МАСЪАЛАИ СЕЮМ

Хулосаи ҳодисаи ибратангезе, ки тафсили он дар Роҳнамои Ҷавонон омада, чунин аст:

 Замоне, дар Иди Ҷумҳурият канори тирезаи ҳуҷраам дар зиндони Эскишаҳир нишаста будам, Духтарони донишҷӯ дар саҳни мактаби рӯ ба рӯ, рақсу ханда мекарданд. Дар он замон, вазъияти панҷоҳ сол баъди онҳо ҳамчун синамои маънавӣ, бар ман ошкор шуд. Дидам, чил – панҷоҳ тан аз он духтарони донишҷӯ, ки теъдодашон панҷоҳ ё шаст нафар буд, дар қабр хок шуда, азоб мекашанд. Даҳ нафар аз онҳоро дидам, ки ҳафтод ё ҳаштод сола, аммо бисёр зишт шудаанд. Зеро дар ҷавонӣ муроқиби иффати худ набудаанд аз нигоҳое, ки интизори муҳаббат доранд, нафрат мебинанд. Инҳоро қатъиян мушоҳида карда, ба ҳолу рӯзи раҳмоварашон гиристам. Теъдоде аз дӯстони зиндонӣ, садои гиряамро шунида, сабабашро пурсиданд, гуфтам: “Феълан маро ба ҳоли худ гузошта  равед.”

Бале, он чи дидам ҳақиқат буд на хаёл. Чуноне, ки пас аз тобистону тирамоҳ, навбати зимистон фаро мерасад, дар идомаи тобистони ҷавонию тирамоҳи солмандӣ низ, зимистони қабру барзах қарор дорад. Агар ба ҳамон шакле, ки ҳодисаҳои панҷоҳ сол пешро ба воситаи санъати синамо дар ин вақт ба намоиш мегузоранд, метавонистанд рӯйдодҳои панҷоҳ сол баъдро ҳам нишон диҳанду вазъияти панҷоҳ – шаст сол баъди аҳли залолату гумроҳонро дар пеши чашмонашон ба намоиш гузоранд, он гоҳ бо лаънату нафрат ба хандаҳову лаззатҳои номашрӯъашон мегиристанд.

Дар ҳоле, ки ман машғули мушоҳидаи мазкур дар зиндони Эскишаҳир будам, фарди маънавие, ки ривоҷдиҳандаи гумроҳию залолат буд, ҳам чун шайтони инсӣ дар муқобилам зоҳир шуду гуфт:

“Мо мехоҳем ҳама навъи лаззати ҳаётро бичашем ва ба дигарон бичашонем, ба мо дахолат накун.”

Ман ҳам дар ҷавоб гуфтум:

Модоме, ки маргро ба қиммати завқу лаззат, фаромӯш кардаӣ ва ба залолату гумроҳӣ пардохтаӣ, яқин бидон, ки мутобиқи ҳукми залолати ту, тамоми замони гузашта мурдаву нестист; мисли гӯристони тарснокест, ки дар дарунаш ҷанозаҳо пӯсидаанд. Ранҷу мусибатҳое, ки бар асари марги абадии дӯстони фаровону фироқҳои бешумор ба сабаби вобастагиҳои инсонию масири гумроҳӣ, ба сару қалбат —  агар намурдабошад — рехта лаззатҳои сармастонаву ҳақиратро аз байн мебарад. Ба ҳамин тартиб, замони ояндаро низ, ба сабаби  беэътиқодӣ,  бароят маъдуму торику мурда ва тарснок мекунанд. Зеро гардани бечораҳое, ки аз он ҷо вориди олами вуҷуду замони феълӣ мешаванд, бо чанги аҷал бурида ва ба олами нестӣ партофта мешавад. Ба сабаби гироиши ба ақл, нигарониҳои дардовари бешумореро бар вуҷуди беимонат таҳмил карда, лаззатҳои ҷузъиву сафиҳонаатро зеру забар мекунад.

