МАСЪАЛАИ ДАҲУМ 

ГУЛИ АМИРДОҒ

Посухи муҳкамест ба эътирозҳое, ки вобаста ба такрорҳои  дар Қуръон аст.

Бародарони сиддиқу азизам!

Гарчи ин масъала ба хотири вазъияти парешонам мушаввашу беназм шуд, локин зери ин ибораҳои мушавваш, як навъ эъҷози қатъии арзишманд ёфтам. Мутаассифона ба баёни матлаб муваффақ нашудам. Бо вуҷуди норасоии ибораҳо, аз он лиҳоз, ки мавзӯъ вобаста ба Қуръон аст, ба монанди садафест, ки гавҳари дурахшон, баланду қудсиро дар бар гирифтааст ва як ибодати мутафаккирона ба шумор меравад. Назар ба ҷомаи ҷандааш не, балки ба алмосе бингаред, ки дар ихтиёр дорад. Дар сурате, ки муносиб бошад, онро “Масъалаи Даҳум” биномед, вагарна онро номае бидонед дар посух ба номаҳои табрикотатон. Дар зимн, матни ҳозирро дар як-ду рӯз аз рӯзҳои моҳи Рамазон дар ҳоле, ки бисёр бемор будам, ғизое надоштам ва вазъиятам ошуфта буд, дар ҳолати иҷборию комилан муҷмалу кӯтоҳ навиштам. Тавре, ки ҳуҷҷатҳои мутааддиду ҳақиқатҳои фаровонеро дар ҳар кадоми аз ҷумлаҳо дарҷ намудаам, маъзурам бидоред.[1]

 

Бародарони сиддиқу азизам!

Дар Рамазони Шариф ҳангоми тиловати Қуръони мӯъҷиз-ул-баён, сию се (33) ояте, ки дар шуоъи якум овардаам, ба Рисолаи Нур ишорат дорад, аз назар гузаронидам. Дидам саҳифаю барг ва қиссаи ҳар кадоме аз он оятҳо аз ин назар, ки барои Рисолаи Нур ва шогирдонаш ҳиссае аз қисса аст, як дараҷа мутаваҷҷеҳи мост. Хусусан ояти Нур дар сураи Нур, ки гӯё бо даҳ ангушт ба Рисолаи Нур ишора дорад ва ояти Зулмат дар ҳамон ҷо комилан бар муоризони Рисолаи Нур нозир аст. Эҳсос кардам мақоми мазкур гӯё аз ҷузъӣ будан хориҷ шуда, куллӣ касб намудааст. Дар ин аср Рисолаи Нур ва шогирдонаш, фарде аз афроди он куллӣ ҳастанд.

Бале, хитоби Қуръон аз мақоми фарогири Рубубияти оммаи Мутакаллими Азалӣ низ, аз мақоми густурдаи зоте, ки ба номи навъи башар ва саросари ҳастӣ, мавриди хитоб қарор гирад ва аз мақоми бисёр васеъи иршоди бани Одам ва навъи башар дар ҳама асрҳо, ва аз мақоми волою муҳити қавонин, доир бар тадбири тамоми махлуқоту рубубияти холиқи коинот ва аз (қавонини доир ба) дунёву охират ва замину осмонҳо ва азалу абад (хитоби Қуръон) вусъату улвият ва иҳота касб мекунад; ки ба сабаби ин улвияту вусъат ва иҳота, чунон эъҷозу шумул аз худ нишон медиҳад, ки мартабаи сода ва зоҳири он идроки басити табақаи оммаро ба унвони васеътарин қишр мавриди хитоби дарсҳои Қуръонӣ, навозиш медиҳад. Дар айни ҳол табақаҳои бартарро низ баҳраманд месозад. Гӯё интавр нест, ки саҳми андаке аз ҳамаи моҷаро ё дарси ибрате аз ҳикояти таърихӣ, матраҳ бошад, балки фармони куллист, ки барои хитоб ба ҳама асрҳо ва ҳама табақаҳо, нав ба нав нозил мешавад. Махсусан бо такрори фаровони اَلظَّالِمٖينَ اَلظَّالِمٖينَ ва баёни шадиди мусибатҳои заминию осмоние, ки ҷазои таҳдидҳо ва ситамгариҳояшон аст, моро мутаваҷҷеҳи зулмҳои аҷиби ин аср ва азобҳое мекунад, ки бар сари Фиръавну қавми Од ва Самуд омада буд. Ва бо ёдоварии наҷоти анбиё ҳамчун Иброҳим ва Мӯсо (а.с.) ба мазлумони аҳли имон тасаллӣ медиҳад.

