Рисолаи Иқтисод доир ба иқтисод ва қаноъат, исроф ва исрофкорӣ мебошад.

بِسْمِ اللّٰهِ الرَّحْمٰنِ الرَّحِيمِ

كُلُوا وَ اشْرَبُوا وَ لاَ تُسْرِفُوا

Ин ояи карима,ба амри қатъӣ ба иқтисод ва наҳи сариҳ аз исроф, дарси муҳимме аз ҳикмат медиҳад. Ин масъала ҳафт нуқта дорад:

НУҚТАИ ЯКУМ

Холиқи Раҳим дар баробари неъматҳое, ки ба навъи башар додааст, шукр мехоҳад, исроф бошад, зидди шукр буда, дар баробари неъмат, истихфофе зиёновар аст, аммо иқтисод; иҳтироми судманд дар баробари неъмат аст.

Бале, иқтисод ҳам як шукри маънавӣ ва ҳам ҳурмат ба раҳмати Илоҳӣ мавҷуд дар неъматҳо, ҳам ба қатъи сабаби баракат, ҳам барои бадан монанди парҳез, мадори сиҳату саломатӣ, ҳам бо раҳо кардан аз зиллати гадоии маънавӣ, сабаби иззат буда ва ҳам дар эҷоди ҳисси лаззати даруни неъмат ва низ чашондани лаззати неъматҳое, ки дар зоҳир лаззате надоранд, нақши неруманду муассире дорад, аммо исроф, азбаски мухолиф бо неъматҳои зикршуда аст, натиҷаҳои ваҳмие дорад.

НУҚТАИ ДУЮМ

Фотири Ҳаким вуҷуди инсонро ба сурати як қасри мукаммал ва ҳамчун як шаҳри мунтазам халқ кардааст, қувваи зоиқаи даҳонро як дарбон, асабҳо ва рагҳоро ҳамчун телефон ва телеграф ба унвони василаи мухобираи қувваи зоиқа бо маркази бадан, ки меъда аст қарор дод, ки ба василаи он рагҳо, аз моддае, ки вориди даҳон мешавад хабар медиҳад, агар он модда мавриди ниёзи меъда набошад, ба бадан мегуяд: «мамнуъ аст» ва онро берун меандозад. Албатта, баъзан он модда илова бар ин ки манфиъате барои бадан надорад, музирру талх низ ҳаст, ки онро босуръат берун андохта, онро туф мекунад.

Пас модоме, ки қувваи зоиқаи даҳон, дарбон буда ва меъда аз нуқтаи назари идораи ҷисми бадан ҳокиму сарвар аст, пас ҳадияҳое, ки ба он қаср ва ё он шаҳр оварда шуда ва ба ҳокими қаср дода мешавад агар арзиши баробар бо сад дошта бошад, танҳо панҷ дар сади он – он ҳам ба шакли бахшиш – ба дарбон таъаллуқ мегирад, беш аз он наметавонад таъаллуқ гирад, то ин ки дарбон мағрўр нагашта ва аз ҳудуди худ хориҷ нашуда вазифаашро фаромўш накунад ва ихтилолгарҳое, ки саҳми бештаре медиҳанд, ба даруни қаср ворид накунад.

Пас бино ба сирри зикршуда, акнун ду луқмаро фарз мекунем. Агар як луқма аз маводи ғизоӣ ҳамчун панир ва тухм бо арзиши чил сомонӣ ва луқмаи дигар ширинии бақлава бо арзиши даҳ сомонӣ бошад, ин ду луқма пеш аз ворид кардан ба даҳон, аз нигоҳи бадан фарқе боҳам надошта бо якдигар баробар ҳастанд, баъд аз ворид шудан бадаҳон, бозҳам аз назари ғизои бадан мусовӣ буда ва ҳатто баъзан панири чил сомонӣ ғизои муносибтар маҳсуб мешавад, аммо аз лиҳози лаззати қувваи зоиқаи даҳон, тафовути чанд сонияе доранд, пас худ қиёс кунед, танҳо бахотири чанд сония лаззат, тарҷиҳи сад сомонӣ ба чил сомонӣ чи исрофи бефоида ва зиёнмандест. Пас, бо инки лозимаст ҳадияи ҳокими қаср чил сомонӣ бошад, агар ба дарбон саҳми нўҳ баробар зиёд аз ҳақи ў дода шавад, дар ин сурат дарбон аз ҳудуди худ хориҷ шуда ва мегуяд: «Ман ҳоким ҳастам.» Онкас, ки ширинию чизи зиёдтар ба ў диҳад, ўро бадарун ворид мекунад ва боиси ихтилол шуда оташсўзӣ бабор меорад ва инсонро маҷбур мекунад то бигўяд: «Амон, духтур биёяд, то ҳарорати баданамро ором кунад ва оташи вуҷудамро хомўш намояд.»

