ХУЛОСАЕ АЗ МАСЪАЛАИ ҲАШТУМ

 

Дар масъалаи ҳафтум мавзӯъи ҳашрро бояд аз мақомоти зиёде савол мекардем, аммо  Холиқамон бо исмҳои худ ҷавобе, ки ба мо дод, чунон яқин ва боварии муҳкам насибамон кард, ки ниёз ба саволу ҷавобҳои дигар боқӣ намонд, ба ҳамон иктифо кардем. Инак дар масъалаи ҳаштум, як дар сади  фоидаву натиҷае, ки бар асоси имони ба охират боиси саодати ухравию дунявӣ мегардад, ба таври хулоса баён мешавад. Дар қисмати вобаста ба саодати ухравӣ, бо вуҷуди тавзеҳи Қуръони мӯъҷизу-л баён, ба баёни матлаби дигар ниёзе боқӣ намонд. Пас мавзӯъро ба Қуръон ҳавола кардем, ва тавзеҳу баёни  қисмати вобаста ба саодати дунявиро ба Рисолаи Нур супурдем, аз садҳо натиҷаи вобаста ба ҳаёти шахсию ҳаёти иҷтимоии инсон, танҳо се — чор мавридро бо як хулосаи кӯтоҳ, баён мекунем:

Якум:

Инсон, ба хилофи соири ҳайвонот, ҳамон тавре, ки ба хонаи худ вобастагӣ дорад, ба дунё низ, алоқаманд аст. Ва чуноне, ки бо хешовандони худ муносибат дорад, бо навъи башар низ, муносибати ҷиддию фитрӣ дорад; ҳамон тавре, ки дар дунё, хоҳони бақои муваққатии хеш аст, ҳамо тавр ошиқона алоқаманди бақо дар ҷаҳони абадӣ низ, мебошад. Ҳамон гуна, ки барои таъмини ғизои мавриди ниёзи меъдааш талош мекунад, фитратан маҷбур аст суфраҳову ғизоҳо, ба густурдагии дунёро — ки то абад имтидод меёбанд — барои ниёзи ақлу қалбу рӯҳ ва инсоният муҳайё кунад, дар ин роҳ талош мекунад; чунон дархост дорад, ки ҳеҷ чиз ҷуз саодати абадӣ ҷавобгӯи онҳо нест. Ҳамон тавре, ки дар Гуфтори Даҳум ишора шудааст, замоне дар хурдсолӣ, аз хаёлам савол кардам: “Оё мехоҳӣ умри як миллионсола ва салтанати дунёро ба ту бидиҳанд, аммо баъд аз он, нест шавӣ ва чизе аз ту боқӣ намонад? Ё ин ки хоҳони вуҷуди боқӣ, лекин оддию бо машақат ҳастӣ?” Дидам хостори мавриди дуюм аст. Дар баробари мавриди аввал, оҳе кашиду гуфт: “Хоҳони бақо ҳастам ҳатто дар ҷаҳаннам бошам.”

Модоме, ки қувваи хаёл ба унвони яке аз хизматгорони моҳияти инсонӣ, бо лаззатҳои дунявӣ, розӣ намешавад, бешубҳа моҳияти комилан ҷомеъи инсон ба таври фитрӣ бо абадият алоқадор аст. Инсон дар айни вобастагӣ ба майлу орзуҳои беинтиҳо, сармояи ҷузъӣ, ихтиёри ҷузъӣ ва фақри мутлақ надорад; имони ба охират барои чунин инсон, ҳамчун мева ва фоида, чунон хазинаи кофию вофӣ ва ғанист, чунон мадори саодату лаззат, мадори истимдод, марҷаъу мадори тасаллӣ дар баробари  ғуссаҳои беандозаи дунёст, ки агар барои ба даст овардани он, зиндагии дунёро фидо кунад, боз ҳам кам аст.

Самараи дуюм ва фоидае, ки назаркунанда ба ҳаёти шахсист:

 

Натиҷаи бисёр муҳиме аст, ки дар масъалаи сеюм тавзеҳ дода шуда ва дар раҳнамои ҷавонон, ба сурати ҳошия омадааст.

 Бале, нигаронии аслии ҳар инсон дар замони андешидан, кайфияти вуруд ба адамхонае ба номи қабристон аст, ки дӯстону хешовандонаш қаблан вориди он шудаанд. Инсони бечорае, ки рӯҳи худро фидои танҳо яке аз дӯстонаш мекунад, вақте ба ҳазорон, балки миллионҳову миллиардҳо тан аз дӯстонаш фикр мекунад, ки дар муфориқати абадӣ, нобуд шуда ва аз байн рафтаанд, дучори мусибати дардноктар аз азоби ҷаҳаннам мешавад. Дар ҳамон лаҳза, имони ба охират дар муқобили ӯ падидор мегардад ва чашмонашро мекушояд, пардаро боло карда, ба ӯ мегуяд: “Нигоҳ кун” ӯ бо имон нигоҳ мекунад, онгоҳ мушоҳида мекунад ва мутаваҷҷеҳи лаззати рӯҳонӣ мешавад, ки хабар аз лаззати биҳишт медиҳад, мутаваҷҷеҳ мешавад, ки дӯстонаш аз марги абадӣ, ва пӯсидашудану аз байн рафтан, наҷот ёфта, дар олами нуронию пурсурур, мунтазири ӯ ҳастанд.

Дар Рисолаи Нур, ин натиҷа бо далелҳо тавзеҳ додашудааст, бинобар ин, ба он иктифо карда, суханро кӯтоҳ мекунем.

 

Фоидаи сеюме, ки вобаста ба ҳаёти шахсист:

Тафаввуқ (бартарӣ) ва рутбаи инсон нисбат ба соири зиҳаётон ба эътибори саҷияҳои олӣ (ахлоқи олӣ), истеъдодҳои ҷомеъ, убудиятҳои куллӣ ва доираҳои густурдаи вуҷуди ӯст. Ин дар ҳолест, ки ҳамин инсон ба миқёсу меъёри замони кунунӣ — ки замони кӯтоҳи фушурдашуда дар миёни ояндаву гузаштаи торик, мурдаву маъдум мебошад — ахлоқе чун ҳамият, муҳаббат, ухуввату инсониятро ба вуҷуд меорад.

