МАСЪАЛАИ ПАНҶУМ

Чуноне, ки дар “Раҳнамои Ҷавонон” тавзеҳ дода шудааст; даврони ҷавонӣ, бешубҳа сипарӣ мешавад. Бо ҳамон қатъияте, ки тобистон ҷойи худро ба тирамоҳу зимистон медиҳад ва рӯз табдил ба ғурубу шаб мешавад, ҷавонӣ низ, ба пирию марг мубаддал мегардад. Агар ҷавонии гузарову фонии худро дар роҳи иффату хубиҳо сипарӣ кунад, бар асоси башорати тамоми фармонҳои осмонӣ, ҷавонии абадӣ ба даст меорад.

Аммо агар ҷавониро бо сафоҳат бигузаронад, ҳар оқилу хирадманд бар асоси таҷруба тасдиқ мекунад; монанди қатле, ки барои як дақиқа хушунат, миллионҳо дақиқаи ҳабсро боис мешавад. Лаззатҳову сархушиҳои ҷавонон низ дар роҳи номашрӯъ, илова бар ҷазоҳои дунявӣ ва гуноҳҳону афсусҳое, ки реша дар масъулиятҳои охирату азоби қабр ва заволи он лаззат дорад, дар худи ҳамин лаззатҳо зиёдтар аз лаззат, ранҷу алам вуҷуд дорад.

Масалан: Дар муҳаббати номашрӯъ ба ҷинси мухолиф, лаззати ҷузъӣ бо оризаҳои фаровоне чун алами ҳасодату алами фироқ ва алами посух нагирифтан аз тарафи муқобил, ҳукми асали заҳролудро дорад. Ба сабаби бемориҳое, ки бо аъмоли номашрӯъи ҷавонӣ, падид меояд, равонаи бемористонҳо мешавад ва барои зиёдаравиҳояш ба зиндонҳо меафтад ва барои мушкилоте, ки аз ғизои нодуруст ва вазифаношиносии қалбу рӯҳ пайдо мешавад, ӯро дар майхонаҳо ва марказҳои айшу ишрат ё қабристонҳо ҷустуҷӯ бояд кард. Агар мехоҳӣ ин матлаб бароят собит шавад, ба бемористонҳову зиндонҳо ва майхонаҳову қабристонҳо рафта савол кун. Албатта бо доду фиғонҳо ва таассуфҳову гиряҳое мувоҷеҳ мешавӣ, ки аксарашон бар асари зарбаҳои муҷозотгунаи лаззатҳои номашрӯъ ва истифодаи нодурусти ҷавонон аз ҷавониашон пайдо шудааст.

Ҳамаи китобҳо ва фармонҳои самовӣ, дар саросари онҳо Қуръон бо оёти қатъӣ, хабару башорат додаанд, ки ҷавонӣ, агар дар масири  дуруст сипарӣ шавад, неъмати Илоҳии бисёр зебову дилнишин ва воситаи хайри неруманду таъсиргузор хоҳад буд ва дар охират, ҷавони бисёр дурахшону абадиро натиҷа медиҳад.

Модоме, ки ҳақиқат ин аст ва доираи ҳалол барои лаззат, басандааст; модоме, ки соати лаззат дар доираи ҳаром гоҳ боиси як сол ва гоҳ даҳ сол зиндон мешавад; албатта ба унвони сипосгузорӣ, дар муқобили неъмати ҷавонӣ лозим, балки алзам аст. неъмати дилнишини ҷавониро сарфи покдоманию дурустӣ кард.