Пас, сарфакорию қаноат, ҳаракати мувофиқ бо ҳикмати Илоҳист, зеро қувваи зоиқаро дар ҳукми дарбон мебинаду муносиб бо вазифаи ў, бахшиш мекунад, аммо исроф чун ҳаракат бар зидди он ҳикмат аст, зуд шалоқ мехўрад ва меъдаро вайрон карда иштиҳои ҳақиқии худро аз даст медиҳад ва ба хотири иштиҳои козибу сохта ки аз навъҳои ғизо меояд, бо хурдани он таъом сабаби ҳазм нашудани ғизо шуда, инсонро бемор мекунад.

 

НУҚТАИ СЕЮМ

Дар нуқтаи дуюм гуфта шуд; қувваи зоиқа дарбонаст, бале, барои аҳли ғафлату инсонҳое, ки рўҳашон тараққӣ наёфта, дар маслаки шукр ҳаракат накардаанд, дар ҳукми дарбонаст, барои лаззат бурдани ў набояд ба исрофҳо ва арзиши даҳ баробар рў овард.

Танҳо барои аҳли шукр, аҳли ҳақиқат ва аҳли дили воқеъӣ ҳамон тавр, ки дар муқоисаи «Гўфтори Шашум» баён шуд қувваи зоиқаи чунин афрод, дар ҳукми назоратчӣ ва муфаттиши ошпазхонаи раҳмати Илоҳӣ мебошад. Он қувваи зоиқа бо санҷиш ва шинохти анвоъи неъматҳои Илоҳӣ ба мизони теъдоди таъомҳо, як шукри маънавиро ба бадану меъда хабар медиҳад. Пас, дар ин сурат қувваи зоиқа танҳо ба ҷасади моддӣ назар надорад, балки ба қалб, рўҳ, ақл низ назар дорад, пас ҳукми волотар аз меъда мақоми баландтар дорад.

Ба шарти исроф накардан, адои вазифаи шукр, эҳсоси неъматҳои Илоҳӣ, донистани он ба шарте ки машрўъ буда сабаби зиллату гадоӣ нашаванд, метавонад лаззати онҳоро бичашад. Барои он ки аз забоне, ки қувваи зоиқаро бо худ дорад, дар шукр истифода шавад, метавон таомҳои лазизро тарҷеҳ диҳад.

Яке аз рўхдодҳо, кароматҳои Ҳазрати Ғавс (қ.с.)ро, ки ба ин ҳақиқат ишора дорад, баён мекунем: Замоне назди ҳазрати Ғавси Аъзам Шайхи Гелонӣ (қ.с.) фарзанди як хонум тарбия мешуд, рўзе он мўҳтарам ба ҳуҷраи фарзандаш рафт, фарзандашро дид, ки як пора нони сиёҳи хушк мехўрад ва ба сабаби риёзат лоғар шуда буд, муҳаббати модариаш ҷўш зада ранҷид, сипас барои шикоят назди Ҳазрати Ғавс рафта дид, ки Ҳазрати Ғавс мурғи бирён мехўрад, ноз карду гўфт:

“Ё Устод! Фарзанди ман аз гуруснагӣ мемирад, шумо бошед мурғ мехўред!”

Ҳазрати Ғавс ба мурғ гўфт: «Қум биизниллаҳ» устухонҳои он мурғи бирёншуда ҷамъ шуд ва мурғ зинда шуда парид, ин ҳодисаро зотҳои мўътамад ва сиқаи бисёр, ба унвони каромати Ҳазрати Ғавс, ки дар дунё ба соҳиби кароматҳои хориқу-л одае машҳур аст, нақл кардаанд.

Ҳазрати Ғавс гуфтанд: “Кадом вақте, ки фарзанди ту ба ин мартаба расид, он замон ў низ мурғ хўрад.”

Маънои ин дастури Ҳазрати Ғавс инаст: Ҳарвақт фарзанди ту тавонист рўҳаш ба ҷасадаш, қалбаш ба нафсашро, ақлаш ба меъдааш ҳоким шавад ва лаззатро барои шукр бихоҳад, он вақт ў низ метавонад чизҳои лазизро бихўрад…

НУҚТАИ ЧОРУМ

Назар ба рози ҳадиси шариф لاَ يَعُولُ مَنِ اقْتَصَدَ “Он касе, ки сарфакорӣ кунад, хонаводааш балои зиндагиро намекашанд”, яъне: “Он касе, ки иқтисод кунад, хонаводааш дар зиндагӣ заҳмат ва машаққати зиёдеро нахоҳанд кашид.