Масалан: Падар, бародар, ҳамсар, миллату ватанашро, ки қаблан намешинохт ва баъд аз муфориқат низ, ҳеҷ гоҳ онҳоро намебинад, дӯсташон медорад ва ба онҳо хизмат мекунад. Дар чунин робитаҳо, ӯ ба нудрат ба сабаби ихлосу садоқат муваффақ мешавад, ба ҳамон нисбат низ камолоту одатҳояш андак мегардад. На танҳо ба унвони бартарини мавҷуд дар миёни ҳайвонот, балки дар замоне, ки ба лиҳози ақли бечоратарин ва дар ҳоли суқут мебошад, имони ба охират ба мадади ӯ мерасад. Замони маҳдуде чун қабрро ба замони густурда мубаддал месозад, ки гузаштаву ояндаро дарбар мегирад, доираи вуҷуде ба бузургии дунё, балки ба густурдагии азал то абадро ба намоиш мегузорад.

Ӯ падари хешро ба ин сабаб, ки муносибати падариаш дар олами арвоҳ ва дори саодат идома хоҳад ёфт ва бародарашро аз ин лиҳоз, ки робитаи ухувваташ то абад давом хоҳад ёфт ва ҳамсарашро аз ин ҳайсият, ки дар биҳишт низ беҳтарин рафиқи ӯст, дӯст медорад. Дар он доираи фароху азими ҳаёт, хизматҳои бо арзишу муҳими вобаста ба муносибати вуҷудиро василаи умури беарзиши дунё ва манфиатҳою ғаразҳои ҷузъӣ намесозад. Ӯ муваффақ ба бархӯрдорӣ аз садоқати ҷиддию ихлоси самимона мешавад ва камолоту хислатҳояш ба ҳамон нисбат, мутобиқи дараҷаву мартаба ва инсонияташ мутаолӣ мегардад. Инсоне, ки дар лаззати ҳаёт, аз як гунҷишк ақиб мемонад, бартар аз тамоми ҳайвонот аст ва саодатмантарину бузургтарин мусофири олами вуҷуд ва мақбултарину маҳбубтарин бандаи соҳиби коинот аст. Ин натиҷа низ, дар Рисолаи Нур бо ҳуҷҷатҳо, тавзеҳ додашудааст, бинобар ин ба ҳамин миқдор иктифо мекунем.

 

Фоидаи чорум, нозир ба ҳаёти иҷтимоии инсон:

 

Хулосаи натиҷае, ки дар Шуоъи Нӯҳуми аз Рисолаи Нур баён гардид чунин аст:

Кӯдакон, ки чоряки ҷамъияти башарро ташкил медиҳанд, бо доштани имони ба охират, метавонанд ҳамчун инсон зиндагӣ кунанд ва ҳомили истеъдодҳои инсонӣ бошанд. Дар ғайри ин сурат, бояд дар матни нигарониҳои аламовар, барои таскину фаромӯшии дардҳо, бо бозичаҳо саргарм шаванд ва зиндагии бефоида дошта бошанд. Зеро маргҳои гоҳу ногоҳ, дар атрофи як кӯдак, дар зеҳни латифу қалби зарифи ӯ, ки дар оянда орзуҳои дуру дароз дорад ва дар рӯҳи заифаш чунон таъсир мегузорад, ки ақл ва ҳаётро барои ин бечора, василаи азоб мекунад. Ӯ бар асоси омӯзаҳои имони ба охират, ба ҷойи   нигарониҳое — ки бо бозӣ кардан бо бозичаҳо, худро дар баробари онҳо муҳофизат мекард — навъи суруру хушӣ ҳис мекунаду мегуяд:

“Бародар ва ё дӯстам аз дунё рафт ва табдил ба парандаи биҳиштӣ шуд, зиёдтар аз мо лаззат мебарад ва ба гаштугузор мепардозад. Модарам аз дунё рафт, аммо шомили раҳмати Илоҳӣ шуд. Ӯ боз ҳам, манро дар биҳишт ба оғӯш мегираду дӯст медорад. Ман низ, модари меҳрубонамро дубора мебинам.” Ба ин тартиб, метавонад ба тавре, ки шоистаи инсоният аст зиндагӣ кунад.

Пиронсолон низ, ки чоряки инсонҳоро ташкил медиҳанд, дар қиболи ба охир расидани умрашон ва ин ки ба зуддӣ дар хок дафн хоҳан шуд ва дунёи зебою маҳбубашонро тарк хоҳанд намуд, мӯҳтоҷи тасаллию оромиш ҳастанд, ки онро махсусан, дар имон овардани ба охират метавонанд биёбанд; вагарна падарони муҳтараму меҳрубон ва модарони бомуҳаббату фидокор, мутаҳаммили чунон дағдағаҳои қалбӣ ва талотумҳои рӯҳӣ мешуданд, ки дунё барояшон, зиндони ҳасратбору ҳаёти бо азобу шиканҷаовар мешуд.

Аммо имони ба охират, ба онҳо мегуяд: “Нигарон набошед, шумо дорои ҷавонии абадӣ хоҳед шуд. Ояндаву ҳаёти дурахшон ва умри бепоён дар интизори шумост. Бо фарзандону хешовандоне, ки аз даст додаед, бо хурсандӣ, дидор хоҳед кард, ҳама хубиҳое, ки кардаед, муҳофизат карда шудааст ва подоши онҳоро хоҳед гирифт. Имони ба охират, чунон оромиш ва васеъии садр ба онҳо медиҳад, ки агар ҳар кадомашон, сад баробар пиртар шаванд низ, ноумед намешаванд.”

 

Ҷавонон, ки сеяки навъи башарро ташкил медиҳанд, ҳавасҳояшон дар ҷуш аст, мағлуби эҳсосотанду ҷасур, аз ақли хеш дар ҳар замон баҳра намебаранд. Агар имони ба охиратро аз даст диҳанд ва ёде аз азоби ҷаҳаннам накунанд, амволу обурӯи аҳли номусу осоишу ҳайсияти заифон ва пиронсолон ба хатар меафтад. Баъзеашон барои як дақиқа лаззат, хушбахтии хонаводаи саодатмандеро аз байн мебаранд ва ба мисли ҳайвони дарранда мешаванд. Ба ин тартиб, чаҳор-панҷ сол дар зиндон азоб мекашанд.

Агар  имони ба охират ба фарёди онҳо бирасад, дарҳол ақлашонро ба кор мегиранд. Ва ба худ мегуяд: “Ҳарчанд маъмурони махфии давлат, манро намебинанд ва метавонам худро аз чашми онон пинҳон кунам, аммо фариштагони Подшоҳи Зулҷалол, ки зиндоне ба мисли ҷаҳаннам дорад, манро мебинанд ва бадиҳоямро сабт мекунанд. Ман ба ҳоли худ раҳо нашудаам, як мусофири муваззаф ҳастам, ман ҳам монанди онҳо пиру заиф хоҳам шуд.” Ногаҳон касоне, ки мехоҳад зулму таҷовуз кунад, эҳсоси муҳаббату эҳтиром мекунад. Ин маъно низ, бо бурҳонҳо дар Рисолаи Нур изоҳ додашудаат, аз ин рӯ ба ҳамин мухтасар иктифо мекунем.

