ДУ ҲОШИЯ ҲАМЧУН ЯК ХОТИМА БАР МАСЪАЛАИ ДАҲУМ

Ҳошияи якум: Дувоздаҳ сол пеш[1] шунидам, ки ваҳшатноктарин ва муонидтарин зиндиқ, суиқасдро нисбат ба Қуръон дар қолаби тарҷумаи он оғоз карда гуфтааст: “Бигузор тарҷума шавад то ҳама бидонанд, ки чи мол дорад.” Яъне тарҳи муғризона дар пеш гирифта, масалан хостааст дигарон ба ҷойи Қуръон, тарҷумаи ӯро бихонанд ва такрорҳои ғайри зарурии Қуръонро бубинанд.

Аммо ҳуҷҷатҳои бенуқсони Рисолаи Нур яқинан исбот кардааст, ки тарҷумаи ҳақиқии Қуръон, ғайри мумкин аст. Ҳеҷ забони дигар ба ҳифзи мазиятҳо ва нуктаҳои Қуръоне, ки ба забони Арабист, қодир намебошад. Калимаҳои Қуръонӣ, аз даҳ то ҳазор савоб дарбар доранд ва бо тарҷумаҳои оддию ҷузъии башар, таъбирҳои ҷомеъу иъҷозомези Қуръонро наметавон мунтақил кард. Рисолаи Нур бо ин даъво, ки тарҷумаи мазкурро ба ҷои Қуръон дар масҷидҳо намешавад қироат кард, тарҳи ваҳшатноки мавриди ишораро ақим гузошт; аммо мунофиқоне, ки аз он зиндиқ дарс мегирифтанд, бо муҳосиботи шайтонӣ, хостанд ҳамчун кӯдакони нодон, хуршеди Қуръонро бо пуф кардан хомӯш кунанд; корҳои девонавору аҳмақона карданд. Эҳсос мекунам ҳикмат ин буд, ки дар ҳолати рӯҳии сахту озордиҳанда ва ҳассос “Масъалаи Даҳум” бар ман илқо шавад, то онро бинигорам. Чун бо дигарон дидор надоштам, ба дарки ҳақиқати ҳол қодир нестам.

Ҳошияи дуюм: Пас аз озодӣ аз зиндони Денизлӣ, дар ошиёнаи болои меҳмонхонаи машҳури шаҳр, нишаста будам. Дарахтони анбуҳи бед дар боғҳои зебои рӯбарӯ, ба чашм мехурд, шоху баргҳояшон ба монанде, ки гуё дар ҳалқаи зикранд, ба шакли бисёр латиф, ба навозиши бод ва бо ҳаракоти ҷаззобу гиро дар рақс буданд. Ин манзара ба қалбам, ки бар асари танҳоию ҷудоии дӯстон, маҳзуну ғамгин буд, таъсир гузошт. ногаҳон тирамоҳу зимистон ба зеҳнам хутур кард, ғафлат ба ман ғолиб шуд. Дилам барои бедҳои нозанин ва мавҷудоти дигаре, ки бо камоли завқу шавқ ҷилванамоӣ мекарданд, чунон ба раҳм омад, ки чашмонам пур аз ашк шуд. Фироқҳо ва рафтаниҳоеро, ки зери пардаи зиннатшудаи олами ҳастӣ буд, эҳсос кардам, пур аз фироқу ҳузну андуҳ шудам.

Дар як лаҳза нури ҳақиқати Муҳаммадӣ (с.а.в.) ба додам расид ва ғаму андуҳи фаровонро ба шодию нишот табдил кард. Он нур монанди ҳар касу ҳар аҳли имони дигар, миллионҳо файз насибам карда буд, аммо ман барои ёрию тасаллие, ки дар он лаҳза ва дар он вазъият насибам гардид, то абад мадюни Зоти Муҳаммадия (а) шудам. Матлаб аз ин қарор буд:

 