Бале, далелҳои қатъӣ бисёрест, ки сарфакорӣ қатъан, сабаби баракат ва мадори ҳусни зиндагӣ мебошад, ин далоил ҳадду ҳисоб надорад. Аз ҷумла, бо мушоҳидаи худи ман ва касоне, ки ба ман хизмат кардан ва дўсти ман буданд, мегўям, ки ба сабаби сарфакорӣ, баъзан даҳ баробар баракат дидам, дўстонам низ шоҳиди ин буданд, ҳатто нўҳ сол пеш, баъзе аз сардорон, ки ҳамроҳ бо ман ба шаҳри Бурдур табъид шуда буданд, барои он ки аз бепулӣ ба зиллату сафолат дучор нашавам, кушиш карданд, то ман закоташонро аз онҳо қабул кунам. Ба он раисони сарватманд гуфтам: “Бо оне, ки пули чандоне надорам, аммо сарфакориро медонам ва ба қаноат кардан одат кардам, ман аз шумо сарватмандтарам.” Ба маротибу бо исрори зиёд таклифашонро напазируфтам, ҷойи диққату тааммул дорад, ки ду сол баъд аз он воқеъа баъзе аз онон, ки закоташонро ба ман пешниҳод карда буданд, ба сабаби риъоя накардани сарфакорӣ, қарздор шуданд. Лиллаҳилҳамд, ба муддати ҳафт сол ба баракати сарфакорӣ, он пўли кам бароям басанда буд ва сабаб шуд қоматамро назди дигарон хам накарда, ниёзманди дигарон нашавам ва дастури «истиғно аз нос», (талабидан аз одамон) ки яке аз дастуроти зиндагиям мебошад маслакамро вайрон накард.

Бале, он касе, ки сарфа намекунад, номзади зиллату гадоии маънавӣ ва сафолат мешавад. Дар ин замон пуле, ки сабаби исроф аст, бисёр гарон тамом мешавад, баъзан дар муқобили он, ҳайсият, номўсу ришва дода шуда ва баъзан муқаддасоти динӣ фўрухта мешавад, сипас он пўли наҳс (бебарор) бадаст меояд, яъне бо додани сад сомонӣ зарари маънавӣ сад сомонии моддӣ бадаст меояд, агар инсон сарфа намуда, ҳоҷатҳои зарўрии худро иқтисору ихтисор ва ҳаср кунад назар ба сирри اِنَّ اللّهَ هُوَ الرَّزَّاقُ ذُو الْقُوَّةِ الْمَتِينُ ва назар ба сароҳати وَمَا مِنْ دَابَّةٍ فِى اْلاَرْضِ اِلاَّ عَلَى اللّٰهِ رِزْقُهَا аз ҷои ғайри қобили интизор то ҳадде, ки зинда бимонад, ризқашро меёбад, зеро оятҳои зикршуда мутааҳҳид мешаванд.

Бале, ризқ ду навъ аст:

  Якум: Ризқи ҳақиқие, ки дар ҳаддест, ки бо он зинда мемонад ва бо ҳукми оятҳои зикршуда, ин навъи ризқ таҳти уҳдаи Раббонист, агар иродаи башар дахолат надоштабошад, он ризқи заруриро дар ҳар сурат меёбад ва маҷбур ба фидо кардани дину номўсу обрўйи худ намешавад.

    Дуюм: Ризқи маҷозист, ки сўистеъмол, сабаб мешавад, ҳоҷатҳои нозарурӣ, ҳоҷатҳои зарурӣ шуда, ба воситаи бало, дидану тақлид кардан аст, ки ба он мутеъ шуда, онро тарк карда натавонад, ин навъи ризқ, таҳти тааҳҳуди Раббонӣ намебошад, бадаст овардани ин навъи ризқ, хусусан дар ин замона пурқимат мебошад. Дар ибтидо бо фидо кардани иззату қабули зиллати худ, гадоии маънавӣ то ҷое, ки пойи инсонҳои пасту разилро мебўсад ва баъзан бо муқаддасоти динӣ, ки нури ҳаёти абадии ў мебошад, он моли наҳсу бебаракатро бадаст меоварад.