Агар залолату сафоҳатро раҳо карда, вориди доираи имони ҳақиқию роҳи мустақим шавӣ, бо нури имон мебинӣ, ки замони сипаришуда, маъдуму чун гуристоне, ки ҳама чизро мепӯсонд, нест. балки олами нуронист, ки мавҷуд аст, табдил ба оянда мешавад. Ба монанди долонест, ки арвоҳи боқӣ барои вуруд ба қасри саодати оянда, дар он интизорӣ мекашанд; гузашта на танҳо ранҷовар нест, балки ба қуввати имон, як навъ аз лаззати маънавии биҳиштро дар дунё мечашонад. Оянда низ, на танҳо манзилгоҳи зулмониву ваҳшатнок нест, балки агар бо чашми имон нигоҳ кунем, кохҳои саодати абадиро мушоҳида мекунем, ки дар онҳо зиёфату намоишгоҳҳои эҳсони Раҳмони Раҳими Зулҷалоли ва-л икром барпо шудааст; Раҳмони Раҳиме, ки соҳиби караму раҳмати беҳадду канор буда, баҳору тобистонро ба монанди суфрае пур аз неъматҳои гуногун қарор додааст. Фарди мӯъмин бо завқу шуҳуди имонӣ, кӯшиши рафтан ба он ҷоро дар худ ҳис карда, ба нисбати имонаш, метавонад як навъе аз лаззатҳои олами боқиро эҳсос кунад. Пас лаззати ҳақиқию беранҷу алам, танҳо дар имон ва бо имон ҳосил мегардад.

Имон дар ин дунё ҳазорон фоидаву натиҷаро насиби инсон мекунад. Мо ба муносибати ин баҳс, танҳо як фоидаву лаззати имонро, ки дар қолаби тамсилӣ дар ҳошияи “Роҳнамои Ҷавонон” омадааст, ба шарҳи зер баён мекунем:

Фарз кунед фарзандон, — ки бисёр дӯсташон доред — дар ҳолати эҳтизор рӯ ба мавт аст, шумо бошед бо ноумедӣ ба фироқи аламовару ҳамешагии ӯ меандешед. Дар ҳамон ҳол, табибе чун ҳазрати Хизр ё Луқмони Ҳаким ворид мешаваду дармоне чун подзаҳр ба ӯ мехӯронад, фарзанди дӯстдоштаву азизи шумо чашм мекушояду аз марг наҷот меёбад, чӣ қадар хушҳол мешавед?

Ба ҳамин тартиб миллионҳо инсони маҳбубро, ки монанди фарзанди шумо маҳбуб ҳастанд дар гӯристони замони гузашта — дар назари ту — пӯсида ва нест шудаанд; ногаҳон ба воситаи ҳақиқати имон, нуронияте аз даричаи қалб ба сӯйи гӯристоние, ки бар асари ваҳм, гумон меравад нестхонаи бузург аст, тобида мешавад. Тамоми мурдаҳо зинда мешаванду бо забони ҳол ба шумо мегуянд: “Мо намурдаем, ва нахоҳем мурд, мо дубора бо шумо дидор хоҳем кард.” шумо баҳраву лаззати зиёд мебаред. Имон бо додани чунин лаззатҳо дар ин дунё исбот мекунад, ки ҳақиқати имон ҳамчун донаест, ки агар он  таҷассум шавад, як биҳишти хос аз он ҳосил мешавад ва шаҷараи тубои он мегардад. Инҳоро ба ҳамон касе, ки ривоҷдиҳандаи гумроҳӣ буд гуфтам.

Ӯ ки аҳли инод буд гуфт: “Хадди ақал барои инки монанди ҳайвон ҳаётамонро бо кайфу лаззат сипарӣ кунем; ба сармастию сархушӣ пардохта, ба ин масоили зариф намеандешем.”

Дар ҷавоб гуфтам: “Ту наметавонӣ монанди ҳайвон бошӣ. Зеро ҳайвон гузаштаву оянда надорад, на аз гузашта пушаймон мешавад ва на нигарони ояндааст. Лаззаташро бапуррагӣ мегирад, осуда зиндагӣ мекунад, мехобаду шукри холиқашро мегуяд. Ҳатто ҳайвоне, ки барои забҳ, ба замин хобонида мешавад, чизе эҳсос намекунад. Фақат ҳангоме, ки корд гулӯяшро мебурад, кӯшиш мекунад то ҳис кунад, он эҳсос ҳам тай мешавад ва ҳайвон бошад аз он дард ҳам халос мешавад.” Яке аз раҳматҳову меҳрубониҳои бузурги Илоҳӣ ҳамин аст, ки иҷозат намедиҳад касе аз ғайб огоҳ бошад. Низ, ӯ он чиро бар сари инсон меояд, мепӯшонаду пинҳон мекунад. Махсусан ин қазия дар мавриди ҳайвоноти бегуноҳ ба шакли комилтар вуҷуд дорад. Лекин эй инсон! Гузаштаву ояндаи ту, ба хотири доштани ақл бо хуруҷ аз олами ғайб сабаб мешавад аз истироҳате, ки реша дар сатри ғайб дорад, тамоман маҳрум шавӣ. Пушаймониҳои вобаста ба гузаштааст, фироқҳои аламовар ва тарсҳову нигарониҳои вобаста ба оянда лаззатҳои ҷузъии туро ба мартабаи сифр поин меорад ва аз лиҳози лаззат, туро сад баробар зиёдтар аз ҳайвон ба суқут мекашонад.

