазифаҳоеро, ки дар тирамоҳи дуюм баанҷом расонида ва тамоми тасбеҳоти фитрие, ки дар баробари асмои Илоҳӣ ба забон оварда ва ҳамаи саҳифаҳои аъмолеро, ки дар ҳашри баҳори оянда қобили нашранд дохили қуттиҳои бисёр хурду заррамонанд, қарор медиҳад ва таслими дасти ҳикмати Ҳофизи Зулҷалол мекунад. Ба ин тартиб исми هُوَ الْاٰخِرُ ро бо бениҳоят забон ба коинот мехонад.

Ва зоҳири ин дарахт низ, сесад ҳазор навъи гули куллию мухталифро мешукуфонад, ки нишонаҳову намунаҳои сесад ҳазор ҳашр аст. Ва бо густурдани хони раҳмонияту раззоқият ва раҳимияту каримияти беинтиҳо, зиҳаётонро зиёфате медиҳад ва бо забони ба теъдоди меваҳову гулҳо ва таомҳо, исми هُوَ الظَّاهِرُ ро зикр мекунад,  мадҳу сано мегуяд ва ҳақиқати وَ اِذَا الصُّحُفُ نُشِرَتْ ро мисли рӯз намоён месозад.

Аммо ботини ин дарахти боҳашамат; чунон махзану дастгоҳи беҳадду ҳисобест, ки мошинҳои дақиқу корхонаҳои мунзамро дар камоли диққату тартиб, ба кор меандозад. Дастгоҳе, ки аз як донаи ба андозаи як дирҳам, ҳазор ман ғизо тавлид мекунад ва ба гуруснагон мерасонад; бо чунон назму диққат кор мекунад, ки иҷоза намедиҳад заррае тасодуф вориди кор шавад. Исми هُوَ الْبَاطِنُ ро дарун ва ботини замин, ба сад ҳазор шакл, эълону исбот мекунад. Ҳамчун бархе аз фариштагон, ки бо сад ҳазор забон тасбеҳ мегуянд.

Ҳам замин, ба лиҳози ҳаёти солонааш ҳамон тавре, ки дарахтест ва ҳофизиятро дар чаҳор исми мазкур табдил дода, бо он, калиде барои боби ҳашр муҳаё месозад. Дуруст ба ҳамон шакл, ба лиҳози ҳаёти даҳрӣ ва дунявиаш, боз ҳам дарахти бошукӯҳест, ки меваҳояш ба бозори охират фиристода мешавад. Ва он, чунон мазҳару оина ва роҳе ба охират барои чаҳор исми мазкур мегардад, ки ақли мо барои дарки густурдагию  баёни он, кифоя намекунад. Бинобар ин, мегуем:

Ҳам чуноне, ки ақрабакҳои як соати ҳафтагие, ки шуморандаи сонияҳову дақиқаҳо, соатҳову рӯзҳо мебошанд, бо ҳам шабеҳанд ва исботкунандаи якдигаранд. Бинандаи ҳаракати сонияҳо, маҷбур ба тасдиқи ҳаракати соири чархи дандонҳост. Ба ҳамин тартиб, рӯзҳо шуморандаи сонияҳои ин дунё ҳастанд.

Дунёе, ки соати бузурги Холиқи Зулҷалоли арзу самовот аст, ва солҳое, ки дақиқаҳои онро ҳисоб мекунанд ва асрҳое, ки соати ин дунёро нишон медиҳад ва гардишҳое, ки нишонгари рӯзҳои он мебошанд, шабеҳи ҳаманд ва якдигарро исбот мекунанд. Вақте дар хусуси масъалаи ҳашр аз Холиқамон савол мекунем, исми “Ҳафиз” ва исмҳои هُوَ الْاَوَّلُ وَالْاٰخِرُ وَالظَّاهِرُ وَالْبَاطِنُ бар асосои ҳақиқати мазкур посух медиҳанд. Ва нишонаҳои бешуморе ҳамчун қотъияти расидани баҳор пас аз зимистон ва омадани субҳ пас аз шаб, баъд аз зимистони зулмонии дунёи фонӣ низ, баҳори боқӣ ва субҳи сармадӣ, фаро мерасад.

Модоме, ки бо чашмонамон мебинем ва бо ақлу хирадамон дарк мекунем ки:

ИНСОН

Олитарин ва ҷомеътарин самараи дарахти коинот аст.