Низ  беморону мазлумону мусибатзадагоне ҳамчун мо ва фуқарову маҳбусони маҳкум ба ҷазоҳои сангин, ки бахши муҳимми аз ҷамъияти инсониро ташкил медиҳанд, агар имони ба охират ба додашон нарасад, марг ҳар лаҳза бо ихтори беморӣ, дар пеши чашмони фарди бемор қарор мегирад. Мазлуме, ки натавонистааст интиқоми худро аз золим биситонад ва номуси хешро наҷот диҳад, дар муқобили таҳқири мағруронаи фарди ситамгар қарор мегирад. Фарди бечорае, ки бо мусибатҳои бузург рӯ барӯ шуда бесабаб, амволу авлоди худро аз даст дода, ба ноумедии дардовар мубтало мегардад, касоне барои як ду дақиқа ё як ду соат лаззат, маҷбур мешаванд панҷ сол ё даҳ сол азоби зиндонро таҳаммул кунанд. Дунё барои чунин бечорагон, зиндон ва зиндагӣ, азоби бо шиканҷа мебошад.

Агар имони ба охират, ба доди инҳо бирасад, қувват мегиранд ва сахтиҳову ноумедиҳо ва нигарониҳою хашмашон барои интиқом, мутаносиб бо мартабаи имонашон то як андоза, гоҳо тамоман зоил мегардад.

Ҳатто метавонам бигуям, агар имони ба охират ба доди ман ва чанде аз дӯстонам, ки бесабаб дар зиндон ҳастем ва бо мусибатҳои даҳшатнок рӯ барӯ мебошем намерасид, ҳатто муқовимат кардан  барои як рӯз таъсире ҳамчун маргро медошт ва маҷбурамон мекард даст аз зиндагӣ бишуем. Аммо Худовандро бениҳоят сипос, ки дардҳову мусибатҳои бисёре аз бародаронро, ки ҳамчун ҷон дӯсташон дорам, ба душ кашидаам. Барои аз даст додани ҳазорон Рисолаи Нуре, ки чун чашмони хеш, ба онҳо алоқамандам ва китобҳои бисёр арзишманди зебову муфиданд, таассуфҳо хӯрдам. Дар ҳоле, ки дар гузашта ба муқобила бо хурдтарин беэҳтиромию таҳаккум қодир набудам, қасам мехураму ба шумо итминон медиҳам, ки:

Нур ва қудрати аз имони ба охират ҳосилшуда, чунон сабру таҳаммулу тасаллӣ ва матонате ба ман дод, чунон шавқе барои чоизаи бузург дар имтиҳони пурманфиату муҷоҳидона атоям кард, ки чунонче дар ибтидои ин Рисола гуфтаам, худро дар як мадрасаи пур аз хайру некӯӣ ва шоистаи унвони “Мадрасаи Юсуфия” ёфтаам. Агар бемориҳои гоҳу ногоҳ ва эҳтиётҳову мулоҳизаҳое, ки реша дар солмандӣ дорад намебуд, ба таври комил, бо хиёли осуда, аз ҳама зиёдтар ба дарсҳоям мепардохтам. Ба ҳар ҳол, ба муносибати ин мақом, аз мавзӯъ хориҷ шудем, манро бубахшед.

Ҳам хонаи ҳар як инсон, дунёи хурди ӯ, балки биҳишти хурдашро ташкил медиҳад. Агар имони ба охират, ҳукмрони саодати хонаи одамӣ набошад, афроди хонаи мазкур, ба нисбати меҳрубонӣ ва муҳаббату дилбастаниҳояшон, бо нигарониҳои аламовар мувоҷҷеҳ шуда, азоб мебинанд. Биҳишташон ба ҷаҳаннам табдил мешавад, бо тафриҳоту хӯшиҳои муваққат, ақли худро фиреб дода, аз кор меандозанд. Шутурмурғе мешаванд, ки шикорчиро мебинад, аммо наметавонад фирор ё ки парвоз кунад. Чунин касе сарашро зери қӯм мекунад то, ки набинад. Сар дар ғафлат фурӯ мебарад, то маргу нестиву фироқ, ӯро набинад. Девонавор дар пайи чорае бар меояд, то ҳиссиёти хешро ба як сӯ гузорад.

Зеро масалан, модар вақте мебинад фарзандаш, ки омодааст рӯҳашро фидояш кунад, дар хатар аст, мудом ба худ меларзад. Онон, ки наметавонад падару бародарони худро аз балоҳо наҷот диҳанд, ҳамеша як навъи тарсро эҳсос мекунанд. Дар қиёс бо ҳамин матлаб, дар зиндагии дунявии пурғавғо ва мутағайир зиндагии хонаводагӣ ба зоҳир саодатманд ба сабабҳои гуногун, саодати худро аз даст медиҳад. Ҳатто қаробату муносибати дар як зиндагии маҳдуду мухтасар, боиси ҳусули садоқати ҳақиқӣ ва ихлоси самимона ва хизмату муҳаббати холисона намегардад, ахлоқ ба ҳамон нисбат дучори офат шуда, суқут мекунад.

Акнун агар имони ба охират вориди хонаи мазкур шавад, муносибат ва шафқату қаробат ва муҳаббати аъзои хонавода на бо меъёри замони маҳдуд, балки бо миқёси давомнок, муносибатҳо дар дунёи охират, бо саодати абадӣ, боиси эҳтироми самимона мешавад. Афрод якдигарро дӯст медоранд, ба ҳам муҳаббат мекунанд, рафторашон содиқона шуда, аз пайи айбчӯйии якдигар намешаванд. Ба ин тартиб, ахлоқи олӣ меёбад. Ва саодату инсонияти ҳақиқӣ, дар он хона ба зуҳуру буруз, шуруъ мекунад. Ин матлаб, бинобар баён шуданаш дар ҳуҷҷатҳои Рисолаи Нур, ба ҳамин миқдор басандааст.

Ҳар шаҳр низ, барои аҳолиаш дар ҳукми хонааст. Агар имони ба охират, дар миёни аъзои ин хонаводаи бузург ҳукмфармо набошад, ба ҷои ихлосу самимият ва фазилату фидокорӣ ва ризои илоҳию савоби ухравие — ки асоси ахлоқи некуст, ғараз, манфиат, тақаллуб, ғуруру такаббур, рафторҳои сохтагӣ, риё, ришва ва фиреб, ривоҷ меёбад ва харҷумарҷ ва ваҳшати зери пӯшиши осоиш ва инсонияти зоҳирӣ, ҳукумфармо шуда, зиндагонии шаҳри мазкур заҳролуд мешавад. Кӯдакон ба бозӣ, ҷавонон мастиву сархушӣ, зӯроварон ба зулм, пиронсолон ба гиристан мепардозанд.