Ҳам дар ин замонаи фақру зарурат аз аламе, ки бавоситаи ҳисси ҳамнавъи дўстии аҳли виҷдон нисбат ба дарди афроди гуруснаву мўҳтоҷ падид меояд, ҳаронкас ки виҷдоне дорад, ба сабаби лаззати моле, ки аз роҳи ғайри машруъ бадаст меояд, азоб хоҳад кашид.

Дар чунин замонаи аҷибе, аз амволе ки шубҳа дар онаст, ба ҳадди зарурат бояд иктифо кард,

Зеро назар ба сирри اِنَّ الضَّرُورَةَ تُقَدَّرُ بِقَدْرِهَا агар маҷбур бошем аз моли ҳаром то ҳадди ниёз метавон гирифт, беш аз онро наметавон гирифтан. Бале, инсони музтар ва ночор, аз гўшти мурдор, наметавонад ба ҳадди серӣ бихўрад, балки бояд то ҳадде, ки аз мурдан наҷот ёбад, бихўрад, ҳамчунин шоёни зикраст. Дар ҳузури шахси гурусна набояд хелоҳам бо камоли лаззат хўрд.

Воқеъае, ки далолат мекунад, иқтисод, сабаби иззат ва камол мебошад:

Рўзе Ҳотами Тойӣ – ки дар дунё ба бахшишу саховат машҳур буд – зиёфати муҳиме барпо кард, баъд аз он, ки меҳмононашро бо ҳадияҳои фаровоне гусел кард, барои тафриҳ ба биёбон рафт, дар онҷо одами пиру фақиреро дид, боре аз хору хошок бар пушташ дорад, ки бар баданаш фурў мераванду баданашро хунин кардааст, Ҳотам ба ў гўфт:

“Ҳотами Тойӣ зиёфати муҳиме бо ҳадияҳо барпо кардааст, тў низ ба онҷо бирав дар ивази ин хору хошоки панҷ дирам, панҷсад дирам хоҳӣ гирифт”.

Он пири муқтасид ба ў гўфт: “Ман ин бори пур аз хору хошокро бо иззатам бар душ мекашам ва бар сарам мебардораму миннати Ҳотами Тойиро намекашам”.

Рўзе аз Ҳотами Тойӣ савол шуд: “Ту аз худ ҷавонмардтару азизтар киро мешиносӣ?” Гўфт: “Он пирамарди сарфакоронаро ки дар саҳро бо ў вохўрдам, азизтар, воломақомтару ҷавонмардтар аз худ дидам.”

НУҚТАИ ПАНҶУМ:

Ҷаноби Ҳақ аз камоли карамаш, ба фақиртарин инсон низ ҳамчун сарватмандтарин инсонҳо, ба гадо низ ҳамчун подшоҳ, лаззати неъматҳояшро мечашонад ва аз он эҳсос баҳраманд месозад. Бале, лаззате ки як фақир бавоситаи гуруснагию сарфакорӣ аз як бурдаи нони хушку сиёҳ мебарад, аз лаззате ки як подшоҳ ва фарди сарватманд аз шарми исрофу хурдани бақлава дар замони беиштиҳоӣ мебарад, бомазатар мебошад. Ҷойи ҳайрат аст, ки баъзе инсонҳои исрофкору сарфакор, чунин инсонҳои бо иқтисодро, туҳмати «хасис» мезананд. Ҳошо!… Иқтисод, иззату бахшиш аст. Хиссат ва зиллат бошад, ботину даруни мардонагии зоҳирии аҳли исроф мебошад. Дар соле, ки ин рисола ба таълиф расид, дар ҳуҷраам шаҳри «Испарта» воқеъае пеш омад, ки ин ҳақиқатро тасдиқ мекунад, он воқеъа. Аз ҷумла:

Ба хилофи қоида ва дастури зиндагиям, яке аз талабаҳоям боисрор мехост дуним кило асалро ба унвони ҳадия аз ў қабул кунам, ҳар чанд бо қоидаам кашмокаш кардам розӣ нашуд, бо маҷбурият, ба нияти хурондани он асал ба се бародаре, ки назди ман буданд, ҳам ба нияти инки он се нафар дар моҳи Шарифи Шаъбону Рамазон бо риояи иқтисод тайи сӣ–чил рўз аз он бихўранд ва ҳам савоб барои шахсе ки асалро ҳадя дод, ҳам бахотири он ки онҳо бидуни ширинӣ намонанд, гуфтам: “Бигиред.” Ман низ як кило асал доштам, он се бародар гар чӣ аз афроди мустақим ва аз касоне буданд ки иқтисодро тақдир мекарданд, аммо ба нияти икроми якдигар ва ҷиҳати тарҷеҳу навозиши нафси дигарон ба худ, ки аз як ҷиҳат хислати улвӣ башумор меравад, иқтисодро фаромўш карда дар муддати се шаб, дуним кило асалро тамом карданд, ман табассумона ба онҳо гуфтам: “Мехостам бо он асал сӣ – чил рўз даҳонатонро ширин кунам, шумо бошед сӣ рўзро се рўз кардед. Иштиҳоӣ том!” Албатта ман як кило асали худро сарфакорона масраф кардам, тамоми Шаъбону Рамазон ҳам ман аз он хўрдам ва ҳам лиллоҳилҳамд, ба бародаронам дар вақти ифтор як қошуқӣ [1](Ҳошия) дода, сабаби савоби муҳиме шуд.