Ва ба лиҳози ҳақиқати Муҳаммадия алайҳиссалоту вассалом тухмии аслии он аст.

Ва ояти куброи Қуръони коинот мебошад.

Ва ояту-л курсии ҳомили исми аъзами он.

Ва мукаррамтарин меҳмони сарои коинот.

Ва фаъолтарин маъмуре, ки иҷозати тасарруф дар соири сокинони ин саройро дорад.

Ва маъмури назорат бар кишту зироатҳо ва дахлу харҷҳо дар боғу мазрааи маҳаллаи замини шаҳри коинот аст ва масъултарину пурсарусадотарин нозири он, ки ба садҳо фанну ҳазорон санъат муҷаҳҳаз шудааст.

Ва бозрасу халифае, ки дар мамлакати замини диёри коинот, дар таҳти назару таваҷҷӯҳи дақиқи Подшоҳи Азалу Абад аст.

Ва мутасаррифест, ки ҳаракатҳои куллию ҷузъии ӯ сабт мегардад.

Ва амонати куброеро, ки замину осмон ва кӯҳҳо аз ҳамли он худдорӣ карданд, бар душ кашид ва ду роҳи аҷиб дар муқобилаш кушода шуд, як роҳ барои табдилшудан ба бадбахтарин зиҳаётон ва роҳи дигар барои саодатмантарини онҳо, абди куллию мукаллаф ба убудияти бисёр густурда.

Ва мазҳари исми аъзами Султони коинот ва оинаи ҷомеъи тамоми асмои ӯ.

Ва оқилтарин мухотаби хосси баёноту хитобҳои Субҳонӣ.

Ва ниёзмандтарин зиҳаёт дар миёни зиҳаётони олами вуҷуд. Зиҳаёти бечорае, ки бо вуҷуди фақру аҷзи беҳадду канораш, аз мақсадҳову майлҳои беинтиҳо ва душманони фаровону умури зиёнборе бархӯрдор аст, ки ӯро озор медиҳанд.

Ва аз назари истеъдод, ғанитарин.

Ва аз лиҳози лаззатҳои зиндагонӣ, мутааллимтарин аст ва лаззатҳояш олуда  ба сахттарин дардҳо мебошад.

Ва аз ҳама зиёдтар муштоқу ниёзманди бақо ва шоиставу лоиқи он аст.

Ва бо дуоҳои фаровон, ҳаёти доимӣ ва саодати абадиро дархосту илтимос мекунад.

Ва агар тамоми лаззатҳои дунё ба ӯ дода шавад таъмин кунандаи хости ӯ барои бақо нест.

Ва аъҷубаи хилқат ва аз мӯъҷизоти хориқулодаи қудрати Самадонист ва зоти атокунандаи эҳсонро дар ҳадди парастиш дӯст медорад, ва боис мешавад он зотро дӯст бидоранд ва худ дӯст дошта мешавад.

Ва дарбаргириндаи ҳамаи коинот аст, тамоми ҷиҳозоти инсонии ӯ шаҳодат медиҳанд, ки барои рафтан ба абадият халқ шудааст…

Инчунин, бо бист ҳақиқати куллӣ, ба исми Ҳаққи Ҷаноби Ҳақ, дил мебандад ва аъмолаш бо исми Ҳафизи “Ҳафизи Зулҷалол” ҳамеша сабт мегардад — Зулҷалоле, ки ҷузъитарин ниёзҳову хурдтарин зиҳаётонро, мебинад ва ниёзҳояшро мешунавад ва амалан иҷобат мекунад — ва афъоли алоқадор бо коиноти ӯ, тавассути киромалкотибин, он исм навишта мешавад. Инсоне, ки беш аз ҳар чизи дигар, мазҳари он исм ва дар маркази тавҷҷуҳаш қарор мегирад. Албатта, бешубҳа ба ҳукми ҳақиқатҳои бистгонаи мазкур, ҳашру нашре барояш ҳаст ва подоши хизматҳо ва ҷазои кӯтоҳияшро ба воситаи исми “Ҳақ” мегирад. Ва бар асоси исми “Ҳафиз” барои ҳар амали хурду бузурги сабтшудааш, ба ҳисоб кашида шуда ва бозхост хоҳад шуд, ва дар дори бақо дарвозаҳои меҳмонсарои саодати абадӣ ё маҳбуси шақовати доимӣ, ба рӯяш кушода мешавад. Афсаре, ки дар ин дунё, фармондеҳии тоифаҳои фаровонеро  ба уҳда дошта, бо онҳо омехта, гоҳо онҳоро дарҳам омехта, ин тавр нест ки зери хок раваду чунон бихобад, ки гуё ҳеҷ гоҳ бедор намешавад ва дар хусуси аъмолаш пурсида намешавад.