Ба ҳамин қиёс, мамлакат низ, як хона ва ватан низ, хонаи хонаводаи миллист. Агар имони ба охират дар ин хонаҳои бузург хукумфармо гардад, эҳтироми мутақобили самимона, меҳрубониҳову муҳаббатҳо, ёвариҳои бериё, хизматҳову муоширатҳои содиқона, эҳсону фазилати бериё ва бузургию фазли дур аз иноният, зуҳур меёбад.

“Имони ба охират” ба кӯдакон мегуяд: “биҳишт ҳаст, бозиро раҳо кунед.” дарси Қуръонӣ сабаби тамкин мешавад.

Ва ба ҷавонон мегуяд: “ҷаҳаннам ҳаст, сармастиро раҳо кунед.” Боис мешавад ақлашонро ба кор андозанд.

Ба золим мегуянд: “Азоби шадид ҳаст, силӣ хоҳӣ хурд.” Сабаб мешавад, дар муқобили адолат сар хам кунад.

Ба пиронсолон мегуяд: “саодати ухравӣ ва олитару доимӣ, аз ҳама хушбахтиҳое, ки аз даст додаед, ҷавонии абадию саршор аз шодмонӣ, дар интизори шумост, бикушед онро ба даст оред.” Ба ин тартиб, гиристанашонро ба ханда иваз мекунанд.

Ба ҳамин қиёс “имон овардан ба охират” ҳусни таъсирашро бар ҳар гурӯҳу даста, чӣ хурд бошад чи бузург, нишон дода, нурафшонӣ мекунад. Ҷомеашиносону равоншиносоне, ки бо зиндагонии иҷтимоии навъи башар сарукор доранд, ҳушёр бошанд! Агар ҳазорон фоидаи имони ба охират бо ҳамин чанд намунае, ки ишора кардем муқоиса гардад, яқинан собит мешавад, ки мадори саодати ҳарду ҷаҳон ва ҳарду ҳаёти инсон, имон аст.

Дар Гуфтори Бисту Ҳаштуми Рисолаи Нур ва Рисолаҳои дигаре аз он, ба шубҳаҳои заифе, ки дар хусуси ҷисмонӣ будани ҳашр вуҷуд дорад, ҷавобҳои мустаҳкам додаем. Бинобар ин дар инҷо бо ишораи мухтасар мегуем:

Ҷисмоният, ҷомеътарин оинаи асмои Илоҳист ва ғанитарин мақсадҳо дар хилқати коинот ва маркази фаъоли ҳадафҳои Илоҳӣ дар офариниши коинот, дар ҷисмоният мебошад. Ва боз ҷисмоният аст, ки рангорангтарин ва мутанавеътарин эҳсонҳои илоҳиро, дарбар мегирад ва бештарин тухмиҳои сипосу ниёиши башар, ки дар баробари офаринанда, ба забони ниёз адо мегардад, низ дар ҷисмоният аст. Мутанавеътарин тухмиҳои олами маънавию рӯҳонӣ, низ дар ҷисмоният қарор дорад.

Ба ҳамин тартиб, чун садҳо ҳақиқати куллӣ, дар ҷисмоният ҷамъ аст. Холиқи Ҳаким барои ин, ки ҷисмониятро ба рӯйи замин афзоишу густариш диҳад ва мазҳари ҳақиқатҳои мазкур гардонад, бо фаолияти сареъу ҳайратангез, либоси вуҷудро қофила-қофила бар мавҷудод мепӯшонад ва равонаи намоишгоҳ (замин) карда, сипас онҳоро рухсат медиҳад ва дигаронро равона месозад. Ба ин тартиб, корхонаи дунёи ҳастиро лаҳза балаҳза ба кор во медорад. Маҳсулоти ҷисмониро сару сомон медиҳад, заминро ниҳолистоне барои охирату биҳишт мекунад.

Ҳатто барои ризоияти меъдаи ҷисмонии инсон дуоеро, ки меъда бо забони ҳол адо мекунад, бодиққат мешунавад, мепазирад ва амалан ҷавоб медиҳад. Бад-ин сабаб аст, ки ҳазорон навъи ғизои лазиз ва неъматҳои бисёр арзишмандро бо навъҳои бешумор ба ҷисмоният арза мекунад. Ин амр бадоҳатан ва бешубҳа нишон медиҳад, ки бештарину мутанаввеътарин лаззатҳои биҳишт дар охират, ҷисмонист ва муҳимтарин неъматҳо дар дори саодати охират, ки мавриди унсу алоқаи ҳама мебошад, неъматҳои ҷисмонист.

Оё аслан эҳтимолу имкон дорад, Қодири Раҳим ва Алими Кариме, ки дуои ин меъдаи одӣ, барои бақоро — ки бо забони ҳол адо мешавад — бипазирад ва мӯъҷизаҳо бо таомҳои моддии фаровон ба он миннат бигузорад ва ҳар лаҳза бо қасд ва дар амалу бидуни ҳеҷ тасодуф, посухашро бидиҳад, аммо хостаҳои куллӣ, мутаолӣ ва доимии навъи инсонро, ки муҳимтарин натиҷаи олами вуҷуд ва халифаи ӯ ба рӯйи замин ва баргузидаву парастандаи Холиқ аст ва бо меъдаи куброи инсоният матраҳ мегардад, беҷавоб гузорад ва ба дуоҳои бешумор барои бархӯрдори фитрӣ аз лаззатҳои ҷисмонӣ, дар дори бақо таваҷҷӯҳ накунад ва бо ҳашри ҷисмонӣ амалан ба он посух надиҳад ва барои абад бар он миннат нагузорад? Мисли ин аст, ки садои магасеро бишунавад аммо қодир ба шунидани садои раъду барқ набошад! Ё ин, ки ба таҷҳизоти як сарбози одӣ, бо камоли диққату аҳамият таваҷҷӯҳ кунад, аммо вазъи артиш барояш муҳим набошад! Ин сад дар сад муҳолу ботил аст.

Бале, бар асоси қатъии ояти: وَ فٖيهَا مَا تَشْتَهٖيهِ الْاَنْفُسُ وَ تَلَذُّ الْاَعْيُنُ Инсон, он дастаи аз лаззатҳои ҷисмониро, ки дар ин дунё бо онҳо унс гирифта ва таъмашонро чашидааст ба гунае, ки шоистаи биҳишт бошад, мебинад ва мечашад ва подоши ибодатҳои хос ва сипосгузориҳои холиси аъзову ҷавориҳе чун забон, чашму гӯш дар биҳишт, бо лаззатҳои ҷисмонии хосси ҳамон аъзо дода мешавад. Қуръони мӯъҷизу-л баён чунон сареҳ аз лаззатҳои ҷисмонӣ ёд мекунад, ки  бар асоси таъбирҳои дигар, маънои зоҳириро имкон надорад қабул накард.

