Баҳси Ҳашр

Ихтор: Дар ин рисола, ташбеҳу тамсилҳоро ба сурати ҳикояҳо навиштаам. Ҳадафам аз ин кор, ҳам тасҳилу осонсозии матлаб буд ва аз сӯйи дигар, мехостам нишон диҳам, ки ҳақиқатҳои исломӣ чи қадар маъқул, мутаносиб, муҳкаму мутаносид аст. маънӣи аслии ин ҳикояҳо, ҳамон ҳақиқатҳое ҳастанд, ки дар охир онҳо зикр мешавад. ва ин ҳикояҳо ба шакли киноя, ба он ҳақиқатҳо далолат доранд. Пас бояд гуфт: ин ҳикояҳо, ҳикояҳои хаёлӣ нестанд, балки ҳақиқатҳои росту дурустанд.

بِسْمِ اللّٰهِ الرَّحْمٰنِ الرَّحِيمِ

فَانْظُرْ اِلَى آثَارِ رَحْمَتِ اللّٰهِ كَيْفَ يُحْيِى اْلاَرْضَ بَعْدَ مَوْتِهَا اِنَّ ذلِكَ لَمُحْيِى الْمَوْتَى وَهُوَ عَلَى كُلِّ شَيْءٍ قَدِيرٌ

Бародар! Агар мехоҳӣ масъалаи ҳашр ва охиратро бо забони содаву омиёна ва ба таври возеҳ баён кунам, биёву ҳамроҳ бо нафсам ба ин ҳикоячаи тамсилӣ бингар ва гӯш кун:

Замоне, ду нафар ба як кишвари монанди ҷаннат зебо (ишора аст ба ин дунё) рафтанд. Дар он ҷо диданд, ки мардум дари хонаҳо ва мағозаҳояшонро боз гузошта, аз онҳо муроқибат намекунанд. молу сарваташон дар инҷову онҷо бесоҳиб мондааст. Яке аз он ду нафар ба ҳар ҷӣ дилаш мехост даст дароз карда, дуздӣ ва ё ғасб мекард, бо пайравӣ аз ҳавою ҳавасаш ҳар гуна зулму сафоҳатро муртакиб мешуд. аҳолӣ низ, ба ӯ эътибори чандон намекарданд.

Дӯсти дигараш ба ӯ гуфт:

Чӣ кор мекунӣ?! ҷазоятро хоҳӣ дид, маро низ гирифтори бало мекунӣ. ин молҳо аз подшоҳанд. аҳолии инҷо бо фарзандонашон сарбозони ӯ ҳастанд, ё ин ки маъмурони ӯ башумор мераванд. дар умури ин мамлакат, ба сурати кормандони ғайри низомӣ, истихдом мешаванд. Ба ҳамин хотир, чандон эътиборе ба кори ту надоранд. Аммо назму муроқибати шадид бар ҳама ҷо ҳоким аст. Подшоҳ дар ҳама ҷо телефонҳову маъмурҳо дорад. Пас зуд бош маъзаратхоҳӣ карда, аз фармони ӯ итоат кун.

Аммо он бехирад, аз рӯйи инод гуфт:

Не, ин амволи подшоҳ нест, балки амволи вақфшудаю бесоҳиб аст, ҳар кас метавонад ба гунаи дилхоҳ, аз он истифода кунад. Зеро ман ҳеҷ сабабро намебинам, ки истифода аз ин чизҳои зеборо маън кунад.

Он марди аблаҳ дар идомаи суханонаш гуфт: “ ман то замоне, ки чизеро бо чашмам набинам, бовар намекунам.” ва низ бо адои файласуфона, сафсатаҳои зиёдеро ба забон овард. Бад-ин гуна дар байни он ду, як мунозираи ҷиддӣ оғоз шуд.

Аввалан он сарсом гуфт:

“Подшоҳ кист? ман ӯро намешиносам.”

Сипас, дӯсташ ба ӯ ҷавоб дод:

Медонӣ, ки як деҳа, бе сардор ва як сузан бесозандаю бесоҳиб нест. як ҳарф бе нависанда ба вуҷуд намеояд. Пас чигуна имкон дорад ин мамлакати бениҳоят мунтазам, ҳоким надошта бошад? мебини, ки дар ҳар соат як вагоне пур аз амволу пӯшокҳои арзишманду мусаннаъ, мисли ин ки аз ғайб биёяд, ба инҷо мерасад ва борашро холӣ карда меравад. Пас чигуна мумкин аст, ин ҳама сарват соҳиб надошта бошад? чигуна имкон дорад, эълонномаҳо ва баённомаҳое, ки дар ҳар ҷо дида мешавад ва муҳру нишон ва аломате, ки рӯйи ҳар амвол ба чашм мехурад ва парчамҳое, ки дар ҳар гӯшаи ин сарзамин ба ҳаракат даромадааст, молике надошта бошад? маълум мешавад, ки ту ба хондани чанд китобу асари фарҳангӣ басанда намудаӣ, осору навиштаҳои исломиро мутолиа намекунӣ, аз донишмандон низ намепурсӣ. Пас биё то бузургтарин фармонро бароят бихонам.

Он сарсом баргашту гуфт:

Фарз кун подшоҳ ҳаст, аммо истифодаи ҷузъию ночизи ман, чӣ зарар ба ӯ дорад, ва чӣ нуқсон ба хазинаи ӯ ворид мекунад? аз сӯйи дигар дар инҷо ҳабс мабс нест, ҷазое низ дида намешавад.

Дӯсташ ба ӯ посух дод:

Бубин, ин мамлакат, як майдони монур аст. Ҳам, намоишгоҳи санъатҳои аҷибу шигифтангези подшоҳ аст. Низ, мусофирхонаест муваққату нопойдор. Магар намебинӣ, ки ҳар рӯз як қофила меояд ва қофилаи дигар мераваду нопадид мегардад. Бад-ин минвол, ҳамеша дар ҳоли пуру холишудан аст. Замоне баъд, ин мамлакат табдил мешавад ва ин аҳолӣ, ба мамлакати дигар ки доимист, мунтақил хоҳанд гардид. Дар он ҷо, ҳар кас дар бадали хизматаш ҷазо ё мукофот хоҳад дид. Боз он хоини бехирад тамарруд намуда, гуфт:

Бовар намекунам. магар имкон дорад, ки ин мамлакат нобуд шавад ва аҳолии он ба ҷойи дигар куч кунанд?

Аз ин сабаб, дӯсти аминаш гуфт:

Модом ба ин дараҷа иноду тамарруд мекунӣ, пас биё далелҳои беҳадду ҳисобро бо “дувоздаҳ сурат” ба ту нишон диҳам, ки як маҳкамаи кубро вуҷуд дорад. Ва ҷое барои мукофоту эҳсон ва маҳалле барои муҷозоту зиндон ҳаст. ин мамлакат ки ҳар рӯз, андак андак холӣ мешавад, рӯзе фаро мерасад ки тамоман холӣ ва нобуд мегардад.

 

СУРАТИ ЯКУМ

Оё имкон дорад, дар як низому салтанат, хусусан дар салтанати шукӯҳманде мисли инҷо, ба мутеъоне ки вазифаҳояшонро ба ваҷҳи аҳсан анҷом додаанд, мукофот дода нашавад ва ба исёнкорон муҷозоте набошад? Метавон гуфт, ки чунин чиз дар инҷо нест. Пас бешубҳа, дар ҷойи дигар, як маҳкамаи бузург ҳаст.

 

СУРАТИ ДУЮМ

Ба раванди корҳо ва иҷрооте, ки дар ин ҷо сурат мегирад, нигоҳ кун! бубин, ки ризқу рӯзии ҳар мавҷуд, аз фақиртарину заифтарин гирифта то ҳар каси дигар, ба комилтарин шакл дода мешавад. Ва аз беморони бе ёру ёвар ба хубӣ муроқибат ба амал меояд. дар ҳар ҷо, ғизоҳои бисёр арзишманду шоҳона ва нишонҳои мурассаъу либосҳои музайян вуҷуд дорад ва меҳмониҳои бошукӯҳе барпост. Бубин! ба ҷуз бехирадоне ҷуз ту, ҳар кас вазифаашро ба диққат анҷом медиҳад. ҳеҷ кас, заррае аз ҳаддаш берун намешавад. Бузургтарин шахс, бо бузургтарин итоат ва таҳти таъсири тарсу ҳайбати мутавозеъона, хизмат мекунад.

Пас бояд гуфт, ки соҳиби ин салтанат, карами бисёр бузургу марҳамати бисёр васеъ дорад. Ва низ иззаташ бисёр бузургу ҳайсияту номусаш бисёр бо ҷалол аст. Аз инру, карам мехоҳад инъом кунад. Ва марҳамат наметавонад беэҳсон бошад. Иззат низ, ғайратро металабад. Ҳайсияту номус низ, мехоҳад беадабон адаб дода шаванд.

Ҳоло онки дар ин мамлакат, аз ҳазор як коре, ки лоиқи он марҳамату номус аст, анҷом намеёбад. Золим дар иззату мазлум низ дар лаззаташ боқӣ мемонад, саранҷом аз инҷо куч карда меравад.

Пас бешубҳа, подошу кайфар ба як маҳкамаи кубро супурда мешавад.

 

СУРАТИ СЕЮМ

Бубин! корҳо бо чи ҳикмату интизоми олӣ, анҷом меёбад ва бо чӣ адолату мизон, рафтор мешавад. Ҳикмати ҳукумат, мехоҳад то касоне, ки ба ҳимояти салтанат паноҳ овардаанд, мавриди лутфу меҳрубонӣ қарор гиранд. Ва адолат низ, хостори муҳофизат аз ҳуқуқи раият мебошад, то аз ҳайсияти ҳукумату шукӯҳи салтанат, муҳофизат гардад. Ҳоло онки дар ин ҷойҳо, аз ҳазор як иҷрооте, ки шоистаи ҳикмату адолат аст, ба иҷро дар намеояд. Бисёре аз бехирадоне ҳамчун ту, бе инки ба сазои аъмолашон бирасанд, куч карда мераванд. Пас бешубҳа, кайфари аъмоли онҳо ба як маҳкамаи кубро вогузор мешавад.

 

СУРАТИ ЧОРУМ

Бубин! ҷавоҳироти беназире, ки дар ин намоишгоҳҳои беҳадду ҳисоб вуҷуд дорад ва ғизоҳои бемонанде, ки рӯйи ин суфраҳо гузошта шудааст, нишон медиҳад, ки: Подшоҳи ин сарзаминҳо, саховати беҳад ва хазинаҳои пуру беҳисоб дорад. Чунин саховату хазинаҳои бепоён, хостори меҳмонхонае ҳастанд, ки доимӣ ва ҳар чизи дилхоҳ дар он мавҷуд бошад. Ва низ хостори онанд, ки муталаззизони он меҳмонӣ, барои ҳамеша дар онҷо бимонанд, то заволу фироқ сабаби ранҷу азоби онҳо нашавад. Зеро онгуна, ки заволи дард, лаззат аст, заволи лаззат низ, дард аст.

Ба ин намоишгоҳҳо бингар! Ба ин эълонҳо диққат кун! Ба ин даъватгарон гӯш фаро деҳ, ки санъатҳои арзишманду ноёби як подшоҳи эъҷозгарро ташкил дода, ба намоиш мегузоранд. Ва камолоти ӯро нишон медиҳанд ва ҷамоли маънавии бемонандашро баён медоранд. Ва аз лутфи ҳусни махфиаш, баҳс мекунанд. Маълум мешавад, ки ӯ камолоту ҷамоли маънавии бисёр муҳиму ҳайратангез дорад.

Камоли пинҳону беайбу нуқсон мехоҳад, дар баробари тамошокунандагони қадршиносу таҳсинкунанда, ва мушоҳидони “мошоаллоҳ” гуянда, ба намоиш дарояд. Ва ҷамоли махфию беназир низ, мехоҳад дида шаваду бубинад. Яъне мехоҳад ҷамоли худро ба ду ваҷҳ бубина: Яке инки дар оинаҳои мухталиф шахсан мушоҳида кунад; ва дигар инки бо мушоҳидаи тамошогарони муштоқ ва таҳсинкунандагони мутаҳайир, мушоҳида намояд. Аз инру, хостори дидан, дида шудан, мушоҳидаи доимӣ, ва ишҳоди абадист. низ, он ҷамоли доимӣ мехоҳад, ки тамошогарону таҳсинкунандагони муштоқ, ҳамеша бошанд. Чунки: Як ҷамоли доимӣ, ба муштоқи зоил, розӣ намешавад. Зеро муҳаббати тамошогаре, ки маҳкум ба заволи баргаштнопазир аст, бо тасаввури завол, ба душманӣ табдил мешавад, ва ҳайрату эҳтиромаш ба таҳқир тамоюл мекунад. Зеро, инсон бо онче намедонад ва наметавонад ба он бирасад, душман аст. Ҳоло онки ҳар кас аз ин меҳмонхонаҳо, ба суръат мераваду нопадид мегардад ва танҳо як партав аз он камолу ҷамолро, балки сояи заифи онро як лаҳза мебинад ва аз он сер нашуда меравад.

Пас, масири ҳар кас ба сӯйи тамошогоҳи доимист.

 

СУРАТИ ПАНҶУМ

Бубин! дар ин корҳо дида мешавад, ки он Зоти бемонанд, шафқати бисёр бузург дорад. Зеро, ба имдоди ҳар мусибатзада мешитобад. Ба ҳар як хостаи матлуб, посух медиҳад. Ҳатто агар кӯчактарин ниёзи хурдтарин раияташро бубинад, бо камоли шафқат бароварда месозад. Агар пойи гӯсфанди чӯпоне захмӣ шавад, дарҳол ба ӯ марҳам ё байтор мефиристад.

Акнун бо ман биёву бубин! як иҷтимоъи бузург дар ин ҷазира барпост. Ҳама ашрофи мамлакат дар онҷо ҷамъ шудаанд. Пас биё ба онҷо биравем. Бубин! як паёмовари гиромие, ки нишони бисёр бузург бо худ дорад, ба сухан мепардозад. Ва аз он подшоҳи мушфиқ чизҳоеро мехоҳад, ва ҳамаи аҳолӣ низ, ӯро тасдиқ мекунанд ва мегуянд: “Бале, мо низ дархостҳои ӯро мехоҳем.” Акнун гӯш кун, ки ин дӯсти маҳбуби подшоҳ мегуяд:

“Эй Подшоҳе, ки моро бо неъматҳоят парвардаӣ! Аслу манбаъи ин намунаҳо ва сояҳоро — ки нишонамон додаӣ — ба мо нишон деҳ! Ва моро ба мақарри салтанатат фаро хон! моро дар ин биёбонҳо маҳву нобуд магардон! Моро ба ҳузурат бигир. Ва ба мо марҳамат фармо. Неъматҳои лазизеро ки дар инҷо ба мо чашонидаӣ, дар онҷо бихурон. Ва бо заволу табъид, моро азоб надеҳ. Ин раияти фармонбардоратро ки муштоқу сипосгузори туанд, ба ҳоли худашон раҳо накун ва нобуд магардон.”

Ӯ ингуна ниёишу илтимос мекунад, ту низ онро мешунавӣ. Оё имкон дорад чунин подшоҳи мушфиқу қудратман, камтарин хоҳиши кӯчактарин фардро бо камоли аҳамият бароварда созад, локин зеботарин мақсуди маҳбубтарин паёмовари гиромиашро рад карда, ба ҷо наорад? Ҳоло онки мақсуди он маҳбуб, мақсуди умуми раият аст, ва ризою марҳамату адолати подшоҳ низ, онро тақозо мекунад, ва баровардани он низ барояш душвор нест. Сохтани тафриҳгоҳҳои муваққатии ин меҳмонхонаҳо, мушкил нест. Модом, ки ӯ барои нишон додани намунаҳои раҳматаш, инқадар масраф намуда, ва масрафҳои зиёдро ба намоишгоҳҳое, ки чанд рӯзе беш давом намекунад ихтисос дода ва ин мамлакатро офаридааст, пас бешубҳа ганҷинаҳои ҳақиқии камолоту ҳунарҳояшро дар мақарри салтанаташ, бо шукӯҳ нишон хоҳад дод. Чунон намоишгоҳҳое мекушояд, ки ақлҳо бо дидани он, дар ҳайрат мемонанд.

Пас ононе, ки дар ин майдони имтиҳон қарор доранд, беҳуда нестанд, балки қасрҳои саодат ва зиндонҳо дар интизори онҳост…

 

СУРАТИ ШАШУМ

Акнун биёву бубин, ки ин вагонҳои бузург, ҳавопаймоҳо, таҷҳизот, анборҳо, намоишгоҳҳо ва амалкардҳо, нишон медиҳанд, ки дар паси парда, салтанати бисёр шукӯҳманде вуҷуд дорад ва ҳукм мекунад. Ин салтанат, хостори раиятест, ки шоистаи он бошад.

Ҳоло ин, ки мебинӣ, тамоми раият дар ин меҳмонхона гирди ҳам омадаанд. Меҳмонхона низ, ҳар рӯз пуру холӣ мешавад. Низ ҳамаи раият, барои иҷрои як монур дар ин майдони имтиҳон басар мебаранд. Ва майдон низ дар ҳар соат, дар маърази дигаргунӣ қарор дода мешавад. Низ, ҳамаи раият, ба манзури тамошои намунаҳои эҳсону карами арзишманди подшоҳ ва санъатҳои хориқулодаю аҷиби ӯ, чанд дақиқа дар ин намоишгоҳ таваққуф карда, ба тамошо мепардозанд. Намоишгоҳ низ дар ҳар дақиқа таҳаввул мегардад. Онки рафта боз намеояд ва онки омадааст дубора меравад. Пас ин ҳолат ва ин вазъият, ба таври қатъӣ нишон медиҳад, ки дар паси ин меҳмонхона ва ин майдон ва ин намоишгоҳҳо, қасрҳои доимӣ, масканҳои ҷовидон, ва хазинаҳову боғҳое, ки пур аз аслҳои холису олии ин намунаҳову суратҳост, қарор дорад.

Маълум мешавад. Талош дар инҷо, барои расидан ба он аслҳост.

Дар инҷо, кор мефармояд, дар онҷо бошад, уҷрат медиҳад. Ҳар кас ба андозаи истеъдодаш, дар онҷо саодат дорад.

 

СУРАТИ ҲАФТУМ

Биё то андаке ба гаштугузор карда бубинем, ки дар байни ин аҳолии маданӣ, чӣ мегузарад ва чӣ чизҳо вуҷуд дорад. Бубин! дар ҳар ҷо ва дар ҳар гӯшаву канор, дурбинҳои мутааддид насб шудааст ва филмбардорӣ мекунанд. Бубин, дар ҳар ҷо нависандагони мутааддид нишастаанд ва чизҳое менависанд ва ҳар чизро ёддошт мекунанд, ва ночизтарин кор ва одитарин рӯйдодро забт менамоянд. Бале, дар ин кӯҳи баланд, дурбини бисёр бузург насб гардидааст, ки махсуси подшоҳ аст ва аз ҳамаи рӯхдодҳои ин ҷо, филмбардорӣ мекунад. Маълум мешавад, ки он зот, дастур додааст то ҳамаи рӯхдодҳову корҳои мамлакаташ, забт гардад. Яъне, ин ки он зоти муаззам, тавассути маъмуринаш, ҳамаи ҳодисаҳоро ёддошт ва филмбардорӣ мекунад. Пас ин муроқибати бодиққату муҳофизат, ҳатман барои як муҳосиба аст.

Акнун ки чунин аст, оё имкон дорад, он Ҳокими ҳафизе, ки одитарин амали одитарин раияташро мӯҳмал намегузорад, бузургтарин амали бузургтарин раияташро муҳофизат накунад ва муҳосиба нанамояд ва мукофоту муҷозот надиҳад? Аммо боз ҳам корҳову амалҳое аз он раияти бузург сар мезанад, ки ба иззату ғайрати он Зот, бар мехурад ва шаъни марҳаматаш ҳаргиз онро намепазирад. локин онҳо дар ин ҷо, ҷазо намебинанд.

Пас бешубҳа, ба як маҳкамаи кубро вогузор мегардад.

 

СУРАТИ ҲАШТУМ

Биё! то ин фармонҳоро ки аз ҷониби ӯ омадааст, бароят бихонам. Бубин! ӯ мукарраран ваъда медиҳад ва бо шиддат таҳдид карда, мегуяд: “Шуморо аз он ҷо гирифта, ба мақарри салтанатам меорам ва итоаткунандагонро масъуд ва осиҳоро маҳбус хоҳам кард. Ва он ҷойи муваққатиро нобуд карда, мамлакати дигареро ки дорои қасрҳову зиндонҳои абадист, таъсис хоҳам намуд.”

Ииз, амалӣ сохтани ваъдаҳояш барои ӯ бисёр осон аст ва барои раияташ низ, бисёр дорои аҳамият мебошад. ва ваъдахилофӣ, комилан бо иззати иқтидораш дар тазод қарор дорад.

Пас, бубин эй сарсом! ваҳми дуруғин, ақли ҳазаёнгу ва нафси фиребандаатро тасдиқ мекунӣ, аммо зотеро такзиб мекунӣ, ки ҳаргиз ба хулфу хилофи ваъда маҷбур нест, ва амал ба хилофи ваъда, аз ҳеҷ ваҷҳ шоистаи ҳайсияти ӯ намебошад. Ҳамаи корҳое, ки дида мешавад, ба сидқу дурустии ӯ шаҳодат медиҳад. Пас ту бо ин такзиб, ҳатман мустаҳиққи ҷазои сангин мешавӣ. Мисоли ту, монанди раҳгузаре ҳаст, ки аз нури хуршед чашмонашро баста, мехоҳад барои ёфтани роҳ аз хаёлоташ истифода кунад ва бо чароғи ваҳмангези ақлаш, ки ба монанди кирми шабтоб аст, дар равшан кардани роҳи торику ваҳшатангези худ, кушиш дорад. Ҳоло ки ӯ ваъда намудааст, ҳатман онро амалӣ месозад. Чаро ки амалӣ кардани он, барояш бисёр осон ва барои мову ба ҳар чиз ва салтанати ӯ, лозим аст.

Пас бояд гуфт, ки як маҳкамаи кубро ва як саодати узмо вуҷуд дорад.

 

СУРАТИ НӮҲУМ

Акнун биё! баъзе сардорони доираҳо ва ҷамъиятҳоро бубин, ки ҳар кадоми онҳо, телефони махсус барои тамос бо подшоҳро доранд. Баъзе аз онҳо низ, ба ҳузури ӯ рафтаанд. Бубин! онҳо, ба иттифоқ ҳам мегуянд: Он Зоти бузург як ҷойи бисёр шукӯҳманд ва ҳайбатнокеро барои мукофоту муҷозот омода намудааст. Ӯ бо қудрат, ваъда медиҳад ва бо шиддат, таҳдид мекунад. Ва иззату ҷалоли ӯ, ҳаргиз ба ваъдахилофӣ мақоми худро паст накарда, зиллатро қабул нахоҳад кард. Шумораи он паёмоварон низ, дар дараҷаи тавотур аст ва бо иттифоқе ки қуввати иҷмоъро дорад, хабар медиҳанд, ки: мадору мақарри ин салтанати бузурге, ки баъзе аз асарҳои он дида мешавад, дар сарзамини дигаре ки аз инҷо бисёр дур аст, қарор дорад. Ва сохтмонҳои ин майдони имтиҳон, муваққатӣ ҳастанд. баъдан, ҷойи онҳоро қасрҳои доимӣ мегирад. Ва ин ҷойҳо дигаргун мешавад. Зеро, салтанати шукӯҳманду безаволе, ки осори он бар азаматаш далолат дорад, бар мабнои чунин умури бедавом, беқарор, беаҳамият, бебақо, мутағайир, бебақо, ноқису номукаммал, таъсис намегардад ва устувор намемонад… балки бар бунёди умури доимӣ, мустақар, безавол, мустамир, мукаммал ва шукӯҳманде ки шоистаи он аст, таъсис мегардад.

Пас бояд гуфт, ки диёри дигаре вуҷуд дорад ва ҳама ба он су мераванд.

 

СУРАТИ ДАҲУМ

Биё, имрӯз, наврӯзи султонист. Ба ин муносибат, дигаргуниҳо рух дода ва корҳои аҷиб мешавад. Пас биё дар ин рӯзи зебои баҳорӣ, ба ин саҳрои сарсабзе ки пур аз гулҳои зебост, биравему тафриҳ кунем.

Бубин, ки аҳолӣ низ, ба ин тараф меоянд. Бубин, кори сиҳрангезе рух медиҳад. Он сохтмонҳо, ногаҳон фурӯ рехта ва як шакли дигар ба худ гирифтанд. Бубин, як мӯъҷиза ҳаст. Он сохтмонҳои фурӯрехта, яку якбора дар ин ҷо бино гардиданд. гӯё ин биёбони холӣ, ба як шаҳри маданӣ табдил шуд. Бубин, ҳамчун пардаҳои синамо, дар ҳар соат олами дигареро нишон медиҳад ва шакли дигар ба худ мегирад. Ба ин амр диққат кун, ки дар байни ин ҳама пардаҳои ҳақиқии мухталиту сареъ ва фаровон, чӣ як интизоми комил вуҷуд дорад, ки ҳар чиз дақиқан, дар маҳали муносибаш гузошта мешавад. Пардаҳои синамои хаёлӣ низ, наметавонанд ба ин андоза мунтазам бошад. Миллионҳо соҳири моҳир низ, наметавонанд ин санъатҳоро бисозанд. Маълум мешавад, он подшоҳе ки аз чашми мо ниҳон аст, мӯъҷизаҳои бузург дорад.

Эй сарсом! Ту мегуӣ: Чигуна ин мамлакати бузург, тахриб шуда ва дар ҷойи дигар таъсис мешавад?

Магар намебинӣ, ки дар ҳар соат, инқилобҳо ва дигаргуниҳои зиёде ҳамчун он табдили макон рух медиҳад, ки ба ақли ту намегунҷад. Аз ин ҷамъ шудану пароканда шудан ва аз ин авзоъу афъол, фаҳмида мешавад ки дар ин ҷамъ шудану пароканда шуданиҳо ва ташкилоту тахриботи сареъ, мақсаду ҳадафи дигаре вуҷуд дорад. Барои иҷтимоъи як соата, ба андозаи даҳ сол масраф мешавад. Пас, ин вазъиятҳо мақсуди биззот нестанд. Балки, як тамсилу тақлиданд, ки подшоҳ, бо як мӯъҷиза анҷом медиҳад. ҳадаф аз он тасвир бардорӣ ва таркиби онҳо ва ҳифзи натиҷаҳову навиштани онҳост — ҳамон тавре, ки дар майдони монур ва имтиҳони ӯ, ҳар чиз навишта ва ёддошт мешавад-. Маълум мешавад, ки дар як гирдиҳамоии бузург, бар бунёди ҳамин ёддоштҳо, муомила мешавад. ва низ, дар як намоишгоҳи азим, ба таври ҳамешагӣ, ба намоиш гузошта мешавад. Пас бояд гуфт, ки ин авзоъу афъоли муваққатию нопойдор, суратҳои собиту меваҳои доимӣ, бабор меоранд.

Пас ин маросимҳо, барои як саодати азим, як додгоҳи бузург ва ҳадафҳои волоест, ки мо намедонем.

 

СУРАТИ ЁЗДАҲУМ

Биё эй дӯсти муонид! савори ҳавопаймо ва ё вагоне шавем, ки ба шарқ ё ғарб, яъне гузашта ва оянда меравад, то бубинем ин Зоти эъҷозгар, дар дигар ҷойҳо чӣ навъ мӯъҷизаҳо нишон додааст.

Инак бубин! дар ҳар тараф, аҷоибе ҳамчун манзилу майдон ва намоишгоҳе ки дида будем, ба чашм мехурд, аммо аз лиҳози санъату сурат, бо якдигар фарқ доранд. Пас ба ин хуб диққат кун, ки дар он манзилҳои бесубот, ва майдонҳои нопойдор, ва намоишгоҳҳои бебақо, чӣ қадар интизоме аз ҳикмати боҳир, ва то чӣ дараҷа ишороте аз як инояти зоҳир, ва чӣ мартаба аломоте аз як адолати олӣ, ва чӣ самароте аз як марҳамати васеъ, дида мешавад. ҳар он касе ки фоқиди басират набошад, яқинан пай мебарад, ки ҳикмате комилтар аз ҳикмати ӯ ва инояте зеботар аз инояти ӯ ва марҳамате фарогиртар аз марҳамати ӯ ва адолате ҷалилтар аз адолати ӯ наметавонад мавҷуд бошад ва ҳаргиз қобили тасаввур нест.

Агар фарзан, он гуна, ки ту гумон мекунӣ, дар доираи мамлакати он подшоҳ манозили доимӣ, маконҳои олӣ, мақомҳои собит, масканҳои боқӣ, аҳолии муқиму раияти хӯшбахт мавҷуд набошад, Онгоҳ ба хубӣ маълум аст, ки ин мамлакати нопойдор, наметавонад мазҳари ҳақоиқи ин ҳикмат, иноят, марҳамату адолат қарор гирад. Ва агар маҳалли дигаре барои бозтоби онҳо набошад, онгоҳ лозим меояд то бо ҳамоқати монанди инкори хуршед дар рӯзи равшан, ин ҳикматро, ки дар пеши чашми мо қарор дорад ва ин иноятро ки аён аст ва ин марҳаматро ки мебинем ва ин адолатро, ки ишоратҳои қавии он дида мешавад, инкор кунем. Ва бояд бупазирем ки соҳиби ин иҷрооти ҳакимона ва афъоли каримона ва эҳсоноти раҳимонае ки мебинем (Ал-аёзу биллоҳ! ва ҳошо!) як бозигари сафеҳу як ситамгари ғаддор аст, ки ин, ба маънӣи инқилоби ҳақоиқ бар алайҳи ҳақоиқ мебошад. ҳоло он, ки инқилоби ҳақоиқ, ба иттифоқи ҳамаи оқилон — ба истиснои Суфастоиёни аблаҳе ки вуҷуди ҳар чизро инкор мекунанд — муҳол асту номумкин.

Пас бояд гуфт, ғайр аз ин диёр, як диёри дигар вуҷуд дорад ва дар он ҷо як маҳкамаи кубро ба номи адолаткадаи олӣ ва як меҳмонсарои бошукӯҳ ҳаст, то ин марҳамату ҳикмат ва инояту адолат, битавонад дар он ҷо ба таври комил зуҳур кунанд.