Қуръони мӯъҷиз-ул-баён замонҳои гузашта ва асрҳои гузаштаро, ки дар назари ғофилону гумроҳон, адамистони ваҳшатноку даҳшатангез ва гуристони нобудшудаву дарднок мебошад, ба сурати китобҳои ибратангезу олами аҷибу зинда ва дорои рӯҳ ва дар иртибот бо мо чун мамлакати Раббонӣ, ҳам монанди он чи дар пардаи синамо дида мешавад, нишон дода, гоҳо моро ба гузашта мебарад, гоҳо гузаштаро назди мо меорад ва бо нишон доданаш ба ҳар асру табақа бо эъҷози мутаолӣ, таълим медиҳад. Қуръони азимушаън бо ҳамон эъҷоз, коинотро ки дар назари ғофилон, ҷомиду парешон, берӯҳу ваҳшаткадаи бузург аст ва миёни фироқу завол дар ҳоли дасту по задан ба сурати китоби Самадонӣ, шаҳри Раҳмонӣ, намоишгоҳи сунъи Раббонӣ, нишон медиҳад ва бо зинда кардани ҳамон чизҳои ба зоҳир ҷомид ва муваззаф карданашон ба сухан гуфтан бо якдигар ва ёварии ҳам вомедорад ва ба ин тартиб, ба навъи башару ҷин ва малак дарси ҳақиқию нуронии ҳикмат медиҳад. Қуръон имтиёзоти қудсӣ, монанди мавридҳои зер дорад:

  1. Дар ҳар ҳарфи Қуръон даҳ, сад ва гоҳо ҳазор ва ҳазорон савоб аст.
  2. Агар ҷинну инс ҷамъ оянд, наметавонанд монанди Қуръонро биёваранд.
  3. Қуръон бо тамоми фарзандони Одам (а.с) ва ба тамоми коинот сухан мегуяд.
  4. Ҳамеша дар қалби миллионҳо ҳофиз бо завқ нақш мебандад.
  5. Бо вуҷуди такрорҳои фаровонаш хастакунанда нест.
  6. Бо доштани ҷумлаҳои печида, дар зеҳни латифу басити кӯдакон низ, ба сурати мукаммал нақш мебандад.
  7. Назди беморону касоне, ки бо шунидани андак сухан, мутаасcир мешаванд ва касоне, ки дар сакароти марг ҳастанд, чун оби замзам, гуворо ба назар мерасад.

Қуръон саодати ҳар ду ҷаҳонро насиби шогирдони худ мекунад ва боиси риояи дақиқ, мартабаи уммияти тарҷумон[2] бе он, ки ба такаллуфу тасануъ ва густариш майдон диҳад, бо салосати фитрӣ ва нузули мустақимаш аз осмон ва навозиши идроки басити табақаи авом, бо таназзулоти каломе,[3] ки қишри бисёреро ташкил медиҳанд, зоҳиртарин ва бадеҳитарин саҳифаҳои арзу саморо мекушояд ва мӯъҷизоти хориқулодаи қудрати Ҳақ ва сатрҳои ҳикмати маънодорашро таълим медиҳад ва ба ин тариқ дар лутфу иршод, эъҷози некӯ, ба намоиш мегузорад.

Қуръон худро китоби дуо, даъват зикру тавҳидӣ, муъаррифӣ мекунад, ки иқтизои такрор дорад ва боиси ин роз бо такрорҳои зебову дилнишинаш дар як ҷумла ё қиссае маънеҳои мутааддиду фаровонеро ва мухотабони аз табақаҳои гуногун мефаҳмонад. Дар ҳодисаи ҷузъиву оддӣ, ба беаҳамияттарин ва пеши по афтодатарин чизҳо низ, бо назари марҳамат менигарад ва эълом мекунад, ки ҳамин матолиб дар доираи тадбиру иродаи ҳақ қарор доранд, ва бо баёни ин рози хурдтарини ҳодисаҳои вобаста ба саҳоба дар замони садри ислом ва шаклгирии шариатро мавриди таваҷҷӯҳ қарор медиҳад ва дар айни ҳол дорои қавонини куллӣ низ ҳаст. Баёни ҳодисаҳои ҷузъии замони таъсиси Ислому Шариат аз он назар, ки донаҳое ҳастанд ва меваҳои бо аҳамият аз онҳо ҳосил мешавад, нишонгари як навъи эъҷоз аст.