Касоне, ки манро дар он аҳвол диданд, шояд он вазъиятамро хиссат талаққӣ кунанд ва вазъияти бародаронамро дар он се шаб ҷавонмардӣ тасаввур кунанд, аммо аз нуқтаи назари ҳақиқат дидем, дар пушти он хиссати зоҳирӣ, иззати улвӣ ва баракати бузургу савоби волое нуҳуфта буд ва аз он ҷавонмардию исроф, агар даст намекашиданд, гадоию ҳолати пасттар аз хиссат ҳамчун нигоҳи мунтазирона ва тамаъкорона бадасти ғайрро натиҷа медод.

[1] Ҳошия: Як қошуқи чойхурӣ.

НУҚТАИ ШАШУМ:

Байни сарфакорию хасисӣ, фарқи зиёдест, ҳамон тавре, ки тавозўъ, хислати мамдўҳе аст, ки назар ба маъно дигар ва аз рўи сурат бошад ба пўст монанд, ки аз ахлоқи бад аст ва ҳамонгуна ки виқор, хислати писандидаест, ки назар ба маъно дигар ва аз рўйи сурат бошад ба такаббур монанд мебошад.

Ҳамонгуна низ, сарфакорӣ, ки аз ахлоқи олияи Пайғамбар буда, балки асоси низоми ҳикмати Илоҳӣ дар коинотаст, бо пастию бахилӣ, тамаъкорию ҳирс – ки оинаи хиссат ҳастанд – ҳеч муносибате надорад, танҳо дар сурат шабоҳат доранд. Воқеае, ки ин ҳақиқатро тасдиқ мекунад:

Яке аз мумтозтарин олимони Саҳоба, аз ҷумлаи Абодилаи Сабъа, Абдуллоҳ ибни Умар (р.з.) ва ў калонтарин фарзанди Форуқи Аъзам Халифаи Расулуллоҳ буд, ин зоти муборак, дар бозор ҳангоми хариду фурўш, барои сарфаи чил сикка ва барои амнияту истиқомат, ки асоси тиҷоратанд – башиддат муноқаша карданд, саҳобае ўро дида он муноқашаро хасисӣ таваҳҳум кард, ў дар паси имом афтод, то аз аҳволи эшон огоҳ гардад, зеро чигуна аз фарзанди амири мўъминон, халифаи рўйи замин Ҳазрат Умар (р.з) ин хислати хасисӣ содир шавад. дид ки Ҳазрати Абдуллоҳ ба хонаи муборакашон ворид шуданд, дар канори дари хона фақире буд, андаке бо ў суҳбат карду рафта вориди манзил шуд, сипас аз дари дигари хона берун омада фақири дигареро онҷо дид, назди ў низ андаке суҳбат карда сипас бароҳаш идома дод, он саҳоба ки аз дур онро медид, кунҷков шуда баназди он фақирон рафта аз онҳо савол кард: “Имом назди шумо истод чикор кард?”

Ҳар яки онҳо гуфтанд: “Баман як тило дод.”

Он Саҳоба гўфт: “Фасубҳоналлаҳ! Дар бозор барои чил сикка онгуна муноқиша кунад, сипас дар хонааш дусад сиккаро бо ихтиёр ва ризои худаш ба фақирон ноогоҳона диҳад!» ба фикр фурў рафт. Сипас ба сўи Абдуллоҳ ибни Умар (р.з.) рафт то бо ў мулоқот кунад:

“Ё имом! Мушкиламро ҳал кун, ту дар бозор чунин кардӣ ва дар хона бошад чунин.”