Модоме, ки ҳақиқат ин аст ё даст аз ақл бишуйю ҳайвон шав то наҷот пайдо кунӣ, ё ақлатро бо имон биомӯзу гӯш ба Қуръон бидеҳ, ҳатто дар ин дунёи фонӣ лаззатҳои сад баробар бештар аз ҳайвон ба даст ор! Ин матлабҳоро ба ӯ гуфтам ва ба сукут маҷбураш кардам.

Боз ҳам он гумроҳ, рӯ ба ман карду гуфт:

“Лоақал монанди бединони аҷнабӣ зиндагӣ мекунем.”

Ҷавоб додам: Ту монанди бединони аҷнабӣ низ, шуда наметавонӣ. Зеро онҳо агар паёмбареро инкор мекунанд, ба пайёмбарони дигар имон доранд. Ҳатто агар ҳеҷ паёмбареро ҳам қабул надошта бошанд, Аллоҳро бовар доранд. Агар инро низ қабул надошта  бошанд, мумкин аст ахлоқҳое дошта бошанд, ки мадори камолоташон қарор гирад. Аммо агар мусулмоне Паёмбари охируззамон алайҳиссалоту вассаломро, ки хотими русулу бузургтарини онҳост ва дину даъваташ ом аст инкор кунад, ва аз доираи табаъияташ хориҷ гардад, ҳеҷ паёмбари дигар, ҳатто Аллоҳро қабул нахоҳад дошт. Зеро ҳамаи паёмбарон, Аллоҳ ва камолотро ба воситаи ӯ пазируфтааст, ва инҳо бидуни ӯ (хотамул анбиё) дар қалби ӯ боқӣ намемонанд. Бояд гуфт, ки аз гузашта то кунун, соҳибони ҳар дин вориди ислом шудаанд, аммо ҳеҷ мусулмоне наметавонад ба таври ҳақиқӣ, як яҳудӣ ё маҷусӣ ё насронӣ шавад. Албатта мумкин аст бедин шавад, ахлоқаш фосид гардада, табдил ба унсури музир, барои ватану миллат шавад. Инро барояш собит кардам ва ҳеҷ дастовезе барои шахси мутамарриду саркаш, боқӣ  намонад. Аз ин рӯ, бархосту ба ҷаҳаннам рафт.

Инак эй ҳамдарсони ман дар ин мадрасаи Юсуфия! Модоме, ки ҳақиқат чунин аст, ки гуфта шуд, Рисолаи Нур 20 сол инҷониб, онро қатъию ошкор хуршед барин, исбот менамояд ва саркашии мутамарридону муонидонро дар ҳам шикаста, ононро вориди имон мекунад. Мо ба унвони касоне, ки аз имону сироти мустақим ба унвони солимтарину осонтарин ва нофеътарин масир барои оянда ба охират ва ватану миллатамон пайравӣ мекунем. Бояд вақти фароғати худро ба ҷойи ин, ки сарфи хаёлоти беҳуда кунем, ба хондани сураҳои Қуръон бипардозем, ки бо он ошноӣ дорем, ва маъноҳои оятҳои мазкурро аз дӯстоне, ки дар ин замина огоҳӣ доранд, фаро гирифта ва намозҳои воҷиби қазо шудаамонро ба ҷо орем ва бо истифода аз хислатҳои неки якдигар, ин зиндонро  барои парвариши ниҳолҳои хуштинат, ба бӯстони муборак табдил диҳем; бо чунин аъмоли солиҳа, бояд бикӯшем мудиру масъулони зиндонро ба ҷойи инки чун маъмурони азоби ҷаҳаннам бар сари ҷинояткорону қотилон бошанд, маъмурону устодони дурусткор ва роҳнамоёни меҳрубоне кунем, ки дар мадрасаи Юсуфия биҳиштиёнро тарбия мекунанд ва худро муваззаф ба назорати тарбияи онон медонанд.