Бале, Қуръон бо таваҷҷӯҳ ба лузуми такрору такаррури эҳтиёҷ дар муддати бист сол ба унвони ҷавоб барои саволҳои такроршуда, ба бисёре аз табақаҳо дарс дода, исбот мекунад, ки аз заррот гирифта то сайёрот дар тасарруфи як зот қарор дорад ва ӯст, ки коиноти боазаматро тика-тика карда ва дар қиёмат шакли онро иваз мекунад ва дунёро аз миён бардошта ва охиратро ба ҷойи он қарор медиҳад. Ва ғазаби Илоҳиро ба ҳисоби натиҷаи хилқати коинот дар муқобили зулми навъи башар — ки унсурҳо ва замину осмонҳо ва коинотро ба хашм меорад — нишон медиҳад. Ва дар замони таъсиси инқилоби даҳшаднок ва густурдаву фавқулода, бо такрори баъзе ҷумлаҳое, ки ба андозаи ҳазорон натиҷа қувват доранд ва такрори баъзе оёте, ки натиҷаҳои далелҳои  бешумор мебошанд, на танҳо муртакиби қусур намешаванд, балки хабар аз эъҷози қавию балоғати олӣ ва фасоҳату салосати комилан мутобиқи муқтазои ҳол дорад.

Масалан: Ибораи بِسْمِ اللّٰهِ الرَّحْمٰنِ الرَّحٖيمِ ки як оят аст, яксаду чордаҳ 114 мартаба дар Қуръон такрор мешавад, чунон ки дар Ламъаи Чордаҳуми Рисолаи Нур баён шуда ҳақиқатест, ки фаршро ба арш мепайвандад, оламро рӯшноӣ мебахшад. Ҳар кас дар ҳар лаҳза, ба он мӯҳтоҷ аст; ин иборат агар миллионҳо бор низ такрор гардад, боз ҳам ниёзмандаш ҳастем. На ин ки монанди нон ҳар рӯз ба он ниёзманд бошем, балки ҳамчун ҳаво ва нур, ҳар лаҳза мӯҳтоҷу муштоқи он ҳастем.

Мисоли дигар: Ояти: اِنَّ رَبَّكَ لَهُوَ الْعَزٖيزُ الرَّحٖيمُ аст, ки дар сураи “Шуаро” ҳашт бор такрор мешавад. Бо зикри наҷоти паёмбарон ва азоби қавмашон ба ҳисоби натиҷаи хилқати коинот ва рубубияти омма, ояте ки қувваи ҳазорон ҳақиқатро дорад, такрор мегардад. Иззати Раббонӣ азоби қавми золим ва раҳимияти Илоҳӣ, наҷоти анбиёро иқтизо дорад. Ҳоло агар ояти зикршуда бо ҳадафи таълим, ҳазорон бор низ такрор шавад балоғати олӣ ва муҷизу мӯъҷизавор аст, боз ҳам эҳтиёҷу иштиёқ ба он ҳаст.

Ё дар сураи “Раҳмон” ки ояти فَبِاَىِّ اٰلَٓاءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ ва дар сураи “Мурсалот”, ки ояти: وَيْلٌ يَوْمَئِذٍ لِلْمُكَذِّبٖينَ такрор мешавад, куфру зулми ҷин ва навъи башарро ёдоварӣ мекунад, ки олами ҳастиро ба ғалаён оварда, боиси ҳиддати замину осмонҳо мегардад ва натиҷаҳои хилқати дунёро тахриб мекунад ва бо инкор кардану таҳқир ба муқобила бо ҳашамати салтанати Илоҳӣ мепардозад. Бале, ин ду оят ки куфру куфрон ва таҷовузи онҳо ва тамоми махлуқотро ба ҳамаи асрҳо ва замину осмонҳо ҳушдор дода фарёд мекунад, бо ҳазорон ҳақиқати мушобеҳ, алоқадор аст ва дарси умумист, аз қуввати ҳазорон масъала бархӯрдор мебошад ва агар ҳазорон бор низ такрор шавад чун балоғатест дорои эъҷози шукӯҳманду эҷози зебо, боз ҳам ба он ниёз аст.

Намунаи дигари муноҷоти набавӣ “Ҷавшани Кабир” аст, ки навъи муноҷоти ҳақиқии Қуръонӣ ва баромадаи аз Куръон ва дар воқеъ ба як навъ хулосаи он аст, ва ибораи

سُبْحَانَكَ يَا لَا اِلٰهَ اِلَّا اَنْتَ الْاَمَانُ الْاَمَانُ خَلِّصْنَا وَ اَجِرْنَا وَ نَجِّنَا مِنَ النَّارِ [4]

сад бор дар он такрор мешавад. Дар ин такрор аз он назар, ки аз тавҳид ба унвони бузургтарин ҳақиқати олам ва вазифаҳое ҳамчун тақдису тасбеҳ аз муҳимтарин вазифаҳои махлуқот дар баробари рубубияти ҳақ ва раҳоӣ аз шақовати абадӣ — ки аз даҳшатноктарин масоили навъи инсон ва лозимтарин натиҷаи аҷзу убудияти инсон мебошад — ёд мешавад, агар ҳазорон бор низ такрор шавад, боз ҳам кам аст.