Ғафлате, ки дар ибтидо бар ман пирӯз шуд, мавҷудоти нозанинро дар назарам бемасъулияту бенатиҷа ҷилва дод; тавре ки эҳсос кардам, дар як фасл зоҳир мешаванд ва ҳаракоташон на бар асари завқу шавқ, ки аз ваҳшати фироқу адам аст; эҳсос кардам ба водии адам суқут мекунанд. Ин ҳис, монанди ҳар каси дигар эҳсосоти манро низ, ки ишқи бақову ҳубби маҳосин ва муҳаббати вуҷуду шафқати ҷинсият ва алоқа ба зиндагиро мефаҳмидам, чунон ҷариҳадор кард, ки ба назарам омад, дунё чун ҷаҳаннамест ва ақл, олоте барои азоб. Дар инҷо нуре, ки Муҳаммад (с.а.в.) барои башар ба армуғон оварда буд, ҳиҷобро яксӯ кард. Ман дидам, ҳар як аз он дарахтони бед, ба ҷойи нестӣ ва адаму пучӣ ва бемасъулиятию беҳудагӣ ва фироқу фано, ба теъдоди баргҳояшон дорои ҳикмату маъно ҳастанд. Ҳамон тавре, ки дар Рисолаи Нур исбот кардем, аз се қисми натиҷаву вазифа, бархӯрдоранд.

Қисми аввал: вобаста ба асмои Сонеъи Зулҷалол аст.

Масалан: ҳамон тавре, ки агар усто мошини фавқулодае бисозад, ҳама аз ӯ таърифу тамҷид карда, Мошоаллоҳ ва Боракаллоҳ мегуянд. Мошини мазкур низ, бо ба намоиш гузоштани мақсадҳову натиҷаҳои сохташуданаш, дар ҳақиқат бо забони ҳол, ба созандаи худ табрик гуфта, ӯро тамҷид мекунад. Ҳамаи зиҳаётон ва ашё низ, монанди ҳамон мошин ҳастанд ва бо гуфтани табрикоташон созандаи худро тамҷид мекунанд.

Қисмати дуюм: Ҳикматҳои мавриди баҳс низ, мутаваҷҷеҳи назари зиҳаётон ва зишуурон аст. Ҳар як маврид барои мутолиа, ҳамчун китоби маърифат мешаванд, маъноҳои худро дар зеҳнҳои бошуурон ва суратҳояшонро дар қувваи ҳофизаи онҳо ва лавҳаҳои мисолӣ ва дафтарҳои олами ғайб ва доираи вуҷуд, қарор дода ва олами шаҳодатро тарк гуфта, ба олами ғайб мунтақил мешаванд. Яъне вуҷуди сувариро раҳо карда, вуҷудҳои мутааддиди маънавию ғайбӣ ва илмиро ба даст меоранд.

 

Бале, модоме ки Аллоҳ ҳаст ва илмаш ҳамачизро дар иҳотаи худ қарор дорад, мавридҳое чун адам, нестӣ, ҳеҷ, нобудшавӣ ва фаношудан, ҳақиқатан дар дунёи шахсе, ки аҳли имон аст, ҷой надорад. Аммо дунёи кофирон, пур аз адаму фироқ ва пучию аз байн рафтан аст. Зарбулмасали зерин, ки забонзади ом аст, ҳақиқати мазкурро таълим медиҳад:

“Ҳар кас, ки Аллоҳро дорад, ҳама чиз дорад ва ҳар кас, ки ӯро надорад, ҳеч чиз надорад ва худ ҳеч аст.”

Натиҷа: Имон чуноне, ки дар замони марг инсонро аз нестии абадӣ наҷот медиҳад, ба ҳамон тартиб дунёи хусусии ҳар касро низ, аз нестию торикӣ ва пучӣ, наҷот медиҳад. Куфр низ, хусусан агар куфри мутлақ бошад, инсону дунёи хусусиашро ба воситаи марг нобуд мекунад ва боиси субути ӯ ба торикиҳои ҷаҳаннам мешавад ва лаззатҳои зиндагиашро ба заҳр табдил медиҳад. Ононе, ки ҳаёти дунявии худро бар охират бартарӣ медиҳанд, ҳушёр бошанд! Биёянд барои ин масъала чорае биёбанд ё вориди қаламрави имон гарданд ва аз хасороти ваҳшатнок раҳо ёбанд.

سُبْحَانَكَ لَا عِلْمَ لَنَٓا اِلَّا مَا عَلَّمْتَنَٓا اِنَّكَ اَنْتَ الْعَلٖيمُ الْحَكٖيمُ

Бародаратон ки муштоқи шумо ва мӯҳтоҷи дуоҳоятон аст

Саъид Нурсӣ   

 *  *  *

[1] Дувоздаҳ сол пеш аз таълифи ин рисола.