 

СУРАТИ ДУВОЗДАҲУМ

Биё акнун бармегардем ва бо раисону афсарони ин ҷамоатҳо дидор мекунем ва таҷҳизоташонро мебинем, ки оё он таҷҳизот, танҳо барои сипарӣ намудани зиндагии кӯтоҳи дар ин майдон додашудааст? Ё ин ки барои ба даст овардани зиндагии пурсаодати дуру дароз дар ҷойи дигар? Мо наметавонем ба ҳар кас ва ба ҳамаи таҷҳизот бингарем, танҳо барои намуна, ба ҳуҷҷату дафтари ин афсар нигоҳ мекунем. Дар ин корт рутба, маош, вазифа, хоҳишот ва дастуруламали ин афсар навишта шудааст.

Бубин, ин рутба на барои чанд рӯз, балки барои муддати замони зиёд дода мешавад. Дар ин ҷо навиштааст ки “Ин маошро дар фалон рӯз аз хазинаи махсус мегирӣ” ҳоло онки он рӯз, баъд аз чандин муддат ва пас аз баста шудани ин майдон меояд. Ва ин вазифа низ, на ба таносуби ин майдони муваққат, балки барои ба дастовардани саодати доимӣ дар қурби подшоҳ дода шудааст.

Ин матлабҳову хостаҳо низ, барои чанд рӯзи зиндагӣ, дар ин меҳмонхона матраҳ намегардад, балки танҳо метавонад барои зиндагии дарозу босаодат хоста шавад. Ин дастуру роҳнамо низ, ба хубӣ ошкор месозад, ки соҳиби ин корт, номзади дигар ҷой аст ва ба дигар олам кор мекунад.

Бубин, дар ин дафтарҳо равиши истифода аз олатҳою таҷҳизоти навишташуда ва масъулияти истифода кунандагон дар қиболи онҳо, дарҷ шудааст. Акнун агар ғайр аз ин майдон, ҷойи бисёр олию доимии дигар мавҷуд набошад, ин корту дафтар, комилан бемаънӣ мебошад. Ва ин шахси муҳтараму фармондеҳи мукаррам ва раиси муаззам, поинтар аз ҳамаи аҳолӣ қарор мегирад, ва бадбахтару бечоратар ва залилтару фақиртар ва заифтар аз дигарон мешавад.

Пас бо ин муқоиса кун. Ба ҳар чизе ки диққат кунӣ, гувоҳӣ медиҳад, ки баъд аз ин дунёи фонӣ, як олами боқӣ вуҷуд дорад…

Эй дӯст! ин мамлакати муваққат дар ҳукми як мазраа аст, ва ба як омӯзишгоҳу тиҷоратхона монанд аст, ки аз пайи он, бешубҳа як маҳкамаи бузург ва саодати азим меояд. Агар инро инкор кунӣ, он вақт маҷбур мешавӣ, кортҳову дафтарҳо ва таҷҳизоту роҳнамоии афсаронро ва ҳатто худи ин мамлакатро бо ҳамаи ин интизомоташ ва ҳатто худи ҳукуматро инкор кунӣ. Ва мавҷудияти ҳамаи иҷрооти ба вуқӯъ пайвастаро такзиб намоӣ. Онгоҳ туро инсон ва бошуур хитоб карда намешавад, балки беақлтар аз суфастоиён мешавӣ.

Мабодо гумон куни, ки далилҳои табдили мамлакат, ба ҳамин “дувоздаҳ сурат” мунҳасир аст, балки далоили беҳадду ҳисоб вуҷуд дорад. бино бар инки ин мамлакати беқарору тағйиркунанда, ҷояшро ба як мамлакати безаволу мустақар хоҳад дод. Ва низ ишораҳову аломатҳои беҳадду ҳисоб ҳаст, ки ин аҳолӣ аз ин меҳмонхонаҳои муваққатӣ, бардошта шуда ва ба мақарри доимии салтанат, бурда мешаванд.

Биё то як бурҳони дигареро, ки ба мартабаҳои қавитар аз ин дувоздаҳ сурат аст, ба ту нишон диҳам. Бале, биёву бубин, ки дар байни он ҷамоати бузурге, ки аз дур дида мешавад, ҳамон паёмовари гиромие ки дар ҷазираи қаблӣ дида будем ва нишони бузург бо худ дошт, дар ҳоли суханронист. Биравем ва ба суханонаш гӯш диҳем. Бубин он паёмовари тобон фармони бузургеро ки дар он баландиҳо овезон аст, ба аҳолӣ хабар медиҳад ва мегуяд:

Омода бошед! Мо ба сарзамини ҷовидонаи дигар меравем. Чунон сарзамине, ки ин мамлакат дар муқоиса бо он, ба манзалаи як зиндон аст. Шумо ба мақарри салтанати подшоҳамон меравед ва аз марҳамату эҳсоноти ӯ баҳраманд мешавед. Ин дар суратест, ки шумо ин фармонро ба хубӣ бишнавед ва аз он итоат кунед… Аммо агар нофармонӣ намуда, ба он гӯш фаро надиҳед, ба зиндонҳои ҳайбатнок андохта мешавед.

Ту худ мебини, ки дар он фармони бузург, чунон муҳри эъҷозангез зада шудааст, ки ба ҳеҷ ваҷҳ қобили тақлид нест. Ғайр аз ту барин бехирадон, ҳар кас қатъиян мефаҳмад ки он фармон, фармони подшоҳ аст.

Ва он паёмовари гиромӣ низ, чунон нишонаҳое бо худ дорад, ки ғайр аз ту барин нобиноён, ҳар кас яқинан бовар дорад ки ӯ содиқтарин тарҷумони амрҳои подшоҳ аст.

Оё ин масъалаи табдили мамлакат, ки он паёмовари гиромӣ, ба иттифоқи он фармони бузург, бо тамоми тавон, муддаӣ ҳастанд ва ба таблиғи он мепардозанд, эътирозеро ба худ роҳ медиҳанд? ҳаргиз! магар ин, ки ҳамаи он чиро ки мебинем инкор кунӣ.

Ҳоло эй дӯст! навбати сухани туст. Ҳар чӣ дилат мехоҳад бигӯ!

Чӣ метавонам бигуям, оё дар баробари — ин ҳақиқати бузург — метавон чизе гуфт? Оё касе метавонад дар нимарӯз, офтобро инкор кунад? Танҳо метавонам бигӯям: Алҳамдулиллоҳ, сад ҳазор шукр, ки аз тасаллути ваҳму ҳаво ва аз асорати нафсу ҳавас, наҷот ёфтам, ва аз зиндону ҳабси абад, озод гардидам ва бовар намудам, ки ғайр аз ин меҳмонхонаи пурошубу нопойдор, як саройи саодат дар қурби подшоҳ, вуҷуд дорад. ва мо низ, номзади рафтан ба онҷо ҳастем.

Ба ин тартиб, ин ҳикояти тамсилие, ки киноя ва иборат аз ҳашр буд, дар ин ҷо ба охир расид. Инак ба тавфиқи Илоҳӣ, ба шарҳи ҳақиқати волое мепардозем ва дар баробари “Дувоздаҳ сурат”-и гузашта “Дувоздаҳ ҳақиқати мутасонид”-ро бо як муқаддима баён мекунем.

 

МУҚАДДИМА

Ба чанд масъалае, ки дар ҷойҳои дигар, яъне дар Гуфторҳои бисту дуюм, Нуздаҳум ва Бисту шашум, бо чанд ишора тавзеҳ дода шуд, ишора мекунем.

Ишораи якум

Марди ғофил ва дӯсти аминаш, ки зикрашон дар ҳикоят гузашт, се ҳақиқат доранд:

 

Якум: Иборат аст аз: Нафси аммора ва қалбам.

 

Дуюм: Шогирдони фалсафа ва тилмизҳои Қуръони ҳаким.

 

Сеюмӣ: Уммати Исломӣ бо миллати куфр аст.

 

Нашинохтани Парвардигор, хатарноктарин залолатест, ки шогирдони фалсафаю миллати куфр ва нафси аммора дар он, дармондаанд.

Онгуна, ки марди амин дар ҳикоят гуфта буд:

Як ҳарф наметавонад бенависанда бошад ва як қонун низ, беҳоким.

Мо низ мегуем:

Навиша шудани як китоб бенависанда, муҳол аст. Хусусан, китобе ки дар ҳар калимаи он, як китобе бо хати борик навишта шуда ва дар ҳар ҳарфи он, қасидае бо қалами зариф, дарҷ гардидааст. Инчунин, аз ҷумлаи муҳолтарини муҳолҳост, ки ин коинот бенаққошу офаринанда, бавуҷуд биёяд. Зеро, ин коинот чунон китобест, ки ҳар саҳифаи он, китобҳои фаровонеро дарбар мегирад. ҳатто дар ҳар калимаи он, як китоб вуҷуд дорад ва ҳар ҳарфи он, дарбаргирандаи қасидааст.

Бале, сатҳи замин як саҳифааст ва китобҳои фаровоне дар он вуҷуд дорад. Ҳар дарахт, як калимааст ва саҳифаҳои зиёде дар он ҳаст. Ҳар мева, як ҳарф ва ҳар тухмӣ, як нуқтааст ва дар ин нуқта, барнома ва феҳристи дарахти бузурге нӯҳуфтааст. Пас чунин дарх, танҳо метавонад нақши қалами Зоти Зулҷалоле бош, ки қудрату ҳикмати бепоён дорад ва ҷалолу ҷамол авсофи ӯст. Яъне, як нигоҳ ба олам ва мушоҳидаи он, мусталзами  чунин имон мебошад. Аммо касе, ки масту мадҳуши залолат бошад, ҳеҷ суде аз ин нигоҳ намегирад.

Ҳам онгуна, ки ҳеч хона бебино бавуҷуд намеояд, хусусан чунин хонае, ки бо нақшу нигорҳои аҷиб ва тазйиноти шигифтангез ва санъати хориқулода сохта шудааст, ба ҳадде ки дар ҳар санги он зарофату санъати ҳамаи қаср бакор бурда шудааст. Пас ҳеч оқил, қабул намекунад, ки чунин қаср бе як бинокори моҳир бавуҷуд биёяд. хусусан қасре, ки дар ҳар соат, ҳамчун пардаи синамо манзилҳои ҷадид дар он бо камоли назму ҳамоҳангӣ, шакл мегирад ва ба осонии иваз кардани либос,  иваз шуда, тағйир мекунад. Ҳатто дар ҳар пардаву саҳнаи ҳақиқӣ, чандин ҳуҷраи хурд сохта мешавад.

Пас ин ҳастии бузург низ, як офаридагори ҳакиму алим ва қадир мехоҳад. Зеро, ин коиноти шукӯҳманд ба як кохе монанд аст, ки моҳу хуршед чароғҳои он аст ва ситорагон, шамъҳову чилчароғҳои он башумор мераванд ва замон ҳам риштаю танобест, ки Сонеъи зулҷалол дар ҳар сол, олами дигареро бар он меовезад ва нишон медиҳад. ва дар он олам, суратҳои мураттабу муназзамеро дар сесаду шаст тарз, таҷдид мекуннад, ва аз сари нав, равонаи ҳастӣ месозад ва бо камоли назму ҳикмат, ононро тағйир медиҳад.

Ӯ сатҳи заминро ба сурати як суфра пур аз неъматҳои гуногун кардааст. ва дар ҳар фасли баҳор, ин суфраро бо сесад ҳазор навъи аз анвоъи махлуқоташ, ороиш медиҳад ва бо эҳсонҳои беҳадду ҳисобаш, пур месозад. Бо инки ин неъматҳо махлуту дарҳам омехтаанд, аммо бо камоли имтиёз ва тафовут аз якдигар, ҷудо мешаванд. Ҷиҳатҳои дигари онро худ муқоиса кун, то бидонӣ, чигуна метавон аз сонеъи чунин кохи шукӯҳманд, ғафлат кард?

Ва низ ҳамоқати бузурге хоҳад буд, агар касе дар нисфи рӯз ва дар осмони соф, хуршедро инкор кунад, бо вуҷуди дидашудани дурахшишу партавҳои он ба рӯйи кафкҳои дарё ва маводи дурахшандаи хӯшку порчаҳои барф, мавҷудияти онро қабул нанамояд. Зеро дар ин ҳолат, инкор кардани мавҷудияти як хуршед, мусталзами онаст, ки инкоркунандаи мавҷудияти хуршедакҳои ҳақиқию аслиро ба андозаи қатраҳову кафкҳои дарё ва пораҳои барф, пазираду қабул кунад! Пас онгуна ки пазируфтани мавҷудияти хуршеди бузург дар як зарраи хурд, ҳамоқату девонагист, ба ин монанд, имон наовардан ба Холиқи Зулҷалол ва тасдиқ нанамудани авсофи камоли Ӯ  бо дидани ин коинот ва мушоҳидаи дигаргуниҳо ва навовариҳои пай дар пайю муназзами он, ҳамоқатест бадтар аз ҳамоқати пешакӣ. Балки ҳазаёну ҷунун аст. Зеро надоштани имон ба офаридагор, мусталзами қабул намудани як улуҳияти мутлақ дар ҳар чиз ва ҳатто дар ҳар заррааст. Зеро — барои мисол — ҳар кадоми аз зарроти ҳаво, метавонад дар ҳар гул, ҳар меваю ҳар барг дохил шавад ва дар онҷо вазифаашро анҷом диҳад. Акнун агар ин зарра, маъмуру мусаххар набошад, онгоҳ лозим меояд, ки тарзи ташкилу ба вуҷуд омадани ҳар ончиро, ки метавонад вориди он шавад ва дар он кор кунад, бидонаду аз сурату таркибу сохтори он огоҳ бошад. Яъне лозим аст, ки илми муҳит ва қудрати фарогир доштабошад, то битавонад ба чунин корҳо даст бизанад.

Масалан: ҳар зарраи хок метавонад сабаби равиши навъҳои тухмиҳо қарор гирад. Акнун агар ин зарра, маъмуру мусаххар набошад, лозим меояд, ки абзору олоти маънавии фаровоне ба теъдоди ҳамаи гиёҳону дарахтонро бо худ доштабошад ва ё инки қудрату маҳорате ба ӯ дода шавад, ки битавонад наҳваи таркиби гиёҳону дарахтонро бидонаду бисозад ва симоеро ки ба онҳо пӯшонида шудааст, бишиносаду бибофад. мавҷудоти дигарро ба ин қиёс кун то бифаҳмӣ, ки дар ҳар чиз, далилҳои ошкору фаровони ваҳдоният вуҷуд дорад.

Бале, сохтани ҳар чиз аз як чиз ва сохтану табдил кардани ҳама чиз ба як чиз, кори махсуси Холиқи ҳамаи чиз аст. Пас ба фармони пуршукӯҳи وَ اِنْ مِنْ شَيْءٍ اِلاَّ يُسَبِّحُ بِحَمْدِهِ диққат кун! Пас бояд гуфт: Дар сурати қабул накардани Зоти воҳиди аҳад, лозим меояд, то илоҳҳое ба теъдоди мавҷудот қабул шавад.

 

Ишораи дуюм

Дар ҳикоят, аз як паёмовари гиромӣ, сухан ба миён омаду гуфта шуд: “Ҳар онки кур набошад бо дидани нишонаҳои ӯ дармеёбад, ки он шахсияти бузург, ба дастури подшоҳ ҳаракат мекунад ва маъмури хосси ӯст.” Бидон, ки ин паёмовари гиромӣ, Расули акрам (алайҳиссалоту вассалом) аст.

Бале, лозим аст, ки чунин коиноти зебо ва он Сонеъи муқаддасаш, чунин Расули акрам дошта бошад. Ин лузум, ҳамчун лузуми нур бар хуршед аст. Зеро, онгуна, ки нурафшонӣ накардани хуршед мумкин нест, ин имкон ҳам вуҷуд надорад, ки улуҳият, паёмбарони бузургворро нафиристаду худро нишон надиҳад. Магар имкон дорад, ҷамоле ки дар ниҳояти комил аст, нахоҳад худро ба василаи як роҳнамову муаррификунанда, нишон диҳад.

Оё мумкин аст, як санъати комилу бениҳоят зебо, алоқаманд ба намоиш даромадани ҳунару санъати худ, набошад ва ба василаи мубаллиғе ки нигоҳҳоро мутаваҷҷеҳи он месозад, шинохта нашавад.

Оё мумкин аст Салтанати куллии як Рубубияти омма, нахоҳад ваҳдонияту самадонияташро ба василаи шахсияти бузургворе, ки дорои ду ҷаноҳ (ду сифат) аст, ба табақаҳои мухталиф эълон нанамояд. дар шарҳи ду сифати он шахси бузургвор бояд гуфт, ки якеаш, убудияти куллист, ӯ аз ин лиҳоз, намояндаю тамсилкунандаи табақаҳои мухталифи мавҷудот дар пешгоҳи Худо мебошад. Дуюумӣ низ, сифати рисолату қурбият аст, ки аз ин лиҳоз, ӯ фиристодаи Худованд ба сӯйи ҳамаи оламиён аст.

Ҳам мумкин аст, соҳиби як ҳусни мутлақ, нахоҳад маҳосини ҷамол ва латоифи ҳуснашро дар оинаҳое, ки ҷамолро ҷилва медиҳанд, бубинад ва ба махлуқоташ нишон диҳад? Расуле, ки ҳам ҳабиб аст, бо убудияташ худро маҳбуби парвардигор карда, ва ҳам расул аст, ки парвардигорашро маҳбуби махлуқот мегардонад ва ҷамоли асмояшро нишон медиҳад.

Ҳам ҳеч мумкин аст касе, ки ганҷинаҳои пур аз ашёву ҷавоҳироти шигифтангез ва мӯъҷизоти аҷоибу арзишманд дорад, ба пешкаш намудан ва нишон додани он ба мардум майл надошта бошад ва камолоти пинҳонашро нишон надиҳад ва ба ин мақсад, як муаррификунандаи моҳир бар нагузинад?

Оё мумкин аст, Зоте ки ин коинотро бо маснуоти зебое, ки баёнгари камолоти асмои ӯст, танзим намуда ва онро ба монанди кохи шукӯҳманд қарор дода ва бо санъатҳои зарифаш ороста ва ба намоиш гузоштааст, муаллиму роҳнамоеро барои шиносоӣ ва баёни он муваззаф насозад?

Оё мумкин аст, соҳиби ин коинот сафиреро бар нагузинад ва тавассути ӯ, ғояту ҳадафи таҳаввулоти ин ҳастиро баён нанамояд ва ин тилисми муғлақу печидаро накушояд ва ба ин се саволи мушкили мавҷудот, ки иборат аст аз: “Аз куҷо омадаам? Ба куҷо меравам? Вазифаам чист?” посух надиҳад?

Оё мумкин аст, Холиқи Зулҷалоле, ки бо ин санъатҳои зебо, худро ба аҳли шуур муаррифӣ намуда ва бо неъматҳои арзишманд, худро маҳбуби он қарор додааст, расулеро нафиристад ва дар баробари он неъматҳо, хостаҳояшро аз аҳли шуур баён нанамояд?

Оё ҳеҷ мумкин аст, ки навъи инсонро ба ихтилофи дар шууру ҷиҳатгириҳо мубтало намуда ва истеъдодашро ба убудияти куллӣ, муҳаё сохтааст ба василаи як муршиду роҳнамо, нахоҳад назарҳои ин навъро аз касрат ба сӯйи тавҳид баргардонад?

Инчунин, далилҳои бисёр зиёди дигаре низ вуҷуд дорад, ки ҳар кадомаш ба як бурҳони қотеъ, вазифа ва масъулиятҳои нубувватро баён намуда ва собит месозад, ки: Улуҳият наметавонад бе рисолат бошад!

Акун, оё дар олам касе зуҳур намудааст, ки шоистатар аз Муҳаммади арабӣ алайҳиссалоту вассалом буда ва зиёда аз ӯ, ҷомеъи авсофу вазифаҳои мазкур бошад? Оё касе ҳаст, ки ба мансаби рисолат ва вазифаи таблиғ, лоиқтар аз ӯ бошад? Оё таърих, беҳтар аз ӯ касеро нишон додааст? Ҳаргиз, ва абадан! Ӯ имоми ҳамаи анбиё, сарвари ҳамаи асфиё, гузидаи ҳамаи муқаррабон, султони ҳамаи муршидон ва комилтарини ҳамаи махлуқот аст. Барои нишон додани рисолати ӯ ки иловаи ҳазорон мӯъҷизааш, монанди шаққи қамар ва фаварони об аз байни ангӯштонаш ва бар иловаи далелҳои беҳадду ҳисоби нубуввати ӯ, басандааст аз Қуръон ном бубарем, ҳамон Қуръоне, ки дарёи ҳақиқатҳову мӯъҷизаи куброст ва ҳамчун хуршеди тобон, бар рисолати ӯ муҳри тасдиқ мезанад. Дар рисолаҳои дигар, хусусан дар Гуфтори бисту панҷум, тақрибан аз чиҳил ваҷҳи эъҷози Қуръони карим баҳс намудаем, бинобар ин, дар ин ҷо ба ҳамин ёдоварӣ басанда мекунем.

 

Ишораи сеюм

Мабодо ба зеҳни касе хутур курда, бигуяд: Ин инсони кучак, чӣ арзишу аҳамият дорад, ки ин дунёи бузург барои муҳосибаи аъмоли ӯ ба охир мерасад ва дунёи дигар кушода мешавад!

Зеро, ҳамин инсони кӯчак ба лиҳози ҷомиъияти фитраташ, пешвои ҳамаи мавҷудот аст ва вазифаи таблиғи салтанати улуҳиятро ба уҳда дорад ва мазҳари убудияти куллӣ, мебошад. аз ин сабаб, аз аҳамияти шоён бархурдор аст.

Боз ба зеҳни касе хутур накунад, ки: ин инсон дар як умри бисёр кӯтоҳ, чигуна мустаҳиққи азоби абадӣ мешавад? Зеро куфр, арзишу дараҷаи ин коинотро, ки баробар бо қимату дараҷаи ин номаҳои самадонист, ба даракаи беҳудагӣ пойин меорад ва пучу холӣ, месозад ва ҳамаи коинотро таҳқир мекунад ва ба инкору радди ҳамаи асмои муқаддаси Илоҳӣ, мепардозад, ки ҷилваҳову нақшҳои он, дар мавҷудот дида мешавад. ва далелҳои бешумореро, ки нишондиҳандаи ҳаққонияту сидқи Офаридагори мутаол аст, такзиб мекунад. Аз инру, куфр, як ҷинояти бепоён аст ва ҷинояти бепоён низ, сабаби азоби бепоён мебошад.

 

Ишораи чорум

Чуноне, ки дар ҳикоят бо дувоздаҳ сурат дидем, ба ҳеч ваҷҳ мумкин нест, ки як подшоҳи бузург, мамлакати муваққатие доштабошад, ки монанди меҳмонхона аст, аммо мамлакати пойдору доимии дигаре ки шоистаи шукӯҳу азамату салтанати волои ӯст, надоштабошад.

Инчунин, ҳаргиз мумкин нест, ки Холиқи боқӣ, ин олами фониро эҷод намояд ва олами боқии дигарро халқ накунад. Ва низ мумкин нест, ки Сонеъи сармадӣ, ин коиноти бадеъу зоилро халқ кунад ва коиноти мустақарру доимии дигареро эҷод нанамояд. Ва низ мумкин нест, ки Фотири ҳаким ва Қадири раҳим, ин дунёро ки ба манзалаи намоишгоҳ ва майдони имтиҳон ва киштзори муваққатист, халқ кунад, аммо дори охиратро ки аз ҳамаи ҳадафҳову мақсадҳои он (дунё) парда бар медорад, халқ накунад.

Аз “дувоздаҳ дар” метавон вориди ин ҳақиқат шуд. Ва бо дувоздаҳ ҳақиқат, он дарҳоро метавон кушод. Мо аз кӯтоҳтарин ва содатарини онҳо оғоз мекунем.

 

Ҳақиқати якум

Боби Рубубият ва салтанат ва таҷаллии исми “Раб”

Оё мумкин аст Зоте, ки аз шаъни рубубияту салтанати улуҳият бархуодор аст, барои нишон додани камолоташ, чунин ҳастии шукӯҳмандеро бо ҳадафҳои бисёр олӣ ва мақсадҳои баланд халқ кунад, аммо ба мӯъминоне, ки мақсадҳои ӯро бо имону бандагӣ, посух додаанд, подош надошта бошад, ва аҳли залолатро ки ба радду таҳқири он мақсадҳо пардохтаанд, ҷазо надиҳад?!

 

Ҳақиқати дуюм

Боби караму раҳмат ва ҷилваи исми Кариму Раҳим

Оё мумкин аст Рабби ин олам, ки ба гувоҳии асарҳояш, караму раҳмати бепоён, иззату ғайрати номаҳдуд дорад, мукофоте, ки лоиқи караму раҳмати ӯст ва ҷазое, ки шоистаи иззату ғайрати ӯст, надошта бошад.

Бале, агар инсон ба ҷараёнҳои ин дунё диқат кунад, мебинад ки ба ҳар ҷондор, аз оҷизтарину заифтарини он гирифта то боқуваттарини он, ризқи шоиставу муносиб дода мешавад. Ҳатто Худованди мутаол ба заъифтарину оҷизтарини онҳо, беҳтарин рӯзиро медиҳад, ва доруи ҳар бемор, аз ҷое, ки гумон намекунад, расида, дар ихтиёраш қарор мегирад. Ва ниёзи ҳар ниёзманд, таъмин мегардад. Пас ин меҳмониҳои саховатмандона ва меҳрубониҳои бардавом, нишон медиҳанд, ки як кариму саховатманде ҳаст, ки ин умурро мечархонад.

Масалан: Дар фасли баҳор пӯшонидани либосҳои зебою сундус гуна бар тани ҳамаи дарахтон — мисли ин ки ҳурони биҳиштӣ бошанд — ва оростани ин дарахтон бо ҷавоҳироти гулҳову меваҳо, ва гузоштани онҳо дар хизмати мо, бо пешкаши ширинтарину хушмаззатарин меваҳо бо шохаҳои нозукашон, ки ба манзалаи дастони латифи онҳост. Ва низ тавонманд сохтани мо ба гирифтани асали ширину шифобахш, аз як ҳашараи заҳрогин. Ва пӯшонидани зеботарину нармтарин либос аз матоъе, ки як ҳашараи бедаст бофтааст. Ва нигаҳдории ганҷинаи як раҳмати бузург дар як тухмии хурд барои мо, бадоҳатан нишон медиҳад, ки ин корҳо, асари як карами бисёр зебо ва як раҳмати бисёр латиф аст.

Ва низ, кӯшишу талоши ҳамаи махлуқот — баҷуз инсон ва баъзе аз ҷонварон — аз хуршеду моҳ ва замин гирифта то хурдтарин махлуқ, дар роҳи анҷоми вазифаҳояшон бо камоли диққату назм ва бе ягон ғафлату аз ҳад гузаштан, ва итоату фармонбардории комили онҳо, дар таҳти як ҳайбати бузург, нишон медиҳад, ки ин махлуқот, ба амри Зоте ки соҳиби ҷалолу иззат аст, ҳаракат мекунанд.

Ҳамчунон, инояту муроқибати саршор аз шафқату марҳамати модарон ба навзодони заифу нотавонашон — чӣ дар наботот ё ҳайвонот ва ё инсонҳо — ва тағзияи онҳо бо ғизои латифу гуворое ҳамчун шир, ҷилваҳои раҳмати беканореро нишон медиҳад.

Пас модоме, ки мутасаррифи ин ҳастӣ, чунин карами бепоён, чунин раҳмати беканор ва чунин ҷалолу иззати мутлақ дорад, ва иззату ҷалоли мутлақ низ, хостори адаби беадабон аст. Ва карами бепоён низ, икроми бепоёнро мехоҳад. Ва раҳмати беканор низ, толиби эҳсоноти муносиб ба худ аст. Аммо дар ин дунёи фонию умри кӯтоҳ, танҳо ҷузъи ночизи аз онҳо, ки ҳамчун як қатра аз дарёст, таҳаққуқ меёбад ва таҷаллӣ мекунад.

Пас албатта, дори саодат вуҷуд дорад, ки лоиқи караму шоистаи раҳмат аст, вагар на лозим меояд, ки мавҷудияти ин раҳмати машҳуд инкор шавад, ки чунин амр, ба манзалаи инкори вуҷуди хуршед аст, ки рӯзро бо нураш пур сохтааст. Зеро заволе, ки бозгашт ба дунболи он набошад, истилзоми хомӯшии ҳақиқати раҳмат аз ҳастӣ аст. Зеро чунин завол, шафқатро ба мусибат, муҳаббатро ба ҳирқат, неъматро ба неқмат, лаззатро ба дард ва ақлро ба олати шуму наҳс мубаддал месозад.

Аз сӯйи дигар, он ҷалолу иззат низ, бояд ҷазохонаи муносиб дошта бошад. Зеро, аксаран золимон дар иззат ва мазлумон дар зиллату хорӣ, басар мебаранд ва саранҷом, ба ҳамин ҳолат дунёро тарк мегуянду мераванд. Пас маълум мешавад, ки подошу кайфари онон, ба як маҳкамаи кубро мавкул мегардад ва ба таъхир андохта мешавад ва ин таъхир, ҳар гиз ба маънӣи бепарвоию дар назар нагирифтан нест. Баъзан дар дунё низ, ситамгарон, ҷазои аъмолашонро мегиранд. Азобҳое, ки дар қарнҳои гузашта бар сари қавмҳои осию мутамаррид нозил шудааст, нишон медиҳад, ки инсон худсар нест, балки ҳар замон дар маърази силии як ҷалолу ғайрат қарор дорад. Оё мумкин аст инсон, аз байни ҳамаи мавҷудот баргузида шавад ва вазифаи муҳиму истеъдоди комилу фарогир ба ӯ дода шавад, Парвардигораш ҳам, бо ин ҳама махлуқоти мунтазамаш худро ба ӯ муаррифӣ кунад, аммо дар қиболи он, инсон ӯро бо имон нашиносад? Ва боз Парвардигори мутаол, бо арзонӣ доштани меваҳои зебои раҳматаш, худро маҳбуби ӯ гардонад. Аммо дар қиболи он, инсон худро бо ибодат маҳбуби ӯ қарор надиҳад? Ва боз Парвардигори мутаол, бо ин неъматҳои рангорангаш, муҳаббату раҳмати худро ба инсон нишон диҳад, аммо дар муқобили он, инсон бо шукру ҳамд, ба таҷлилу гиромидошти Ӯ напардозад? Оё мумкин аст, чунин инсон бе ҷазо боқӣ монад ва ба ҳоли худ раҳо шавад?! ва Зоти зулҷалоле, ки соҳиби он иззату ҷалол аст, ҷоеро барои ҷазои ӯ омода насозад?

Оё мумкин аст, он Парвардигори Раҳмону Раҳим ба мӯъминоне, ки бо шинохти имонӣ, аз таърифе ки ӯ аз худ нишон дода буд истиқбол намудаанд ва муҳаббати ӯро бо ибодату муҳаббат, посух додаанд, ва дар муқобили раҳматаш низ, бо шукру сипосгузорӣ, адои эҳтиром намудаанд, дори савобу саодат ва хӯшбахтии абадро ато нанамояд?