 

Бинобар ин, натиҷаву самараҳои имони ба охират, нишон медиҳад, чунон ки ҳақиқату ниёзҳои меъда ба унвони яке аз аъзои бадани инсон, бар вуҷуди таом, далолати қатъӣ дорад. Ба ҳамин тартиб, ҳақиқати инсон ва камолоту ниёзҳои фитрӣ ва хостаҳои абадӣ ва истеъдодҳое, ки хоҳони фоидаҳову натиҷаҳои мазкури имон овардани ба охират мебошанд, ба сурати қатъӣ ба охирату биҳишт ва лаззатҳои боқии ҷисмонӣ ва таҳақуқи онҳо далолат мекунад ва гувоҳӣ медиҳад. Ба ҳамин тартиб, ҳақиқати камолоти олами вуҷуд ва оятҳои таквинии маънодори он ва тамоми ҳақиқатҳои инсонӣ, алоқадор бо ҳақиқатҳои мазкур бар вуҷуди дори охират ва таҳаққуқи он ва фароррасии ҳашр ва вуҷуди биҳишту ҷаҳаннам, далолат мекунад ва шаҳодат медиҳад. Ин матлаб, дар бахшҳои мухталифи Рисолаи Нур, махсусан дар Гуфтори Даҳум, (ду мақоми аз) Гуфторҳои Бисту Ҳашту — Бисту Нӯҳ (28-29) ва Шуоъи Нӯҳум ва Рисолаи Муноҷот бо бурҳонҳои равшану ошкор ва аз шубҳа дур собит гардидааст. Хонандаро ба он ишора мекунем ва матлаби мухтасареро, ки тулонӣ шуд, дар ҳаминҷо ба поён мерасонем.

Баёноти Қуръонӣ, дар хусуси ҷаҳаннам, он қадар равшану ошкор аст, ки ниёз ба тавзеҳоти дигар боқӣ намемонад, мунтаҳо хулосаи ду-се нуқтаро, ки дуркунандаи як-ду шубҳаи заиф мебошад, баён мекунем ва хонандаро барои огоҳӣ аз тафсили мавзӯъ, ба Рисолаи Нур ишора мекунем.

Нуқтаи якум: Тарси аз ҷаҳаннам, лаззати самараҳои пешинаи имонро аз байн намебарад. Зеро, раҳмати беҳади Раббонӣ, ба оне, ки метарсад мегуяд: “Аз дарвозаи тавба ворид шуда, ба сӯйи ман биё! То натанҳо аз ваҳшати ҷаҳаннам наҷот ёбӣ, балки сабаби дарки лаззатҳои биҳишт гардад ва интиқоми ту ва махлуқоти бешумореро, ки ба ҳуқуқашон таҷовуз шуда, бигирад ва боиси шодмонии шумо гардад.”

Агар ғарқи залолату гумроҳӣ шуда бошӣ ва ба наҷоти худ қодир нестӣ, боз ҳам вуҷуди ҷаҳаннам, беҳтар аз нобудии абадист. Барои кофирон низ, як навъи марҳамат аст. Зеро инсон, ҳатто ҳайвон аз хушию саодати фарзандону хешони худ лаззат мебарад ва эҳсоси саодат мекунад.

Дар чунин ҳолат, ту эй мулҳид! Ба эътибори залолату гумроҳиат, ё ба воситаи адами ҳамешагӣ, несту нобуд хоҳӣ шуд, ё вориди ҷаҳаннам мешавӣ. Адам низ, ки шарри маҳз аст, ҳазорон бор бештар аз ҷаҳаннам, рӯҳу қалби туро ва моҳияти инсониатро ба оташ мекашонад. Зеро нестӣ, ҳама касонеро, ки дӯсташон дорӣ ва ҳама хешовандон ва аслу насабатро, ки ба саодаташон хушҳолу хурсанд ҳастӣ, ҳамроҳи ту несту нобуд мекунад. Зеро агар ҷаҳаннам набошад, биҳишт ҳам нахоҳад буд. Ҳама чиз бо куфри ту, дар нестӣ суқут мекунад.

Агар ту вориди ҷаҳаннам шавӣ ва дар доираи вуҷуди боқӣ бимонӣ, дӯстону хешовандонат, дар биҳишт саодатманданд ва ё дар доираи вуҷудиашон ба сабаби мазҳари марҳаматҳо мегарданд. Пас ба назар мерасад, лозим аст тарафдори вуҷуди ҷаҳннам бошӣ. Алайҳи ҷаҳаннам будан, ба маънои тарафдорӣ аз адам аст, ки маънои дигараш, тарафдорӣ аз ҳеҷу пуч шудани саодати бешуморат мебошад.

Бале, ҷаҳаннам низ, иқлими мавҷудест бо ҷалолу ҷабарут ва даҳшатноке, ки вазифаи маҳбаси одилонаву ҳокимонаи Ҳокими Зулҷалол, доираи вуҷудро ба ӯҳда дорад; доираи вуҷуде, ки хайри маҳз аст. Ҷаҳаннам, илова бар ифои нақши зиндону маҳбас, вазифаҳои гуногуну фаровони дигаре ҳам дорад. Низ ҳикматҳову хизматҳои бешумори вобаста ба олами бақо низ, мутаваҷҷеҳи ҷаҳаннам аст. Ва маскани мавҷудоти бисёре, ҳамчун забонӣ (фариштагони масъул дар ҷаҳаннам) ҷаҳаннам мебошад.

Нуктаи дуюм: Вуҷуди ҷаҳаннам ва азоби шадидаш, бо раҳмати беҳадду канор ва адолати ҳақиқию ҳикмати бо мизону муътадил, зиддият надорад, балки раҳмату адолат ва ҳикмат, иқтизои вуҷуди ҷаҳаннамро доранд. Дар доираи адолат ҷазои золиме, ки ҳуқуқи бегуноҳонро поймол мекунад, ё куштани ҷонваре, ки садҳо ҳайвони мазлумро даридааст, раҳмате бар мазлумон башумор меравад.

