ТАҚРИЗ

       Нимаи авали асри 20 ва ибтидои асри 21 давраи бисёр боло рафтани нуфузи динҳои ҷаҳонӣ, хусусан Ислом аст. Ин падида чанд сабаби умда дорад.

— аз нимаи дуюми асри 20 Ислом дар мамлакатҳои шарқи мусулмонӣ ба мафкураи миллӣ-озодихоҳӣ аз истисмори аҷнабӣ ва раҳоӣ ёфтан аз султон мустамликадорини ғарбӣ гардид. Ба ин ваҷҳ Ислом ба як маънӣ ба давраи нави эҳёи худ ворид гардид;

— дар солҳои 60-80-уми қарни гузашта дар як даста мамлакатҳои шарқи исломӣ, чун Покистон, Афғонистон ва Эрон, инқилобҳои исломӣ ба вуқуъ пайваст, ки дар натиҷа давлатҳои исломӣ ба маънии васеъи ин калима роҳ ёфтанд. Ин падида таъсири Исломро дар ҷомеъаи ҷаҳонӣ тавсеъаи бештар бахшид;

— шикасти сохти сотсиалистӣ ва мафкураи марксистӣ дар як низоми сотсиалистии ҷаҳонӣ, хусусан дар Иттиҳоди Шуравӣ, таназзули ҳаракати коргарии коммунистии ҷаҳон ва мафкураи он низ нуфузи Исломро беш аз пеш тақвият доданд. Дар собиқ ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шуравӣ, ки таърихи исломӣ доштанд, аз ҷумла Тоҷикистон, мафкураи исломӣ вориди эҳё гардид;

— инкқилобҳои охирини мамолики араб, чун Ироқ, Тунис, Миср, Либия… ва ба сари ҳокимият омадани қувваҳои исломгаро низ таъсири Исломро дар ҳаёти ҷомеъаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла Тоҷикистон сахт тақвият бахшид.

Ба ин сабабҳо боло рафтани нуфузи Ислом дар ҳаёти ҷомеъа, хусусан ҷомеъаи дунявӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва ягона, ки Тоҷикистон ба гурӯҳи онҳо мансуб аст, тақозо менамояд, ки роҳҳои ҳамзистии осоиштаи дин ва давлати дунявӣ… бозҷӯӣ шаванд, то ки амнияти ҷомеъа барои ояндаи дур таъмин гардад.

Ба фикри мо яке аз муҳимтарин роҳҳои ҳалли ин масъала ташаккули шуури мудоропазирӣ, ақлгароии муътадил, бартараф кардани  ҳамагуна хуруфотпарастӣ ва дарёфти исломи ноб аст. Дар ин роҳ нашр ва тарғиби осори мутафаккирони бузурги исломӣ, ки хатти миёнаро дар тарғиби дин, фалсафа ва илм пеша карда буданд, саҳми бузург бозида метавонанд. Аз сӯи дигар дастраси омма кардани осори муслиҳон ва маорифпарварони исломӣ, чун Ҷамолуддин Афғонӣ, Маҳмуди Тарзӣ, Кавокибӣ, Абдуҳ, Аҳмади Дониш ва бешак навиштаҳои Саъид Нурсӣ дар ин маврид нақши бузурги маърифатӣ дошта метавонанд.

Асари Саъид Нурсӣ «Муъҷизоти Аҳмадӣ», ки шарҳу баёни масоили умдаи Исломро ба назардошти фаҳмиши омма шомил аст, ва ба забони равони тоҷикӣ тарҷума шудааст, барои дарёфти исломи ноб аз ҷониби мардум бисёр муфид мебошад.

Аз ин сабаб, нақши ин китобро тақозои замон мешуморам.

 

          17.07.2012 с.

Академики Академияи

илмҳои Тоҷикистон 

М. Диноршоев.