 

Ҳақиқати сеюм

Боби ҳикмату адолат ва таҷаллии исми Ҳаким ва Одил

Оё мумкин аст Зоти Зулҷалое, ки бо ҳикмат, интизом, адолату мизоне, ки аз заррот то саёрот  ҷараён дорад, салтанати рубубияташро нишон додааст, мӯъминонеро, ки ба рубубияти ӯ паноҳ овардаанд ва мутии ҳикмату адолати Ӯ ҳастанд, лутфу эҳсон нанамояд, ва беадабонеро, ки бо куфру туғёнашон ба исёну нофармонӣ аз он ҳикмату адолат пардохтаанд, ҷазо надиҳад?

Ҳоло онки инсон, дар ин дунёи фонию муваққат, ҷуз бахши ночизе аз подош ва ё ҷазое, ки лоиқи он ҳикмату адолат аст, дода намешавад ва ба оянда мавкул мегардад. Зеро аксари аҳли залолат бе инки ба кайфари аъмолашон бирасанд ва ағлаби аҳли ҳидоят ҳам, бе инки мукофот бубинанд, аз инҷо мераванд. Пас маълум аст, ки як довар дар ҳаққи онҳо, ба як маҳкамаи кубро ва саодати узмо, мавкул мегардад.

Бале, маълум аст, Зоте, ки дар ин олам тасарруф мекунад, бо ҳикмати бепоён ҳар корро анҷом медиҳад. Оё дар ин маврид далил мехоҳӣ?  Пас бубин ки Парвардигори мутаол дар ҳар чиз маслиҳатҳо  ва фоидаҳоро риоя мекунад! Магар намебини ки дар тамоми аъзои инсон, ба шумули: устухоҳову рагҳо, ҳатто дар ҳуҷайраҳои бадан ва дар ҳар ҷойю ҳар ҷузъи он, фоидаҳову ҳикматҳои фаровон дар назар гирифта шудааст. Ҳатто фоидаҳову асрори баъзе аз аъзои бадан, ба андозаи меваҳои як дарахт аст. Ин амр баёнгари ин аст ки ҳар кор, бо дасти як ҳикмати бепоён анҷом меёбаду амалӣ мешавад.

Ва низ мавҷудияти назму ҳамоҳангии комил дар санъату офариниши ҳар чиз, нишон медиҳад, ки коинот ҳикмати бепоён дорад.

Бале, дарҷ намудани барномаи дақиқи як гули зебо дар тухмии кӯчаки он ва навиштани саҳифаи аъмол, таърихчаи зиндагӣ ва феҳристи таҷҳизоти як дарахти бузург дар тухми он бо қалами қадари маънавӣ, ба вузӯҳ нишон медиҳад, ки қалами як ҳикмати бепоёне, машғули кор аст.

Ва низ мавҷудияти санъати зебо ва зарофати хос дар офариниши ҳар чиз, нишон медиҳад, ки ин санъату нақши зеборо як сонеъи бениҳоят ҳаким падид овардааст.

Бале, дарҷ намудани феҳристи ҳамаи коинот, калиди ҳамаи ганҷинаҳои раҳмат ва оинаҳои ҳамаи асмои ҳусно дар ҷисми хурди ин инсон, ҳикмати фарогиреро дар як санъати зебо нишон медиҳад.

Акнун оё мумкин аст, чунин ҳикмате ки бар ин иҷрооти Раббонӣ ғолиб аст, хостори латиф ва эҳсон бар касоне, ки ба сояи он паноҳ оварда ва бо имон, итоат намудаанд, набошад ва савобу подоши абадиро ба онон арзонӣ надорад?

Оё ту дар мавриди анҷомёфтани корҳо бо адолату мизон, далел мехоҳӣ? Пас бидон, ки додани вуҷуд ва пӯшонидани сурат ба ҳар чиз, бо мизонҳои ҳассосу меъёрҳои махсус ва гузоштани он дар ҷойи муносиб. Нишон медиҳад, ки ҳар як кор бар асоси адолату мизони бепоён, таҳаққуқ меёбад.

Ҳамчунин, додани ҳаққи ҳар соҳибҳақ, ба нисбати истеъдоду тавонмандиаш; яъне таъмини ниёзҳои мухталифи ӯ барои вуҷуд ва тадовуми зиндагӣ ба гунае, ки муносиби вазъияти ӯст, нишон медиҳад, ки дасти як адолати бепоён, ҳар чизро мечархонаду идора мекунад. Ва низ иҷобати давомдор ва баровардани ҳар он чи бо забони истеъдод ва ё бо забони ниёзи фитрӣ ва ё бо лисони изтирору дармондагӣ, хоста шудааст, нишон медиҳад, ки як адолату ҳикмати мутлақ, чархи коинотро мечархонад.

Акнун, оё мумкин аст чунин адолату ҳикмате, ки ба мадади хурдтарин махлуқ мешитобад, ниёзи бузурге ҳамчун бақои бузургтарин махлуқе ҳамчун инсонро иҳмол кунад? Ва бузургтарин хоҳишу бузургтарин орзӯи ӯро, беҷавоб бигузорад? Ва ҳашамату шукӯҳи рубубиятро пос надорад ва аз иҷобати ҳуқуқи бандагон тахаллуф варзад?! Аммо инсоне, ки умри кӯтоҳро дар ин дунёи фонӣ, сипарӣ мекунад, ба ҳақиқати чунин адолат нойил намегардад ва наметавонад нойил шавад. балки ба як додгоҳи бузург мавкул мешавад. Зеро адолати ҳақиқӣ мехоҳад, ки ин инсони кӯчак, на ба нисбати хурд буданаш, балки бар асоси бузургии ҷиноят, аҳамияти моҳияту азамати вазифааш, мукофоту муҷозот бинад. Аммо аз он ҷое, ки ин дунёи фонию зудгузар, ҳаргиз наметавонад дар хусуси инсоне, ки барои зиндагии абадӣ офарида шудааст, як маҳали муносиб ҷиҳати иҳқоқи он адолату ҳикмат бошад, пас ҳатман он Зоти Одили Ҷалили зулҷамол ва он Ҳакими Ҷамили зулҷалол, як ҷаннати абадӣ ва як ҷаҳаннами доимӣ дорад.

Ҳақиқати чорум

Боби ҷуд ва ҷамол ва таҷаллии исми Ҷаввод ва Ҷамил

Оё мумкин аст ҷуду саховати мутлақ, сарвати бепоён, ганҷинаҳои беинтиҳо, ҷамоли сармадии бемонанд ва камоли абадии беайбу нуқсон, хостори он набошад, ки ниёзмандони шукргузори ин ҷуду сахо ва муштоқону тамошогарони ҳайратзадаи он ҷамолу камол, барои ҳамеша дар як сарои саодату маҳали зиёфат ба сар баранд?

Бале, оростани чеҳраи дунё, бо ин ҳама маснуоти музаян; инчунин офтобро чароғ кардан ва омода сохтани моҳ ба монанди як лампа, ва густурдани замин ба монанди як суфраи неъмате, ки пур аз анвоъи ғизоҳои лазиз аст, ва ниҳодани дарахтони мевадор ба сурати зарфҳои рангин бар сари он суфра, ва таҷдиду тоза кардани он дар ҳар фасл барои чандин бор, нишондиҳандаи ҷуду саховати беҳаду ҳисоб аст.

Инчунин ҷуду саховати беҳаду ҳисоб, ва ончунон ганҷинаҳои бепоёну раҳмати беканор, хостори ҷойгоҳе барои  зиёфату маҳал барои саодат аст, ки ҳам ҷовидон бошад ва ҳам ҳамаи орзӯҳо дар он бароварда шавад. Ва низ барои қатъӣ, мехоҳад ононе, ки аз он зиёфату меҳмонӣ лаззат мегиранд, барои ҳамеша дар он маҳалли саодат давом кунанду боқӣ бимонанд, то дарди заволу фироқро начашанд. Зеро, онгуна, ки заволи дард, лаззат аст, заволи лаззат низ, дард мебошад. Пас чунин саховат, ҳаргиз хостори дарду ранҷ нест. Балки мавҷудияти як ҷаннати абадиро мехоҳад, ки бо ниёзмандон ҳамеша дар он боқӣ бимонанд.

Зеро ҷуду саховати бепоён, хостори эҳсону инъоми бепоён аст; ва эҳсону инъоми бепоён низ, хостори миннатдории бепоён мебошад. Ин амр, хостори давоми вуҷуди шахсист, ки мустаҳиққи эҳсон аст, то бо бархурдор шудан аз неъмати доимӣ, шукру имтинонашро дар баробари неъматҳои доимӣ нишон диҳад. Дар ғайри ин сурат, лаззати ночизе, ки заволу фироқ онро талх сохааст ва вақти он низ бисёр кӯтоҳ аст. ҳаргиз бо тақозои чунин ҷуду саховат созгор нест.

Боз ба намоишҳои гӯшаву канори ҳастие бингар, ки намоишгоҳи санъати илоҳист, ва ба эълоноти Раббоние,ки дар дасти набототу ҳайвоноти рӯйи замин аст, диққат кун. ва ба анбиёву авлиёе, ки халоиқро ба сӯйи маҳосини рубубият фаро мехонанд, гӯш дода ва бубин, ки чигуна ҳама боҳам, камолоти беайбу нуқсони Сонеъи зулҷалолро ба намоиш гузоштани санъатҳои хориқулодаи ӯ нишон медиҳанд ва дидаҳоро ба сӯйи ӯ ҷалб мекунанд.

Пас, Офаридогори ин коинот, камолоти бисёр муҳиму ҳайратангезу пинҳонӣ дорад. Мехоҳад бо ин санъатҳои зебо, онҳоро нишон диҳад. Камоли пинҳони беайбу нуқсон, дӯст медорад, дар пеши чашми таҳсин кунандагону мошоаллоҳ гуяндагон, ба намоиш дарояд. Камоли доимӣ низ, хоҳони зуҳури доимист. Ва ин низ ба навбати худ, давоми вуҷуди тақдиру таҳсинкунандагонро мехоҳад. Зеро, қимату арзиши камол дар назари таҳсинкунандае, ки боқию доимӣ нест, суқут мекунад. Ва низ онгуна, ки рушании рӯз  бар мавҷудияти хуршед далолат мекунад, ин мавҷудоти бисёр зебо, бо санъат, тобандаю оростае, ки дар саросари ҳастӣ, густурдааст, низ бар маҳосини як ҷамоли маънавии бемислу монанд далолат дорад. Ва ба латоифи як ҳусни пинҳону беназир ишора мекунад. Инчунин, ҷилваҳои он ҳусни муназзаҳ ва он ҷамоли муқаддас, аз мавҷудияти ганҷинаҳои пинҳонии бисёре дар асмои ҳусно ва ҳатто дар ҳар исм, ҳикоят дорад.

Пас ҳамон гуна, ки чунин ҷамоли пинҳону олӣ ва беназир, мехоҳад маҳосинашро дар як оина бубинад ва арзишу дараҷаҳои ҳусну миқёсҳои ҷамолашро дар як оинаи бошууру муштоқ, мушоҳида намояд. Инро низ мехоҳад, ки ба манзури нигаристан ба ҷамоли маҳбубаш бо назари дигарон, зуҳур намояд ва таҷаллӣ кунад. Яъне мехоҳад аз ду ҷиҳат, ҷамоли худро бубинад:

Якум: Мушоҳидаи ҷамол биззот, дар оинаҳое, ки рангҳои мухталиф доранд.

Дигарӣ: Мушоҳида намудани ҷамол, бо назари тамошокунандагон, муштоқону таҳсинкунандагони мутаҳайир.

Яъне, ин ки: ҳусну ҷамол, мехоҳанд бубинанд ва дидашаванд, дидану дида шудан низ, хоҳони мавҷудияти тамошокунандагони муштоқу таҳсинкунандагони мутаҳайир аст. Аз он ҷое, ки ҳусну ҷамол, абадию сармадӣ ҳастанд, бинобар ин, вуҷуди муштоқони ҳамешагиро барои худ мехоҳанд. Зеро ҷамоли доимӣ, ба муштоқи зоилу фонӣ, розӣ намешавад.

Зеро, тамошокунандае, ки ба заволу бознагаштани ба ҳаёт маҳкум аст, бо тасаввури завол, муҳаббаташ ба адоват, ва ҳайраташ ба истихфоф ва эҳтиромаш ба таҳқир табдил мешавад. Зеро онгуна, ки инсони худхоҳ бо ончи намедонад, душман аст. Бо чизе, ки дасташ ба он намерасад низ адоват мекунад. Пас, тамошокунандаи маҳкуми ба завол, дар баробари ҷамоле, ки шоистааст, бо муҳаббати бепоёну шавқу истеҳсони беҳад муқобил шавад, адовату кина ва инкори зимнӣ (пӯшида)-ро дар дил мепарваронад. Ва аз ҳамин ҷо, рози душмани Худо будани кофир, фаҳмида мешавад.

Вақте он ҷуду сахои номаҳдуд, ва он ҳусну ҷамоли бемонанд ва он камоли беайбу нуқсон, хоҳони абадӣ будани шукргузорону муштоқон ва таҳсинкунандагон аст, ва мо дар ин меҳмонхонаи дунё мебинем, ки ҳар кас базудӣ куч карда, меравад ва нопадид мешавад. танҳо андаке аз эҳсони онро мечашаду иштиҳояш боз мешавад ва пеш аз сер шудан, дунёро тарк карда меравад. Ва аз он ҷамолу камол низ, танҳо партави ночиз ва ҳатто сояи заифи онро барои як лаҳза мебинад, пеш аз сер шудан, меравад. Яъне ба як тамошогаҳи доимӣ меравад.

 

Хулоса: Онгуна, ки ин ҳастӣ, бо тамоми мавҷудоташ ба таври қатъӣ ба Сонеъи Зулҷалол далолат мекунад, сифоти муқаддаси асмои ҳуснои Сонеъи Зулҷалол низ, ба дори охират далолат мекунад ва онро нишон медиҳад ва хоҳони он аст.

 

ҲАҚИҚАТИ ПАНҶУМ

Боби шафқату убудияти Муҳаммадия (алайҳиссалоту ва-ссалом) ва таҷаллии исми “Муҷиб” ва “Раҳим”

Оё ҳеҷ мумкин аст Раббе, ки шафқату раҳмати беканор дорад, хурдтарин ниёзи хурдтарин махлуқро мебинад ва онро аз ҷое, ки гумон намебарад, бо камоли шафқату меҳрубонӣ, бароварда месозад ва пинҳонтарин садои пинҳонтарин махлуқро мешунаваду ба мададаш мерасад ва ҳар чизеро, ки бо забони ҳолу қол хоста шудааст, иҷобат мекунад; оё мумкин аст чунин парвардигори иҷобаткунандаю меҳрубон, бузургтарин ниёзи бузургтарин банда ва дӯстдоштатарин махлуқашро бароварда насозаду ба кумакаш нашитобад!

Бале, масалан: Лутфу суҳулате, ки дар хусуси тағзияву тарбияи ҳайвоноти заифу навзодашон ба мушоҳида мерасад, хеле хуб нишон медиҳад, ки молики ин коинот, бо як раҳмати беканор, рубубият мекунад. Оё имкон дорад, Рубубияте, ки то ин андоза мушфиқу меҳрубон аст, зеботарин дуои бартарин махлуқро қабул накунад? Ин ҳақиқатро дар Гуфтори нуздаҳум баён намудабудам, дар инҷо бозҳам, такрораш мекунам.

Эй дӯсте, ки ҳамроҳ бо нафсам, манро гӯш мекунӣ! дар ҳикояти тамсилӣ гуфта будем: Дар як ҷазира, иҷтимоъе барпост, ва як паёмовари гиромӣ, дар ҳоли суханронист. Пас ҳақиқате, ки ҳикоят ба он ишора мекунад, бад-ин қарор аст:

Биё! то аз қайду банди замона халос шавем ва бо афкори худ, ба асри саодат ва бо хаёли худ, ба Ҷазирату-л Араб биравем, то Расули акрам(алайҳссалоту ва салом)-ро дар ҳоли анҷоми вазифаю ибодат бубинем ва зиёраташ кунем. Бубин! Ӯ онгуна, ки бо рисолату ҳидояташ, сабаби ҳусули саодати абадӣ ва василаи вусули он аст, бо убудияту дуояш низ, сабаби вуҷуди он саодат ва василаи эҷоди ҷаннат мебошад.

Пас бубин! Ин Паёмбари бузургвор, дар чунон салоти кубро ва бо чунон ибодати воло, барои саодати абадӣ дуо мекунад, ки гӯё ҷазирату-л араб, ҳатто саросари замин бо намози боазамати ӯ намоз мегузорад ва ба дуои ӯ омин мегуяду ба ниёиш мепардозад. Зеро, убудияти он Ҳазрат (саллаллоҳу алайҳи васаллам) убудияти ҳамаи умматашро, ки пайрави ӯ ҳастанд, тазаммун мекунад (дар бар мегирад). Ва низ назар ба сирри — мувофиқати дар усул — сирри убудияти ҳамаи анбиёро низ, дар бар мегирад.

Ӯ он салоти куброро бо чунон ҷамоати бузурге адо мекунад ва бо чунон як риққату тазаррӯъ ба ниёиш мепардозад, ки гӯё ҳамаи инсонҳои комилу нуронии бани одам, аз ҳазрати Одам гирифта то асри мо, ҳатто то қиёмат, ба ӯ иқтидо намуда ва ба дуояш омин мегуянд. Бубин! Ӯ барои як ниёзи умумие, ки бақову ҷовидонист, ончунон дуо мекунад, ки на танҳо аҳли замин, балки аҳли осмонҳо, ҳатто ҳамаи мавҷудот ба дуову ниёиши ӯ иштирок намуда ва бо забони ҳолашон мегуянд: Бале, Парвардигоро! Дуояшро қабул кун, мо низ хостаҳои ӯро мехоҳем.

Боз бубин! Ӯ ончунон ғамгинонву маҳбубона ва муштоқонаю тазаррӯона, саодати абадиро мехоҳад, ки ҳамаи коинотро андӯҳгин сохта, ба гиря дармеорад ва дар дуояш шарик месозад.

Бубин! Ӯ саодату хушбахтиро барои чунон мақсади волое мехоҳаду дуо мекунад, ки инсон ва ҳамаи махлуқотро аз суқути дар асфалусофилин, ки фанои мутлақу беарзишию беҳудагист, наҷот дода, ба аъло илийине, ки саросар арзишу бақост боло мекунад, ва вазифаҳою масъулиятҳои волое ба ӯ месупорад. Ин шоистагиро ба ӯ медиҳад, ки ба манзалату дараҷаи мактуботи самадонишудан, даст ёбад.

Бубин! Ӯ бо гиряву зорӣ, мадад мехоҳад ва бо талабу орзуе, ки аз умқи вуҷудаш бархоста, ба андозае илтимос мекунад, ки гӯё оҳу нолаашро ба ҳамаи мавҷудот, ҳатто осмонҳову арш мешунавонад ва ононро ба ваҷду шавқ меорад. ва бо шарик сохтани дар дуояш, ба гуфтани: “Омин, аллоҳумма омин” вомедорад. Бубин! Ӯ саодату бақоро аз чунон Қадире, ки самеъу карим ва аз чунон Алиме, ки басиру раҳим аст, мехоҳад, ки ӯ пинҳонтарин орзӯ ва махфитарин ниёзи пинҳонтарин зиҳаётро мебинад, мешунавад, қабул мекунад ва бо камоли марҳамат, бароварда месозад. Ҳатто агар ин дуо бо забони ҳол низ бошад, онро иҷобат мекунад.

Бале, ӯ бо чунон ҳикмату басирату марҳамат, ба мадади он мерасад ва иҷобат мекунад, ки ҳеҷ тардид боқӣ намегузорад. ва он тарбияту тадбир, махсуси чунин Зоти самиъу басиру кариму раҳим аст.

Аҷабо, ин фахри коинот (с) ки шарафи навъи инсон ва фариди кавну замон аст ва ҳамаи банни одамро пешвоӣ мекунад ва бо қарор гирифтан бар кураи замин ва бо рӯй овардан ба сӯйи Арши аъзам, ба дуову ниёише мепардозад, ки шомили ҳақиқати убудияти Аҳмадӣ, ки хулосаи убудияти башарият аст мебошад. Бубин, ӯ чи мехоҳад. Биё ба ӯ гӯш фаро диҳем:

ӯ ба худ ва ба умматаш, саодати абадиро мехоҳад. Ӯ хоҳони ҷовидонӣ, дар дори бақост. Ӯ ҷаннату неъматҳои онро металабад. Ӯ биҳиштро ҳамроҳ бо ҳамаи асмои муқаддаси Илоҳӣ, ки ҷамолашро дар оинаи мавҷудот нишон додааст, металабад. Чунон ки мебинӣ, он асмои ҳусноро шафоатгар қарор медиҳад.

Агар ҳеҷ як аз асбоби муҷибаи охират ва ҳеҷ як аз далоили вуҷуди он намебуд, танҳо як дуои ин Паёмбари гиромӣ кофӣ буд, то сабаби эҷоди ҷаннат шавад. Ҳамон ҷаннате, ки офаридани он, дар баробари қудрати Холиқи раҳими мо, ба андозаи падидовардани фасли баҳор, осон аст.

Бале, ба Қадири мутлақе, ки дар фасли баҳор сатҳи заминро ба монанди як мисол барои ҳашр қарор дода ва садҳо ҳазор намунаи ҳашру растохезро ба вуҷуд овардааст, офаридани биҳишт чигуна метавонад мушкил бошад?!

Пас онгуна, ки рисолати ӯ алайҳиссалоту вассалом сабаби кушода шудани ин дори имтиҳон гардид ва боиси ошкор шудани рози لَوْلاَكَ لَوْلاَكَ لَمَا خَلَقْتُ اْلاَفْلاَكَ шуд, убудияташ низ, сабаби кушодашудани он дори саодати абадӣ қарор гирифт.

Пас, оё мумкин аст ин интизоми ҳастие, ки ақлҳоро ба ҳайрат андохтааст ва ҳусни санъати бенуқсону ҷамоли рубубияте, ки дар зери пӯшиши як раҳмати беканор қарор дорад, бо иҷобат накардани он дуо, қубҳи шанеъу зулми фаҷеъ ва як ҳарҷумарҷро қабул кунад! Яъне ҷузъитарин ва беаҳамияттарин хоҳишоту садоҳоро бо аҳамияти комил бишнавад ва бароварда созад, аммо муҳимтарин ва заруритарин орзӯҳоро беаҳамият бишумораду набинад ва нашунавад ва иҷобат накунад. Ҳошо ва калло, сад ҳазор бор ҳошо ва калло! чунин ҷамол, ҳаргиз бо пазируфтани ин зиштӣ, зишт намешавад.

Пас, онгуна, ки Расули акрам алайҳиссалоту вассалом бо рисолаташ, дарвозаи дунёро боз кард, бо убудияташ низ, дари охиратро хоҳад кушод.

عَلَيْهِ صَلَوَاتُ الرَّحْمنِ مِلْءَ الدُّنْيَا وَ دَارِ الْجِنَانِ ٭ اَللّٰهُمَّ صَلِّ وَ سَلِّمْ عَلَى عَبْدِكَ وَ رَسُولِكَ ذلِكَ الْحَبِيبُ الَّذِى هُوَ سَيِّدُ الْكَوْنَيْنِ وَ فَخْرُ الْعَالَمَيْنِ وَ حَيَاتُ الدَّارَيْنِ وَ وَسِيلَةُ السَّعَادَتَيْنِ وَ ذُو الْجَنَاحَيْنِ وَ رَسُولُ الثَّقَلَيْنِ وَ

عَلَى آلِهِ وَ صَحْبِهِ اَجْمَعِينَ وَ عَلَى اِخْوَانِهِ مِنَ النَّبِيِّينَ وَ الْمُرْسَلِينَ آمِينَ

 

 

ҲАҚИҚАТИ ШАШУМ

Боби ҳашамату сармадият ва таҷаллии исми Ҷалил ва Боқӣ.

Оё мумкин аст рубубияти шукӯҳманде, ки ҳамаи мавҷудотро аз хуршедҳо то дарахтону заррот, ба унвони сарбозони гӯш ба фармон, тасхиру идора мекунад, салтанаташро танҳо бар ҳамин фониҳои бечораю парешоне, ки зиндагии муваққатиро дар ин меҳмонхонаи дунё, сипарӣ мекунанд, мунҳасир созад ва мақарри боқию сармадиро барои шукӯҳу салтанаташ, наофарад ва мадори рубубияти олию абадиро эҷод накунад?!

Бале, иҷрооти шукӯҳманде ҳамчун табдили фаслҳо, ва тасарруфоти бузурге ҳамчун ба гардиш даровардани саёрот ва тасхироти муҳибе ҳамчун гаҳвора сохтани замин ва чароғ сохтани хуршед ва таҳаввулоти васиъе ҳамчун зинда кардан ва оростани замини мурдаву хушкида, нишон медиҳад, ки дар паси парда, рубубияти муаззаму бузурге вуҷуд дорад ва бо як салтанати пуршукӯҳ, ҳукумравоӣ мекунад. Пас, чунин салтанати рубубият, хоҳони раиятест, ки муносиби он бошад, ва афродеро мехоҳад, ки шоистаи мазҳар бошад.

Ҳоло онки мебинӣ, аз назари моҳият, муҳимтарину ҷомеътарин банда ва раиятҳои ӯ, ба сурати ошуфтаю парешон дар ин меҳмонхонаи дунё, муваққатан ҷамъ шуданд. Меҳмонхона низ, ҳар рӯз пуру холӣ мешавад.

Ва раият низ, танҳо барои таҷрубаю озмоиши вазифаашон, муваққатан дар ин майдони имтиҳон ҳастанд. Майдон низ, дар ҳар соат табдил мешавад. Ва ҳамаи афроди он раият, барои тамошо намудани намунаҳои эҳсоноти арзишманду санъатҳои бадеъи Сониъи Зулҷалол дар намоишгоҳҳои бозори ҳастӣ, барои як чанд дақиқа, дар ин намоишгоҳ меистанд ва барои тиҷорат, тамошо мекунанд ва сипас, нопадид мегарданд. Худи ин намоишгоҳ низ, дар ҳар дақиқа, таҳаввул мешавад. Онки рафта, боз намеояд ва онки омадааст, меравад. Пас, ин ҳолу вазъият, яқинан нишон медиҳад, ки дар паси ин меҳмонхонаву ин майдон ва ин намоишгоҳҳо, қасрҳои доимию масканҳои абадӣ, қарор дорад, ки шоистаи салтанати сармадист. Ва боғҳою ганҷинаҳо маҷуд аст, ки асли намунаҳову суратҳое, ки дар ин дунё дида будем, дар онҷо қарор дорад ва холису ноб аст. Пас, маълум мешавад, талошҳои инҷо, барои дастёфтан ба онҳост. Дар инҷо кор мефармояд, ва дар онҷо подош медиҳад. Пас, ҳар кас бо таваҷҷуҳ ба истеъдоду талошаш, дар онҷо саодат дорад — ба шарте, ки онро аз даст надиҳад -.

Бале, муҳол аст, ки чунин салтанати сармадӣ, танҳо бар ҳамин фониҳои залил, мунҳасир бимонад.

Ба ин ҳақиқат, аз дурбини мисоли зер бингар:

Фарз кун ту дар роҳе меравӣ, мебини ки дар масири роҳ, як корвонсаро вуҷуд дорад, онро як подшоҳи бузург барои меҳмононаш сохтааст. Барои шод намудани меҳмонон ва ибрат гирифтани онҳо, миллионҳо сиккаи тиллоиро барои зинату оростани он корвонсаро масраф месозад. Аммо он меҳмонон ба як муддати кӯтоҳ, ба тамошои гӯшаҳои ночизи аз тазйинот мепардозанд ва андаке аз он ғизоҳоро бошитоб мечашанд ва пеш аз сершудан, корвонсароро тарк карда, мераванд. Аммо ҳар як меҳмон, бо дурбини аккосии махсусе, ки дорад, аз ашёи он корвонсаро тасвирбардорӣ мекунад. Коргарони соҳиби корвонсаро низ, аъмолу рафтори меҳмононро бо камоли диққату амонат, филмбардорӣ мекунанд. Низ мебинӣ, ки он подшоҳ, бахшҳои умдаи зиннатҳои боарзишро рӯзона вайрон карда, ба меҳмонони наваш, зинатҳои навро бавуҷуд меорад. Пас аз дидани инҳо оё шубҳае боқӣ мемонад, ки шахсе, ки ин корвонсароро дар масири ин роҳ сохтааст, қасрҳои бисёр баланду доимӣ ва ганҷинаҳои арзишманди бепоён ва саховати бузургу мустамир дорад. Бо нишондодани лутфу карамаш дар ин корвонсаро, ба чизҳое, ки дар назди худ дорад, иштиҳои меҳмононро мекушояд ва ба ҳадяҳое, ки барои онҳо омода кардааст, майлу рағбаташонро бармеангезонад.

Ба ин монанд, агар аз ин мисол дар вазъияти ин меҳмонхонаи дунё тааммул кунӣ, ва бо дироят дар он бияндешӣ, ба ин нӯҳ асос пай хоҳӣ бурд.

 

Асоси Якум: Хоҳӣ фаҳмид, ки ин дунёи монанд ба он меҳмонсаро низ, бесабабу аз пеши худ пайдо нашудааст. Худ бахуд, ба ин шаклу сурат наомадааст. Балки меҳмонхонаест, ки бо ҳикмат сохташудааст ва ҳамеша пуру холӣ мешавад ва корвони махлуқоте, ки аз роҳ омадаанд, дар он манзил мекунанд ва мераванд.

 

Асоси Дуюм: Низ хоҳӣ фаҳмид, ки сокинони ин меҳмонсаро, меҳмононе ҳастанд, ки Парвардигори каримашон, ононро ба доруссалом даъват мекунад.

 

Асоси Сеюм: хоҳӣ фаҳмид, ки зинатҳои ин дунё, танҳо барои талаззузу баҳрабардорӣ нест. Зеро агар барои як лаҳза лаззатовар бошад, бо фироқаш соатҳо ранҷ медиҳад, ба ту мечашонаду иштиҳоятро мекушояд, аммо серат намесозад. Зеро умри ту ва ё умри ӯ бисёр кӯтоҳ аст, барои сершудан кифоякунанда нест. Пас, ин зиннатҳое, ки арзишашон олию умрашон кӯтоҳ аст, барои ибрат ва шукру ташвиқ барои расидан ба усули он аст ва барои ҳадафҳои баланду болои дигарест.

 

Асоси Чорум: Хоҳӣ фаҳмид, ки зинатҳои ин дунё дар ҳукми суратҳову намунаҳои неъматҳоест, ки бо раҳмати Худовандӣ, дар ҷаннат барои мӯъминон захира шудааст.