Дар ғайри ин сурат, чигуна мумкин аст ҳикмате, ки садои магасеро мешунавад ва бо атои ҳаққи ҳаёташ, билфеъл ба ӯ ҷавоб медиҳад, дуои касеро, ки ба лисони ҳақиқатҳои бистгонаи мазкур, баён мешавад ва дар аршу фарш танинандоз мегардад, нашунавад ва (нидои) ҳуқуқи инсони бешумори вобаста ба бақоро, ки қудрате ҳамчун раъду барқ дорад, дар назар нагираду ҳамаи онро бекор кунад? Ҳикмате, ки бар асоси гувоҳии назме, ки дар боли магас аст, ҳатто ба қудрати боли магасе исроф намекунад, чигуна мумкин аст ҳамаи он истеъдодҳои алоқадор бо ҳақиқатҳои мазкур ва афъолу орзуҳои имтидодёфта то абадро ва бисёре аз ҳақиқатҳову робитаҳои дар коинотро, ки тағзиякунандаи хостаҳоу истеъдодҳои мазкуранд, ба ҳадар диҳад? Ин матлаб чунон накӯҳидаву золимона ва ғайри мумкин аст, ки ҳамаи мавҷудоти шаҳодатдиҳанда бар номҳои Ҳақ ва Ҳафиз ва Ҳаким ва Ҷамил ва Раҳими онро рад мекунанд ва мегуянд “сад бор муҳол ва ба ҳазор ваҷҳ мумтанеъ аст.”

Номҳои “Ҳақ, Ҳафиз, Ҳаким, Ҷамил, ва Раҳим” дар ҷавоби саволи мо аз Холиқамон дар хусуси ҳашр мегуянд: “Ҳамон тавре, ки мо ҳаққу ҳақиқатем, бар асоси таҳаққуқи мавҷудоте, ки ба мо гувоҳӣ медиҳанд, ҳашр ҳақ ва қатъист.”

Низ модоме, ки…

Боз ҳам мехостам дар ин хусус бинависам, локин матлаб чун хуршед аён аст, ба ҳамин миқдор иктифо намудам.

Дар қиёс бо мисолҳо ва модомҳои пешин, чуноне, ки ҳар яке аз исмҳои садгона, балки ҳазоргонаи Ҷаноби Ҳақ, ки нозир бар коинот аст, бо оинаву ҷилваи худ мусаммояшро билбадоҳа, исбот мекунанд. Дуруст ба ҳамон тартиб, ҳашру охиратро нишон медиҳанд ва онро бо қатъият собит мекунанд.

Низ, дар ҷавоби саволе, ки аз Холиқамон мекунем, чуноне, ки Раббамон бо тамоми фармонҳо ва ҳамаи китобҳое, ки нозил карда ва бештари исмҳояш, ки мусаммо ба онҳост, ҷавоби қудсию қатъӣ медиҳад, ба ҳамон тартиб, бо фариштагонаш ва ба забони онҳо ба тарзи дигар, баён мекунад:

“Садҳо ҳодисаи мутавотир ҳаст, ки нишон медиҳад, шумо аз замони Одам ин ҷониб ва бо рӯҳониён ва бо мо дидор кардаед. Ва нишонаҳову далелҳои бешумори далолаткунанда бар вуҷуди мо ва убудияти рӯҳониҳо вуҷуд дорад. Ва инро ки дар толорҳо ва бархе хонаҳои охират мегардем, дар дидор бо фармондеҳони шумо ҳамоҳанг бо ҳам гушзад кардаем ва ҳам чунон ёдоварӣ мекунем. Албатта, бешубҳа толорҳо ва хонаҳои олию боқии мазкур ва манзилҳову кохҳои музайяну фаршшудаи болотари онҳо, дар интизори сукунат додани меҳмонҳои бисёр арзишманданд. Инро яқинан башумо мегуем.”