Бахшидани он золим, ё раҳо кардани он ҷонвар, муҳаббати бемаврид ва дар ҳақиқат зулму номеҳрубонӣ, дар ҳаққи он бечорагон аст. Ба ҳамин тартиб кофири мутлақ, ки аҳли ҷаҳаннам аст, ҳам бо куфру инкори хеш, ба ҳуқуқи асмои Илоҳӣ, таҷовуз мекунад ва ҳам бо такзиби шаҳодати мавҷудоте, ки ба асмои Ҳақ гувоҳӣ медиҳанд, ба ҳуқуқашон таҷовуз мекунад ва бо инкори вазифаҳои олӣ ва тасбеҳвори махлуқот дар баробари асмои Илоҳӣ, ба ҳуқуқашон таҷовуз мекунад ва бо такзиби муқобилаву оинадори обидонаи онҳо, дар баробари тазоҳури рубибияти Илоҳӣ — ки ғояти хилқати ҷаҳон, яке аз далелҳои вуҷуду бақои он аст — муртакиби як навъ таҷовуз мегардад, ин амр чунон ҷинояту зулми азимест, ки ба ҳеҷ ваҷҳ қобили бахшиш нест ва шомили таҳдиди ояти اِنَّ اللّٰهَ لَا يَغْفِرُ اَنْ يُشْرَكَ بِهٖ[1] мегардад.

Набурдани ӯ ба ҷаҳаннам, дар воқеъ муҳаббати бемаврид аст, ки нисбат ба даъвогарони бешуморе, ки ба ҳуқуқашон таарруз шуда, зул ҳисобида мешавад. Даъвогарони мазкур (ки ба ҳуқуқашон таҷовуз шуда) хоҳони вуҷуди ҷаҳаннам ҳастанд ва яқинан иззати ҷалолу азамати камолро низ мепурсанд.

Бале, агар як осии лоуболӣ ва касе, ки ба ҳуқуқи раият таҷовуз мекунад, иззату қудрати ҳокими азизеро написандад ва ба ӯ гуяд: “Манро дастгир ва ҳабс карда наметавонӣ.” Қатъан агар дар шаҳр зиндоне ҳам набошад, барои он беадаб маҳбасе сохта ва ӯро зиндонӣ мекунанд.

Ба ҳамин тартиб, кофири мутлақ низ, бо куфри худ иззати ҷалоли Ҳақро башиддат паст мезанад. Ва бо мункир шудан, азамати қудраташро зери савол мебарад. Ва бо таҷовузаш, бо камоли рубубияташ зиддият мекунад. Албатта, ҳатто асбоби муҷиба ва ҳикматҳои вуҷуди ҷаҳаннам — ки барои вазифаҳои гуногуни он матраҳ аст — набуд, офаридани як ҷаҳаннам ва андохтани чунин кофирон ба он, ин аз шаъни иззату ҷалол аст.

Моҳияти куфр  низ, нишон аз ҷаҳаннам дорад. Бале, агар моҳияти имон таҷассум ёбад, метавонад сурати биҳишти хос ва лаззатҳояшро бигирад. Аз ин назар, аз биҳишт хабарҳои ниҳон медиҳад.

Ба ҳамин тартиб чунон, ки дар Рисолаи Нур бо далелҳо собит намуда ва дар масоили матраҳшуда, ишора кардаем. Куфр, махсусан куфри мутлақ ва нифоқу иртидод, чунон аламҳои ваҳшатноку зулмонӣ ва азоби маънавӣ доранд, ки агар таҷассум ёбад, барои фарди муртад, як ҷаҳаннами хос хоҳад шуд. Бад-ин лиҳоз аз ҷаҳаннами бузург хабар медиҳад. Ҳақиқатҳои ин дунё, ки ба мисли ниҳолистон аст, дар охират сунбулҳо хоҳанд дод. Аз ин рӯ, ин тухмии заҳролуд, ки ба он дарахти заққум ишора дорад, мегӯяд: “Ман мояи онам.” ва “меваи ман намунаи хосси он дарахти заққум барои бадбахтист, ки манро дар қалби худ ҷо мекунад.”

Модоме, ки куфр ба ҳуқуқ, таҷовузи беҳад аст ва бениҳоят ҷиноят мебошад. Пас  фардро мустаҳиққи азоби беҳад мекунад. Модом қатле, ки дар як дақиқа сурат мегирад, боиси понздаҳ сол (қариб ҳашт миллион дақиқа) ҳабс ва таҳаммули ин андоза азоб мешавад ва аз назари адолати башарӣ низ, амр пазируфта шуда ва мутобиқи маслиҳату ҳуқуқи умумист. Албатта куфр бошад, муодили ҳазор қатл мешавад. Ва гуфта мешавад: Як дақиқа куфри мутлақ, қариб ҳашт миллиард дақиқаи азобро чашида, ва ин бо мизони адолат мувофиқат дорад. Касе ки умри худро дар куфр сипарӣ кунад, мустаҳиққи ҳудуди ду триллиону ҳаштсаду ҳаштод миллиард дақиқа азоб мегардад ва мазҳари рози خَالِدٖينَ فٖيهَا اَبَدًا  мешавад. Ҳар чи ҳам бошад…

Тавзеҳоти эъҷозомези Қуръони Ҳаким дар бораи биҳишту ҷаҳаннам ва ҳуҷҷатҳои Рисолаи Нур ба унвони тафсири аз он, дар хусуси биҳишту ҷаҳаннам ниёзе ба баёни дигар боқӣ намегузорад:

وَيَتَفَكَّرُونَ فٖى خَلْقِ السَّمٰوَاتِ وَالْاَرْضِ رَبَّنَا مَا خَلَقْتَ هٰذَا بَاطِلًا سُبْحَانَكَ فَقِنَا عَذَابَ النَّارِ ۞)

رَبَّنَا اصْرِفْ عَنَّا عَذَابَ جَهَنَّمَ اِنَّ عَذَابَهَا كَانَ غَرَامًا ۞ اِنَّهَا سَٓاءَتْ مُسْتَقَرًّا وَمُقَامًا)

Дар бисёр мавридҳо монанди ин оятҳо, ба забони ҳамаи паёмбарон ва аҳли ҳақиқат, дар садри онҳо Расули Акрам (с.а.в.) бештарини дуо ин будааст:

اَجِرْنَا مِنَ النَّارِ ۞ نَجِّنَا مِنَ النَّارِ ۞ خَلِّصْنَا مِنَ النَّارِ

ва дуои “моёнро аз ҷаҳаннам ҳифз фармо” аз ҷаҳаннаме, ки бар асоси ваҳй ва шуҳуд барои онон қатъият ёфтааст, нишон медиҳад, ки бузургтарин масъалаи навъи башар, наҷот аз ҷаҳаннам аст. Низ яке аз ҳақиқатҳои муҳимму азим ва даҳшатноки олами ҳастӣ, ҷаҳаннам мебошад, ки баъзе аз аҳли кашфу шуҳуду таҳқиқ, онро мушоҳида мекунанд ва осору сояҳои онро мебинанд ва аз тарси он, фарёд мекунанд ки “Моёнро аз он бираҳон!”