 

Асоси Панҷум: Хоҳӣ фаҳмид, ки ин маснуоти фонӣ, барои фано нестанд. ва ба ин хотир офарида нашудаанд, ки лаҳзае дида шаванд, сипас маҳву нобуд гарданд. Бале, дар ин ҷо ба муддати кӯтоҳ ҷамъ шуда, вазъияту ҷойгоҳи хостаашонро гирифтаанд, то аз онҳо тасвирбардорӣ гардад ва маънӣҳояшон фаҳмида шавад ва натиҷаҳояшон забт гардад, то ба аҳли хулуду ҷовидонагӣ, манозири доимию ҳамешагиро насҷ намоянд (бофанд) ва дар олами бақо низ, мадори ғояҳои дигар шаванд.

Аз мисоли зер фаҳмида мешавад, ки ашё барои бақо офарида шудаанд, на фано, ҳатто фанои зоҳириашон низ, ба мафҳуми рухсату поён ёфтани вазифаю маъмурият аст. Пас ончи аз як ҷиҳат ба фано меравад, аз ҷиҳатҳои бисёр зиёоде боқӣ мемонад. Масалан: Ба як гуле, ки яке аз калимоти қудрати илоҳист, бингар ва бубин, ки як муддати кӯтоҳ табассум мекунаду ба мо менигарад, сипас дар паси пардаи фано, пинҳон мешавад. Аммо ҳамчун вожае, ки аз даҳонат берун шудааст, ӯ низ мераваду ҳазорон мисолашро дар гӯшаҳо ба вадиат мемонад ва ба теъдоди ақлҳои шунаванда, маънӣҳояшро дар ақлҳо бар ҷо мегузорад ва пас аз анҷоми вазифааш, ки ифодаи маънӣ буд, роҳашро гирифта, меравад. Пас, ин гул низ, пеш аз рафтан, сурати зоҳириашро дар ҳофизаи ҳар чизе, ки дидааст мегузорад ва моҳияти маънавиашро низ, дар базраш ҷо медиҳад. гӯё, ҳар ҳофизаю ҳар базр, ба манзалаи аксу тафсирест ҷиҳати ҳифзи зиннату зебоӣ ва тасвири он, ва маҳалест ҷиҳати давоми бақои он.

Вақте, бо маснуъе, ки дар пойинтарин сатҳи ҳаёт қарор дорад, чунин рафтор барои бақо сурат гирад, ба хубӣ метавон дарёфт, ки инсоне, ки дар болотарин табақаи ҳаёт ба сар мебарад ва соҳиби арвоҳи боқӣ аст, чи қадар бо бақою ҷовидонагӣ иртибот дорад. Вақте аксу тасвири набототи гулдору мевадор ва қонуни таркибашон, ки андаке ба руҳ шабоҳат дорад, дар базрҳою ҳастаҳои заррамонанди онҳо бо камоли назм ва бо вуҷуди инқилобҳои пурҳарҷумарҷ, муҳофизату нигаҳдорӣ мешавад, ба хубӣ метавон дарёфт, ки рӯҳи инсон ки дорои хислатҳои ҷомеъу моҳияти воло буда ва як қонуни амри зишууру нуронист ва вуҷуди хориҷӣ пӯшонида шудааст, чи қадар бо бақо пайванд дорад ва чи андоза дар иртибот аст.

 

Асоси Шашум: Ва низ хоҳӣ донист, ки инсон, худсару бепарво раҳо нашудааст, то дар ҳар ҷо, ки хоста бошад бичарад. Балки ҳамаи аъмолу кирдори ӯ, ёддошту филмбардорӣ мешавад ва ҳамаи афъолаш, сабту забт мегардад то ба муҳосиба кашонида шавад.

 

Асоси Ҳафтум: Хоҳӣ фаҳмид, ки маргу нобудие, ки дар фасли тирамоҳ ба суроғи махлуқоти баҳору тобистон меояд, фанои ҳамешагию эъдоми абадӣ нест. Балки, тархиси онҳо пас аз анҷому итмоми вазифаашон аст. Ва низ, заминасозию холӣ намудани макон ба махлуқотест, ки дар баҳори нав меоянд ва ҷойи мавҷудоти пешинро ишғол намуда, вазифаю маъмурияти худро анҷом медиҳанд.

Ва низ, ҳушдору танбеҳҳои субҳонӣ аст, ба аҳли шууре, ки ғафлати вазифаҳояшонро аз ёдашон бурда, мастӣ низ, ононро аз шукр боздоштааст.

 

Асоси Ҳаштум: Ва низ, хоҳӣ фаҳмид, ки Сонеъи сармадии ин олами фонӣ, олами боқию доимии дигаре дорад, ки бандагонашро ба самти он савқ медиҳаду ташвиқ мекунад.

 

Асоси Нӯҳум: Ва хоҳӣ донист, ки Раҳмон, бандагони мухлисашро дар он олами паҳновар, чунон икром мекунад, ки на чашм онро дида ва на гӯш онро шунида ва на бар қалби башар хутур намудааст. Оманно…

 

ҲАҚИҚАТИ ҲАФТУМ

Боби ҳифзу ҳафизият ва таҷаллии исми Ҳафиз ва Рақиб

Оё мумкин аст Ҳафизу Рақибе, ки ҳар чизи тару хӯшк, хурду бузург, одию олиро дар осмону замин ва дар хушкию дарё бо камоли интизому мизон муҳофизат карда, аъмолу кирдори инсонро ки дорои фитрати волост ва рутбаи хилофати дар заминро ба даст овардааст ва вазифаи бузурге ҳамчун амонати куброро ба душ дорад, муроқибат нанамояд? ва афъоли ӯро, ки ба рубубият тамос мегирад, муҳофизат накунад? ва муҳосиба нанамояд? ва дар тарозуи адолат вазн накунад? ва ҷазою мукофоти шоистаро ба ӯ надиҳад? Ҳаргиз!

Бале, Зоте, ки ин коинотро идора мекунад, ҳар чизро дар даруни низому мизон, муҳофизат менамояд. Мизону низом низ, мазҳари илму ҳикмат ва иродаю қудрат аст. Зеро мебинем, ки ҳар як махлуқ ба ғоят мунтазаму мавзун офарида мешавад, ва суратҳое, ки дар тӯли ҳаёташ тағйир медиҳад низ, дар як интизоми дақиқ аст. Онгуна, ки ҳайъати маҷмӯъаш таҳти як назми устувор қарор дорад. Ва низ мебинем, ки Ҳафизи зулҷалол, суратҳои ҳар чизро, ки бо поён ёфтани вазифааш, ба умраш низ хотима додамешавад ва аз ин олами шаҳодат, рахт бармебандад. Дар ҳофизаҳое, ки ба лавҳи маҳфуз шабоҳат доранд ва дар чизҳое, ки ба оинаҳои мисолӣ монанданд, муҳофизату нигаҳдорӣ мекунад. ва аксари таърихчаи зиндагии онро, дар базрҳояш менависад ва дар фаровардаҳою меваҳояш нақш мезанад, ва дар оинаҳои зоҳирию ботинӣ ба ҳаёти он идома медиҳад. Масалан: Ҳофизаи башар, меваи дарахт, ҳастаи меваю базри гул, азамати иҳотаи қонуни ҳафизиятро нишон медиҳад.

Магар намебинӣ, ки ҳамаи мавҷудоти гулдору мевадори баҳори бузургу густурдаро ҳамроҳ бо саҳифаҳои аъмоли махсус ва қонунҳои таркибу намунаҳои аз суратҳояшон дар як шумори маҳдуди аз базрҳо менависаду муҳофизат мекунад. Ва бо фарорасии баҳори оянда, саҳифаҳою барномаи кориро бар асоси санҷишу муҳосибаи дақиқе, ки муносиби онҳост, мегустаронад. Ва баҳори шукӯҳманди дигареро бо камоли интизому ҳикмат, равонаи ҳастӣ месозад. Оё ин амр, нишон намедиҳад, ки ҳафизият бо чи иҳотаи неруманде нофизу ҷорист?!

Вақте аз ашёи зудгузар, одӣ, нопойдору беаҳамият, чунин муҳофизат ба амал ояд, оё мумкин аст, аъмолу кирдори башар, ки дар олами ғайбу олами охирату олами арвоҳ ва дар пешгоҳи рубубияти Парвардигор, самараҳои муҳимеро бабор меорад, ҳифз нашавад ва бо аҳамият, сабту забт нагардад? Ҳаргиз ва абадан!

Бале, аз таҷаллии ин ҳафизият бад-ин сурат фаҳмида мешавад, ки молики ин мавҷудот, ба забту ёддошти ҳамаи ҷараёноту рухдодҳои мулкаш таваҷҷуҳу аҳамияти хос дорад. Инчунин дар кори ҳокимият, бисёр зиёд диққат мекунад. Дар салтанати рубубияташ низ, ба андозае эҳтимом меварзад, ки хурдтарин ҳодиса ва ночизтарин амалро менависад ва менависонад. Ва сурати ҳар он чиро, ки дар мулкаш ҷорист, дар ҷоҳои мутааддиду дар чизҳои зиёд, муҳофизат мекунад.

Пас, ин ҳафизият, далолаткунанда бар ин аст, ки як дафтар барои муҳосибаи аъмол кушода хоҳад шуд. Хоссатан бузургтарин аъмол ва муҳимтарин афъоли бузургтарину мукаррамтарин ва мушаррафтарин махлуқе ҳамчун инсон, ки фитратан аз мазоёи зиёд бархурдор аст, вориди мизон ва як муҳосибаи дақиқ хоҳад шуд. Ва саҳифаҳои аъмоли ӯ, ба нашр хоҳад расид.

Оё ҳеҷ ақл инро мепазирад, ки ин инсон, бо мақоми хилофату амонат, гиромӣ дошта шавад ва бо эълону таблиғгари ваҳдоният дар майдонҳои мухталифи махлуқот ва бо тамошои шууноти куллии рубубият, ба манзалати пешвою шоҳид будан бар махлуқот бо мудохила  дар ибодатҳою тасбиҳоташон ноил ояд ва саранҷом низ, ба қабр бираваду роҳату ором бихобад ва бедор карда нашавад? ва аз ҳар амали хурду бузурги ӯ, пурсида нашавад? ва ба маҳшар нараваду дар додгоҳи бузург, ба муҳокима кашонида нашавад?! Ҳаргиз ва ҳаргиз!

Ин инсон, чигуна метавонад ба адам бираваду дар хок пинҳон шавад ва аз дасти Қадири зулҷалол фирор кунад. Ҳамон Қадири зулҷалоле, ки ҳамаи воқеаҳову рухдодҳои гузашта, ки мӯъҷизаҳои қудрати ӯ ҳастанд, бар қодир буданаш бар ҳамаи мумкиноте, ки дар замонҳои оянда рӯх хоҳад дод, далолат мекунад. Ва замистону баҳорро, ки шабеҳи қиёмату ҳашранд, бавуҷуд меорад.

Аз онҷое, ки инсон дар ин дунё ба гунае, ки мустаҳиқ аст, ба муҳосиба кашонида намешавад ва ҳеҷ ҳукм дар мавриди он содир намешавад. Пас бешубҳа, ӯ рӯзе ба як маҳкамаи кубро ва ба як саодати узмо, хоҳад рафт.

 

ҲАҚИҚАТИ ҲАШТУМ

Боби ваъду ваид ва таҷаллии исми Ҷамил ва Ҷалил.

Оё мумкин аст, cонеъи ин маснуот, ки Алими мутлақ ва Қадири мутлақ аст, ба ваъдаю ваиди ботакрораш, ки ҳамаи анбиё бо тавотур аз он хабар дода ва ҳамаи сиддиқину авлиё, билиҷмоъ ба он гувоҳӣ додаанд, вафо накунад ва баҷо наорад ва бад-ин гуна — алаёзу биллоҳ — аҷзу ҷаҳл нишон диҳад. Ҳоло онки умуре, ки ба он ваъда ва ё ваид додааст, дар баробари қудраташ сахту душвор нест. Балки, бисёр содаю осон аст. Ба осонӣ, бозгардонидани мавҷудоти беҳисоби баҳори гузашта, айнан ва ё мислан дар баҳори оянда.

Вафо намудан ба ваъда ва ҳам ба мо, ҳам ба ҳар чизу ҳам ба салтанати рубубияташ, амри зарурист. Аммо ваъдахилофӣ, ҳам бо иззату қудраташ дар тазод аст ва ҳам манофии иҳотаи илми ӯст. Зеро ваъдахилофӣ, ё аз ҷаҳл мешавад ва ё аз аҷз.

Пас, эй мункир! Оё медони, ки бо куфру инкор карданат, чи ҷинояти аҳмақонаро муртакиб мешавӣ! Ту, ваҳми дурӯғгу, ақли ҳазаёнсаро ва нафси фиребандаатро тасдиқ намуда, ба такзиби зоте мубодарат меварзӣ, ки ҳаргиз маҷбур ба хулфу хилофи ба ваъда нест, ва ваъдахилофӣ, ҳаргиз ба иззату азаматаш намезебад ва ҳамаи ашё ва корҳои машҳуд, ба сидқу ҳаққонияташ шаҳодат медиҳад. Ту бо вуҷуди онки бисёр хурд ҳастӣ, аммо ҷинояти бисёр бузургро муртакиб мешавӣ! Аз ин ру, мустаҳиққи ҷазои абадии бисёр бузург хоҳӣ шуд. Барои ироаи миқёсӣ ба бузургии ҷинояте, ки кофир муртакиб мешавад, ривоят шудааст, ки як дандони баъзе аз аҳли ҷаҳаннам, ба андозаи кӯҳ аст. Мисоли ту, ба мусофире монанд аст, ки чашмонашро аз нури хуршед баста, аз хаёле ки дар ақлаш қарор дорад, пайравӣ мекунад, сипас мехоҳад роҳашро бо нури ночизи ақлаш, ки монанди кирми шабтоб аст, нуронӣ намояд! Вақте Парвардигор ваъда додааст ва ин мавҷудот ҳам калимоти содиқу ҳақгуйи ӯянд ва ин ҳаводиси коинот низ, оёти нотиқу ростгуйи ӯ ҳастанд. Пас ӯ ҳатман ба ваъдааш вафо хоҳад кард, ва як маҳкамаи куброро хоҳад кушод, ва як саодати узморо хоҳад бахшид.

 

ҲАҚИҚАТИ НӮҲУМ

Боби эҳё ва имота ва таҷаллии исми Ҳайи қайюм, Муҳйӣ ва Мумит

Оё мумкин аст зоте, ки замини бисёр бузургро пас аз мурдану хушкиданаш эҳё намуда, дар ин эҳё зиёда аз сесад ҳазор навъи аз анвоъи махлуқотро ки ҳар кадоми аз онон ҳамчун шигифтии ҳашру нашри башар шигифтангез аст, барангехта ва бад-ин гуна қудраташро нишон додааст. ва дар ин ҳашру нашр ҳам бо тафриқу ҷудосохтани ҳар мавҷуде аз мавҷуди дигар, бо вуҷуди омезишу дарҳаму барҳам буданашон, густурдагии иҳотаи илмашро нишон додааст, бо ваъда додани ҳашру нашр дар ҳамаи фармонҳои осмониаш, нигоҳи ҳамаи бандагонашро ба сӯйи саодати абадӣ, баргардонидааст. Ва бо эҷоди пайванди дӯстию ҳамкорӣ дар байни ҳамаи мавҷудот ва мусаххар сохани онҳо ба якдигар ва бо чархонидани онон дар чорчубаи амру иродааш, азамати рубубияти худро нишон додааст. Ва башарро ба сурати ҷомеътарину латифтарин ва нозанинтарину ноздортарин ва ниёзмандтарин меваи дарахти коинот офарида ва ҳар чизро мусаххари ӯ қарор дода ва ӯро ба унвони мухотаби худ баргузида ва бад-ин гуна, аҳамияту ҷойгоҳи волои инсонро нишон додааст. Оё мумкин аст чунин Қадири раҳим ва Алими ҳаким, қиёматро наорад ва ҳашрро барпо надорад ва башарро дубора зинда накунад ва ё инки аз анҷоми ин кор оҷизу нотавон бошад? ва як додгоҳи бузургро накушояд ва ҷаннату ҷаҳаннамро халқ накунад? Ҳаргиз ва ҳаргиз!

Бале, мутасаррифи бузурги ин ҳастӣ, дар ин замини муваққату танг, дар ҳар асру сол ва ҳар рӯз, мисолҳо, намунаҳо ва ишораҳои зиёди ҳашри акбар ва майдони қиёматро эҷод мекунад.

Аз ҷумла: Мо дар ҳашри баҳор мебинем, ки дар зарфи панҷ — шаш рӯз, зиёда аз сесад ҳазор навъи аз анвоъи ҳайвоноту набототи хурду бузургро ҳашру нашр мекунад. Ва решаҳои ҳамаи дарахтону гиёҳонро ва баъзе аз ҳайвонотро айнан эҳё намуда, дубора бар мегардонад. Ва дигаронро низ, бо мислашон, ки комилан монанд ба айнашон аст, дубора эҷод мекунад. Бо инки базрҳо аз лиҳози модда тафовути андаке бо якдигар доранд ва комилан омехтаю дарҳаму барҳам ҳастанд, аммо бо камоли имтиёзу ташхис ва босуръату вусъату суҳулат, дар зарфи шаш рӯз ва ё шаш ҳафта, бо интизому санҷиши дақиқ, офарида мешаванд. Оё мумкин аст ба зоте, ки ин корҳоро анҷом додааст, анҷом додани як кор мушкил бошад? Ва натавонад осмонҳою заминро дар шаш рӯз, халқ намояд? Ва инсонро бо як фарёд ҳашр накунад?! Ҳаргиз!

Бубин! Агар як нависандаи хориқулодае бошад ва сесад ҳазор китоберо, ки ҳуруфи он пок шуда ва ё аз байн рафтааст, танҳо дар як саҳифа бидуни барҳам задан ва бидуни иштибоҳу каму кӯтоҳ ба сурати бениҳоят зебо дар зарфи як соат бинависад ва ба ту гуфта шавад, ки: ин нависанда метавонад китоби туро ки дар об афтодааст ва таълифи худи ӯст, аз нав дар зарфи чанд дақиқа, аз ҳофизааш бинависад. Дар ин сурат, оё ту метавонӣ тардид нишон диҳию бигуӣ: Не наметавонад, ман бовар намекунам!.

Ва оё инки як подшоҳи эъҷозгар барои нишон додани қудраташ ва ё барои панду ибрати мардум, бо як ишора, кӯҳҳоро барканад ва шаҳрҳоро тағйир диҳад ва дарёро ба биёбон табдил кунад ва ту шоҳиди ин саҳнаҳо бошӣ ва дар ин ҳангом бубинӣ, ки як сахраи бузург ба дара суқут намуда, роҳи меҳмонони он подшоҳро баст, шахсе омада ба ту гуфт: Ин подшоҳ бо як ишорааш, сангро ҳарчанд бузург низ бошад, аз сари роҳи меҳмононаш мебардорад ва меҳмононашро дар нимароҳ намемонад. Акнун, чиқадар аҳмақию девонагист агар ту бигуӣ: Не намебардорад ва ё инки наметавонад бардорад!

Ва ё инки як фармондеҳ битавонад дар як рӯз, ҳамаи афроди лашкареро, ки аз нав худаш ташкил додааст, як ҷо ҷамъ орад ва ба ту гуфта шавад: Ӯ бо як бонг задан, сарбозони дар ҳоли истироҳату парокандаро метавонад дар таҳти ливояш ҷамъ кунад, аммо ту бигуӣ: Ман бовар намекунам! Онгоҳ хоҳӣ фаҳмид, ки ин ҷавоби ту, нишонаи девонагию ҳамоқати туст.

Агар ба ин се мисол пай бурдаӣ, пас бубин, ки Наққоши азалӣ, дар пеши чашмони мо саҳифаи сафеди замистонро варақ мезанад ва баргҳои сабзи баҳору тобистонро мекушояд ва дар саҳифаи рӯйи замин, зиёда аз сесад ҳазор навъи аз анвоъи мухталифи махлуқоташро бо қалами қудрату қадар, ба аҳсани сурат ва ба гунае менависад, ки бо вуҷуди дарун ба дарун буданашон, боз ҳам, бо ҳам намеомезад, ва ҳамаро бо ҳам менависад ва ҳеҷ як, монеъу музоҳими дигарӣ намешавад. Ва бо онки шаклу сурати ҳар кадом тафовут дорад, аммо ҳеҷ хато рух намедиҳад.

Оё касе метавонад дар мавриди Зоти ҳакими ҳафизе, ки барномаи рӯҳи бузургтарин дарахтро дар тухмии нуқта барин хурд, муҳофизат намудааст, ин саволро матраҳ кунаду бигуяд: Ӯ чигуна рӯҳи мурдагонро муҳофизат мекунад?

Дар мавриди Зоти қадире, ки кураи заминро ба монанди санги фалахмон, дар мадораш ба гардиш даровардааст, оё метавон ин саволро матраҳ карду гуфт: Ӯ чигуна ин кураи заминро аз роҳи меҳмононе, ки раҳсипори охиратанд, бархоҳад дошт ва ё пароканда хоҳад сохт?! Оё мумкин аст Зоти зулҷалоле, ки зарротро аз нестӣ ба вуҷуд оварда ва бо фармони كُنْ فَيَكُونُ дар ҷасадҳои мавҷудоти зинда, ҷобаҷо намуда ва лашкарҳои муҷаҳҳазу бузургеро аз он заррот падид овардааст, зери савол бурда шавад ва гуфта шавад, ки: Ӯ чигуна метавонад зарроти асосӣ ва ҷузҳои аслии ҷасади лашкармонандро, ки якдигарро шинохтаанд ва таҳти низоми он ҷасад даромадаанд, бо як фарёд ҷамъ кунаду гирди ҳам оварад?

Ва низ ту бо чашми сар мебинӣ, ки Офаридагори субҳон, бисёре аз намунаҳо ва мисолҳою аломатҳои ҳашрро, ки монанди ҳашри баҳор аст, дар ҳар аср ва дар ҳар фасл офаридааст. ҳатто табдили шабу рӯз, ва ба вуҷуд овардани абарҳо, сипас пок кардани онҳо аз фазо, намунаҳое аз ҳашру растохезанд.

Агар худро дар ҳазор сол пеш тасаввур кунӣ, сипас гузаштаю ояндаро ки ду ҷаноҳи замонаанд, рӯ барӯйи ҳам қарор диҳӣ, онгоҳ мисолҳои ҳашр ва намунаҳои қиёматро ба теъдоди асрҳо ва рӯзҳо хоҳӣ дид.

Боз агар бо вуҷуди ин ҳама мисолҳову намунаҳо, боз ҳам ҳашри ҷисмониро дур аз ақал бидонӣ, ва бо истибъод, онро инкор кунӣ, онгоҳ ту низ, албатта мефаҳмӣ, ки инкор кардани ҳашр, чи қадар ҳамоқату нодонист!

Бубин! фармони аъзам дар хусуси ин ҳақиқат чи мегуяд:

فَانْظُرْ اِلَى آثَارِ رَحْمَتِ اللّٰهِ كَيْفَ يُحْيِى اْلاَرْضَ بَعْدَ مَوْتِهَا اِنَّ ذلِكَ لَمُحْيِى الْمَوْتَى وَهُوَ عَلَى كُلِّ شَيْءٍ قَدِيرٌ

Хулоса: Чизе нест, ки монеъи вуқӯъи ҳашр шавад, балки ҳар чиз хоҳони он аст. Бале, Зоте ки ин замини паҳноварро, ки намоишгоҳи аҷоиб аст, ҳамчун як ҳайвон мемиронаду зинда мекунад, ва онро гаҳвораи орому киштии зебо барои инсону ҳайвон қарор додааст, ва хуршедро чароғи нурафшону гармобахши ин меҳмонсаро сохтааст ва саёраҳоро ҳавопаймои фариштагонаш қарор додааст, бешубҳа, чунин рубубияти шукӯҳманду сармадӣ ва чунин ҳокимияти муаззаму муҳиташро танҳо бар пояи умури ин дунёи зудгузар, бедавом, беқарор, беаҳамият, мутағйир, бебақо, ноқису такомул наёфта, бино нахоҳад кард ва мунҳасир нахоҳад сохт.

Пас ҳатман як саройи боқию доимӣ ва безаволу шукӯҳманди дигар, вуҷуд дорад, ки шоистаи ӯст. Ӯ моро барои онҷо, ба кору талош во медорад ва ба он су фаро мехонад ва моро ба онҷо интиқол медиҳад, ва бар ин амр, ҳамаи баргузидагоне, ки дорои арвоҳи найира ва ҳамаи ақтобе, ки дорои қулуби мунаввара ва ҳамаи арбобони ақли нуроние, ки аз зоҳир ба ҳақиқат нуфуз намуда ва ба қурбу ҳузури илоҳӣ, мушарраф шудаанд, гувоҳӣ медиҳанд. Ва ба иттифоқ, иблоғ медоранд, ки Парвардигори мутаол, мукофоту муҷозотеро омода намудааст. Ва ӯ ботакрор қатъиян ваъда медиҳад ва ба шиддат таҳдид мекунад.

Пас ваъдахилофӣ, ба ҳеҷ ваҷҳ, ба ҷамоли муқаддаси ӯ наздик намешавад. Зеро ваъдахилофӣ, ҳам зиллат аст ва ҳам тазаллул. Ва хулфу-л ваид низ, ё аз афву гузашт ва ё аз аҷзу нотавонӣ, пайдо мешавад. Ҳоло онки куфр, ҷинояти мутлақ аст ва сазовори афву бахшиш нест. Ва Қадири мутлақ, аз аҷзу нотавонӣ низ, муназзаҳу муқаддас аст. Ва гувоҳону хабардиҳандагон низ, бо онки дар маслаку манҳаҷ ва машрабашон, ихтилоф доранд, аммо дар асоси ин масъала, комилан муттафиқанд. Ва аз лиҳози касрат, ба дараҷаи тавотур ва аз лиҳози кайфият, ба қуввати иҷмоъ расидаанд ва аз назари ҷойгоҳу манзалат низ, ситорагону нури чашми башарият ҳастанд ва азизони як миллатанд. Ва аз ҳайсияти аҳамият низ, дар ин масъала, аҳли ихтисосу аҳли суботанд.

Чунон, ки маълум аст, дар илму санъат, ҳукми ду мутахассис бар ҳазорон ғайри мутахассис, тарҷиҳ дорад. Ва дар ихбору ривоят низ, ду собиткунанда, бар ҳазорон нафйикунанда, тарҷеҳ дода мешавад. Масалан: Ду нафаре, ки аз субути руъяти ҳилоли рамазон хабар медиҳанд, инкори ҳазорон мункирро ҳеҷ месозанд.

Хулоса: Дар дунё хабари росттар аз ин, ва даъвое солимтар аз ин ва ҳақиқате зоҳиртар аз ин, вуҷуд надорад.

Пас бешубҳа, дунё як мазраа, ва маҳшар низ, як хирмангоҳ, ва ҷаннату ҷаҳаннам низ, ҳар кадомашон як хазинаанд.

 

ҲАҚИҚАТИ ДАҲУМ

Боби ҳикмату иноят ва раҳмату адолат ва таҷаллии исми Ҳаким, Карим, Одил ва Раҳим

Оё мумкин аст Молику-л мулки зулҷалоле, ки дар ин меҳмонхонаи фонии дунё ва дар ин майдони имтиҳони нопойдор ва дар ин намоишгоҳи бесуботи замин, осори як ҳикмати ба ин дараҷа боҳир ва як инояте ба ин ҳад зоҳир ва як адолате ба ин дараҷа қоҳир ва як раҳмате ба ин ҳад густурдаро нишон додааст, дар олами малаку малакуташ, масканҳои доимӣ, сокинони абадӣ, мақомоти доимию махлуқоти муқимро бавуҷуд наоварад ва ҳақиқатҳои ин ҳикмату иноят ва адолату марҳамати ошкор, ҳеҷу пуч шавад?!

Оё оқилона аст, ки Ҳакими зулҷалол ин инсонро аз байни ҳамаи махлуқот, ба унвони мухотаби куллии худ баргузинад, ва ӯро як оинаи ҷомиъ ба асмои ҳуснояш, қарор диҳад ва ҳамаи муҳтавиёти ганҷинаи раҳматашро ба ӯ бичашонад ва қадрашро бифаҳмонаду муаррифӣ кунад ва худашро бо ҳамаи исмҳояш, ба ӯ бишиносонад ва ӯро ба худ ва худро ба ӯ дӯст бисозад ва пас аз ҳамаи инҳо, ин инсони бечораро ба он мамлакати абадиаш нафиристад?! Ва ба он саодатгоҳи доимӣ, даъват накунад?!

Оё оқилонааст, ки ба ҳар як мавҷуд ва гарчи инки як тухмию ҳаста бошад, вазифаҳои зиёдеро ба сангинии як дарахт, бор кунад ва ҳикматҳоеро ба андозаи гулҳои он, бар душаш бигузорад ва маслиҳатҳоеро ба шумори меваҳои он бар ӯ меовезад, сипас ғояву ҳадафи ҳамаи он вазифаҳою ҳикматҳо ва маслиҳатҳоро танҳо ба ҳамин ҷузъи ночизе, ки мутаваҷҷеҳи дунёст, мунҳасир созад. Яъне танҳо дар дунё боқӣ монданро, ки ба андозаи донаи хардал аҳамият надорад, ғоя қарор диҳад ва ин вазифаҳою хизматҳо ва маслиҳатҳоро тухмиҳои олами маънӣ ва мазраааи олами охират қарор надиҳад, то ғояҳои ҳақиқию шоистаашонро бабор бинишонанд.