Дар ҷавоб ба ў гўфт: “Вазияте, ки дар бозор, ин аз иқтисод, камоли ақл ва ҳифзи амнияту истиқомат сарчашма мегирад, ки асос ва рўҳи хариду фурўш аст, хасисӣ нест ва афъол дар хонаам аз шафқати қалбу камоли рўҳ нашъат мегирад, на он хиссат аст ва на ин исроф.”

Имоми Аъзам бо ишора ба ин сирр фармудааст:

لاَ اِسْرَافَ فِى الْخَيْرِ كَمَا لاَ خَيْرَ فِى اْلاِسْرَافِ  ҳамон тавре, ки дар хайру эҳсон (барои онон, ки мустаҳиқанд) исроф нест, дар исроф низ ҳеч хайре нест.

НУҚТАИ ҲАФТУМ:

Исроф, самараи ҳирс буда, ҳирс се натиҷаро медиҳад.

Якум: Бе қаноатӣ. Бе қаноатӣ, шавқи меҳнатро аз саъйю кўшиш ронда мекунад. Ба ҷойи шукр шакво, пайдо шуда, боиси танбалӣ мешавад. Дар натиҷа инсон, моли машрўъ, ҳалолу[2](Ҳошия) камро тарк карда, моли ғайри машрўъу безаҳмат меҷўяд, дар ин роҳ натанҳо иззат балки ҳайсияташро низ фидо мекунад.

Натиҷаи дуюуми ҳирс: Маҳрумият ва зарар буда ва аз даст додани ҳадаф ва маъруз мондан ба беҳурматӣ ва маҳрум мондан аз суҳулату муованат мебошад. Ҳатто зарбулмасал: اَلْحَرِيصُ خَائِبٌ خَاسِرٌ яъне: “Ҳирс, сабаби зиён ва нокомӣ” аст, инро зарбулмасал тасдиқ мекунад.

[2] Ҳошия: Набудани сарфакорӣ сабаб мешавад, масрафкунандагон, зиёд шуда ва тавлидкунандагон кам мешаванд ва ҳама чашм ба дари ҳукумат мебандад, онҳангом «санъат, тиҷорат ва зироат» ки асосу мадори ҳаёти иҷтимоъиянд, кам шуда, рў ба нуқсон меравад ва он миллат, пасту фақир шуда, суқут мекунад.

Таъсироти ҳирс ва қаноат, дар олами зиҳаёт ба сурати дастури бисёр васеъе дар ҷараён аст.

Аз ҷумла, ба чанд мавриди ин ишора мекунем: Қаноати фитрии дарахтони мўҳтоҷ ба ризқ, ҳамон тавре, ки ризқи ононро ба сўи онон медавононад, давидани ҳайвонот низ бо ҳирс ва бо машаққату нуқсон басўи ризқ, зарари бузурги ҳирсу манфиъати азими қаноатро нишон медиҳад.

Ҳамчунин, бо будани қаноати навзодони заиф бо забони ҳоли худ, ғизои латиф, ҳамчун шир аз ҷои ғайри қобили интизор, барои онон ҷорӣ мешавад, аммо бо будани ҳирс дар ҷонварон, онон ба ризқи нуқсону мулаввас чанг мезананд, ки ин даъвоямонро ба рушанӣ исбот мекунад.

Ҳамчунин вазъияти қаноаткоронаи моҳиёни фарбеҳ, асоси ризқи комиле барои онон мешавад, аммо ҳайвоноти зираке, мисои рўбоҳу маймун, бо онки бо ҳирс ба дунболи ризқи худ ҳастанд вале ба андозаи кофӣ ризқи худро наёфта лоғару заъиф мемонанд, ки ин нишон медиҳад, ҳирс то чи ҳад сабаби мушаққат ва қаноат то чи ҳад сабаби осойиш мешавад.

Ҳамчунин миллати Яҳуд бо доштани ҳирс, рибо, ҳилаю найранги худ, ризқи бо зиллату сафолат ва рўзии ғайри машрўъро танҳо ба андозаи ниёзи зарурии зиндагӣ бадаст меоваранд, аммо саҳронишинон бо вуҷуди вазияти қаноаткоронаашон, зиндагии бо иззату ризқи кофӣ доранд, ки бори дигар даъвоямонро қатъан исбот мекунад.