Такрорҳои Куръонӣ, назаркунанда ба чунин асоси матинест. Ҳатто гоҳо дар як саҳифа ба тақозои мақому ниёзи фаҳмҳо ва балоғати баён, як матлаб то бист мартаба сариҳан ё зимнан такрор мегардад ва ҳақиқати тавҳидро баён медорад. Ин на танҳо боиси малол намешавад, балки шавқу ҳаловат ва қувватро зиёд мекунад. Дар Рисолаи Нур бо далелҳои кофӣ, баён шудааст, ки такрорҳои Куръонӣ, то чи андоза муносибу мутобиқи балоғат аст.

Сураҳои Маккӣ ва Мадании Куръони мӯъҷиз-ул баён аз нуқтаи назари балоғат ва аз лиҳози эъҷоз ва тафсилу иҷмол, бо ҳам мутафовитанд. Сирри ҳикмати он инаст, ки мухотабу муоризони сафи аввали Куръон дар Макка уммиҳо ва мушрикон будаанд, аз ин сабаб барои бархӯрдорӣ аз қуввати балоғату услуби олӣ ва муҷизу қонеъкунандаи такрори матолиб, лозим будааст. Ба ин сабаб, сураҳои Маккӣ аксари аркони имон ва маротиби тавҳидро бо муҷизи эъҷозомез ва қавию олӣ, баёну такрор намуда, мабдаъ ва маод ва Худову охиратро на дар як саҳифаву як ояту як ҷумла ва як калима, балки гоҳо дар як ҳарф бо тақдиму таъхир ё таърифу танкир ё ҳазфу зикр, ончунон бо қувват исбот мекунад, ки бузургони илми балоғат низ, дар ҳайрат мемонанд. Рисолаи Нур, махсусан “Гуфтори Бисту Панҷум” — ки чиҳил навъи эъҷози Куръонро иҷмолан исбот мекунад — бо он чи дар зайли он баён гардида ва низ Рисолаи Нури Арабӣ ба номи тафсири “Ишорот-ул-эъҷоз” — ки ваҷҳи эъҷози “Куръон”-ро ба тарзи хориқулода баёну исбот мекунад — (ҳамагӣ) нишон медиҳанд, ки сураҳо ва оятҳои Маккӣ дар балоғат дорои олитарин услуб ва дар эҷоз, дорои олитарин эъҷоз мебошанд.

Аммо мухотабон ва муоризони сафи аввали сураҳо ва оятҳои Маданӣ, аҳли китобе ҳамчун яҳуду насоро буданд, ки Худоро қабул доштанд, аз ин рӯ зарурати аркони имон ва усули мутаолии дин дар баробари аҳли китоб, ба тарзе ки таносуб бо балоғату иршод ва мутобиқ бо мақому ҳол дошта ва содаву возеҳ ва бо тафсил бошад, вуҷуд надошт. Ба ҳамин сабаб тарҳи ҷузъиёти аҳкоми шаръӣ ва асбоби решаҳои қавонини куллие, ки мадори ихтилоф буд лозим менамуд. Пас сураҳову оятҳои Маданӣ, ғолибан бо услуби сода, аммо тафсилӣ ва тавзеҳшуда, бо шеваи беназире, ки хосси Куръон аст, дар чорчӯбаи ҳаводисе, ки падид меомад, баён мегардид ва бар хулосаи муҳкаму хотима ва далелу иборати тавҳидӣ ва асмоӣ ва ухравие, ки боиси куллӣ шудани  ҳодисаи ҷузъии шаръӣ ва интисобаш ба имон овардани ба Аллоҳ мегардад фарогир буд. Ба ин тартиб, мақоми мазкур нуронӣ мешавад, улвӣ шуда, сурати куллӣ ба худ мегирад.

Дар нури дуюми аз Шӯълаи Дуюми Гуфтори Бисту Панҷуми Рисоли Нур, дар бораи ибораҳои фишурда ё хотимаҳое ҳамчун

اِنَّ اللّٰهَ عَلٰى كُلِّ شَىْءٍ قَدٖيرٌ[5] ۞

اِنَّ اللّٰهَ بِكُلِّ شَىْءٍ عَلٖيمٌ [6]۞

وَهُوَ الْعَزٖيزُ الرَّحٖيمُ [7]۞

وَهُوَ الْعَزٖيزُ الْحَكٖيمُ.[8]

ки ифодаи тавҳид ва охиратро доранд, дар бораи балоғат ва хусусияту салосат ва нуктаҳои он, равшанӣ додашуда ва даҳ нуктаи мазияти фаровонашон баён гардида ва барои душманон низ исбот шудааст, ки ҳамин ибораҳои кӯтоҳ, мӯъҷизаҳои бузурге ҳастанд.