Оё маъқул аст, ки ин ҷашнҳои пуршукӯҳ ва маҳфилҳои бузургро беҳадафу беҳуда ва бемаънӣ раҳо кунад?! Ва чеҳраи ононро ба олами маънӣ ва олами охират, барнагардонад, то ғояҳои аслӣ ва меваҳои шоистаро нишон диҳанд! Бале, оё мумкин аст, бо анҷом додани ин ҳама хилофи ҳақиқат, — ҳошо сумма ҳошо — ба зидди авсофе ҳамчун: Ҳаким, Карим, Одил ва Раҳим, худро муттасиф нишон дода ва ҳақиқатҳои ҳамаи коинотро, ки ба васфҳои муқаддасе ҳамчун: Ҳикмат, Карам, Адл ва Раҳмати ӯ далолат доранд, такзиб кунад! Ва шаҳодати ҳамаи мавҷудотро рад намояд! Ва далилҳои ҳамаи маснуотро ботил созад! Оё ҳеҷ ақл инро мепазирад, ки ӯ ба инсон ва ба ҳавоси дарунии ӯ вазифаҳоеро ба шумори мӯйҳои сараш бисупорад, аммо ба ӯ подоши дунявии ночиз бидиҳад, ки танҳо ба манзалаи як тори мӯйи ӯст?! Ва бо ин амалаш коре кунад, ки хилофи адолати ҳақиқӣ ва нафйкунандаи ҳикмати ҳақиқии ӯст?! Оё мумкин аст, ки парвардигори субҳон ба ҳар як зиҳаёт, ҳатто ба ҳар узв, ҳамчун забони ӯ ва ҳатто ба ҳар маснуъ, ҳикматҳо ва маслиҳатҳоеро ба андозаи натиҷаҳою меваҳои ҳар дарахт биёвезад ва бад-ин гуна собит намояду нишон диҳад, ки ӯ як ҳакими мутлақ аст ва пас аз он, бақову лиқо ва саодати абадиро ба инсон надиҳад. Ҳамон саодатеро, ки бузургтарин ҳикматҳо ва муҳимтарин маслиҳатҳо ва лозимтарин натиҷаҳо мебошад. Ва ҳикматро ҳикмат ва неъматро неъмат ва раҳматро раҳмат сохтааст ва манбаъу сарчашмаи ҳамаи ҳикматҳою неъматҳову раҳматҳо ва маслиҳатҳост. Пас оё мумкин аст бо надодани чунин саодати абадӣ, ҳамаи корҳояшро ба дараи абасияти мутлақ бияндозад ва худро — ал аёзу биллоҳ — мушобеҳи шахсе бисозад, ки кохи бузургеро месозад ва дар ҳар санги он, ҳазорон нақшу нигорро ороста мекунад ва дар ҳар кунҷи он, ҳазорон зебу зинатро ба намоиш меорад ва дар ҳар манзили он, ҳазорон олатҳо ва лавозими арзишмандро ҷобаҷо мекунад. Аммо сақфи он кохро намесозад ва иҷоза медиҳад, ки ҳар чиз пусаду аз байн равад?! Ҳошо ва калло! Аз хайри мутлақ, хайр меояд ва аз ҷамили мутлақ, зебоӣ содир мешавад ва аз ҳакими мутлақ, ҳеҷ кори беҳуда сар намезанад.

Бале, агар ҳаркас фикран савор бар киштии таърих шаваду ба сӯйи гузашта равад, манзилҳову майдонҳо ва намоишгоҳҳою оламҳои вафотёфтаро ба теъдоди ҳамаи солҳои сипаришуда хоҳад дид, ки шабеҳи ин манзили дунё ва манзили имтиҳон ва намоишгоҳи замони мост. Инҳо бо онки аз назари сурату кайфият, бо якдигар тафовут доранд, аммо аз назари интизому нишон додани қудрату ҳикмати офаридагор, шабеҳи якдигаранд.

Ва низ хоҳад дид, ки дар он манзилҳои бесубот, дар он майдонҳои бедавом ва дар он намоишгоҳҳои бебақо, чунон интизоме аз як ҳикмати ҳувайдо ва чунон самараҳое аз як марҳамати беканор вуҷуд дорад, ки агар басираташро аз даст надода бошад, яқинан мефаҳмад, ки: ҳикмати комилтар аз он ҳикмат, намебошад ва инояти зеботар аз инояте, ки аз осораш пайдост, вуҷуд надорад. Ва ҳеҷ адолат наметавонад ба пойи адолате, ки аломатҳои он дидамешавад, бирасад. Ва ҳеҷ марҳамате фарогиртар аз марҳамате, ки самараҳои он ба чашм мехурад, тасаввур карда намешавад.

Агар ба фарзи муҳол, Султони сармадие. ки ин корҳоро ба гардиш дароварда ва ин меҳмонону меҳмонсароро ҳамеша тағйир медиҳад ва дар қаламрави мамлакаташ манзилҳои доимӣ, маконҳои олӣ, мақомҳои собит, сукунатгоҳои доимӣ, риоятҳои ҷовидон ва бандагони хушбхате надоштабошад. Онгоҳ лозим меояд, ки ҳақиқати васфҳое ҳамчун: ҳикмат, адолат, иноят ва раҳмат, ки ба манзалаи чаҳор унсури боқуввату густурда ба монанди нуру ҳаво ва обу хоканд, инкор шавад ва мавҷудияти зоҳирии он унсурҳои маънавие, ки мисли ин чаҳор унсури моддӣ, зоҳиру равшан аст, нафйи гардад. Зеро ин дунё ва ончи дар он аст, ба зуҳури ҳақиқатҳои онҳо кофӣ нест. Агар дар ҷойи дигар низ, як маҳал барои зуҳури комили онҳо набошад, онгоҳ лозим меояд, то бо девонагии касе, ки дар рӯзи равшан хуршедро инкор мекунад, ҳикмати мавҷуди ашё низ, инкор шавад, ва инояте, ки ҳамеша дар нафси худ ва дар ҳар чиз мушоҳида мекунем, ва ин адолате, ки аломатҳои бисёр қавии он дида мешавад ва ин марҳамате, ки дар ҳар ҷо мебинем, нафй гардаду инкор шавад. Ва низ лузуман бояд пазируфта шавад, ки соҳиби иҷрооти ҳакимона ва афъоли каримона ва эҳсоноти раҳимонае, ки дар ин коинот мебинем — Ҳошо сумма ҳошо — як беҳудагари сафеҳ ва як ғаддору ситамгар аст (Таъолаллоҳу ан золик) ва ин, ҷуз инқилоби ҳақиқатҳо ба зидҳояш чизи дигаре нест, ва бениҳоят муҳол аст. Ҳатто суфастоиёни аҳмақе, ки вуҷуди ҳар чиз ва ҳатто вуҷуди худро инкор мекунанд, низ ба осонӣ наметавонанд ба ин тасаввури муҳол, наздик шаванд.

ХУЛОСА:

Ҳеҷ пайванду муносибате миёни рухдодҳои ин ҳастӣ аз қабили: гирдиҳамоиҳои густурда барои зиндагӣ, ва ҷудоиҳои сареъ бар асари марг, ва ҷамъ шуданиҳои пуршукӯҳ, ва парокандагиҳои сареъ, ва маҳфилҳои азим, ва таҷаллиёти бузург ва миёни натиҷаҳои ҷузъӣ  ва ғояҳои кӯтоҳмуддату беаҳамият ва муваққатии онҳо, ки ба мо маълум аст ва вобастаи ин дунёи фонист, вуҷуд надорад. Бинобар ин, ин адами таносуб, ба ин монанд аст, ки ба як санги хурд, ҳикматҳою ғояҳое ба бузургии кӯҳ, ва ба як кӯҳи бузург низ, як ғояи ҷузъию муваққатӣ, ба ҳаҷми як сангреза дода шавад, ки чунин чизҳо бо ҳеҷ ақлу ҳикмат, созгор нест.

Пас ин парокандагию бемуносибатӣ, дар миёни ин мавҷудот ва шууноти онҳо ва миёни ғояҳои вобаста ба дунявиашон, қотеъона гувоҳӣ медиҳад, ки чеҳраи ин мавҷудот, таваҷҷуҳ ба олами маънӣ дорад. Зеро, меваҳо ва самараҳои муносиб дар онҷо дода мешавад ва чашмонашон ба асмои ҳусно духтааст. Ғояҳояшон ба он олам менигарад ва ба онки базрҳояшон, зери хоки дунё дафн шудааст, аммо хушаҳояшон дар олами мисол, боз мешавад ва инкишоф мекунад. Пас инсон ба нисбати истеъдодаш, дар ин ҷо мекораду кошта мешавад ва дар охират дарав мекунад.

Ҳар гоҳ ба чеҳраҳои ин мавҷудот, ки мутаваҷҷеҳи асмои ҳусно ва олами охират аст бингарӣ, мебинӣ, ки: ҳар як тухмие, ки яке мӯъҷизоти қудрати Илоҳист, ғояҳои бузурге ба андозаи як дарахт дорад.

Ва ҳар гуле, ки як калимаи ҳикмат аст маънӣҳо ба андозаи гулҳои як дарахт дорад. Ва ҳар мевае, ки мӯъҷизаи санъату манзумаи раҳмат аст, ба теъдоди меваҳои як дарахт, ҳикматҳо дорад. Ва ризқу рӯзӣ шудани ӯ барои мо, танҳо як ҳикмате аз байни ҳазорон ҳикмат аст. Зеро вазифааш бапоён мерасад, маънӣашро бозгу мекунад, сипас мемирад ва дар меъдаи мо дафн мешавад.

Пас модоме, ки ин ашёи фонӣ, дар ҷойи дигар меваҳои боқӣ медиҳанд ва суратҳои доимиро аз худ барҷо мегузоранд ва маънӣҳои боқиро бозгу мекунанд ва дар он ҷо азкору тасбиҳоти ҷовидон мехонанд. Ин инсон низ, замоне инсони ҳақиқӣ мешавад, ки ба ин чеҳраи онҳо ки мутаваҷҷеҳи ҷовидонагист, нигараду бияндешад. Онгоҳ дар фонӣ, роҳ басӯйи бақо меёбад.

Пас дар ин мавҷудоте, ки байни зиндагию марг тоб мехуранд ва ҷамъу пароканда мешаванд, мақсади дигар вуҷуд дорад. Зеро аҳволи инҳо — дар мисоли муноқиша нест — ба аҳволе монанд аст, ки ба манзури намоишу тамсил, тартиб ёфтааст ва дар ин роҳ пулҳои зиёд ба масраф мерасад то гирдиҳамоиҳову парокандагиҳо барпо гардаду филмбардорӣ шавад ва пас аз таҳияву тадвин, барои ҳамеша дар саҳна нишон дода шавад.

Инчунин, яке аз ҳадафҳои сипарӣ намудани зиндагии шахсию иҷтимоъӣ, ба муддати кӯтоҳ дар ин дунё иборат аст аз: тасвир бардорию тартиб ва тадвини онҳо ва муҳофизат аз натиҷаҳои аъмол барои муҳосибаи он дар гирдиҳамоии бузург ва ба намоиш гузоштани он дар як намоишгоҳи бузург ва нишон додани истеъдоди он ба як саодати узмо. Пас, ҳадиси шариф: “Дунё мазрааи охират аст” Баёнгари ҳамин ҳақиқат аст. Модоме, ки дунё амалан вуҷуд дорад ва ҳикмату иноят ва раҳмату адолат низ, бо ин осораш дар дунё мавҷуд аст, пас ҳатман ба қатъияти мавҷудияти дунё, охират низ вуҷуд дорад.

Вақте дар дунё ҳар чиз аз як ҷиҳат ба он олам менигарад, пас маълум мешавад, ки сафар ба он су аст. Бинобар ин, фаҳмида мешавад, ки инкор кардани охират, инкор кардани дунё ва мофиҳо аст.

Пас онгуна, ки аҷалу қабр, мунтазири инсон аст, ҷаннату ҷаҳаннам низ, мунтазир ва муроқиби ӯ ҳастанд.

ҲАҚИҚАТИ ЁЗДАҲУМ

Боби инсоният ва таҷаллии исми Ҳақ

Оё мумкин аст Парвардигори ҳақ ва маъбуди ҳақиқӣ, инсонро дар ин ҳастӣ ба гунае биофарад, ки дар баробари рубубияти мутлақ ва ҳам дар баробари рубубияти оммааш бар ҳамаи оламиён, гиромитарин ва муҳимтарин бандаи ӯ бошад ва мутафаккиртарин мухотаби амрҳои субҳониаш қарор диҳад ва бо офаридан дар аҳсани тақвим, ӯро оинаи ҳаманумо ба асмои ҳусно ва ба таҷаллии исми аъзам ва таҷаллии мартабаи узмои ҳар як аз ин асмо бигардонад, то зеботарин мӯъҷизоти қудрати илоҳӣ бошад. Ва барои ин, ки муҳтавиёти ганҷинаи раҳматро вазн намояд ва бишиносонад, аксари таҷҳизоту мавозинро ба ӯ бидиҳад ва ӯро зиёдтар аз ҳар мавҷуди дигар, ниёзманди неъматҳои бешумораш бигардонад, ба андозае, ки зиёдтар аз ҳама, аз фаною нестӣ, аламдор шавад. Ва шавқи бақоро дошта бошад. Ва нозуктарину ноздортарин ва ниёзмандтарин падидаҳояш шумурда шавад ва аз назари ҳаёти дунявӣ, мутаалламтарин ва дармондатарин. Ва аз лиҳози истеъдоди фитрӣ, ба олитарин ва бартарин сурату моҳият биофаринад. Аммо ӯро ба як сарои абадие, ки шоистаю муштоқи рафтан ба он ҷост, нафиристад ва бад-ин гуна, ҳақиқати инсониятро нобуд созад ва ба коре, ки комилан манофии ҳақонияти ӯст мубодарат варзад?!

Ва аз назари ҳақиқат, муртакиби беадолатии зишт шавад?!

Оё мумкин аст Ҳокими би-л ҳақ ва Раҳими мутлақе, ки истеъдоди воло ба ин инсон дода ва тавони таҳаммули амонати бузургро ки осмонҳову замин ва кӯҳҳо аз ҳамли он ибо варзиданд, ба ӯ бахшидааст. Яъне, инсонро бо меъёрҳои хурду ҷузъӣ ва бо маҳоратҳои ночизаш, ба дарку шинохти сифатҳои муҳит, шууноти куллию таҷалиёти бениҳояти Холиқаш қодир сохтааст. Ва бо онки ӯро ба сурати латифтарину нозуктарин ва оҷизтарину заифтарини махлуқоташ дар рӯйи замин падид овардааст, аммо маъмурияти назорату танзими ҳамаи набототу ҳайвоноти рӯйи заминро ба ӯ супорида ва тавони мудохила дар шеваи ибодатҳою тасбиҳоташонро ба ӯ додааст, ва ӯро дар миқёси хурд, ба унвони намуна барои иҷрооти илоҳиаш дар коинот, нишон дода ва вазифаи эълони рубубияти поку муназзаҳашро — феълан ва қавлан (бо кирдору гуфтор) дар коинот ба ӯ супоридааст. Бад-ин гуна, манзалати ӯро волотар аз манзалати фариштагон қарор дода ва мақому манзалати хилофатро ато намудааст. Акун, оё мумкин аст Парвардигори субҳон, ин ҳама вазифаҳоро ба ӯ супорад, аммо саодати абадиро ки ғояву натиҷа ва самараи он вазифаҳост, ба ӯ надиҳад? Ва ӯро дар даракаи зиллату бечорагӣ ва фалокату бадбахтӣ, биандозад ва дармондатарин ва мусибатзадатарини махлуқоташ бигардонад. Ва ин ақли мубораку нурониро ки ҳадияи ҳикмати ӯ ва василаи шинохи саодат аст, шумтарин ва зулмонитарин василаи азоб қарор диҳад ва ба коре, ки комилан хилофи ҳикмати мутлақ ва манфии раҳмати ӯст, мубодарат варзад?! Ҳошо ва калло!

Хулоса: Онгуна, ки дар ҳикояи тамсилӣ, бо дидани ҳуҷҷати ҳувият ва дафтарчаи як афсар, мутаваҷҷеҳ шудем, ки рутба, вазифа, маош ва корҳое, ки бояд анҷом диҳад, дар он навиштааст. Ва бо дидани инҳо дарёфтем, ки кори он афсар, барои ин майдони муваққат нест. Балки ӯ озими як мамлакати побарҷо ва доимист ва барои он, кор мекунад. Инчунин, латифаҳое, ки ҳуҷҷати ҳуввияти қалбу ҳавосе, ки дар дафтари амал ва таҷҳизоте, ки дар истеъдоди инсон вуҷуд дорад, комилан мутаваҷҷеҳи саодати абадӣ мебошад. Ва барои ноил шудан ба он саодат, дода шуда ва муносиби он вазифа, таҷҳиз шудааст. Ва ин ҳамон чизест, ки аҳли таҳқиқу кашф дар мавриди он, муттафиқанд. Азҷумла:

Масалан, агар ба қувваи тахаюл, ки яке аз хизматгузорон ва тасвирбардорони ақл аст, гуфта шавад: Ба ту як миллион сол умр ҳамроҳ бо салтанати дунё дода мешавад, аммо баъд аз он, ҳатман барои ҳамеша, несту нобуд хоҳӣ шуд. Албатта мебинем, ки ӯ ба ҷойи шодӣ, ғамгин мегардад ва оҳ мекашад (ба шарти он, ки нафс дахолат накунад ва фиреби таваҳҳумро нахурад.) Яъне ин, ки бузургтарин фонӣ — ки дунё ва мофиҳост — наметавонад хурдтарин олату ҷиҳози инсонро — ки хаёл аст — сер кунад. Пас ин истеъдоди инсон ва орзӯҳои ӯ ки то абад имтидод ёфтааст, ва фикрҳои ӯ ки ҳастиро фаро гирифтааст, ва хостаҳои ӯ ки ба анвоъи саодати абадӣ, реша давондааст, нишон медиҳад, ки: ин инсон барои абад офарида шуда ва ҳатман ба сӯйи абад меравад. Ин дунё меҳмонхонаи ӯ ва толори интизори охират аст.

 

ҲАҚИҚАТИ ДУВОЗДАҲУМ

Бобу-р Рисолати ва-т Танзил ва таҷаллии “Бисмиллоҳирраҳмонирраҳим”

Оё мумкин аст роҳи охират ва дари ҷаннатро, ки Расули акрам саллаллоҳу алайи васаллам, бо тамоми тавону қудрат ва бо истинод бар ҳазорон мӯъҷизаи собиташ ва бо эътимод бар ҳазорон оёти Қуръони кариме, ки дар чил ваҷҳ мӯъҷиза мебошад, кушодасат ва ҳамаи анбиё низ, бо истинод ба мӯъҷизоташон, суханони ӯро тасдиқ намуда ва ҳамаи авлиёву солиҳон, бо пӯштибонии кашфу кароматашон даъвои ӯро тасдиқ намудаанд ва ҳамаи олимону асфиё, бо истинод ба таҳқиқоташон, ба сидқи ӯ шаҳодат додаанд, оё мумкин аст, ваҳмҳои беарзише, ки ба андозаи боли як магас қудрат надорад, роҳи охиратро масдуд намояд ва дари ҷаннатро бубандад?!

Аз ҳақиқатҳои гузашта фаҳмидашуд, ки масъалаи ҳашр, чунон ҳақиқати росихест, ки ҳеҷ қудрат наметавонад онрот мутазалзил созад, ва агарчи ин қудрат, тавони баркандани замин ва пора-пора кардани онро доштабошад. Зеро Парвардигори мутаол, он ҳақиқатро ба тақозои ҳамаи исмҳову сифоташ, собит мекунад ва Расули гиромиаш низ, бо ҳамаи мӯъҷизоту бурҳонҳояш, бар он тасдиқ мекунад ва Қуръони ҳаким бо ҳамаи ҳақиқатҳою оёташ, онро ба исбот мерасонад. Ва ин коинот, бо ҳамаи оёти таквинӣ ва шууноти ҳакимонааш, шоҳиди он аст.

Оё мумкин аст дар масъалаи ҳашр, бо Зоти воҷибулвуҷуди ҳамаи мавҷудот — ба истиснои куффор — муттафиқ бошанд, сипас шубҳаю васвасаҳои шайтонӣ, бархезанд ва ин ҳақиқати росиху олиро мутазалзил созанду аз ҷо баркананд? Ҳошо ва калло!

Мабодо гумон кунӣ, ки далоили ҳашр танҳо ба ҳамин дувоздаҳ ҳақиқате, ки баҳс намудем, мунҳасир асту бас. Зеро, онгуна, ки Қуръони ҳаким ба танҳоӣ, ин дувоздаҳ ҳақиқатро ба мо дарс медиҳад, илова бар он, бо ҳазорон ваҷҳи дигар низ, ишора мекунад, ки Офаридагори мо, моро аз ин дори фано ба дори бақо равона месозад.

Боз мабодо гумон кунӣ, ки исмҳои илоҳие, ки ҳашрро тақозо мекунанд, танҳо ба исмҳое ҳамчун: Ҳаким, Карим, Раҳим, Одил ва Ҳафиз, ки мо аз он баҳс намудем, мунҳасир аст. Не, балки ҳамаи асмои ҳуснои илоҳие, ки дар тадбири ҳастӣ, таҷаллӣ намудаанд, хостори охират ва ҳатто мусталзами он ҳастанд.

Боз мабодо гумон кунӣ, ки оёти таквинии коинот, ки ба ҳашр далолат дорад, танҳо ба ончи баҳс намудем, мунҳасир аст. Балки дар аксари мавҷудот, ваҷҳу офоқи фаровон вуҷуд дорад, ки ҳамчун пардаи синамо, ба росту чап боз мешаванд ва онгуна, ки як ваҷҳашон ба Сонеъи зулҷалол шаҳодат медиҳад, ваҷҳи дигари он ба ҳашр ишора мекунад.

Масалан: Санъати зебои инсон, дар офарида шуданаш дар аҳсани тақвим, онгуна, ки офаридагорро нишон медиҳад, зоилу нопадид шудани инсон бо ҳамаи қобилиятҳо ва тавонмандиҳои дар аҳсани тақвим низ, ба ҳашр ишора мекунад. Ҳатто дар баъзе мавридҳо агар бо ду дид, танҳо бо як ваҷҳ нигариста шавад, ин ваҷҳ ҳам Сонеъро ва ҳам ҳашрро нишон медиҳад. Масалан: Бо дар назар гирифтани моҳияти танзими ҳикмат, тазйини иноят, тавзини адолату латофати раҳмат, ки дар ашё ба мушоҳида мерасанд, ошкор хоҳад шуд, ки ҳамаи ин корҳо аз дасти қудрати як Сонеъи ҳаким, карим, одилу раҳим анҷом шудааст. Инчунин, агар дар канори бузургӣ ва фонӣ будани ин сифот, умри кӯтоҳ ва арзиши ночизи ин мавҷудоти фонӣ, ки ҷилвагоҳи онҳо ҳастанд низ, дар назар гирифта шавад, охират ба мушоҳида мерасад. Яъне ҳар чиз бо забони ҳолаш: “Оманту биллоҳи ва билявми-л охир” ро мехонаду мехононад.

 

ХОТИМА

Дувоздаҳ ҳақиқати гузашта, таъйидкунандаю такмилкунанда ва пӯштибони ҳамдигаранд. Ҳамаи онҳо бо иттиҳоду якпорчагӣ, натиҷаро нишон медиҳанд. Пас кадом ваҳм метавонад аз ин дувоздаҳ сури муҳками оҳанин ва ҳатто фулодин, гузарад, то имони ба ҳашрро ки ҳисни ҳасин қарор дорад, мутазалзил созад?!

Ояи каримаи مَا خَلْقُكُمْ وَلاَ بَعْثُكُمْ اِلاَّ كَنَفْسٍ وَاحِدَةٍ баён медорад, ки: “Офаридан ва ҳашр гардидани ҳамаи инсонҳо дар баробари қудрати илоҳӣ, ба андозаи офаридан ва ҳашр гардидани як инсон, осон аст” Бале, дар ҳақиқат чунин аст. Ман ин ҳақиқатро дар баҳси Ҳашр, як рисола ба номи “нуқтае аз нури Худошиносӣ” ба тафсил навиштаам. Дар ин ҷо бо тамсил ба хулосаи он ишора мекунам. Агар хоҳони ботафсил ҳастӣ, ба он рисола муроҷиат кун.

Масалан: وَ لِلّٰهِ الْمَثَلُ اْلاَعْلَى (дар мисол муноқаша нест) онгуна, ки хуршед ба сирри “Нуроният” ҷилваашро — ва лав ба иродаи худаш — бо суҳулат ба як зарра медиҳад. Дуруст ба ҳамон суҳулат, ба ҳамаи маводи шаффофи беҳадду ҳисоб низ, мефиристад.

Низ, ба сирри “Шаффофият” қобилияти одамаки чашми як зарраи шаффоф, дар гирифтани тасвири офтоб, бо сатҳи паҳновари як дарё мусовист.

Низ, ба сирри “Интизом” онгуна, ки як кӯдак, асбоби бозии киштимонандашро бо ангӯшташ ба ҳаракат дар меорад, метавонад як киштии бузурги ҳақиқиро низ, ҳаракат диҳад.

Низ, ба сирри “имтисол” онгуна, ки як фармондеҳ, сарбозеро бо фармони “Ба пеш!” ҳаракат медиҳад, як лашкари бузургро инз, метавонад бо ҳамин калима, ба пеш биронад.

Низ, ба сирри “Мувозана” фарз кунем, як тарозӯйи бисёр бузургу ҳассос дар фазо вуҷуд дорад, ки агар ду чормағз дар ду паллаи он гузошта шавад, эҳсос мекунад. Дар айни ҳол, метавонад ду хуршедро низ, дар ду палааш ҷой диҳаду вазн намояд. Пас дуруст, бо ҳамон неруе, ки барои болою поин овардани чормағзҳо харҷ намуда буд, ду хуршедро низ, метавонад вазн кунад, якеро ба арш, дигареро ба фарш бирасонад.

Пас, вақте, ки дар ин махлуқот ва мумкиноти оддӣ ва ноқису фонӣ, бузургтарин чиз бо хурдтарини он, ба сирри нуроният, шаффофият, интизом, имтисол ва мувозана, мусовист, чизҳои бешумор дар мувозию мусовӣ, бо як чиз дида мешаванд, пас бешубҳа, ба сирри таҷалиёти нуронии қудрати зотӣ ва бениҳоят комили Парвардигор ва шаффофияту нуронияти дар малакути ашё ва интизоми ҳикмату қудрати ӯ ва имтисолу фармонбардории комили ашё аз амрҳои таквинии ӯ ба сирри мувозанаи мавҷуди дар имкон, ки вуҷуду адами мумкинотро мусовӣ месозад. Онгуна, ки дар баробари қудрати мутлақи Парвардигори мо, каму зиёд, хурду бузург мусовист. Ӯ метавонад ҳамаи инсонҳоро ба монанди як инсон ва бо як фарёд, ҳашр намояд.

Аз сӯйи дигар, маротиби қуввату заъфи як чиз, иборат аст аз мулоҳизаи зидди он дар он. Масалан: Дараҷоти ҳарорат, аз мудохилаи бурудат пайдо мешавад ва маротиби зебоӣ, аз мудохилаи зиштӣ, пайдо мешавад ва табақоти нур, аз мудохилаи торикист. Аммо агар як чиз, зотӣ бошад на оризӣ, дар ин ҳолат, зидди он чиз, наметавонад дар он мудохила кунад. Зеро, ҷамъи ду зид, лозим меояд ва ин муҳол аст. Яъне дар ончи зотӣ восил аст, маротиб вуҷуд надорад.

Пас, вақте қудрати Қадири мутлақ зотист, ва ҳамчун мумкинот оризӣ нест ва дар камоли мутлақ қарор дорад, Пас муҳол аст, ки зидди он, яъне аҷз, битавонад дар он мудохила кунад. Яъне, офаридани баҳор ба нисбати Зоти зулҷалолаш, ба андозаи офаридани як гул, осон аст. Ва низ, барангехтану ҳашр намудани ҳамаи инсонҳо, ба андозаи ҳашри як нафар осон аст. Аммо агар ин кор ба асбоби моддӣ иснод гардад, онгоҳ офаридани як гул, ба қадри офаридани баҳор, душвор хоҳад буд.

Ҳамаи мисолҳою тавзиҳоте, ки аз оғоз то инҷо дар хусуси суратҳо ва ҳақиқатҳои ҳашр баён гардид, аз файзу баракати Қуръони ҳаким аст. Нафсро ба таслим ва қалбро ба қабул, омода месозад. Зеро сухани аслӣ, сухани Қуръони ҳаким аст ва гуфта, гуфтаи ӯст. Пас ба он гӯш фаро диҳем!

فَلِلّٰهِ الْحُجَّةُ الْبَالِغَةُ

فَانْظُرْ اِلَى آثَارِ رَحْمَتِ اللّٰهِ كَيْفَ يُحْيِى اْلاَرْضَ بَعْدَ مَوْتِهَا اِنَّ ذلِكَ لَمُحْيِى الْمَوْتَى وَهُوَ عَلَى كُلِّ شَيْءٍ قَدِيرٌ

قَالَ مَنْ يُحْيِى الْعِظَامَ وَهِىَ رَمِيمٌ قُلْ يُحْيِيهَا الَّذِى اَنْشَاَهَا اَوَّلَ مَرَّةٍ وَهُوَ بِكُلِّ خَلْقٍ عَلِيمٌ

يَا اَيُّهَا النَّاسُ اتَّقُوا رَبَّكُمْ اِنَّ زَلْزَلَةَ السَّاعَةِ شَيْءٌ عَظِيمٌ يَوْمَ تَرَوْنَهَا تَذْهَلُ كُلُّ مُرْضِعَةٍ عَمَّا اَرْضَعَتْ وَتَضَعُ كُلُّ ذَاتِ حَمْلٍ حَمْلَهَا وَتَرَى النَّاسَ سُكَارَى وَمَا هُمْ بِسُكَارَى وَلكِنَّ عَذَابَ اللّٰهِ شَدِيدٌ

اَللّٰهُ لاَ اِلهَ اِلاَّ هُوَ لَيَجْمَعَنَّكُمْ اِلَى يَوْمِ الْقِيَامَةِ لاَ رَيْبَ فِيهِ وَمَنْ اَصْدَقُ مِنَ اللّٰهِ حَدِيثًا

اِنَّ اْلاَبْرَارَ لَفِى نَعِيمٍ ٭ وَاِنَّ الْفُجَّارَ لَفِى جَحِيمٍ

اِذَا زُلْزِلَتِ اْلاَرْضُ زِلْزَالَهَا وَاَخْرَجَتِ اْلاَرْضُ اَثْقَالَهَا وَ قَالَ اْلاِنْسَانُ مَالَهَا يَوْمَئِذٍ تُحَدِّثُ اَخْبَارَهَا بِاَنَّ رَبَّكَ اَوْحَى لَهَا يَوْمَئِذٍ يَصْدُرُ النَّاسُ اَشْتَاتًا لِيُرَوْا اَعْمَالَهُمْ فَمَنْ يَعْمَلْ مِثْقَالَ ذَرَّةٍ خَيْرًا يَرَهُ وَمَنْ يَعْمَلْ مِثْقَالَ ذَرَّةٍ شَرًّا يَرَهُ

اَلْقَارِعَةُ مَا الْقَارِعَةُ وَمَا اَدْرَيكَ مَا الْقَارِعَةُ يَوْمَ يَكُونُ النَّاسُ كَالْفَرَاشِ الْمَبْثُوثِ وَ تَكُونُ الْجِبَالُ كَالْعِهْنِ الْمَنْفُوشِ فَاَمَّا مَنْ ثَقُلَتْ مَوَازِينُهُ فَهُوَ فِى عِيشَةٍ رَاضِيَةٍ وَ اَمَّا مَنْ خَفَّتْ مَوَازِينُهُ فَاُمُّهُ هَاوِيَةٌ وَمَا اَدْرَيكَ مَاهِيَهْ نَارٌ حَامِيَةٌ

وَ لِلّٰهِ غَيْبُ السَّمٰوَاتِ وَاْلاَرْضِ وَمَا اَمْرُ السَّاعَةِ اِلاَّ كَلَمْحِ الْبَصَرِ اَوْ هُوَ اَقْرَبُ اِنَّ اللّهَ عَلَى كُلِّ شَيْءٍ قَدِيرٌ

Ба оятҳои байиноти диггаре монанди инҳо, гӯш фаро дода бигуем: Оманно ва саддақно.