Ҳамчунин фақре, ки олимону[3](Ҳошия) адибон[4](Ҳошия) ба сабаби ҳирсе ки заковаташон ба онон додааст, мубтало ба он шудаанд ва низ сарвате ки афроди нодону нотавон бо вуҷуди вазияти қаноаткоронаашон бадаст овардаанд, қатъан исбот мекунад, ки ризқи ҳалол, назар ба аҷзу фақр ба даст меояд, на ботавону ихтиёр, ҳатто ризқи ҳалол бо тавону ихтиёр робитаи маъкус дорад, зеро бо зиёд шудани тавону ихтиёри кўдакон, ризқи онон низ кам шуда, аз онон дуртар гашта, андак мешавад. Назар ба сирри ҳадис: «اَلْقَنَاعَةُ كَنْزٌ لاَ يَفْنَى» қаноат, ганҷинаи ҳусни маъишату осоиши ҳаёт мебошад, аммо ҳирс маъдани хасорату сафолат аст.

[3] Ҳошия: Подшоҳи одили эрон Ануширавон вазири одиле баноми Бузургмеҳр дошт, ки ба доноӣ машҳур буд, аз эшон савол шуд: «Чаро уламо дар даргоҳи умаро ҳозиранд, аммо умаро дар пешгоҳи уламо дида намешавад, ҳоло он ки илм аз аморат бартараст?»

Чунин посўх дод: «Ин аз илми уламо ва аз ҷаҳли умарост.» Яъне умаро аз ҷаҳлашон арзиши илмро намедонанд, то ба ҳузури уламо рафта ҷўёи илм шаванд, аммо уламо ҳам аз маърифаташон, ҳам ба он сабаб ки арзиши молро медонанд, ҷўёи он дар даргоҳи умароанд. Пас Бузургмеҳр, ҳирсро ки натиҷаи заковати уламо буда ва сабаби фақру зиллати онон шуда, бо зарофату маҳорати хоссае таъвил карда, ба шевое посўх доданд.

Хусрав

[4] Ҳошия: Воқиъае ки таъйидкунандаи онаст, ба адибон дар Фаронса барои он ки хуб гадоӣ мекунанд васиқаи гадоӣ медиҳанд.

Сулаймон Рушдӣ

Натиҷаи сеюм: Ҳирс, ихлосро аз байн бурда, амали ухравиро доғдор мекунад, зеро агар аҳли тақво ҳарис бошад, хоҳони таваҷҷўҳи инсонӣ аст, он касе, ки таваҷҷўҳи инсонро моддӣ назар дошта бошад, ихлоси томро ба даст намеоварад, ин натиҷа бисёр бо аҳамият буда ва ҷойи диққат дорад.

Алҳосил: Исроф, беқаноатиро натиҷа медиҳад, беқаноатӣ, шавқи коркарданро кам карда, сабаби танбалӣ мешавад ва дари шикоятро дар зиндагӣ боз карда, ҳамеша сабаби шикоят мешавад.[5](Ҳошия) Ҳам ихлосро аз байн бурда, дари риёро боз мекунад, ҳам иззаташро гирифта роҳи гадоиро нишон медиҳад. Аммо сарфакорӣ, қаноатро натиҷа медиҳад, назар ба сирри ҳадис «اَلْقَنَاعَةُ كَنْزٌ لاَ يَفْنَى» қаноат иззатро меорад ва саъю талошро зиёда мекунад, иштиёқро афзоиш дода, ба кору талош вомедорад.

Зеро масалан; фарди қонеъ бо кору талош дар як рўз, бо қаноат подоше ки дарёфт кардааст, рўзи дуюм низ албатта кор мекунад, аммо фарди исрофкунанда, чун қаноат намекунад, рўзи дуюм наметавонад кор кунад, агар кор ҳам кунад, дар кораш шавқ надорад.

[5] Ҳошия: Бале, аз ҳамаи инсонҳои мусриф, шикоят мешунавӣ, ҳатто агар сарватманд ҳам бошанд, бозҳам забонашон дар шикоят, аммо аз инсони фақири қаноаткор, фақат шукр мешунавӣ.