Бале, Қуръон дар баёни ҷузъиёти шаръӣ ва қонунҳои иҷтимоъӣ, назари мухотабро дар як замон ба нуқтаҳои куллии мутаолӣ ҷалб мекунад. Услуби содаашро ба шеваи олӣ, мубаддал месозад ва мухотабро аз дарси шариат, ба дарси тавҳид роҳнамо мегардад, ба ин тартиб нишон медиҳад, ки Қуръон китоби шариат, аҳком ва ҳикмат аст ва дар айни ҳол китоби ақида, имон, зикр, фикр, дуо ва даъват низ ҳаст. Дар ҳар мақом мақсадҳои иршодӣ ва Қуръонии фаровонеро таълим медиҳад. Ва ҷудо аз тарзи балоғате, ки дар оятҳои Маккӣ ҳаст, фасоҳати нуронию эъҷозомезро зоҳир месозад. Гоҳо дар ду калима, масалан: رَبُّ الْعَالَمٖينَ ва رَبُّكَ дарси аҳадияту воҳидият медиҳад ва дар матни аҳадият ифодаи воҳидият мекунад, ҳатто дар як ҷумла ҳамон тавре, ки зарраеро дар меҳвараки чашм дида ва гунҷонидааст, хуршедро бо ҳамон оят ва ҳамон олат дар меҳвараки дидаи осмон қарор медиҳаду осмонро бино мекунад.

Масалан баъд аз ояти خَلَقَ السَّمٰوَاتِ وَ الْاَرْضَ

ибораи يُولِجُ الَّيْلَ فِى النَّهَارِ وَ يُولِجُ النَّهَارَ فِى الَّيْلِ ро қарор медиҳад ва онгоҳ мефармояд:وَ هُوَ عَلٖيمٌ بِذَاتِ الصُّدُورِ

Яъне, “дар офариниши ҳайратангези замину осмонҳо, хатарҳои қалбро низ медонад ва онро тадбир мекунад”. Бинобар ин тарзи баёне, ки сода дар мартабаи уммиҳо буд ва муҳоварае, ки баситу ҷузъӣ буд ва мизони фаҳми авомро дар назар дошт, ба гуфтугӯи мутаолӣ, ҷаззоб, умумӣ ва иршодкунанда табдил мешавад.

Як саволи муҳим: Гоҳо як ҳақиқат, тавассути назарҳои сатҳӣ, ташхис дода намешавад, ё дар баъзе мақомҳо аз ҳодисаи ҷузъӣ, хулосаи кӯтоҳу олӣ ва дастури куллӣ, баён мегардад; муносиб дида намешавад, (ва онро) мутаваҳҳимона нуқсон меноманд. Масалан зикри дастур ба мақсадҳои мутаолӣ: وَفَوْقَ كُلِّ ذٖى عِلْمٍ عَلٖيمٌ [9]

Дар достони Ҳазрати Юсуф алайҳиссалом, ки мехост ба тарзе бародарашро назди худ нигоҳ дорад, зоҳиран бо балоғат муносибат надорад, сирру ҳикмати ин чист?

Ҷавоб: Ҳар як сураи дароз ё мутавассит, ба танҳоӣ ба манзалаи Қуръони хурд ҳастанд ва бисёре аз саҳифаҳо ва матолиби Қуръон, танҳо як ду мақсад надошта ва Қуръон усулан китоби зикр, имон ва фикр аст. Дар айни ҳол китобҳои зиёде дар шариату ҳикмату иршодро дарбар мегирад ва дорои дарсҳои фаровону ҷудогона мебошад. Дар баёни иҳотаи Рубубияти Илоҳӣ бар ҳама чиз ва таҷаллиёти бо шукӯҳаш, дар воқеъ як навъ қироати китоби кабири коинот аст. Албатта дар ҳар мавқеъият, ҳатто гоҳо дар як саҳифа, мақсадҳои бисёреро таъқиб мекунад ва дар хусуси Маърифатуллоҳ ва мартабаҳои тавҳид ва ҳақиқатҳои имон, ба мо дарсҳо медиҳад, ва дар мавқеъияти дигар, масалан: ба муносибати дар зоҳир заиф, дарси дигаре мекушояд ва муносибатҳои мустаҳкамеро ба муносибати заифии пешин, илҳоқ мекунад; ба ин тартиб, муносибати мавриди баҳс, комилан мутобиқи он матлаб буда, мартабаи балоғаташ тараққӣ меёбад.