آمَنْتُ بِاللّٰهِ وَ مَلٰئِكَتِهِ وَ كُتُبِهِ وَ رُسُلِهِ وَ الْيَوْمِ اْلآخِرِ وَ بِالْقَدَرِ خَيْرِهِ وَ شَرِّهِ مِنَ اللّٰهِ تَعَالَى وَ الْبَعْثُ بَعْدَ الْمَوْتِ حَقٌّ وَ اَنَّ الْجَنَّةَ حَقٌّ وَ النَّارَ حَقٌّ وَ اَنَّ الشَّفَاعَةَ حَقٌّ وَ اَنَّ مُنْكَرًا وَ نَكِيرًا حَقٌّ وَ اَنَّ اللّهَ يَبْعَثُ مَنْ فِى الْقُبُورِ اَشْهَدُ اَنْ لاَ اِلهَ اِلاَّ اللّٰهُ وَ اَشْهَدُ اَنَّ مُحَمَّدًا رَسُولُ اللّٰهِ

اَللّٰهُمَّ صَلِّ عَلَى اَلْطَفِ وَ اَشْرَفِ وَ اَكْمَلِ وَ اَجْمَلِ ثَمَرَاتِ طُوبَاءِ رَحْمَتِكَ الَّذِى اَرْسَلْتَهُ رَحْمَةً لِلْعَالَمِينَ وَ وَسِيلَةً لِوُصُولِنَا اِلَى اَزْيَنِ وَ اَحْسَنِ وَ اَجْلَى وَ اَعْلَى ثَمَرَاتِ تِلْكَ الطُّوبَاءِ الْمُتَدَلِّيَةِ عَلَى دَارِ اْلآخِرَةِ اَىِ الْجَنَّةِ. اَللّٰهُمَّ اَجِرْنَا وَ اَجِرْ وَالِدَيْنَا مِنَ النَّارِ وَ اَدْخِلْنَا وَ اَدْخِلْ وَالِدَيْنَا الْجَنَّةَ مَعَ اْلاَبْرَارِ بِجَاهِ نَبِيِّكَ الْمُخْتَارِ آمِينَ

Эй бародаре, ки ин рисоларо аз рӯйи инсоф мутолиа намудӣ! нагу: чаро наметавонам ҳамаи ин гуфтори даҳумро ба якбора бифаҳмам? аз нафаҳмидани ҳамаи он, ғамгин мабош! Зеро файласуфи нобиғае ҳамчун Ибни сино гуфтааст: اَلْحَشْرُ لَيْسَ عَلَى مَقَايِيسَ عَقْلِيَّةٍ Яъне: Мо фақат ба ҳашр имон меорем, зеро бо ақл наметавон ин роҳро паймуд ва ба кунҳи он пай бурд. Низ, ҳамаи уламои Ислом, муттафиқан ҳукум намудаанд, ки қазияи ҳашр, як қазияи нақлист. Яъне далилҳои он, нақлист. Бо ақл бо он даст ёфта  наметавонӣ. Пас ин роҳ бисёр амиқ ва дар айни ҳол, аз назари маънӣ, бисёр олӣ. Наметавонад яку якбора ба як роҳи умумию ақлӣ, табдил гардад.

Аммо ба файзи Қуръони ҳаким ва ба раҳмати Холиқи раҳим, бар мо миннат гузошта шуд. Ва паймудани ин роҳи амиқу олӣ, дар асре, ки тақлиди дарҳам шикаста ва таслиму изъони фосидшудааст, осон гардид. Пас мо бояд барои ин лутфу эҳсони Парвардигор, ҳазорон бор шукр намоему сипосгузор бошем. Зеро, ҳамин миқдор барои наҷоти имони мо кофист. Мо бояд ба ҳамон миқдоре, ки фаҳмидаем, розӣ бошем ва бо мутолиаи пайдарпайи он, бар андухтаҳои худ биафзоем.

Яке аз асрори даст наёфтан ба масъалаи ҳашр аз роҳи ақл ин аст, ки: Ҳашри Аъзам аз таҷаллии исми Аъзам аст. Бо дидану нишон додани афъоли бузурге, ки аз таҷаллии исми Аъзам ва аз таҷаллии мартабаи узмои ҳар як аз асмои ҳуснои илоҳӣ, содир шудааст, метавон ҳашри аъзамро ба осонии исботи баҳор, собит намуд ва дар мавриди он ба изъони қатъӣ ва имони ҳақиқӣ, даст ёфт.

Дар ин гуфтори даҳум, масъалаи ҳашр ба файзи Қуръони карим, ба ҳамин гуна дида ва нишон дода мешавад. Аммо агар ақл бо меъёрҳои маҳдуду андакаш, ин роҳро бипаймояд, ҳатман бо аҷзу дармондагӣ, маҷбур ба тақлид хоҳад шуд.

Бахши нахуст аз пайвасти муҳими гуфтори даҳум ва бахши якуми аз лоҳиқаи он

 

بِسْمِ اللّٰهِ الرَّحْمٰنِ الرَّحِيمِ

فَسُبْحَانَ اللّٰهِ حِينَ تُمْسُونَ وَحِينَ تُصْبِحُونَ ٭ وَلَهُ الْحَمْدُ فِى السَّمٰوَاتِ وَاْلاَرْضِ وَعَشِيًّا وَحِينَ تُظْهِرُونَ ٭ يُخْرِجُ الْحَىَّ مِنَ الْمَيِّتِ وَيُخْرِجُ الْمَيِّتَ مِنَ الْحَىِّ وَيُحْيِى اْلاَرْضَ بَعْدَ مَوْتِهَا وَكَذلِكَ تُخْرَجُونَ ٭ وَمِنْ آيَاتِهِ اَنْ خَلَقَكُمْ مِنْ تُرَابٍ ثُمَّ اِذَا اَنْتُمْ بَشَرٌ تَنْتَشِرُونَ

وَ مِنْ آيَاتِهِ اَنْ خَلَقَ لَكُمْ مِنْ اَنْفُسِكُمْ اَزْوَاجًا لِتَسْكُنُوا اِلَيْهَا وَ جَعَلَ بَيْنَكُمْ مَوَدَّةً وَ رَحْمَةً اِنَّ فِى ذلِكَ َلآيَاتٍ لِقَوْمٍ يَتَفَكَّرُونَ

وَمِنْ آيَاتِهِ خَلْقُ السَّمٰوَاتِ وَاْلاَرْضِ وَاخْتِلاَفُ اَلْسِنَتِكُمْ وَ اَلْوَانِكُمْ اِنَّ فِى ذلِكَ َلآيَاتٍ لِلْعَالِمِينَ

وَ مِنْ آيَاتِهِ مَنَامُكُمْ بِالَّيْلِ وَ النَّهَارِ وَابْتِغَاؤُكُمْ مِنْ فَضْلِهِ اِنَّ فِى ذلِكَ َلآيَاتٍ لِقَوْمٍ يَسْمَعُونَ

وَ مِنْ آيَاتِهِ يُرِيكُمُ الْبَرْقَ خَوْفًا وَ طَمَعًا وَ يُنَزِّلُ مِنَ السَّمَاءِ مَاءً فَيُحْيِى بِهِ اْلاَرْضَ بَعْدَ مَوْتِهَا اِنَّ فِى ذلِكَ َلآيَاتٍ لِقَوْمٍ يَعْقِلُونَ

وَمِنْ آيَاتِهِ اَنْ تَقُومَ السَّمَاءُ وَاْلاَرْضُ بِاَمْرِهِ ثُمَّ اِذَا دَعَاكُمْ دَعْوَةً مِنَ اْلاَرْضِ اِذَا اَنْتُمْ تَخْرُجُونَ

وَ لَهُ مَنْ فِى السَّمٰوَاتِ وَ اْلاَرْضِ كُلٌّ لَهُ قَانِتُونَ

وَ هُوَ الَّذِى يَبْدَؤُا الْخَلْقَ ثُمَّ يُعِيدُهُ وَ هُوَ اَهْوَنُ عَلَيْهِ وَلَهُ الْمَثَلُ اْلاَعْلَى فِى السَّمٰوَاتِ وَاْلاَرْضِ وَهُوَ الْعَزِيزُ الْحَكِيمُ

 

Як бурҳони бузург ва як ҳуҷҷати куброи ин оятҳои осмоние, ки як қутбу меҳвари имонро нишон медиҳад ва ин бурҳонҳои қудсие, ки ҳашрро ба исбот мерасонад, дар ин “Шуоъи нӯҳум” баён хоҳад шуд.

Ин як инояти латифи Раббонист, ки Саъиди қадим сӣ сол пеш, дар поёни яке аз осораш ба номи “Муҳокамот” ки муқаддимае бар тафсираш (Ишороту-л иъҷоз фи мазону-л ийҷоз) буд, чунин навишт:

Мақсади дуюм: Ду ояти Қуръоние, ки баёнгари ҳашр аст ва ба он ишора дорад, тафсир мешавад. Аммо бо ин ҷумла: نَخُو بِسْمِ اللّٰهِ الرَّحْمٰنِ الرَّحِيمِ оғоз намуд ва таваққуф кард ва натавонист бинависад.

Пас, ба шумори далелҳо ва нишонаҳои ҳашр, аз Холиқи раҳим сипосгузор ҳастам ва ҳамди ӯро ба забон меорам, бар инки баъд аз сӣ сол, тавфиқи баёни он тафсирро насиби ман кард. Инчунин, тақрибан даҳ сол пеш, манро ба тафсири яке аз он ду ояте, ки иборат аст аз فَانْظُرْ اِلَى آثَارِ رَحْمَتِ اللّٰهِ كَيْفَ يُحْيِى اْلاَرْضَ بَعْدَ مَوْتِهَا اِنَّ ذلِكَ لَمُحْيِى الْمَوْتَى وَهُوَ عَلَى كُلِّ شَيْءٍ قَدِيرٌ муваффақ сохт, ки дар натиҷаи он, Гуфтори Даҳум ва Гуфтори Бисту нӯҳум, нигошта шуд, ки ин ду гуфтор, тафсири он оят ва ду далили бисёр қавию равшвн аст ва мункиронро ба сукут во медорад.

Пас аз он, ки ҳудуди даҳ сол, аз баёни он қалъаи мустаҳками ҳашр сипарӣ гардид, боз Парвардигори субҳон лутф намуда, тафсири оятҳои оғозини он шуоъро арзонӣ дошт ва дар қолиби ин рисола, бавуҷуд омад.

Пас, ин Шуоъи нӯҳум, иборат аз нӯҳ мақоми олист, бо як муқаддимаи муҳим.

 

МУҚАДДИМА

(Ин муқаддима аз “Ду Нуқта” иборат аст, ки нахуст аз фоидаҳои рӯҳии бисёр зиёди ақидаи ҳашр ва аз натиҷаҳои ҳаётии он, фақат як натиҷаи ҷомеъро ба ихтисор баён намуда, изҳор медорад, ки ақидаи ҳашр, чи қадар ба зиндагии инсон, алалхусус зиндагии иҷтимоъии ӯ, лозиму зарурист.

Дар идома, аз байни ҳуҷҷатҳои бисёр зиёди ақидаву имони ба ҳашр, танҳо як ҳуҷҷати куллиро нишон дода, баён медорад, ки ақидаи ба ҳашр, чиқадар бадеҳист, ки шакку шубҳа ба он, роҳ надорад.)

 

Нуқтаи якум

Дар ин маврид, ки имони ба охират, уссу-л асоси зиндагии иҷтимоъию инфиродии инсон ва пояи камолоту хушбахтии ӯст, ба унвони як миқёсу намуна, ба чор далел аз миёни садҳо далел, ишора хоҳем кард.

Далели якум: Кудаконе, ки нисфи башариятро ташкил додаанд, танҳо бо фикри ҷаннат метавонанд дар баробари маргҳову ҷон доданиҳое, ки ба назарашон бисёр дардноку ранҷовар ба назар мерасад, муқовимат намоянд ва тобу таҳаммул дошта бошанд. Бо фикри ҷаннат метавонанд дар пайкари нозуку наҳифашон, ба як неруйи маънавӣ, даст ёбанд ва ба рӯйи рӯҳу табиъаташон, ки бемуқовимат аст ва ба андак чиз мегиянд, дарҳои умедро бикушоянд ва умедворонаю масрурона, ба зиндагияшон идома диҳанд.

Масалан: Кудаке, ки ба ҷаннат имон дорад, бо худ ба гуфтугу пардохта, мегуяд: Бародари хурдам ва ё дӯсти азизам мурд ва ба яке аз парандаҳои биҳиштӣ, табдил шуд. Акнун дар ҷаннат саёҳат карда, беҳтар аз мо зиндагӣ мекунад. Аммо агар имони ба ҷаннат намебуд, марги кӯдакони ҳамсинну солаш ва бузургсолоне, ки ҳамарӯза дар атроф ба вуқӯъ мепайвандад, муқовимату нерӯйи маънавии ин бечорагони заъифу нотавонро зеру забар месохт ва зиндагию равонашонро дар ҳам мекубид ва ҳамроҳ бо чашмонашон, рӯҳу қалбу ақл ва соири латоифи ононро ба гиря дар меовард. Дар натиҷа ё маҳву нобуд шуда ва ё ҳайвони девонаи бадбахт мешуданд.

Далели дуюм: Пиронсолоне, ки нисфи башариятро ташкил медиҳанд, танҳо бо имони ба охират метавонанд дар баробари қабре, ки дар лаби он қарор доранд, сабру таҳаммул намоянд. Ва дар муқобили ба хомӯшӣ гароидани шуълаи зиндагии ширин ва баста шудани дари дунёи зебояшон, фақат бо ҳамин имон метавонанд оромишу тасаллӣ биёбанд. Ва дар баробари яъсу ноумедии дардноку ваҳшатоваре, ки аз маргу завол бархоста ва зарбаҳои муҳлик бар арвоҳу табиатҳои кудаконаю зудтаъсирашон ворид намудааст, фақат бо умеди ба зиндагии ҷовидонаи охират, метавонанд муқобила намоянд. Аммо агар имони ба охират намебуд, ин падарону модарони гиромие, ки сазовори шафқату меҳрубонӣ ҳастанд ва шадидан ба оромишу истироҳати қалбӣ ниёз доранд, чунон вовайлои рӯҳӣ ва дағдағаи қалбӣ, эҳсос мекарданд, ки дунё бар сарашон танг ва як зиндони тираю тор мешуд ва зиндагӣ низ, ба як азоби сахт табдил мегашт.

Далели сеюм: Ҷавонону барноён низ, меҳвари зиндагии иҷтимоъии башарро ташкил медиҳанд. Ончи пешгирӣ аз таҷовузу зулм ва вайронгариҳои эҳсосоти дар ҷушу хуруши нафсу ҳавои ифротиашонро мегирад ва ҷараёни хуби зиндагии иҷтимоъиро таъмин мекунад, фақат фикри ҷаҳаннам аст. Агар тарси аз ҷаҳаннам намебуд, бинобар қоидаи “Ал-ҳукму лил-ғолиб” ин ҷавонони масту мадҳуш, дар пайи баровардани хоҳишҳояшон, дунёро ба бечорагону заифон ва дармондагон, ба ҷаҳаннам табдил карда, ҷойгоҳи баланди зиндагии инсониятро ба як зиндагии пасти ҳайвонӣ, табдил месохтанд.

Далели чорум: Дар зиндагии дунявии инсон, ҷомеътарин марказу асоситарин чархро, зиндагии хонаводагиаш ташкил медиҳад. Ва хонавода барои саодати дунявии ӯ, як биҳишт, як паноҳгоҳ ва як таҳассунгоҳ башумор меравад. Ва хонаи ҳар як шахс, дунёи кӯчаки ӯст. Ва саодату зиндагӣ, барои зиндагии он хонавода низ, бо эҳтироми мутақобили ҷиддию самимонаю бовафо ва бо марҳамату шафқату содиқона ва фидокорона, таъмин мегардад. Ин эҳтироми ҳақиқӣ ва марҳамати холисона ҳам, бо фикру ақидаи пайванд ва робитаи дӯстии абадӣ, рафоқати доимӣ ва ҳамроҳии сармадӣ, дар як замону зиндагии номаҳдуд бо тадовуми робитаи падаронаю фарзандона ва бародаронаю дӯстона, бавуҷуд меояд. Аз ин сабаб аст, ки шавҳар бо худ ҳарф зада, мегуяд: Ин хонуми ман дар олами абадӣ, дар як зиндагии доимӣ, дӯсти ҳамешагию шарики зиндагии ман аст. Бо онки пиру баднумо шудааст, аммо муҳим нест, чунки як зебоии абадӣ дорад ва хоҳад омад. Пас, ман барои ин дӯстии доимӣ, аз ҳеҷ фидокорию меҳрубонӣ, дареғ намекунам. Бад-ин тариқ, ин мард метавонад ба ҳамсари пираш, ҳамчун як ҳури биҳиштӣ нигарад ва ба ҳамон гуна, бо ӯ муҳаббату шафқат ва марҳамат намояд. Дар ғайри ин сурат, дӯстие, ки пас аз як-ду соат рафоқати суварию зоҳирӣ, ба фироқу ҷудоии абадӣ, мунҷар мешавад. Бешубҳа, як дӯстии зоҳирию зудгузар ва бебунёд аст. Ва ба ҷуз марҳамати маҷозию эҳтироми сохтакорӣ ва пайванди ҷинсии ҳайвонӣ, ҳосили дигаре надорад. Илова бар ин, манофеъу шаҳавоти нафсонӣ низ, он марҳамату эҳтиромро мағлуби худ месозад. Бад-ин гуна, он биҳишти дунявиро ба ҷаҳаннами абадӣ, табдил мекунад.

Инчунин, аз садҳо натиҷаи имони ба ҳашр, як натиҷаи он, ба зиндагии иҷтимоъии инсон, бармегардад. Ва ҳар гоҳ садҳо ҷиҳату фоидаи дигари ҳамин як натиҷа бо чил далели мазкур муқоиса гардад, фаҳмида мешавад, ки таҳаққуқу вуқӯъи ҳақиқати ҳашр, ба андозаи субути ҳақиқати волои инсон ва ниёзҳои куллии ӯ қатъист. Ҳатто равшантар аз он аст, ки мавҷудияти ниёз дар меъдаи инсон ба мавҷудияти ғизо, далолат мекунаду шаҳодат медиҳад. Агар натиҷаҳо  ва дастовардҳои ин ҳақиқати ҳашр, аз зиндагии инсонҳо салб шавад, моҳияти бисёр муҳиму олӣ ва бонишоти инсоният, ба монанди лошаи гандидаю мутааффин қарор хоҳад гирифт, ки паноҳгоҳи микробҳову олудагиҳост.

Акнун, аз ҷомеашиносону сиёсатмадорон ва олимони ахлоқ, ки бо идораву ахлоқ ва ҷомеаи башарӣ сару кор доранд, мехоҳем омада, бигуянд, ки ин холигиро бо чи чиз, пур месозанд? ва ин захмҳои амиқро бо чи чиз, муолиҷа мекунанд?

 

НУҚТА ДУЮМ

Ин нуқта, аз байни бурҳонҳои беҳадду ҳисоби ҳақиқати ҳашр, ба таври мухтасар як бурҳонро баён мекунад, ки аз хулосаи шаҳодатҳои соири аркони имон берун омадааст. Бад-ин гуна:

Ҳамаи мӯъҷизоти ҳазрати Муҳаммад алайҳиссалоту вассалом, ки ба рисолати ӯ далолат доранд ва ҳамаи далелҳои нубувват ва бурҳонҳои ҳаққонияти эшон ба таври маҷмӯъ, ба таҳқиқи ҳақиқати ҳашр гувоҳӣ дода, ва онро ба исбот мерасонад. Зеро, даъвати он Ҳазрат (с) дар тӯли ҳаёти муборакаш пас аз тавҳид, ба масъалаи ҳашр тамаркуз ёфтааст. Ва ҳамаи мӯъҷизоту ҳуҷҷатҳои ӯ, ки соири паёмбаронро тасдиқ намуда ва ба тасдиқашон во доштааст низ, ба ҳамин ҳақиқат, яъне ҳашр шаҳодат медиҳад. Ва ҳамчунон,وَ كُتُبِهِ гувоҳии китобҳои осмоние, ки гувоҳии адошуда аз ҷониби وَ بِرُسُلِهِ паёмбарони илоҳиро бадоҳатан, иртиқо бахшидааст, низ шоҳиди ҳамин ҳақиқат мебошад. Бад-ин гуна:

Пеш аз ҳама, бо ҳамаи мӯъҷизаҳо, ҳуҷҷатҳову ҳақиқатҳояш — ки ҳаққонияти Қуръонро собит месозад — бар вуқӯъи ҳашр гувоҳӣ дода, онро ба исбот мерасонад. Зеро, аз се яки Қуръон ва шуруъи аксари сураҳои кӯтоҳ, ба ҳашр ихтисос дорад. Яъне, Қуръони карим бо ҳазорон ояташ, сароҳатан ва ё ишоратан, аз ҳамин ҳақиқат хабар медиҳад ва онро сароҳатан собит карда, нишон медиҳад.

Масалан:

اِذَا الشَّمْسُ كُوِّرَتْ ٭

يَا اَيُّهَا النَّاسُ اتَّقُوا رَبَّكُمْ اِنَّ زَلْزَلَةَ السَّاعَةِ شَيْءٌ عَظِيمٌ ٭

اِذَا زُلْزِلَتِ اْلاَرْضُ زِلْزَالَهَا ٭

اِذَا السَّمَاءُ انْفَطَرَتْ ٭

اِذَا السَّمَاءُ انْشَقَّتْ ٭

عَمَّ يَتَسَاءَلُونَ ٭

هَلْ اَتَيكَ حَدِيثُ الْغَاشِيَةِ

Пас, Қуръони карим бо анвоъи ин оёт дар оғози сӣ-чил сура, ҳақиқати ҳашрро қотиона, ба исбот расонида, нишон медиҳад, ки масъалаи ҳашр, муҳимтарину заруритарин ҳақиати коинот аст. Ва бо оятҳои дигараш низ, ба баёни далоили гуногуну бовардиҳандаи он ҳақиқат, мепардозад.

Бубин! агар китобе, ки ишораи як ояти он, ҳақиқатҳои илмӣ ва кавнии бисёрро дар бахши илмҳои исломӣ бабор овардааст, бо ҳазорон далелу шаҳодаташ, масъалаи имони ба ҳашрро ҳамчун офтоб нишон диҳад, оё имкон дорад аз ҳақиқат дур бошад ва инкор шавад? оё инкор кардани он, мисли инкори хуршед ва инкори мавҷудияти ҳастӣ ва сад дараҷа муҳолу ботил нест?!

Оё мумкин аст, ҳазорон сухан ва ваъдаю ваъиди подшоҳи азизу боқудрат, дуруғу дур аз ҳақиқат бошад, дар ҳоле, ки гоҳо махсус барои ин, ки як ишораи подшоҳӣ, дуруғ қарор нагирад, як лашкар дар ҳаракат даромада, вориди ҷанг мешавад.

Акнун, султони маънавии бузургеро дар назар бигиред, ки ҳокимияту фармонравоии ӯ сездаҳ қарн, бетаваққуф, идома ёфт ва арвоҳу ақлу қалб ва нафси беҳадду ҳисобро бар асоси ҳаққу ҳақиқат, тарбият карду идора намуд. Бо он, ки танҳо як ишораи ӯ барои исботи чунин ҳақиқат, кофист. Аммо ӯ бо ҳазорон сароҳат, ин ҳақиқатро нишон дода, ба исбот расонидааст. Пас, оё касе, ки ин ҳақиқати равшанро дарк накунад, аҳмақи ҷоҳил нест? оё сӯхтани ӯ дар оташи ҷаҳаннам аз рӯйи адолат нест? ва ҳамаи саҳифаҳои осмонӣ ва китобҳои муқаддасе, ки бар як асру замони хос ҳукумравоӣ мекарданд низ, бо ҳазорон далилҳо, даъвои Қуръони каримро дар хусуси ҳақиқати ҳашр, мавриди таъйид қарор медиҳанд. Бо ин тафовут, ки баёноти онҳо бино бар тақозои асру замонашон, кӯтоҳу мухтасар, аммо пурқудрат аст. Вале, Қуръони карим ҳокимияташ, ҳамаи асрҳоро таҳти пӯшиш қарор дода ва бар замонаҳои оянда низ, фармон меронад, ҳақиқати ҳашрро бо тафсилу тавзиҳ ва такрор баён доштааст.

Ба муносибати ин баҳс, матне, ки дар охири Рисолаи Муноҷот омадааст, дар инҷо дарҷ мегардад. Ин матн, як хулоса ва далели бисёр қавӣ бар ҳашр аст ва шаҳодати соири аркони имонӣ, алалхусус “Русул” (расулон) ва “Кутуб” (китобон)-ро бар масъалаи имони ба ҳашр дар бар мегирад ва авҳомро дур мекунад. ин ба шакли муноҷот аст:

Эй Рабби раҳими ман! бо таълими Расули акрам ва аз дарси Қуръон дарёфтем, ки: ҳамаи китобҳои муқаддасу паёмбарон, дар раъсашон Қуръони карим ва Расули акрамат (с) ба иҷмоъу иттифоқ, шаҳодат медиҳанд ва далолат мекунанд ва ишора менамоянд, ки таҷалиёти исмҳои ҷалолию ҷамолӣ, ки осори он дар ин дунё ва дар ҳар тараф дида мешавад, бо тобишу дурахшиши зиёд, ба сӯйи абадулобод давом хоҳад ёфт. Ва лутфу эҳсоноте, ки ҷилваҳои раҳимона ва намунаҳои он дар ин олами фонӣ, ба мушоҳида мерасад, бо шаъшааи бештар дар дори саодат, истимрор карда ва боқӣ хаҳад монд. Ва муштоқоне, ки дар ин зиндагии кӯтоҳи дунявӣ, он ҷилваҳоро бо завқ дидаанд ва бо муҳаббат ҳамроҳӣ намудаанд, дар абадият низ, ҳамроҳӣ хоҳад намуд. Ва ҳамеша дар канори онҳо хоҳанд монд.

Инчунин, ҳамаи паёмбароне, ки дорои арвоҳи нуронӣ ҳастанд, дар раъсашон Паёмбари акрам (с) ва ҳамаи авлиёе, ки қутбҳои қалби мунавваранд ва ҳамаи сиддиқоне, ки маъданҳои ақлҳои қотеъу равшан ҳастанд, бо имони росихашон, ба ҳашр имон доранд. Ва бо истинод ба садҳо мӯъҷизаи боҳиру оятҳои қотеъ, ва бо такя ба ҳазорон ваъдаву ваиди бо такрор дар суҳуфи осмонию китобҳои муқаддас ва бо эътимод бар иззату ҷалол ва салтанати рубубияту шаъни воло ва бар сифоти муқаддасе ҳамчун қудрат, раҳмат, иноят, ҳикмат, ҷалолу ҷамоли ту, ки тақозои охиратанд ва бино бар мушоҳидоту кашфиёти беҳадду ҳисобашон, ки аз осору таровишоти охират хабар медиҳад ва бар бунёди имону ақидаи ҷозимашон, ки ба дараҷаи илмуляқин ва айнуляқин, башариятро ба саодати абадӣ, мужда медиҳанду изъон медоранд, ки барои аҳли ҳидоят. ҷаннат вуҷуд дорад ва барои аҳли залолат низ, ҷаҳаннам омода шудааст.

 

Эй Қадири ҳаким! Эй Раҳмони раҳим! Эй Содиқу-л ваъди-л карим! Эй Қаҳҳори зулҷалоле, ки соҳиби иззату азамат ва ҷалол ҳастӣ!

Ту садҳо ҳазор бор муқаддасу муназзаҳ ва бартар аз он ҳастӣ, ки ин ҳама дӯстони содиқ ва ин ҳама ваъдаҳою сифот шуунотатро такзиб кунӣ, ва он чиро ки салтанати рубубияти ту, қотиона тақозо мекунад, рад намоӣ, ва дуои бандагони солеҳатро, ки дӯсташон дорӣ ва онҳо ҳам бо имону тасдиқу итоат, худро маҳбуби ту қарор додаанд, нашунавию иҷобат накунӣ! Бале, Ту поктару бартар аз он ҳастӣ, ки аҳли залолату аҳли куфрро дар инкори кардани ҳашр, тасдиқ намоӣ. Ҳамон куффоре, ки бо куфру исён ва бо такзиби ваъдаҳоят, бар азамату кибриёи ту таҷовуз намуда ва иззати ҷалолу ҳайсияти улуҳият ва шафқати рубубияти туро дар назар нагирифтаанд.

Мо адолати бепоёну ҷамоли бениҳоят ва раҳмати беканорро аз чунин зулму зиштии бепоён, тақдис карда, покии туро баён медорем.

Мо бо тамоми тавон имон дорем, ки ҳазорон паёмбари содиқу ростгу ва теъдоди бешумре аз асфиёю авлиё, ки даъватгарони ту ҳастанд, бо ҳаққу-л яқин ва айну-л яқин ва илму-л яқин, бар ганҷинаҳои ухравии раҳмат ва бар дафинаҳои эҳсонотат дар олами бақо ва бар ҷилваҳои зебои асмои ҳусноят, ки дар дори саодат комилан зуҳур намудааст, шаҳодат медиҳанд. Ин шаҳодаташон, ҳаққу ҳақиқат аст. Ва ишораҳояшон дурусту воқеъист. Ва башораташон содиқу рост аст. Онҳо бо имони ба ин, ки ин ҳақиқати бузург — яъне ҳашр — бузургтарин шуоъи исми Ҳақ аст. Ин исм низ, марҷаъу хуршеди ҳамаи ҳақоиқ аст. Бо дастури ту бандагонатро дар доираи ҳақ, дарс дода, ин масъаларо ба унвони як ҳақиқати айнӣ, таълим медиҳанд.