Бале, омехтагию тақобули хайру шар, лаззату алам, нуру зулмат, ҳарорату бурудат, зебоию зиштӣ, ҳидояту гумроҳии дар ин олам, ҳикмати бисёр бузург аст. Агар шар набошад, хайр шинохта намешавад, дарду алам набошад лаззатро дарк карда намешавад, нур бе зулмат аҳамияте надорад. Дараҷаҳои ҳарорату гармо, бар асоси сардӣ, муҳаққақ мегардад. Ҳақиқати воҳиди зебо ва ҳазор ҳақиқат ва маротиби ҳазорон навъи ҷамол, бо вуҷуди зиштӣ маъно меёбад. Бидуни ҷаҳаннам, бисёре аз лаззатҳои биҳишт, пинҳон мемонанд. Ба ҳамин қиёс гуфта мешавад: Ҳар чиз аз баъзе лиҳоз, бо зидди худ шинохта мешавад. Аз ин сабаб ҳақиқати воҳид мешукуфад ва ҳақиқатҳои фаровонеро падид меорад.

Модоме, ки ин мавҷудоти бо ҳам омехта аз дори фонӣ ба дори бақо мераванд. Албатта ба ҳамон сурате, ки чизҳое чун хайр, лаззат, нур, зебоӣ ва имон рӯ ба сӯйи биҳишт доранд, мавридҳои музир чун шарр, алам, зулмат, зиштӣ ва куфр ба сӯйи ҷаҳаннам мераванд ва селобҳои ҳамеша хурушони олами ҳастӣ, вориди ин ду ҳавз шуда, собит мемонанд.

Хонандагонро ба нуқтаҳои пуррамзу рози қисмати поёнии Гуфтори бо каромати Бисту Нӯҳум ишора карда ва ба ҳамин миқдор кифоя мекунем.

Эй дӯстони ҳамдарси ман, дар ин мадрасаи Юсуфия!

Роҳи осони наҷот аз маҳбаси ваҳшатноки абадӣ, ин аст, ки аз ҳамин зиндони дунявӣ, истифода кунем ва бо баробарии раҳоӣ аз гуноҳоне, ки дар ин ҷо аз рӯйи зарурат имкони анҷомашро надорем, аз гуноҳони пешина тавба карда, ибодатҳои қазошударо ба ҷо орем ва ҳар соати умре, ки дар ҳабс мегузаронем, ба як рӯзи ибодат, иваз кунем. Мавқеъияти кунунӣ, беҳтарини фурсат аст, то аз ҳабси абадӣ раҳо шуда, вориди биҳишт шавем. Агар ин фурсатро аз даст диҳем, охиратамон низ, монанди дунёамон гирён хоҳад буд ва сазовори силӣи ояти خَسِرَ الدُّنْيَا وَ الْاٰخِرَةَ  мешавем.

 

Замоне, ки ин мақом навишта мешуд, Иди Қурбон омад.

 

Дар олами хаёл, эҳсос кардам ва мутмаин шудам اَللّٰهُ اَكْبَرُ اَللّٰهُ اَكْبَرُ اَللّٰهُ اَكْبَرُ ҳое, ки панҷяки навъи башар, яъне сесад миллион нафар дар ин ид ҳама бо ҳам такбир мегуянд, ва кураи бузурги замин, ба нисбати бузургиаш, ин калимаи қудсии اَللّٰهُ اَكْبَرُ ро ба гӯши саёраҳои дигар дар осмон мерасонад, ва “اَللّٰهُ اَكْبَرُ” гуфтани ҳамоҳанг зиёда аз бист ҳазор ҳочӣ дар Арафот ва рӯзи ид, баргашти садои такбири Расули Акрам алайҳиссалоту вассалом дар ҳазору сесад сол пеш, бо хонадону асҳобаш аст; ки дар баробари таҷаллии куллии унвони боазамати رَبُّ الْاَرْضِ وَ رَبُّ الْعَالَمٖينَ рубубияти илоҳӣ, бо убудияти фарогир, рӯх менамояд.

Он гоҳ, фикр кардам, ки оё ин каломи қудсӣ, бо масъалаи мо муносибате дорад ё не? Дар як лаҳза ба зеҳнам омад, ки:

Калимаҳои фаровони ҷузъию куллӣ, монанди шиорҳое чун لَا اِلٰهَ اِلَّا اللّٰهُ ва اَلْحَمْدُ لِلّٰهِ ва سُبْحَانَ اللّٰهِ ва дар сари онҳо ҳамин каломи “Аллоҳу Акбар” ки унвони боқиёту солеҳотро доранд, бар таҳаққуқу зинҳори масъалаи мо, ишора мекунанд.

Барои мисол, яке аз роҳҳои маънои اَللّٰهُ اَكْبَرُ ин аст, ки қудрату илми Ҳазрати Ҳақ бузургтару фавқи ҳар чиз аст. Ҳеҷ чиз аз доираи илми ӯ хориҷ нест ва наметавонад аз қудрати тасарруфи ӯ гурезаду халос ёбад. Ӯ аз ҳар чизе, ки метарсем бузургтар аст. Қудраташ бузургтар аз вуқӯъи ҳашр, наҷоти мо аз нестӣ ва атои саодати абадист. Аз ҳар чизи аҷибу берун аз доираи ақл, бузургтар аст ва бар асоси сароҳати қатъии:  مَا خَلْقُكُمْ وَلَا بَعْثُكُمْ اِلَّا كَنَفْسٍ وَاحِدَةٍ  ҳашру нашри навъи башар ҳамчун офариниши як нафси воҳид барои ӯ осон аст. Ба эътибори ҳамин маъност, ки мардум дар баробари мусибатҳову мақсадҳои бузург “Аллоҳ бузург аст, Аллоҳ бузург аст”-ро чун зарбулмасал, ба кор мебаранд, то худро тасаллӣ диҳанд ва онро нуқтаи қуввату истиноди худ қарор диҳанд.