Саволи дуюм: Инки Қуръон дар ҳар сура, саҳифа ва ҳар мавқеъ, сароҳатан ё зимнан ё ба ишора, охирату тавҳиду мукофот ва муҷозоти башарро ҳазорон бор гӯшзад мекунад, чӣ ҳикмате дорад?

Ҷавоб: Барои таълими азимтарин, муҳимтарин, бузургтарину ҳайратангезтарин масоили вобаста ба вазифаҳои инсон, ки мадори саодату шақовати башарӣ, дар доираи имкон ва дар инқилоботи вобаста ба гузаштаи олами ҳастист, Инсоне, ки амонати кубро ва масъулияти хилофати заминро ба душ мекашад, ба манзури бартараф намудани шубҳаҳои бешумор ва инкорҳои шадид ва аз миён бардоштани инодҳост, ки Қуръон инқилобҳои даҳшатангезро тасдиқ карда ва масъалаҳои зарурию лозимаро ба бузургии ҳамон инқилобҳо ба башар ёдоварӣ мекунад. Акнун агар Қуръон мисоли мазкурро натанҳо ҳазорон бор, балки миллионҳо мартаба ёдоварӣ кунад боз ҳам зиёдаравӣ нахоҳад буд; мабҳасҳои мазкур бо миллионҳо бор такрор дар Қуръон хонда мешавад ва ба ҳеҷ ваҷҳ малоловар нест ва инсон ҳамеша ба онҳо ниёзманд аст.

Масалан ҳақиқати башорати саодати абадие, ки дар ояти зер баён мегардад.

اِنَّ الَّذٖينَ اٰمَنُوا وَعَمِلُوا الصَّالِحَاتِ لَهُمْ جَنَّاتٌ تَجْرٖى مِنْ تَحْتِهَا الْاَنْهَارُ … خَالِدٖينَ فٖيهَٓا اَبَدًا

Инсони дармонда, дунёву дӯстонашро аз эъдоми абадии мавте, ки ҳар лаҳза худро ба ӯ нишон медиҳад мераҳонад, салтанати абадиро насиби ӯ мекуна. Аз ин рӯ, ҳатто агар як миллиард бор такрор гардад ва ба андозаи коинот ба он аҳамият дода шавад, боз ҳам исроф нахоҳад буд ва арзишашро аз даст нахоҳад дод.

Бале, Қуръони мӯъҷиз-ул-баён, ки кӯшиш мекунад чунин масоили арзишмандро таълим диҳад ва дар замони таъсиси инқилобҳои даҳшатнок, ки коинотро монанди як хона дучори тағйир ва таҳаввул карда ва сурати онро тахриб мекунад; кӯшиш дар қаноат боваронидану исботи масоили мазкур дорад. Шубҳае нест, ки сареҳан ё зимнан ё ба ишора, назарҳоро ҳазорон бор ба масоили мазкур, ҷалб мекунад. Ин амр натанҳо исрофу зиёдаравӣ нест, балки дар ҳукми ҳоҷатҳои зарурӣ, ҳамчун нону дорӯ ва ҳавою нур аст ва боиси тозагии эҳсони ӯ мегардад.

Ё масалан ҳикмат ин, ки Қуръон оятҳои таҳдидомезе ҳамчун:

اِنَّ الْكَافِرٖينَ فٖى نَارِ جَهَنَّمَ ва اَلظَّالِمٖينَ لَهُمْ عَذَابٌ اَلٖيمٌ -ро бо шиддату ҳиддати том ва мукаррар, зикр мекунад. Чуноне, ки дар Рисолаи Нур ба сурати қатъӣ исбот шудааст, инаст ки куфр варзидани башар, чунон таҷовуз ба ҳуқуқи коинот ва бештари офаридагон аст, ки боиси хашми осмонҳову замин мешавад ва аносирро ба талотум во медорад ва ба силаи туфонҳо, ба он золимон силӣ мезанад. Бар асоси сароҳати ояти: اِذَٓا اُلْقُوا فٖيهَا سَمِعُوا لَهَا شَهٖيقًا وَهِىَ تَفُورُ ۞ تَكَادُ تَمَيَّزُ مِنَ الْغَيْظِ

Ҷаҳаннам ба золимони мункир чунон хашм мегирад, ки чизе намемонад бар асари ин хашм бишикофад.