 

Ё Раб! Ба ҳақ ва ба сипоси дарсу таълими инҳо, ба мо ва ба ҳамаи талабаҳои Рисолаи Нур, имони акмал ва ҳусни хотимаро насиб фармо. Ва моро шоистаи шафоаташон бигардон. Омин…

Модоме, ки ҳамаи далелҳо ва ҳуҷҷатҳое, ки ҳаққонияти Қуръони карим, балки ҳамаи китобҳои осмониро ба исбот мерасонад, ва ҳамаи мӯъҷизаҳову бурҳонҳое, ки нубуввати Ҳабибуллоҳ, балки ҳамаи анбиёро собит мекунад, ба навбати худ бузургтарин даъвои онҳоро, ки таҳаққуқи охират аст, низ собит месозаду бар он далолат мекунад. Ҳамчунин, аксари далелҳо ва ҳуҷҷатҳое, ки бар вуҷуду ваҳдати Воҷибулвуҷуд шаҳодат медиҳад низ, ба навбати худ бар мавҷудияту кушоиши дори саодат ва олами бақое, ки бузургтарин мадор ва мазҳари рубубияту улуҳият аст, гувоҳӣ медиҳад. Зеро, онгуна, ки дар мақомоти оянда, баён ва исбот хоҳад шуд, ҳам мавҷудият ва ҳам умуми сифот ва бисёри исмҳои зоти Воҷибулвуҷуд ва авсофу шууни муқаддаси ӯ ҳамчун: рубубият, улуҳият, раҳмат, иноят, ҳикмату адолат ба дараҷаи лузум, тақозои охиратанд. Ва ба дараҷаи вуҷуб, истилзоми дори саодат мебошанд. Ва ба дараҷаи зарурат, ҳашру нашрро барои мукофоту муҷозот мехоҳанд. Бале, як Аллоҳи абадию азалӣ вуҷуд дорад, пас ҳатман охирате, ки меҳвари салтанати улуҳияти ӯст низ, вуҷуд дорад. Вақе дар ин коинот, алалхусус дар мавҷудоти зиндаи он, рубубияти мутлақи бошукӯҳ ва ҳикмату шафқат ҳаст, пас ҳатман як дори саодати абадӣ, вуҷуд дорад, ки рубубиятро аз беаҳамиятӣ ба махлуқот ва ҳикматро аз корҳои беҳуда ва шафқатро аз ғадару фиреб, нигоҳ медорад. Пас, чунин саройи саодат вуҷуд дорад. Ва саодатмандон ба онҷо хоҳанд рафт.

Ҳам модоме ин ҳамаи инъому эҳсон ва лутфу карам ва инояту раҳмат, дар пеши чашмонамон пайдову ошкор аст ва мавҷудияти як зоти раҳмону раҳимро дар паси пардаи ғайб, ба ақлҳое, ки хомӯш нашуда ва ба қалбҳое, ки намурдааст, нишон медиҳад. Пас, ҳатман дар як олами боқӣ, як зиндагии доимӣ вуҷуд дорад, ки инъомро аз истиҳзо ва эҳсонро аз фиреб додан ва иноятро аз адами таҳаққуқ ва раҳматро аз неқмат ва лутфу карамро аз иҳонат раҳоӣ мебахшаду дур нигоҳ медорад. Бале, ончи эҳсонро эҳсон ва неъматро неъмат месозад, мавҷудияти зиндагии доимист дар як олами доимӣ.

Ҳам модоме, ки қалами қудрате, ки дар фасли баҳор ва дар саҳифаи танги замин, сад ҳазор китобро беиштибоҳ ва ба сурати мутадохил менависад ва дар пеши чашмони мо бе хастагӣ, кор мекунад, соҳиби он қалам, садҳазор бор аҳд намуда ва ваъда додааст, ки: китоби пойдору зебо ва осонтар аз ин китоби ошуфтаву мутадохили баҳорро дар ҷойи васеътару зеботар аз ин саҳифаи танги замин хоҳам навишт ва барои ҳамеша, боқӣ хоҳад монд. Ва шуморо бо ҳайрату шигифт, ба хондани он водор хоҳам кард. Ӯ дар тамоми фармонҳояш, аз он китоб баҳс мекунад. Пас бешубҳа асли он китоб навишта шудааст, ҳошияҳои он низ, бо ҳашру нашр навишта хоҳад шуд. Ва номаи аъмоли ҳама, дар он қайд хоҳад шуд.

Ҳам модоме, ки ин замин ба лиҳози доштани касрати махлуқот ва ба лиҳози ин, ки маскану корхона ва намоишгоҳи садҳо ҳазор навъ аз анвоъи мухталифи зави-л ҳаёт ва зави-л арвоҳ аст, аҳамияти воло касб намуда ва ба манзалаи қалбу марказ ва хулосаву натиҷа ва сабаби хилқати кулли ҳастӣ, қарор гирифтааст. Ҳатто бо вуҷуди хурд будани ҳаҷмаш, боз ҳам дар ҳамаи фармонҳои осмонии ҳамчун: رَبُّ السَّمٰوَاتِ وَ اْلاَرْضِ дӯшодӯши осмонҳои бузург мешавад ва муодили онҳо талаққӣ мегардад.

Ва модоме, ки бани одам чунон аҳамияте дорад, ки ҳукмфармои тамоми замин аст ва бар аксари махлуқоти он, тасарруф дорад ва бо тасхири аксари мавҷудоти зиҳаёти он, онҳоро ба гирди худ ҷамъ намуда, ва маснуоту падидаҳои онро бар асоси меъёрҳои ҳавас ва дар чорчубаи ниёзҳои фитриаш, танзиму тазйин карда, ба намоиш мегузорад. Ва навъҳои шигифтангезтари онро, феҳриствор дар ҳар ҷо ба гунае мураттаб месозаду ороиш медиҳад, ки на танҳо нигоҳи инсу ҷин, балки таваҷҷуҳи аҳли осмонҳо ва саросари ҳастӣ, ҳатто нигоҳи молики коинотро ҷалб мекунад ва таҳсину тақдирашонро бармеангезад. Бад-ин сабаб, аҳамияти бузургу арзиши воло соҳиб шудааст. Ва бо илму маҳоратҳояш нишон додааст, ки ӯ ҳикмати офариниши ин коинот ва бузургтарин натиҷаю арзишмандтарин меваи он аст ва халифаи рӯйи замин мебошад. Ва аз он ҷое, ки ӯ санъатҳои хориқулодаи Холиқи коинотро бо зебоию ҷаззобияти хос, танзим дода, ба намоиш мегузорад. Азоби исёну куфраш, ба баъд мавкул гардида, ба ӯ иҷозат додашудааст, то дар ин дунё зиндагӣ кунад. Ва дар анҷоми ин кор, ба муваффақиятҳои назаррас ноил шавад.

Ва модоме, ки банни одам — аз лиҳози офаринишу мизоҷ, дорои чунин моҳият аст, ва зимни заъфу аҷзи шадидаш, ниёзҳояш низ, беҳадду ҳисоб ва дардҳову ранҷҳояш низ, фаровон аст — мутасаррифи бисёр тавонову ҳаким ва мушфиқе дорад, ки қудраташ волотар аз ҳар чиз асту ихтиёри том дорад. Ва ин замини бузургро ба сурати як хазина, барои навъҳои маъданҳои мавриди ниёзи инсон офарида ва як анбор барои ҳар гуна ғизо ва як мағоза барои ҳар навъ ҷинси дилхоҳи ӯ, қарор додааст. Он Парвардигори меҳрубонаш, ингуна мутаваҷҷеҳи ӯст ва ӯро мепарваронад ва ҳамаи хостаҳояшро бароварда месозад.

Ва модоме, ки Раб ҳақиқаташ чунин аст, инсонро дӯст медорад ва худашро низ, маҳбубу дӯсти инсонҳо қарор медиҳад, ва боқӣ ҳасту оламҳои боқӣ дорад, ва ҳар корро бар асоси адолаташ иҷро намуда ва ҳар чизро бо ҳикматаш анҷом медиҳад. Ва азамати салтанату сармадияти ҳокимияти ин ҳакими азалӣ низ, дар ин зиндагии кӯтоҳи дунявӣ ва дар ин умри кӯтоҳи башар ва дар ин замини муваққату фонӣ, намегунҷад ва ҷой намешавад. Ва зулумҳову нофармониҳои бисёр бузург низ, ки инсон муртакиб мешавад, ва манофии (мухолиф) назми коинот ва мухолифи адолату тавозун ва ҷамоли зебои он аст, дар ин дунё бекайфар мемонад. Ва ҷазои тавҳину инкори куфрашро дар баробари мавлое, ки ӯро бо неъмату шафқат парвардааст, намебинад. Ва золимону ситамгарон низ, дар рафоҳу оромиш ба зиндагияшон идома медиҳанд ва мазлумону дармондагон низ, бо мушкилоти фаровон бо зиндагӣ, дасту панҷа нарм мекунанд. Пас, бешубҳат моҳияти адолати мутлақе, ки осори он дар саросари коинот ба мушоҳида мерасад, ҳаргиз намепазирад ва қабул намекунад, ки ситамгарони саркаш ва ситамдидаҳои бечора, пас аз марг, зинда нашаванд ва ҳама бо ҳам мусовиёна ва барои ҳамеша ба коми марг фурӯ раванд. Бешубҳа ин амр бо адолати мутлақ, дар тазод қарор дорад ва адолат, чунин чизро намепазирад ва иҷозат намедиҳад.

Ва модоме, ки соҳиби коинот, заминро аз коинот ва инсонро аз замин баргузид, ва ҷойгоҳи бисёр волою аҳамияти бузург ба ӯ дод. Ва аз байни инсонҳо низ, инсонҳои ҳақиқӣ, монанди анбиёю авлиё ва асфиёро ки ҳамгом бо мақсадҳои рубубият ҳаракат намуда, худро бо имону таслим, маҳбуби соҳиби коинот сохтаанд, баргузид ва дӯстону мухотабони худ, қарор дод. Ва онҳоро бо мӯъҷизаҳову тавфиқоташ, гиромӣ дошт. Душманонашро бо силиҳои осмонӣ, азоб дод.

Ва аз байни ин маҳбубони гиромию дӯстдоштааш низ, ҳазрати Муҳаммад алайҳиссалоту вассаломро ки имом ва мояи фахру мубоҳоти онҳост, интихоб кард. Ва нисфи кураи бисёр муҳими замин ва панҷяки башарияти боаҳамиятро дар тӯли асрҳои мутамоддӣ, бо нури ӯ мунаввар сохт. Одатан мисли ин, ки ин коинот барои ӯ офаридашуда бошад. Ҳамаи ҳадафҳову ғояҳои он, бо ӯ ва бо дину қуръони ӯ, зуҳур меёбад ва ошкор мегардад. Пас ӯ мустаҳиқ ва шоиста буд, то дар баробари хадамоти бузургу арзишманду номаҳдудаш, ки ба васеъии як зиндагии чанд миллионсолааст, дар як замони номаҳдуд бо умри бепоён, подошашро дарёфт намояд. Аммо ӯ як умри кӯтоҳи ба муддати шасту се солро, он ҳам бо мушкилот сипарӣ намуд ва дунёро тарк кард! Аҷабо, пас оё ҳеҷ як эҳтимолу имкон ва ҳеҷ як қобилият дорад, ки ӯ бо амсолу дӯстонаш, дубора зинда ва ҳашр нагардад? Ва акнун низ, бо рӯҳаш, зинда набошад? ва барои ҳамеша, нест шаваду ба сӯйи адам равад? Ҳаргиз! Садҳазор бор ҳаргиз! Бале, ҳамаи коинот ва ҳамаи ҳақиқатҳои коинот, хостори дубора зиндашудани ӯ ҳастанд ва ҳаёти ӯро аз соҳиби коинот металабан.

Модоме, ки “Ояту-л Кубро”, ки Шуоъи ҳафтум аст, ба сию се иҷмоъи азим, ки ҳар иҷмоъи он, қудрату салобати кӯҳро дорад, собит намудааст, ки: ин коинот, аз як даст содир шудааст ва мулки як зот аст. Бад-ин тартиб, иҷмоъҳои мазкур, ваҳдату аҳадияти Худовандро ки меҳвару камолоти ӯст, ошкоро нишон медиҳад ва баён медорад, ки бо ваҳдату аҳадият, ҳамаи коинот ба манзалаи сарбозони гӯш бафармон ва маъмурони мусаххари он Зоти воҳиди аҳад дармеояд. Ва бо омадани охират, камолоти ӯ таҳаққуқ меёбад ва аз суқут шудан солим монда ва адолати мутлақаш, фармон меронаду аз зулм мераҳад. Ва ҳикмати оммааш, аз сафолату беҳудагӣ. бароат ёфта, раҳмати густурдааш аз азоб наҷот пайдо мекунад. Ва иззату қудраташро аз аҷзу зиллат дур мемонад. Ва ҳар кадом аз сифатҳои ӯ, бо тақаддусу покизагии шоистааш, муҷалло мегардад. Албатта ва албатта ва ба ҳар ҳол, бинобар тақозои ҳақиқатҳои зикршуда дар ҳашт банде, ки бо “Модом” оғоз гардид ва аз садҳо нуктаи муҳими имони ба Аллоҳ, танҳо якеро ташкил медод, қиёмат барпо хоҳад шуд ва ҳашру нашр бавуқӯъ хоҳад пайваст ва дори муҷозоту мукофот кушода хоҳад шуд, то аҳамияту марказияти замин ва ҷойгоҳи инсон, таҳаққуқ пайдо кунад. Ва адолату ҳикмат ва раҳмату салтанати Холиқ ва Мутасаррифи ҳакими замину инсон қарор ёбад. Ва дӯстони ҳақиқию муштоқи Парвардигори боқию доимӣ, аз фано ва эъдоми абадӣ, наҷот ёбад. Ва аз байни ин дӯстонаш, бузургтарину гиромитарини онҳо, подоши хизматҳои арзандаашро ки ҳамаи коинотро шоду мамнун сохтааст, дарёфт намояд. Ва камолоти Султони сармадӣ, аз нуқсу қусур, муқаддас бимонад. Ва қудраташ аз аҷзу дармондагӣ ва ҳикматаш аз сафоҳат ва адолаташ аз зулм, муназзаҳу мубарро гардад.

 

ХУЛОСА

Модоме, ки Аллоҳ ҳаст, албатта охират низ ҳаст.

Онгуна, ки се рукни мазкури имонӣ, бо ҳамаи далелҳояшон ба ҳашр гувоҳӣ дода, далолат мекунанд. Ду рукни дигари имонии وَ بِمَلٰئِكَتِهِ وَ بِالْقَدَرِ خَيْرِهِ وَ شَرِّهِ مِنَ اللّٰهِ تَعَالَى низ истилзоми ҳашр аст. Ва бо қуввати комил бар олами боқӣ, шаҳодат дода, далолат мекунад. Бад-ин гуна:

Ҳамаи далелҳо ва мушоҳидоту муколамоте, ки бар вуҷуди фариштагон ва вазифаҳои убудияташон далолат дорад, ба навбати худ бар мавҷудияти олами арвоҳ ва олами ғайбу олами бақо ва олами охирату дори саодат ва ҷаннату ҷаҳаннаме, ки дар оянда бо ҷинну инс обод хоҳад шуд, низ далолат мекунад. Зеро фариштагон метавонанд бо иҷозати илоҳӣ, ин оламҳоро бубинанд ва дар онҳо дохил шаванд. Аз инру, фариштагони муқарраб ҳамчун ҳазрати Ҷабраил, ки бо башар дидор намудааст, муттафиқан аз мавҷудияти оламҳои мазкур ва гардишашон дар он оламҳо, хабар медиҳанд. Пас онгуна, ки мо қитъаи амрикоро надидаем, аммо эътимод ба хабари касоне, ки аз онҷо омадаанд, мавҷудияти онро бадоҳатан медонем. Пас лозим аст, то дар партави хабарҳои фариштагон, ки қуввати сад тавотурро дорад, ба ҳамон бадоҳати ба олами бақою сарои охират ва ҷаннату ҷаҳаннам имон оварем. Мо ба ҳамин гуна, имон дорем ва бовар мекунем.

Низ чунон, ки дар Гуфтори бисту шашум, яъне “Рисолаи Қадар” омадааст, далелҳое, ки “имони ба қадар”-ро собит месозанд, ба навбати худ, ба ҳашру нашри суҳуф ва вазни аъмол дар мизони акбар низ, далолат доранд. Зеро, мо дар пеши чашмони худ мебинем, ки муқаддароти ҳар чиз, дар лавҳаҳои низому мизон, ёддошт мегардад ва саргузашти зиндагии ҳар мавҷуди зинда, дар нерӯйи ҳофиза ва дар базрҳову тухмиҳояшон ва дар лавҳаҳои мисолии дигар, навишта мешавад. Ва дафтарҳои аъмоли ҳар зирӯҳ, алалхусус инсон, дар лавҳи маҳфуз сабт ва забт мегардад. Сипас бешубҳа, чунин қадари муҳиту тақдири ҳакимона ва тадвини дақиқу ёддошти аминона, танҳо метавонад барои мукофоту муҷозоте бошад, ки дар як маҳкамаи бузург ва дар натиҷаи як муҳокамаи умумӣ, дода мешавад. Дар ғайри ин сурат, ин ёддошту муҳофизати густурда ва бисёр дақиқ, ба таври куллӣ, бемаънӣю бефоида мемонад ва манофии ҳикмату ҳақиқат қарор мегирад. Яъне, агар ҳашр набошад, ҳамаи маънӣи ҳақиқии ин китоби коинот, ки бо қалами қадар навишта шудааст, барҳам мехураду вайрон мешавад, ки чунин чизе ба ҳеҷ ваҷҳ мумкин нест. Ин эҳтимол, ба монанди инкори мавҷудияти ин ҳастӣ, муҳол аст. Ва ҳатто як ҳазаён аст.

Алҳосил: Панҷ рукни имон ҳамроҳ бо ҳамаи далелҳояш, ба вуқӯъ ва мавҷудияти ҳашру нашр ва вуҷуди дори охират ва кушода шудани дарҳои он далолат намуда, хоҳишманди он ҳастанд ва бар он гувоҳӣ медиҳанд.

Пас, дар мувофиқату ҳамоҳангӣ, бо бархурдор будани ҳақиқати ҳашр аз чунин пояҳои мустаҳкаму бурҳонҳои бузург аст, ки се яки Қуръони мӯъҷизулбаёнро мабҳасҳои ҳашру охират, ташкил додааст. Ва онро санги бино ва уссу-л асоси ҳамаи ҳақиқатҳояш, қарор медиҳад. Ва ҳар чизро бар пояи он, бино мекунад.

(Муқаддима ба охир расид.)

 

БАХШИ ДУЮМИ ПАЙВАСТ

(Иборат аст аз “Мақоми нахуст” аз нӯҳ мақоми табақаҳои нӯҳгонаи бурҳонҳои ҳашрияе, ки ояти зайл, мӯъҷизона ишора мекунад)

فَسُبْحَانَ اللّٰهِ حِينَ تُمْسُونَ وَحِينَ تُصْبِحُونَ ٭ وَلَهُ الْحَمْدُ فِى السَّمٰوَاتِ وَاْلاَرْضِ وَعَشِيًّا وَحِينَ تُظْهِرُونَ ٭ يُخْرِجُ الْحَىَّ مِنَ الْمَيِّتِ وَيُخْرِجُ الْمَيِّتَ مِنَ الْحَىِّ وَيُحْيِى اْلاَرْضَ بَعْدَ مَوْتِهَا وَكَذلِكَ تُخْرَجُونَ

Бурҳони боҳир ва ҳуҷҷати қотеъеро, ки ин оятҳо дар хусуси ҳашр нишон додаанд, иншоаллоҳ баён карда ва тавзеҳ хоҳем дод.

Дар Бису ҳаштумин хоссаи ҳаёт омадааст, ки: Ҳаёт, ба шаш рукни имон менигарад ва онро собит месозад ва ба таҳаққуқи он, ишора мекунад. Бале, вақте ҳаёт, муҳимтарин натиҷа ва ҷавҳару ҳикмати офариниши коинот аст, пас бешубҳа, он ҳақиқати воло ба ин зиндагии фонию кӯтоҳ ва ноқису ранҷовари дунё, мунҳасир нест. Балки ғояву натиҷаи дарахти ҳаётро бо бисту нӯҳ хосияташ, ба азамати моҳияти он, метавон пай бурд. Ва меваи он дарахт, ки шоистаи азамати он аст, бешубҳа зиндагӣ ва ҳаёти ухравию саройи саодат аст. Ҳамон сарои саодате, ки бо сангу дарахту хокаш, зиндаву ҷовид аст. Вагар на, лозим меояд то дарахти ҳаёте, ки бо ин ҳама таҷҳизоти муҳиму гуногун, таҷҳиз гардидааст, дар ҳаққи зишуур, алалхусус инсоон, бемеваю бефоида ва орӣ аз ҳақиқат бимонад. Масалан, инсоне, ки аз лиҳози сармояву таҷҳизот, бист дараҷа бартар аз гунҷишк аст ва бартарину муҳимтарин махлуқи ин коиноту зиҳаёт мебошад, дар бахши саодати зиндагӣ, бист дараҷа аз гунҷишк поинтар меафтад ва бадбахттарину залилтарин ва бечоратарини махлуқот қарор мегирад.

Ҳатто ақле, ки боарзиштарин неъмат аст, ба як балову мусибат табдил мешавад. Зеро бо ёдоварии ғаму андӯҳҳои гузашта ва тарсу нигарониҳои оянда, қалби инсонро ҳамеша меранҷонад, ва як лаззатро бо нӯҳ дард, оғушта месозад. Албатта чунин чиз, сад дар сад ботил аст.

Пас, ин зиндагии дунявӣ, худ рукни имони ба охиратро қатъан собит месозад, ва дар ҳар баҳор, зиёда аз сесад ҳазор намунаҳои ҳашрро ба мо нишон медиҳад.

Оё мумкин аст Парвардигори тавоное, ки тамоми таҷҳизоту ниёзҳои муносиби ҷисматро ва ҳатто боғчаву шаҳратро омода намуда ва бо ҳикмату инояту раҳматаш дар вақти замони муносиб, онро мефиристад, ҳатто дуои хусусию ҷузъии меъдаатро барои ризқе, ки орзӯйи бақову зиндагӣ намудааст, медонаду мешунавад. Ва бо фароҳам овардани ғизоҳои лазизу бешумор, қабул шудани он дуоро нишон медиҳад ва меъдаро мамнуну мутмаин месозад. Оё мумкин аст чунин Мутасаррифи қадир, туро нашиносаду набинад? Ва асбоби лозиму зарурии зиндагии абадиро ки бузургтарин ғояи инсон аст, омода насозад? Ва бузургтарину муҳимтарин ва умумитарин дуои ӯро ки дуои бақову ҷовидонист, бо адами эҷоди ҳаёти ухравию биҳишти барин, қабул нанамояд? Ва дуои ин инсонро ки бартарин махлуқ, балки султон ва натиҷаи замин аст, нашунавад? Ҳамон дуои умумию неруманди аз аъмоқи вуҷудаш бархостаро ки аршу фаршро ба такон дармеорад, напазирад ва ба андозаи дуои як меъдаи хурд, ба он аҳамият надиҳад ва ин инсонро розӣ насозад? Ва ҳикмати комилу раҳмати бениҳояташро дар маърази инкор қарор диҳад? Ҳаргиз! садҳазор бор ҳаргиз!

Оё мешавад, ки пинҳонтарин садои ҷузъитарин ҳаётро бишнавад ва ба дарду шукӯҳаш, гӯш фародиҳаду дармон намояд ва нозашро бикашад ва бо камоли инояту таваҷҷуҳ, онро парвариш диҳад ва бо диққати комил ба ӯ хизмат кунад, ва бузургтарин махлуқоташро хизматгори ӯ намояд, аммо садои раъдвори бузургтарину арзишмандтарин ва доимитарин ҳаётро нашунавад ва муҳимтарин дуои ӯро, ки дуои бақост, дар назар нагирад ва ба нозу ниёзаш таваҷҷуҳ накунад?! Ва ҳамчун шахсе шавад, ки як сарбозро бо камоли таваҷҷуҳу иноят, таҷҳизу идора мекунад, аммо ба як лашкари бузургу фармонбардор, ҳеҷ эътино надорад! Ва ё инки зарраро бубинаду хуршедро набинад. Ва ё овози магасро шунавад, аммо ғурриши осмонро нашунавад! Ҳошо, садҳазор бор ҳошо!

Оё ақл мепазирад, ки Зоти қадири ҳакиме, ки раҳмату муҳаббат ва шафқаташ, беҳадду ҳисоб аст ва санъаташро хеле дӯст медорад ва худро маҳбуби махлуқоташ қарор медиҳад. Ва касонеро ки дӯсташ доранд, ӯ ҳам хеле дӯст медорад. Зиндагии ононеро, ки ӯро бисёр дӯст медоранд ва маҳбубу шоистаи муҳаббатанд ва фитратан ба парастиши офаридагорашон мепардозанд, несту нобуд созад?  Рӯҳеро, ки ҷавҳари ҳаёт аст, бо марги абадӣ, эъдом намояд? Ва байни худу дӯстдоронаш фосилаи ҳамешагӣ эҷод кунад ва онҳоро аз худ биранҷонаду азоб диҳад? Ва сирри раҳмату нури муҳаббаташро дар маърази инкор қарор диҳад? Ҳошо, садҳазор бор ҳошо ва калло!.. Ҷамоли мутлақе. ки ин коинотро бо таҷаллиаш оростааст, ва раҳмати беканоре, ки ҳамаи махлуқотро шоду масрур сохтааст, бешубҳа аз чунин зиштии беҳад ва чунин қубҳу зулми мутлақ, поку муназзаҳу муқаддас аст.

Натиҷа: Вақте дар дунё ҳаёт ҳаст, пас ҳатман он идда аз инсоонҳое, ки ба рози ҳаёт пай бурда ва аз он, сӯистифода нанамудаанд, дар дори бақою ҷаннати боқӣ аз як ҳаёти боқӣ, бархурдор хоҳанд шуд. Оманно…

Ва ҳам, дурахшандагии маводи шаффофи рӯйи замин, ва равшану хомӯш шудани кафкҳои сатҳи дарё бар асари дурахшиши нур, ва нури кафкҳое, ки аз паси кафкҳои қаблӣ омадаанд ва мисли онҳо оинаҳое барои хуршедҳои хаёлӣ, қарор гирифтаанд, бадоҳатан нишон медиҳад, ки он партавҳо иборатанд аз: таҷаллии инъикоси хуршеди яктое, ки дар болоҳо қарор дорад. Ва бо забонҳои гуногун, ёдовари мавҷудияти хуршеданд ва бо ангӯштони нурӣ, ба он ишора мекунанд.

Инчунин, дурахшиши мавҷудоти зинда дар сатҳи замин ва дар даруни дарё, бо қудрати илоҳӣ ва бо таҷаллии исми Муҳйии Зоти Ҳай ва Қайюм, ва пинҳон шудани онҳо дар паси пардаи ғайб — бо вирди забон қарор додани “Ё Ҳай” — барои ҷо додан ба мавҷудоте, ки аз қафои онҳо омадаанд, ба ҳаёту зиндагии зоти Ҳайю Қайюме, ки дорои зиндагии абадист, шаҳодат дода ва ба вуҷуби вуҷуди ӯ ишора мекунанд.

Ҳамчунин ҳамаи далелҳое, ки бар илми илоҳӣ шаҳодат медиҳад ва асарҳои он дар танзими мавҷудот ба мушоҳида мерасад, ва ҳамаи бурҳонҳое, ки қудрати мутасаррифи коинотро ба исбот мерасонад, ва ҳамаи ҳуҷҷатҳое, ки иродаю машияти ҳоким бар иродаву танзими ҳастиро собит мекунад, ва ҳамаи аломатҳо ва мӯъҷизаҳое, ки рисолатҳоро ки мадори каломи раббонӣ ва ваҳйи илоҳӣ ҳастанд, собит месозад.

Ва ҳоказо, ҳамаи ин далелҳое, ки шоҳиди ҳафт сифати илоҳӣ ҳастанд, билиттифоқ, ба ҳаёти Зоти Ҳайю Қайюм, шаҳодат медиҳанду далолат мекунанд. Зеро агар як чиз тавони диданро доштабошад, ҳатман ҳаёт ҳам дорад. Ва қуввати шунавоияш, аломати ҳаёти ӯст. Ва агар тавони сухан гуфтанро дошта бошад, ин амр ба мавҷудияти ҳаёт ишора мекунад. Ва агар дорои ихтиёру ирода бошад, ин амр, мавҷудияти ҳаётро нишон медиҳад. Ба ин тартиб, сифатҳое ҳамчун қудрати мутлақ ва иродаи фарогир ва илми муҳите, ки асарҳои онҳо дар коинот, ба мушоҳида мерасад ва мавҷудияташон таҳқиқшудаву бадеҳист, ҳамроҳ бо ҳамаи далелҳояшон ба ҳаёту вуҷуби вуҷуди як зоти ҳайю қайюм, шаҳодат медиҳанд ва ба зиндагии сармадии ӯ, ки саросари коинотро бо як партаваш, пурнур сохта ва дори охиратро ҳамроҳ бо зарроташ, зинда намудааст. далолат мекунанд.

Ва ҳамчунин, ҳаёт ба рукни “имони ба малоика” низ, менигарад ва рамзан ба исботи он мепардозад. Зеро вақте ҳаёт, муҳимтарин натиҷаи коинот аст ва мавҷудоти зинда, барои арзишашон зиёдтар аз ҳар чизи дигар интишор намуда ва бисёр шудаанд. Ва ҳамин мавҷудоти зинда, бо омаду рафти корвонҳояшон, заминро ободу ороста сохтаанд. Вақте кураи арз, манзилгоҳи сели хурушоне аз мавҷудоти зиндааст ва бо ҳикмати таҷдиду таксири анвоъи мавҷудоти зинда, ҳамеша пуру холӣ мешавад. Ва дар мавҷудоти беарзишу гандидаи он низ, мавҷудоти зиндаи фаровон офарида мешавад. Бад-ин гуна, замин, шакли як намоишгоҳи зиндаро ба худ мегирад. Вақте шуури ақлие, ки холистарин тарашшӯҳи ҳаёт аст ва рӯҳе, ки латифтарину собиттарин ҷавҳари он мебошад, дар ин кураи арз, ба гунаи бисёр, офарида мешавад. Ба ҳадде, ки гӯё зиндагии замин, дар гарави ҳаёту ақлу шууру арвоҳ аст ва бо инҳо ороста мегардад. Пас имкон надорад, аҷроми осмоние, ки латифтару нуронитар ва бузургтару муҳимтар аз кураи замин аст, мурдаву ҷомид  ва фоқиди ҳаёту бешуур, боқӣ бимонад. Пас мавҷудоти зишууру зиҳёат вуҷуд доранд, ки осмонҳову хуршедҳо ва ситорагонро обод месозанд ва вазъияти зинда буданро ба онҳо мебахшанд ва натиҷаи офариниши осмонҳоро нишон медиҳанд ва ба хитобҳои илоҳӣ, мушарраф мегарданд.