Бале, ҳамон тавре, ки дар Гуфтори Нӯҳум гуфтем, ин калима бо ду ҳамтояш, мағзу хулосаи намозро, ки фушурдаи ҳаммаи ибодатҳост, ташкил медиҳад. Бинобар ин, ин се ҳақиқати бузург, яъне

سُبْحَانَ اللّٰهِ ۞‌‌ اَلْحَمْدُ لِلّٰهِ ۞ اَللّٰهُ اَكْبَرُ

 

ки дар намозу тасбеҳот такрор мешаванд, маънои намозро тақвият мекунанд. Низ се ҳақиқати бузурги мазкур ба саволҳои пайдошудаи аз ҳайрату лаззат ва ҳайбате, ки аз умури фавқуллодаи аҷибу зебо ва бузург нашъат мегирад, ҷавоб медиҳад: Саволҳое, ки мадори ҳайрату шукр ва азамату кибриёест, ки инсон дар коинот бо он рубару мешавад. Дар бахши поёни Гуфтори Шонздаҳум ба тафсил чунин гуфтем: Ҳамон тавре, ки як нафар дар маросими ҷашн, бо як соҳибмансаб ба ҳузури подшоҳ, шарафёб мешавад ва дар соири мавқеъҳо низ, ба воситаи мақоми афсари болотар ӯро мешиносад, ҳар фард дар мавсими ҳаҷ низ, то ҳудуде ҳамчун авлиё ба шинохти Ҳазрати Ҳақ бо унвони “رَبُّ الْاَرَضِ وَ رَبُّ الْعَالَمٖينَ” шурӯъ мекунад. Замоне, ки даричаи мартабаҳои кибриё ба сӯйи қалбаш кӯшода шуда, бо такрори “اَللّٰهُ اَكْبَرُ” барои саволҳои ҳайратангез, рӯҳбахшу ботакроре, ки ба рӯҳаш истило (ғалаба) ёфта посухи муносибро меёбад. Дар қисмати поёни Ламъаи Сездаҳум низ тавзеҳ додаем, ки “اَللّٰهُ اَكْبَرُ” муҳимтарин дасисаҳои шаётинро решакан мекунад, дар ин иртибот, посухҳои қатъӣ медиҳад. Инчунин, “‌اَلْحَمْدُ لِلّٰهِ” низ ҳашрро гӯшзад мекунад.

Ба мо мегуяд: “Тасаввури маънои ман бидуни охират мумкин нест. Зеро ҳама ҳамду сипосҳо, аз азал то ба абад, аз ҳар кас ва хитоб ба ҳар кас, махсуси ӯст. Силсилаҷунбони ҳаммаи неъматҳо, ки дар айни ҳол ба неъматҳо ҷамбаи ҳақиқӣ медиҳад ва тамоми мавҷудотро аз мусибатҳои бешумори адам, раҳо мекунад, сирфан саодати абадӣ, метавонад бошад ки муодили маънои куллии манаст.”

Бале, ҳар мӯъмин рӯзона пас аз намозҳо, шаръан лоақал зиёда аз яксаду панҷоҳ мартаба ‌اَلْحَمْدُ لِلّٰهِ ‌اَلْحَمْدُ لِلّٰهِ мегуяд. Иборате, ки маънои он, ҳамду шукри беҳадду канор ва фарогирро аз азал то абад, ифода мекунад ва пешпардохте барои баҳои саодати абадию биҳишт аст. Ва мунҳасиру махсуси неъматҳои дунявии олуда ба дардҳои фонию гузаро намебошад. (Фарди шӯкургузор) ба ин мавридҳо аз ин лиҳоз, ки василае барои неъматҳои абадӣ мешаванд, менигараду шӯкр мекунад.

Калимаи қудсияи “سُبْحَانَ اللّٰهِ” низ, бо маънои танзиҳу тақдиси Ҳазрати Ҳақ аз айбу нуқсон, зулму аҷз,  номеҳрубонию ниёзу фиреб, ва ҳаммаи нуқсонҳое, ки бо ҷамолу ҷалол ва камолаш мухолиф аст, ба саодати абадию дорулохирате, ки мадори ҳашамати ҷалолу ҷамол ва камоли салтанати ӯст ва биҳиште, ки дар охират ҳаст, ишора дорад ва моро  ба он сӯ раҳнамоӣ мекунад; вагарна ҳамон тавре, ки қаблан собит кардем, дар сурате, ки чизе ба номи саодати абадӣ вуҷуд надошта бошад, салтанат, камол, ҷалол, ҷамол ва раҳмати ӯ бо айбу нуқс доғдор мешавад.

بِسْمِ اللهِ ва لَا اِلٰهَ اِلَّا اللّٰهُ ва соири калимоти муборак низ, монанди ҳамон се калимаи қудсия, ҳар кадом тухмиҳои аркони имония ва ҳамчун хулосаи гӯшт ё хулосаи шакар, ки имрӯза онро кашф кардаанд ва хулосаҳои аркони имония ва ҳақиқатҳои Қуръонӣ анд ва он се, чунон ки тухмии асли намозанд, тухмию мағзи Қуръон низ, ҳастанд ва дар ибтидои баъзе аз сураҳои дурахшони Қуръон чун алмос медурахшанд; се калимаи мазкур, тухмии асли ҳақиқатҳову маъданҳо ва пояҳои ҳақиқии Рисолаи Нур низ ҳастанд, ки бисёре аз илҳомоти вобаста ба Рисолаи Нур дар вақти тасбеҳот (баъд аз намоз) шурӯ гардидааст.

Дар масиру ҷиҳати вилояти Аҳмадия ва убудияти Муҳаммадия алайҳиссалоту вассалом (Авроди мазкур) дар чунон доираи зикр дар тасбеҳоти баъд аз намоз, вирди тариқати Муҳаммадӣ анд (с.а.в.) зиёда аз сад миллион мӯъмин ҳангоми намоз бо ҳам дар он ҳалқаи куброи зикр, тасбеҳ ба даст мегиранду сию се (33) мартаба “سُبْحَانَ اللّٰهِ” сию се (33) мартаба “اَلْحَمْدُ لِلّٰهِ” ва сию се (33) мартаба “اَللّٰهُ اَكْبَرُ” мегуянд.

Бале, ҳатман фаҳмидед, ки такрори сию се (33) мартаба ҳар яке аз ин се калимаи муборак, ки қаблан баён кардем хулосаҳову тухмиҳои Қуръону Имон ва намоз мебошанд — баъд аз ҳар намоз ва дар чунин ҳалқаи зикри бо шукӯҳ, то чи андоза арзишманду сазовори савоб аст.

Ҳамон тавре, ки масъалаи нахустини ин Рисола дар оғоз, дарси фоидаовари вобаста ба намоз буд, поёни он низ бидуни ин ки тааммул карда бошам, зоҳиран аз ихтиёри ман хориҷ, як дарси бо аҳамият дар бораи тасбеҳоти намоз шуд.  اَلْحَمْدُ لِلّٰهِ عَلٰى اِنْعَامِهٖ

 

سُبْحَانَكَ لَا عِلْمَ لَنَٓا اِلَّا مَا عَلَّمْتَنَٓا اِنَّكَ اَنْتَ الْعَلٖيمُ الْحَكٖيمُ

***

[1]  (Нисо: 48)