Низ модоме, ки Холиқамон, Муҳаммади Арабӣ алайҳиссалоту вассалом, бузургтарин муаллим ва комилтарин устод ва беҳтарин раҳномоеро, ки на хато мекунад ва на дигаронро ба хато меандозад, бароямон таъйин карда ва ба унвони охирин паёмбар фиристодааст. Мо ҳам, барои тараққию такомул аз мартабаи илмуляқин, ба мартабаҳои айнуляқину ҳаққуляқин, пеш аз ҳар чиз лозим аст саволеро, ки аз Холиқамон пурсидем аз устодамон бипурсем. Зеро ӯ ба сабаби ҳазорон мӯъҷизаи аз ҷониби Ҳудованд, ки ҳар кадом нишонаи тасдиқи ӯянд; худ яке аз мӯъҷизоти Қуръон  буда, исбот мекунад, ки Қуръон ҳақ ва каломи ҳақ мебошад. Ба ҳамин тартиб, Қуръон бо чил навъи эъҷоз собит мекунад, ки мӯъҷизаи ӯст ва ӯ расули худои барҳақ аст; ҳар дуи онҳо даъвогари ҳақиқати ҳашр шуда ва онро исбот намудаанд. Яке дар давоми зиндагонии худ ба унвони забони олами шаҳодат ва ҳамроҳ бо тасдиқи ҳамаи анбиёву авлиё ва дигарӣ, ба унвони забони олами ғайб ва бо тасдиқи тамоми фармонҳои осмонӣ ва ҳақиқатҳои олами вуҷуд; ҳақиқати ҳашрро бо ҳазорон оят, иддио ва исбот карданд. Аз ин рӯ, ҳашр дорои қатъияте чун рӯз ва нури хуршед аст.

Бале, муаммои аҷибу тарснок ва берун аз доираи ақл, ҳамчун ҳашр, танҳо ва танҳо бо дарсҳои ин ду устод, ҳаллу фасл мешавад.

Пайёмбарони пешин, тавзеҳоте ҳамчун матолиби Қуръонро дар ихтиёри умматҳояшон қарор надодаанд, сабаб ин, ки замонаҳои мазкур давраи бадавият ва туфулияти башар будааст. Тавзеҳ дар дарсҳои ибтидоӣ, андак аст.

Натиҷа: Модоме, ки бештари номҳои Ҷаноби Ҳақ, тақозокунандаи охират ҳастанд, бешубҳа  ҳама ҳуҷҷатҳои далолаткунанда ба ин исмҳо, аз як ҷиҳат ба таҳқиқи охират низ далолат доранд.

Модоме, ки фариштагон хабар медиҳанд, хонаҳои олами бақову охиратро дидаанд, ҳама далелҳо тасдиқ кунандаи вуҷуду убудияти малоика, арвоҳу рӯҳоният, биззарурат бар вуҷуди охират низ, далолат мекунанд.

Ва модоме, ки пас аз тавҳид, муҳимтарину асостарин ва доимитарин даъвати Муҳаммад алайҳиссалоту вассалом дар саросари зиндагӣ, охират будааст, бешубҳа  тамоми мӯъҷизоту ҳуҷҷатҳои далолаткунандаи ба нубуввату сидқи ӯ  аз ҷиҳати бар таҳаққуқу вуқӯъи охират, далолат доранд ва гувоҳӣ медиҳанд.

Ҳамчунин модоме, ки аз чор як қисми Қуръон вобаста ба мавзӯъи ҳашру охират аст ва бо оятҳои фаровон аз он хабар медиҳад ва кушиш мекунад онро исбот намояд, бешубҳа ҳама ҳуҷҷатҳову далелҳо ва бурҳонҳои далолаткунандаи бар ҳаққонияти Қуръон, бар вуҷуди охират ва таҳқиқу зуҳури он далолат доранд ва гувоҳӣ медиҳанд.

Ҳоло бингару бубин! Ин рукни имонӣ, то чи ҳад муҳкаму қатъист.

***

[1] Ҳошия: Ҳар як аз баҳорҳои гузашта мурдаанд ва қиёматашон барпо шудааст ва баҳори пеши рӯ барояшон дар ҳукми ҳашр мебошад. —

[2] Ва замоне, ки дафтари аъмол кушода шавад. (Таквир:10)