Бале, чунин мавҷудоти зишууру зиҳаёте, ки сокинони муносиби осмонҳо ҳастанд, ба сирри ҳаёт, вуҷуд доранд ва онҳо низ, фариштагон ҳастанд.

Ва ҳамчунин, роз ва моҳияти ҳаёт, ба рукни “имони ба паёмбарон” менигарад ва рамзан ба исботи он мепардозад.

Бале, вақте коинот барои ҳаёт офарида шудааст ва ҳаёт низ, бузургтарин ҷилваю комилтарин нақш ва зеботарин санъати Парвардигори Ҳай ва Қайюм аст. Вақте ҳаёти сармадии ӯ, бо фиристодани паёмбарон ва нозил намудани китобҳо, худро нишон медиҳад Агар паёмбарону китобҳо набошанд, он ҳаёти азалӣ низ, фаҳмида намешавад. Ва онгуна, ки сухан гуфтани як шахс, баёнгари зинда будани ӯст, паёмбарону китобҳо ҳам, нишондиҳандаи он мутакаллими зиндаю доимӣ ҳастанд, ки аз паси пардаи ғайбие, ки дар он сӯйи пардаи ин коинот, қарор дорад, бо калимаҳову хитобҳояш ҳарф мезанад ва амру наҳйи мекунад. Албатта ҳаёте, ки дар коинот вуҷуд дорад, ба сурати қатъӣ бар вуҷуби вуҷуди он Ҳайи азалӣ, шаҳодат медиҳад. Бар масъалаи равон кардани русул ва фаровардани кутуб, ки аз шуоъҳо ва ҷилваҳои ҳаёти азалист ва робитаи зич ба он дорад низ, менигарад ва рамзан ба исботи он мепардозад. Алалхусус Рисолати Муҳаммадӣ ва ваҳйи Қуръонӣ, ба манзалаи рӯҳу ақли ҳаёт ҳастанд. Пас метавон гуфт: онгуна ки мавҷудияти ин ҳаёт, собиту қатъист, ҳаққонияти он ҳам, қатъию собит аст.

Бале, онгуна, ки ҳаёт хулосаи ин коинот аст, ва шууру ҳис низ, таровише аз ҳаётанд ва хулосаи он башумор мераванд, ақл низ, таровише аз шууру ҳис аст ва хулосаи онҳост. Рӯҳ низ, ҷавҳари холису софи ҳаёт аст ва зоти собиту мустақили он аст. Инчунин, ҳаёти моддию маънавии Муҳаммадӣ (с) низ, хулосату-л хулосае аз ҳаёту рӯҳи коинот мебошад. Рисолати Муҳаммадӣ (с) низ, софтарин гузидаест, ки аз ҳиссу шуур ва ақли коинот, таровиш намудааст. Балки ҳаёти моддию маънавии Муҳаммадӣ (с) ба гувоҳии осораш, ҳаётест барои ҳаёти коинот. Рисолати Муҳаммадӣ (с) ҳам шуурест барои шуури коинот ва ҳам нури он аст. Ваҳйи Қуръонӣ низ, ба шаҳодати ҳақиқатҳои зиндаву бо нишоти он, як рӯҳест барои ҳаёти коинот ва як ақлест, барои шуури он.

Бале, бале, бале!.. Агар нури Рисолати Муҳаммадӣ (с) аз коинот хориҷ шуда, равад, коинот вафот мекунад. Ва агар Қуръон равад, коинот девона хоҳад шуд ва кураи замин ақлашро аз даст медиҳад ва роҳашро гум мекунад. Ҳатто сари бешуурашро ба яке аз саёраҳо хоҳад зад ва қиёматро барпо месозад.

Ҳамчунин, ҳаёт ба рукни “Имони ба Қадар” низ, менигарад ва рамзан ба исботи он мепардозад. Модоме, ки ҳаёт, зиёи олами шаҳодат аст ва бар он ғолиб аст, ва натиҷаву ғояи вуҷуд, башумор меравад ва ҷомеътарин оинаи Холиқи коинот аст ва комилтарин феҳристу намунаи фаолияти Раббонӣ мебошад. Ҳатто ба манзалтаи — агар ташбеҳ ҷоиз бошад — як навъ барномаю манҳаҷи он аст. Пас бешубҳа, рози ҳаёт, тақозо мекунад, ки олами ғайб, яъне гузаштаву оянда, яъне махлуқоти гузаштаву оянда низ, дар низому интизом қарор гиранд. Ва маълуму машҳуд ва муаяну омодаи итоат аз амрҳои таквинӣ бошанд. Яъне он олами ғайб бояд дар як ҳаёти маънавӣ басар барад.

Чунон, ки тухмии аслӣ ва решаҳои як дарахт ва донаҳое, ки дар интиҳо ва меваҳои он қарор доранд, монанди худи дарахт, аз навъи ҳаёт бархурдор ҳастанд. Ҳатто ин тухмиҳо қонунҳои зиндагии печидатар аз қонунҳои зиндагии дарахтро бо худ ҳамл мекунанд.

Чунон, ки базрҳо ва решаҳое, ки қабл аз ин баҳор, яъне аз хазони гузашта мондааст, ва базрҳову тухмиҳое, ки баҳори имсол низ, бо рафтанаш бар ҷо хоҳад гузошт, монанди ин баҳор, нури ҳаётро бо худ ҳамл мекунанд ва тобеъи қонунҳои ҳаёт ҳастанд. Инчунин, дарахти коинот низ, бо ҳар шоху баргаш, гузаштаву оянда дорад. Ва дорои силсилае аст, ки аз авзоъу аҳволи гузаштаву ояндаи он, ташкил ёфтааст. Ва ҳар навъу ҳар ҷузъи он дар илми илоҳӣ, вуҷуди мутааддиде бо шаклҳои мухталиф дорад. Бад-ин гуна, як силсилаи вуҷуди илмиро ташкил медиҳад. Ин вуҷуди илмӣ низ, ҳамчун вуҷуди хориҷӣ, мазҳари таҷаллии маънавии ҳаёти умумӣ қарор мегирад, ки муқаддароти ҳаёт, аз он “Алвоҳи қадар” ки зиндаву бомаънӣст, гирифта мешавад.

Бале, пур будани олами арвоҳ, ки навъе аз олами ғайб аст, бо арвоҳе, ки айни ҳаёт ва моддаву ҷавҳар ва зоти ҳаётанд, истилзоми ин аст, ки гузаштаву оянда низ, ки навъи дигаре аз олами ғайбу қисми дуюми он ҳастанд, аз ҷилваҳои ҳаёт бархурдор бошанд.

Ва ҳамчунон, интизоми комилу авзоъи пурмаънӣ ва натиҷаҳову шаклҳои зиндае, ки як чиз дар вуҷуди илмиаш дорад, нишондиҳандаи шоисагии он, як навъ ҳаёти маънавист.

Бале, чунин таҷаллии ҳаёте, ки рушноии хуршеди ҳаёти азалист, ба ҳеҷ ваҷҳ танҳо ба ин олами шаҳодат ва ин замони ҳозир ва ин вуҷуди хориҷӣ, наметавонад мунҳасир бимонад. Балки, ҳар олам ба андозаи тавонмандиаш, мазҳари таҷаллии он рушноӣ мебошад. Ва коинот бо ҳама оламҳояш ба юмни он таҷаллӣ, зиндаву пурнур аст. Варна ҳар як аз ин оламҳо, онгуна, ки чашм залолатро мебинад, зери ин дунёи муваққату зоҳирӣ, ба сурати як ҷанозаи бузургу ҳавлнок ва ҳамчун як олами торику вайрона хоҳад буд.

Ба ин тартиб, яке аз вуҷуҳи имони ба қазову қадар низ, аз сирри ҳаёт фаҳмида мешавад ва баисбот мерасад. Яъне онгуна, ки ҳаётдор будани олами шаҳодат ва мавҷудоти ҳозир, бо интизому натиҷаҳои онҳо ошкор мешавад, махлуқоти гузаштаву ояндае, ки аз олами ғайб ҳисобида мешаванд низ, як вуҷуди маънавӣ доранд, ки маънан ҳаётдор аст. Ва як субути илмӣ доранд, ки зирӯҳ мебошанд, ва ба воситаи лавҳи қазову қадар, асари он ҳаёти маънавӣ, ба исми муқаддарот дида мешаваду тазоҳур мекунад.

 

БАХШИ СЕЮМИ ПАЙВАСТ

Саволест ба муносибати ҳашр: Баёноти мукаррари Қуръон ҳамчун:

اِنْ كَانَتْ اِلاَّ صَيْحَةً وَاحِدَةً

وَمَا اَمْرُ السَّاعَةِ اِلاَّ كَلَمْحِ الْبَصَرِ

нишон медиҳад, ки ҳашри аъзам дар як ҳангом ва бидуни замон ба вуҷуд меояд. Ақлҳои танг, мисолҳои воқеъию машҳуд мехоҳанд то битавонанд ин ҳодисаи хориқулода ва масъалаи беназирро бовар кунанд.

Ҷавоб: Дар қазияи ҳашр, се масъала вуҷуд дорад, ки иборат аст аз: Бозгашти арвоҳ ба ҷасадҳо. Ҳам эҳёи ҷасадҳо. Ва ҳам иншо ва сохтани ҷасадҳо.

Масъалаи якум: Бозгашти арвоҳ ба ҷасадҳояшон, ки мисоли он: ҳамчун ҷамъ шудани сарбозони пароканда ва ба истироҳат рафтаи лашкари бисёр мунтазамест, ки бо шунидани садои баланди шайпур ва ё занг, фавран ҷамъ мешаванд.

Бале, онгуна суре, ки буқу шайпури Исрофил аст, камтар аз карнайи лашкар нест. Арвоҳе, ки дар тарафи абад ва дар олами заррот, нидои اَلَسْتُ بِرَبِّكُمْ-ро ки аз ҷониби азал меояд, шунида ва бо قَالُوا بَلَى ҷавоб додаанд низ, бешубҳа ҳазорон бор мусаххартару фармонбардортар ва мунтазамтар аз лашкаранд. Дар гуфтори сиюм, бо далелҳои муҳкам собит шудааст, ки на танҳо арвоҳ, лашкари Субҳонианд, балки ҳамаи заррот сарбозони гӯш ба фармони ӯянд.

Масъалаи дуюм: Иҳёи ҷасадҳо ва мисоли он: Дар як шаҳри бузург ва дар шаби ҷашну шодӣ, садҳо ҳазор чароғро аз як марказ ва дар як лаҳза, гӯё бесипарӣ шудани замон, метавон равшан намуд. Пас, ин имкон низ вуҷуд дорад, ки дар сатҳи кураи замин, садҳо миллион чароғ аз як марказ равшан мешавад. Вақте падидае монанди барқ, ки як махлуқи Худост ва ҳамчун як маъмуру хизматгор дар меҳмонхонаи ӯ кор мекунад ва бо дарси интизому тарбияте, ки аз Холиқаш гирифтааст, даст ба чунин корҳо мезанад. Пас, ҳашри аъзам низ, дар як чашм барҳамзадан ва дар чорчуби қонунҳои мунтазами илоҳие, ки ҳазорон хизматгузори мунавваре ҳамчун барқ, онро тамсил мекунанд, ба вуҷуъ хоҳад пайваст.

Масъалаи сеюм: Иншои фаврии ҷасадҳо ва мисоли он: Дар фасли баҳор ва дар зарфи чанд рӯз, ҳамаи дарахтону баргҳое, ки шумораашон ҳазор баробар бештар аз маҷмӯъи башарият аст, айнан монанди баҳори қаблӣ, яку якбора ба шакли мукаммал иншо мегардад. Ва боз, гулҳову меваҳо ва баргҳои ҳамаи дарахтон, ҳамчун маҳсулоти баҳори гузашта бо суръати монанди барқ эҷод мегардад. Ҳамчунон базрҳову тухмиҳо ва решаҳои беҳадду ҳисобе, ки мабда ва сароғози он баҳоранд, яку якбора бедор мешаванд ва инкишоф меёбанду эҳё мегарданд. Ҳамчунон, ҷанозаҳои дарахтоне, ки монанди устухонҳои пӯсида, ба по истодаанд, бо як фармон, фавран мазҳари “Баъсу баъда-л мавт” қарор мегиранд ва барангехта мешаванд. Ва низ афроди беҳадду ҳисоби тоифаҳои ҳайвоноти хурд, бо камоли диққату санъат, эҳё мегарданд. Низ, ҳашру растохези қабилаҳои ҳашарот, алалхусус магасе, ки пайваста дар пеши чашмони мо, бо тамиз намудани дастҳову болҳо ва чашмҳояш, обдаст ва назофатро ба мо ёдовар мешавад. Ва шумори афроди нашршудаи онҳо дар як сол, зиёда аз теъдоди афроди бани одам, аз замони Одам то имрӯз аст. Ва дар канори инҳо ҳашру эҳё гардидани ҳашароти дигар дар ҳар баҳор ва дар зарфи чанд рӯз, на танҳо як мисол, балки ҳазорон мисол барои иншои ҷасадҳои инсонҳо дар рӯзи қиёмат аст.

Бале, аз онки дунё дору-л ҳикмат ва охират дору-л қудрат аст, эҷоди ашё дар дунё ба тақозои ҳикмати Раббонӣ ва ба иқтизои исмҳое ҳамчун: Ҳаким, Мураттиб, Мудаббир ва Мураббӣ, бо тадриҷу бо замон сурат мегирад. Аммо дар охират, қудрат ва раҳмат беш аз ҳикмат зуҳур мекунад. Аз инру, ниёз ба модда, муддат, замон ва интизор боқӣ намемонад. Пас дар он ҷо, ашё ба таври фаврӣ иншо мегарданд. Ва корҳое, ки дар инҷо дар зарфи як рӯзу дар як сол анҷом меёфт, дар охират дар як лаҳза ва дар як чашм бар ҳам задан таҳаққуқ меёбад. Қуръони карим низ, ба ҳамин матлаб ишора намуда, мефармояд:

وَمَا اَمْرُ السَّاعَةِ اِلاَّ كَلَمْحِ الْبَصَرِ اَوْ هُوَ اَقْرَبُ

Агар мехоҳӣ бифаҳмӣ, ки омадани ҳашр монанди омадани баҳори оянда, амри қатъию ҳатмист, пас, ба “Гуфтори даҳум” ва “Бисту нӯҳум” бодиққат бингар. Агар ба омадани ҳашр низ, монанди омадани баҳор боварӣ пайдо накардӣ, онгоҳ омада ангӯштонатро ба чашмам бихалон!

Масъалаи чорум: Мавти дунё ва барпо шудани қиёмат аст:

Агар як саёра ва ё як ситораи думдор, ба дастури Раббонӣ, бо кураи замин, ки меҳмонхонаи мост тасодуф намояд, ин хонаю маскани моро дар як лаҳза нобуд хоҳад кард. Чуноне, ки як қаср дар даҳ сол бино гардидааст, дар зарфи як дақиқа валангор мешавад.

 

БАХШИ ЧОРУМИ ПАЙВАСТ

 

قَالَ مَنْ يُحْيِى الْعِظَامَ وَهِىَ رَمِيمٌ قُلْ يُحْيِيهَا الَّذِى اَنْشَاَهَا اَوَّلَ مَرَّةٍ وَهُوَ بِكُلِّ خَلْقٍ عَلِيمٌ

Яъне, инсон мегуяд: “Кӣ метавонад, ин устухонҳои пӯсидаро зинда кунад?” Бигу: “ҳамон, ки онҳоро нахустин бор иншо кард ва ҳаёт бахшид, ҳам ӯ хоҳад офарид.”

Тавре, ки дар мисоли сеюми Ҳақиқати Нӯҳуми Гуфтори Даҳум омада буд:

Агар шахсе дар пеши чашмони мо дар зарфи як рӯз, як лашкари бузургеро ташкил диҳад, ва ба ту гуфта шавад, ки: “ин шахс метавонад  лашкари хурдеро ки сарбозони он барои истироҳат, мутафарриқ гаштаанд, бо як шайпур гирди ҳам оварад ва ҳамаро дар таҳти низом қарор диҳад” аммо ту гӯйи: Не ман бовар намекунам! Оё ин ҷавобу инкори ту ҳамоқату девонагӣ нест?

Инчунин, Зоте ки ҷасадҳои лашкаргунаи ҳамаи ҳайвонот ва мавҷудоти зиндаро ки ба як лашкар шабоҳат доранд, аз ҳеч ба вуҷуд оварда ва зарроту латоифи он ҷасадҳоро бо як назми комилу мизони ҳакимона, ба дастури

кун фаякун, сабт намуда ва дар он ҷасадҳо ҷобаҷо кардааст ва дар ҳар қарн, ҳатто дар ҳар баҳор, анвоъи мавҷудоти зиндаро ки ба як лашкар монанд аст, ҳамроҳ бо тоифаҳову дастаҳои гуногунашон дар сатҳи замин меофарад. Оё дар мавриди чунин як Зоти қадиру алим ин саволро метавон матраҳ карду гуфт ки: Ӯ чигуна метавонад зарроти асосӣ ва аҷзои аслиро, ки таҳти низоми ҷасаде, ки ба як фирқа монанд аст, даромада ва якдигарро шинохтаанд, бо як сиҳҳаи сури Исрофил гирди ҳам орад?! Оё метавон чунин кореро аз ӯ баъид донист?! Оё ин истибъод, як ҳамоқату девонагӣ нест?!

Пас, гоҳо Қуръони карим афъоли аҷиби илоҳиро дар дунё ёдовар мешавад, то зиҳнҳоро ба тасдиқ ва қалбҳоро ба қабул намудани афъоли хориқулодаи ӯ дар охират ҳозиру омода намояд.  Дар мавридҳое низ, афъоли аҷиби илоҳиро, ки дар оянда ва дар охират рӯх медиҳад, ба як сурат зикр мекунад, ки мо бо мушоҳидаи назирҳои мутааддиди онҳо, ба бовару итминони комил мерасем. Масалан:

اَوَ لَمْ يَرَ اْلاِنْسَانُ اَنَّا خَلَقْنَاهُ مِنْ نُطْفَةٍ فَاِذَا هُوَ خَصِيمٌ مُبِينٌ то поёни сураи Ёсин. Қуръони ҳаким қазияи ҳашрро мавриди баҳс қарор дода, бо ҳафт — ҳашт сурати мухталиф, иқомати далел мекунад ва ба исботи он мепардозад.

Аввалан, нашъаи якумро матраҳ намуда ва дар маърази намоиш қарор дода мегуяд: Шумо марҳалаҳои офариниши худро аз нутфа то алақа ва аз алақа то музға ва аз музға то офариниши инсон, мебинед. Пас, чигуна нашъаи ухроро инкор мекунед, ки ин ҳам мисли қаблӣ, ҳатто осонтар аз он аст?

Сипас бо اَلَّذِى جَعَلَ لَكُمْ مِنَ الشَّجَرِ اْلاَخْضَرِ نَارًا ба неъматҳову эҳсонҳои бузургаш ба инсон ишора карда, мегуяд: Зоте, ки чунин неъматҳоро ба шумо арзонӣ доштааст, ҳаргиз шуморо ба ҳоли худатон раҳо намекунад, то ба қабр дохил шавед ва барои ҳамеша дар онҷо бихобеду бедор нашавед.

Дар идома, рамзан мегуяд: Шумо зиндаву сарсабз шудани дарахтони мурдаро мебинед, пас чаро зинда шудани устахонҳои ҳезуммонандро баид медонед ва бо дарахт муқоиса намекунед? Оё Зоте, ки осмонҳову заминро офаридааст, аз зинда сохтану миронидани инсоне, ки меваи осмонҳову замин аст, оҷиз хоҳад монд? Оё мумкин аст идоракунандаву парваришдиҳандаи дарахт, меваи онро аҳамият надода, ба дигарон раҳо кунад? Оё гумон мекунед, ки ӯ дарахти офаринишеро ки ҳамаи аҷзои онро боҳикмат саришта намудааст, беҳуда раҳо созад ва меваҳову натиҷаҳои онро аҳамият надиҳад?

Пас Зоте, ки шуморо дар ҳашр зинда месозад, чунон зотест, ки ҳамаи коинот ба манзалати сарбози гӯш ба фармони ӯст. Дар баробари фармони кун фаякун бо камоли фармонпазирӣ, сар фурӯд меорад. Ва офаридани баҳор ба андозаи офаридани як гул, барояш осон аст. Ва бар қудраташ эҷоди ҳамаи ҳайвонот, ба андозаи эҷоди як магас, осону саҳл аст. Пас, ба ҳеҷ ваҷҳ наметавон бо пурсиши مَنْ يُحْيِى الْعِظَامَ қудрати чунин Зотро оҷиз шуморид ва зери савол бурд!

Баъд аз он, бо таъбири فَسُبْحَانَ الَّذِى بِيَدِهِ مَلَكُوتُ كُلِّ شَيْءٍ баён медорад, ки: Зимоми ҳар чиз дар дасти ӯст. Ва калиди ҳар чиз дар назди ӯст. Ва шабу рӯз, замистону тобистонро ҳамчун саҳифаҳои як китоб ба осонӣ варақ мезанад. Ва дунёву охират дар назди ӯ, ҳамчун ду манзиланд. Инро мебандаду онро боз мекунад. Вақте чунин бошад, натиҷаи ҳамаи ин далелҳо ин аст: وَ اِلَيْهِ تُرْجَعُونَ яъне: Ӯ шуморо аз қабр зинда мекунад ва ба ҳашр меорад ва дар ҳузури кибриёияш ба ҳисоби шумо мерасад.

Бад-ин тартиб, ин оятҳо, зеҳнро ба қабули ҳашр муҳаё намуд ва қалбро барои пазируфтани он, ҳозир месозад. Чунки назираҳои онро бо афъоли дунявӣ нишон дод.

Низ, гоҳо Қуръони ҳаким афъоли ухравиро ба шакле зикр мекунад, ки назираи дунявии онҳо эҳсос ва қобили ҳис кардан бошад, то маҷоле барои истибъоду инкор, боқӣ намонад. Масалан:

اِذَا الشَّمْسُ كُوِّرَتْ ило охириҳи…

ва اِذَا السَّمَاءُ انْفَطَرَتْ ило охириҳи

ва اِذَا السَّمَاءُ انْشَقَّتْ ило охириҳи

Аз инру, дар ин сураҳо, инқилоботи азим ва тасарруфоти Раббониро дар ҳашру қиёмат, ба чунон шевае зикр мекунад, ки қалб дучори тарсу ваҳшат мешавад ва ақл дар ҳайрат мемонад. Аммо чун инсон назоири онро дар тирамоҳу баҳор дидааст, баосонӣ қабул мекунад. Аз онҷое, ки тафсири ин се сура ба дарозо мекашад, ногузир як калимаро ҳамчун намуна мавриди баҳс қарор медиҳем.

Масалан: اِذَا الصُّّحُفُ نُشِرَتْ ин матлабро мерасонад, ки дар ҳашр, тамоми аъмолу кирдори ҳар кас, бар як саҳифа навишта ва пахшу нашр мегардад. Ин масъала худ бахуд бисёр аҷиб аст. Аз инру, ақл наметавонад ба он роҳ ёбад. Аммо онгуна, ки сура низ, ишора мекунад, ҳамон тавре, ки назоири ҳашри баҳор дар дигар масъала қобили руъят аст, пас назири ин нашри суҳуф низ, возеҳу равшан аст. Ва ибодоту тасбеҳот низ дорад. Ба шакле, ки ба василаи ин ибодатҳо асмои ҳуснои илоҳиро нишон медиҳад. Аз ин ру, ҳамаи ин аъмол, ҳамроҳ бо таърихи зиндагии вай, дар базру тухмиаш навишта шудааст ва дар баҳори дигар ва замини дигар, берун меояд. Яъне, онгуна ки ҳар дарахт бо забони шаклу сурате, ки нишон додааст, аъмоли модарону усулашро бо фасоҳати комил, ёдоварӣ мекунад, бо шохаҳову баргҳо ва гулҳову меваҳояш низ, саҳифаҳои аъмоли худро мунташир месозад.

Бале, касе ки дар пеши чашмони мо, ин корро ҳакимона, ҳафизона, мудаббирона, мураббиёнаю латифона, анҷом медиҳад. Ӯст, ки мегуяд: اِذَا الصُّّحُفُ نُشِرَتْ Нуқтаҳои дигарро ба ин қиёс кун, агар метавонӣ, истинбот намо. Ва барои инки кӯмаке ба ту карда бошем اِذَا الشَّمْسُ كُوِّرَتْ -ро низ, ба ту хоҳем гуфт. ин ҷумла бо лафзи “куввират” ки ба маънӣи дарҳам печидану ҷамъ кардан аст, зимни ишора ба як мисоли равшан, ба назиру монанди он дар дунё низ, ишорае дорад.

Якум инки: Худованди субҳон пардаҳои адаму асир ва саморо бардошт, ва чароғе ҳамчун офтобро ки дунёро равшан мекунад аз хазинаи раҳматаш берун овард ва ба дунё нишон дод. Пас аз баста шудани дунё, ин чароғро бо пардаҳояш печонида, мебардорад.

Дуюм: Офтоб маъмуру муваззаф аст, то субҳгоҳон матоъи равшанеро биафшонад ва шомгоҳон онро барчинад. Бад-ин тартиб, шабу рӯзро яке пайи дигарӣ, бар сари замин бигустаронад. Ин маъмур, ҳар шаб матоашро ҷамъ мекунад ва муомилоташро коҳиш медиҳад. Гоҳо пардае аз абр, сабаби камшудани доду гирифташ мегардад. Ва дар баъзе мавридҳо, моҳ низ ҳамчун пардаю ниқоб, рӯйи онро мепӯшонад ва то андозае муомилаи ӯро коҳиш медиҳад. Пас онгуна, ки ин маъмури муваззаф, бар асари чунин омилҳо, матоашро ҷамъ карда, ва дафтарҳои аъмолашро мепечонад. Пас албатта, рӯзе хоҳад омад, ки ин маъмур аз вазифааш азл гардад ва даврони маъмурияташ ба охир расад. Ҳатто агар ҳеҷ сабаб барои азлу барканории он набошад, шояд бо бузург шудани ду доғи хурде ки ба рӯйи он қарор дорад ва оҳиста — оҳиста дар ҳоли вусъатёфтан аст. Офтоб нуреро, ки бо иҷозати Илоҳӣ, бар замин мунташир кардааст, дубора ба амри Раббонӣ бозмегирад ва ба даври худ мепечонад. Онгоҳ Парвардигори субҳон, ба ӯ хитоб карда мегуяд: Акнун маъмуриятат дар замин бапоён расид, ҳоло ба ҷаҳаннам рафта, ононеро, ки туро парастиш намуда ва маъмури мусаххаре ҳамчун туро ба хиёнату бесадоқатӣ муттаҳам сохта, таҳқир кардаанд, бисӯзон!

бад-ин гуна, офтоб фармони илоҳӣ اِذَا الشَّمْسُ كُوِّرَتْ -ро ба рӯйи чеҳраи доғдору сиёҳаш мехонад.

 

БАХШИ ПАНҶУМИ ПАЙВАСТ

Бале, яксаду бистучор ҳазор набие, ки ба насси ҳадис, баргузидатарин шахсиятҳои башаранд, бо иҷмоъу тавотур ва баъзе бо истиноди ба шуҳуд ва баъзе дигар низ, бо истиноди ба ҳаққу-л яқин, билиттифоқ аз вуҷуди охират хабар дода, эълон намудаанд, ки инсонҳо ба онҷо савқ дода мешаванд. Холиқи коинот низ, ҳатман охиратеро ки ваъдаи қатъӣ додааст, меорад.

Ва боз ин хабари анбиёи бузургворро яксаду бистучор миллион авлиёи илоҳӣ, бо кашфу шуҳуд ва ба сурати илму-л яқин, тасдиқ намуда ва бар вуҷуди охират шаҳодат додаанд, ки ин худ, як далили муҳкаму қатъист бар вуҷуди охират.

Ва низ, ҳамаи асмои ҳуснои Сонеъи ҳаким, бо таҷалиёту ҷилваҳое, ки дар саросари коинот нишон додаанд, олами боқии охиратро билбадоҳа иқтизо мекунанд ва ба вузӯҳ бар вуҷуди он, далолат мекунанд.

Ва низ, Парвардигори субҳон бо қудрати азалӣ ва ҳикмати беҳисобу абадиаш, ки ҳеҷ исроф дар он нест, дар ҳар сол ва дар ҳар баҳор, ҷанозаҳои дарахтони мурдаи беҳадду ҳисобро, ки дар саросари рӯйи замин ба по истодаанд, бо амри “кун фаякун” зинда месозад ва нишона барои баъси баъдал мавт қарор медиҳад. Ва аз тоифаҳои набототу миллатҳои ҳайвонот, сесад ҳазор навъро ҳашру нашр менамояд. Бад-ин гуна, садҳо ҳазор намунаву далили ҳашру растохезро нишон медиҳад. Ва ҳамчунин раҳмати беканоре, ки ҳамаи мавҷудоти зирӯҳи муҳтоҷ ба ризқро бо камоли шафқату ҳикмат, тағзия медиҳад. Ва раҳмати боқию як инояти доимие, ки дар як муддати кӯтоҳ дар ҳар баҳор, навъҳои зиннатҳо ва маҳосини беҳадду ҳисобро ба намоиш мегузорад, билбадоҳа, истилзоми вуҷуди охиратанд.

Ва ҳамчунин, ишқи бақо, шавқи абадияту омоли сармадияте, ки дар фитрати инсон вуҷуд дорад, ҳамин инсоне, ки комилтарин меваи ин коинот ва маҳбубтарин махлуқи офаридагор аст ва бештарин пайвандро бо мавҷудоти коинот дорад, ба таври ошкор ишора мекунад, ки пас аз ин олами фонӣ, як олами боқӣ ва як сарои саодат вуҷуд дорад.

Пас, ҳамаи ин далелҳо бо камоли қотиият, мавҷудияти охиратро ба андозаи бадеҳӣ будани мавҷудияти дунё, ба исбот мерасонанд ва истилзоми қабули вуҷуди он ҳастанд.

Вақте муҳимтарин дарсе, ки Қуръон ба мо меомӯзад, дарси имони ба охират аст ва он имон низ, то ин андоза боқуввату неруманд аст ва дар он имон низ, чунон нуру умед ва оромише вуҷуд дорад, ки агар сад ҳазор пиронсолӣ дар як шахс ҷамъ шавад, ин нур ва ин умед ва оромиши сарчашма гирифтаи аз имон дар муқобили он, басанда хоҳад буд. Пас бар мо пиронсолону солхурдагон аст, ки бо гуфтани “Алҳамдулиллоҳи ало камоли-л имон” ба пирии худ, биболему хушҳол бошем.