Ҳикмати Султони коинот тақозо мекунад, ки дар баробари чунин ҷинояти ом ва таҷовузи бузург, бидуни лаҳзаҳои кӯчакӣ ва беаҳамиятии башар дар муқобила бо бузургии ҷинояти золимонаву ваҳшати таҷовузи кофирона, аҳамияти ҳуқуқи риояи хеш ва пастии бениҳояти зулму куфри мункиронро нишон диҳад, пас агар дар фармони худи ҷинояти мазкур ва сазояшро бо ҳиддату шиддати фаровон на ҳазор мартаба, балки миллион мартаба такрор кунад, ин на исрофу зиёдаравист ва на қусур. Зиёда аз ҳазор сол аст, ки садҳо миллион инсон, ҳаррӯз чунин оятҳоро бо камоли иштиёқ ва бидуни нороҳатӣ, ниёзмандона тиловат мекунанд.

Бале, ҳаррӯз доимо ҳамчун оламе ба ҳар кас мегузарад, ва дарҳои дунёи ҷадид ба ӯ кушода мешавад. Ӯ барои рӯшноии ҳар яке аз оламҳои гузаро бо иштиёқу ниёзмандона, ибораи لَا اِلٰهَ اِلَّا اللّٰهُ‌ -ро ҳазорон бор такрор мекунад. Бинобар ин, бар ҳар кадоми он пардаҳо ва оламҳои гузаро чароғи لَا اِلٰهَ اِلَّا اللّٰهُ‌ меовезад. Ба ҳамин тартиб, барои ин ки пардаҳои гузарову бисёр ва оламҳои мутаҳаррикеро, ки мудом дар ҳоли навшудан ҳастанд зулмонӣ накунад ва суратҳоеро, ки дар оинаи ҳаёташ инъикос меёбанд, зишт насозад ва вазъияти мусофиронаеро, ки метавонад шоҳиди муваффақ бошад, алайҳи худ дар наёварад, ва барои ин ки ҷазои он ҷиноятҳо ва таҳдидҳои шадиди подшоҳи азалиеро, ки иноди муонидонро дар ҳам мешиканад, дар ёд дошта бошад, Қуръон мехонад, то аз туғёни нафсаш раҳо ёбад. Қуръон ин мавзӯъро ба тарзи эъҷозомез, борҳо такрор мекунад. Ҳатто шайтон низ аз инки таҳдидҳои шадиду қавӣ ва такрори Қуръониро мутаваҳҳимона ботил бидонад ибо дорад. Бинобар ин, азоби ҷаҳаннам, барои мункироне, ки гӯшашон ба ин матолиб бадеҳкор нест, айни адолат аст.

Мисоли дигар: достони Мӯсо (а.с.) ва ҷумлаи анбиёст, ки ҳамчун асои Мӯсо (а) ҳикматҳо ва фоидаҳои фаровон дорад, дар Қуръон борҳо такрор мешавад. Худованд нубуввати ҳамаи пайғамбаронро ҳуҷҷате бар ҳаққонияти Рисолати Аҳмадия қарор медиҳад. Касе, ки ба инкори ҳамаи онҳо қодир набошад аз нуқтаи назари ҳақиқат, рисолати он Ҳазратро низ наметавонад инкор кунад. Бар асоси ин ҳикмат, ҳар кас ба тиловати ҳамаи Қуръон дар ҳар замон қодир нест ва усулан муваффақ ба ин намешавад. Аз ин рӯ, ҳар сураи дароз ё мутавасситро дар ҳукми Қуръони хурд қарор дод ва достонҳои зикршударо ҳамчун аркони муҳими имон, такрор намуд, ин на танҳо исрофу зиёдаравӣ нест, балки балоғати эъҷозомез аст. Ба ин тартиб, Қуръон таълим медиҳад ки падидаи Муҳаммадӣ, бузургтарин ҳодисаи таърихи бани Одам ва азимтарин масъалаи коинот аст.

Бале, бо атои олитарин мақом ба зоти Аҳмадия дар Қуръон ва бо дарбар гирифтани чаҳор рукни имонӣ, “لَا اِلٰهَ اِلَّا اللّٰهُ‌”-ро муодили “مُحَمَّدٌ رَسُولُ اللّٰهِ” ва рисолати Муҳаммадия қарор додан, маълум мешавад, зоти Аҳмадия бузургтарин ҳақиқати олами ҳастӣ ва ашрафи махлуқот аст ва мақоми қудсӣ ва шахсияти маънавии куллии Паёмбар ки аз он ба ҳақиқати Муҳаммадия таъбир мешавад дурахшонтарин хуршеди ду ҷаҳон аст; нишонаҳову ҳуҷҷатҳои фаровон ба шоистагии ӯ барои ин мақом, яқинан дар Рисолаи Нур баёну исбот шудааст, ки як намуна аз ҳазорон намунаи он чунин аст:

