بِاسْمِهٖ وَ اِنْ مِنْ شَىْءٍ اِلَّا يُسَبِّحُ بِحَمْدِهٖ   

Ин мактуб ду боб дорад.
Боби аввал: Аҳли имонро ба дӯстӣ, бародарӣ ва муҳабат даъват мекунад.

Боби аввал

  1 بِسْمِ اللّٰهِ الرَّحْمٰنِ الرَّحٖيمِ

اِنَّمَا الْمُؤْمِنُونَ اِخْوَةٌ فَاَصْلِحُوا بَيْنَ اَخَوَيْكُمْ ۞

 اِدْفَعْ بِالَّتٖى هِىَ اَحْسَنُ فَاِذَا الَّذٖى بَيْنَكَ وَبَيْنَهُ عَدَاوَةٌ كَاَنَّهُ وَلِىٌّ حَمٖيمٌ ۞

2 وَالْكَاظِمٖينَ الْغَيْظَ وَالْعَافٖينَ عَنِ النَّاسِ وَاللّٰهُ يُحِبُّ الْمُحْسِنٖينَ

Тарафдорӣ, ҳасад ва инод, ки сабаби нифоқ ва шиқоқ ва кин ва адоват миёни мӯъминҳо мегардад, зишт ва мардуд мебошад. Аз назари  ҳақиқат ва ҳам аз диди ҳикмат ва низ аз дидгоҳи Ислом — ки намоёнгари инсонияти куброст — ва ҳам аз нигоҳи ҳаёти шахсӣ инсонияти бузургии исломият аз назари ҳақиқат ва ҳикмат ва аз назари ҳаёти шахсӣ, ҳаёти иҷтимоӣ ва ҳаёти маънавӣ, зишту мардуд ва музиру зулм буда, барои ҳаёти башари низ заҳр аст. Инак ба шарҳи «шаш ҷиҳат» аз ҷиҳатҳои бешумори ин ҳақиқат мепардозем.