ТАҚРИЗ

 

Мӯъҷиза бузургтарин раҳоварди паёмбарони Худо барои тасдиқи паёмбариашон ба сӯйи башарият мебошад. Мӯъҷиза аз ҳама корҳои «хориқулода»-ву «фавқулода» чашмбандиҳову шуъбадабозиҳои ҷиннию инсӣ фарқ дошта, барои соҳибназарон хурдтарин шакку тардидро дар мавриди ваҳдонияти Худо ва бар ҳақ будани паёмбарони ростинро бармало намуда, ҳама макру ҳилаҳои коҳинону соҳинонро бепоя мегардонад ва имони муъминонро тақвият бахшида, гумроҳону ҷоҳилонро раҳнамоӣ менамояд ва боиси куфру илҳоди бештарашон мегардад.

Ба паёмбари охирзамон-Муҳаммади Мустафо(с) мисли ҳама паёмбарони пешин мӯъҷизаҳо омадааст. Вале мӯъҷизаҳои паёмбарони пеши нагар аз нигоҳи замонӣ (ва маконӣ) маҳдуд ва бештар вобаста ба тӯли зиндагонии соҳибонашон мебуд, пас, мӯъҷизаҳои Паёмовари охирин(с) аз нигоҳи замонию маконӣ маҳдуд набуда, ҷовидонаву тағйирнопазиранд. Барои тасдиқи ин гуфтаҳо метавон аз бузургтарин мӯъҷизаи Паёмбари Худо(с) Қуръони карим ёд намуд, ки каломи илоҳӣ будаву дар дарозои таърих таҳриву тағйире нахӯрда ва мардумро ҳама давру замон ба ростию ҳақиқат фаро хондаву ба тамоми масоил аз заминӣ то ба кайҳони ишора намудааст.

Дар мавриди мӯъҷизаҳои Паёмбари Худо (с) таърихнигорону донишмандони исломӣ китобҳое навиштаанд, ки китоби «Муъҷизоти Аҳмадӣ»-и Саид Нурсӣ дар пайравӣ аз онҳо навишта шудааст. Муаллиф кӯшидааст, то дар ин китоб танҳо ба ҳамон мӯъҷизаҳое ишора намояд, ки дар таърихи Ислом ба сурати мутавотир ривоят шудаанд ва бузургтарин донишмандони исломӣ, ба вижа муҳаддисону сиранависон ба омӯзиши дақиқи онҳопардохта санади, онҳоро саҳеҳу муътамад эълом доштаанд.

Муаллиф дар баробари ба таври кутоҳ овардани матни ҳадисе, ки аз чигуна воқеъ шудани мӯъҷизае аз мӯъҷизаҳои Паёмбари Худо (с) ҳикоят мекунад, боз ба таҳлили таърихии он пардохта, барои хубтар роҳ ёфтани он ба зеҳни хонанда аз тамсилҳои ба инсони имрӯз ошно истифода намудааст ва гоҳе ба мардум, ба вижа ба нафароне, ки дар ҳақиқати мӯъҷизаҳои Паёмбари Худо (с) кӯчактарин шакку тардиде менамоянд, хитоб намуда, онҳоро ба он фаро мехонад, ки ба мӯъҷизаҳои Паёмбари Худо (с) бод иди дунсиона назар намоянд ва пардаи ҷаҳлу гумроҳиро аз пеши назари худ ба дурр андозанд.

Дар ҳошияи китоб ҳадисҳои овардашуда тахриҷ шудаанд, ки воқеан, ин арзиши илмии онро боз дучанд намуда, дигар барои нуктагирону кутаҳбинон  дармавриди саҳеҳу муътамад будани санадҳои он ҷойи тардидеро намегузорад.

Ҷойи тазаккур аст, ки дар бархе мавридҳо муаллиф аз бузургони аҳли тасаввуф ва баъзе каромотҳои онҳо ба таври муҷмал ёдовар шудааст, ки ин пеш аз ҳама аз таъби суфиёна дошатни ӯ дарак медиҳад.

Ба таври умумӣ, китоби «Муъҷизоти Аҳмадӣ»-и Саид Нурсӣ маълумоти зиёдеро ба таври муфассал аз мӯъҷизаҳои Паёмбари Худо (с) ва аз сирати бемисоли Ӯ (с) дар бар гирифта, инчунин, дар мавриди бузургтарин мӯъҷизаи Ӯ (с) — Қуръони карим нуктаҳои ҷолиберо дар худ дорад, ки бе шак ба ҳар хонандае писанд меляд.

 

Муқарриз устоди ДМТ

Исмонов Кароматулло