Бар асоси қоидаи “اَلسَّبَبُ كَالْفَاعِلِ” як намуна аз корҳои ҳасанае, ки уммат дар ҳамаи замон анҷом медиҳад, дар дафтари ҳасаноти ӯ сабт мегардад. Ӯ бо нуре, ки овард ба тамоми ҳақиқатҳои олами ҳастӣ, рӯшноӣ бахшид. Ба ин тартиб, натанҳо ба ҷинну инс ва малаку зиҳаётон, балки ба коиноту самовоту арз миннат ниҳод. Мо дар муқобили чашмони худ мебинем, ки дуои наботот бар асоси забони истеъдодашон ва дуои ҳайвонот бар асоси забони эҳтиёҷоти фитрии онҳо, пазируфта мешавад. Ба гувоҳии ҳамин амр миллионҳо, балки миллиардҳо дуои фитрӣ ва пазируфта шудани солеҳони уммат, рӯзона таҳти унвони салавоту салом нисори он зот мегардад; онҳо дуои раҳмату баҳраҳои маънавии хешро пеш аз ҳама нисори рӯҳи Паёмбар мекунанд. Низ дар хондани Қуръоне, ки сесад ҳазор ҳарф дорад ва тавассути ҳамаи уммат қироат мешавад, дар ҳар ҳарфаш аз даҳ то сад савоб то ҳазор ҳасанаву самара ҳаст. Аз ин рӯ, танҳо ба сабаби қироати Қуръон анвори бемунтаҳо дар дафтари аъмоли Пайғамбар сабт мегардад. Пас Аллом-ул ғуюб дониставу мушоҳида кардааст, ки ҳақиқати Муҳаммадия, ки шахсияти маънавии зоти Аҳмадист, дар оянда ҳукми шаҷараи тубои ҷаннатро хоҳад дошт. Бинобар ин, чунин аҳамияти азимро дар Қуръон ёдовар шуда, эълон кардааст ки бо табаъияти ӯ ва пайравӣ аз суннаташ мазҳарияти шафоаташ масъалаи бисёр муҳимми инсонист; ва гоҳо аз шахсияти башарии ӯ, ки мағзи шаҷараи бошукӯҳи тубост ва вазъияти инсонии ӯ дар оғоз ёд мекунад.

Аз онҷо, ки ҳақиқатҳои такроршудаи дар Қуръон, дорои чунин арзишҳое ҳастанд, фитрати поку солим, гувоҳӣ медиҳад, ки аз мӯъҷизоти маънавии муҳкаму густурда, бархӯрдоранд. Хилофи ин матлаб замонест, ки инсон бар асари тоъуни моддият, дучори бемории қалбу виҷдон шудабошад… ки дар он сурат шомили қоидаи

 قَدْ يُنْكِرُ الْمَرْءُ ضَوْءَ الشَّمْسِ مِنْ رَمَدٍ

وَ يُنْكِرُ الْفَمُ طَعْمَ الْمَاءِ مِنْ سَقَمٍ [10]

мегардад.

 

*   *   *

[1] Ҳошия: Ба унвони масъалаи даҳуми зиндони Денизлӣ, гули хурд ва мунавварест аз барои Амирдоғ ва ин Рамазони Шариф. Бо баёни ҳикмате аз такрорҳои Қуръонӣ, ваҳмҳои заҳролуд ва афунатзадаи (бадшудаи) аҳли залолатро аз байн мебарад.

[2] Ҳошия: Мақсуд ҳазрати Расул (с.а.в.) мебошад.

[3] Ҳошия: Мақсуд сухан гуфтани ҳақ дар ҳаддӣ фаҳми башар мебошад.

[4] Ҳошия: Ту аз аҷзу шарик муназзаҳу муқаддасӣ, ҷуз ту худое нест, ки ба доди мо бирасад, ал-амон ал-амон! Моро аз оташи ҷаҳаннам наҷот бидеҳ, халос ва раҳоям кун. —

[5] Батаҳқиқ Худованд бар анҷоми ҳар чиз қодир аст. (Бақара:20)

[6] Бешубҳа Худованд ҳама чизро медонад. (Анкабут:62)

[7] Қудрати ӯ бар ҳама чиз ғолиб аст, ӯ ҳама корро бо ҳикмат анҷом медиҳад. (Рум:27)

[8] Қудрати ӯ бар ҳама чиз ғолиб аст, ӯ бисёр бахшандааст. (Рум:5)

[9] Ҳошия: Фавқи ҳар доно, донои комилтар аст. —

[10] Ҳошия: Инсон гоҳо ба хотири бемории чашм мункири нури хуршед мешавад, ба хотири бемории даҳон низ таъми обро намеписандад.