Ҳамчунин қаноате, ки аз сарфакорӣ ба даст меояд, дари шукрро боз карда ва дари шикоятро мебандад, дар ҳаёти худ доимо шокир (шукр карда) ва ба воситаи қаноат аз инсонҳо бениёз шуда, дар ҷустуҷўи таваҷҷўҳи инсонӣ намегардад. Дари ихлос боз шуда ва дари риё баста хоҳад шуд. Зарарҳои мудҳиши беиқтисодӣ ва исрофро дар муддати васъе, башарҳи зер мушоҳада кардам: Нўҳ сол пеш, ба шаҳри мубораке рафтам, азбаски мавсими зимистон буд манбаъи сарвати он шаҳрро надидам, муфтии он шаҳр – Аллоҳ раҳматаш кунад – чанд боре ба ман гўфт: “Аҳолии шаҳри мо фақиранд” ин сухани ў эҳсоси манро барангехт, то панҷ — шаш сол барои аҳолии он шаҳр андўҳгин будам, ҳашт сол баъд, дар фасли тобистон ба он шаҳр рафтам, боғҳои онҷоро дидам, сухани марҳум муфтии он ҷойро баёд овардам, ба худ гуфтам: Фасубҳоналлоҳ, маҳсулоти ин боғ беш аз ниёзи ин шаҳраст, бояд аҳолии ин шаҳр бисёр сарватманд бошанд ва тааҷҷуб кардам аз хотираи пур ҳақиқати раҳбарам – ки дар ҳеч замон маро фиреб надода ва дар дарки ҳақиқат, раҳбарам будааст – фаҳмидам: Бахотири бесарфа ва исроф, баракат аз ин шаҳр рафта буд, ба ҳамин сабаб он марҳум бо вуҷуди ин ҳама манбаъи сарват мегўфт: “Аҳолии мо фақиранд.”

Бале, таҷруба собит кардааст, додани закот ва риояи иқтисод, сабаби баракати мол мешавад, исроф ва надодани закот низ, сабаби бебаракатӣ мешавад, ки воқеъаҳои зиёде нишонгари онаст.

Афлотуни файласуфони Ислом, доҳии машҳур Абуалӣ ибни Сино ки шайхи ҳакимон ва устоди файласуфон аст, танҳо дар бораи илми тиб, ояи كُلُوا وَ اشْرَبُوا وَ لاَ تُسْرِفُوا ро ингуна тафсир кардаанд:

جَمَعْتُ الطِّبَّ فِى الْبَيْتَيْنِ جَمْعًا وَ حُسْنُ الْقَوْلِ فِى قَصْرِ الْكَلاَمِ

فَقَلِّلْ اِنْ اَكَلْتَ وَ بَعْدَ اَكْلٍ تَجَنَّبْ وَ الشِّفَاءُ فِى اْلاِنْهِضَامِ

وَ لَيْسَ عَلَى النُّفُوسِ اَشَدُّ حَالاً مِنْ اِدْخَالِ الطَّعَامِ عَلَى الطَّعَامِ

Илми тибро дар ду ҷумла хулоса мекунам: Зебоии калом дар кўтоҳии онаст, ҳангоми ғизо хўрдан кам бихўр ва баъд аз ғизо то чор – панҷ соат чизе нахўр, шифо дар ҳазми ғизост, яъне ба андозае бихўр, бароҳат ҳазм шавад, сангинтарин ва хастакунандатарини ҳолат барои нафсу меъда, ғизо хурдани пайдарҳам аст.[6](Ҳошия)

[6] Ҳошия: Яъне музиртарин чиз барои бадан, ғизо хурдан баъд аз ғизо дар фосилаи камтар аз чор – панҷ соатаст ва ё инки пур кардани меъда аз ғизоҳои мутанаввиъ барои лаззат бурданаст.

Тавофуқе, ки ҷои ҳайрату мадори ибрат аст:

Рисолаи Иқтисод тавассути се шахси мухталиф ва панҷ – мустансих (нусхабардор) дар маконҳои мухталиф навишта шуд ва дар ҳоле ки аз ҳамдигар дур буда, хати онон аз якдигар фарқ дошт, ба инки ба ҳарфи «алиф» таваҷҷўҳ кунанд, дар нусхаҳое, ки навишта буданд, ба ҳисобидани дуо «панҷяк» ва бо муҳосибаи дуо дар адад «панҷоҳу се» тавофуқ доштанд, ки таърихи таълифи Рисолаи Иқтисод ва панҳн гардиданӣ он, ба Румӣ «панҷоҳу як» ва ба таърихи арабӣ «панҷоҳу се» буд, ки бешак иттифоқӣ набудааст, ишора дорад, ки баракати иқтисод то ҳадди каромат пеш рафтааст ва ба дурустӣ номе, ки барои ин сол ба номи «Соли Иқтисод» номидаанд, лоиқи онаст.

Бале, ду сол баъд аз таълиф дар замони Ҷанги Ҷаҳонии Дуюум, дар замоне ки гуруснагию вайронӣ ва исрофот ҳамаҷоро фаро гирифта буд, навъӣ башар ҳама маҷбур ба иқтисод шуд, ин каромат иқтисодиро собит кардааст.

سُبْحَانَكَ لاَ عِلْمَ لَنَا اِلاَّ مَا عَلَّمْتَنَا اِنَّكَ اَنْتَ الْعَلِيمُ الْحَكِيمُ

* * *