МАКТУБИ БИСТУМ

بِاسْمِهٖ سُبْحَانَهُ وَ اِنْ مِنْ شَىْءٍ اِلَّا يُسَبِّحُ بِحَمْدِهٖ

بِسْمِ اللّٰهِ الرَّحْمٰنِ الرَّحٖيمِ

لَا اِلٰهَ اِلَّا اللّٰهُ وَحْدَهُ لَا شَرٖيكَ لَهُ لَهُ الْمُلْكُ وَ لَهُ الْحَمْدُ يُحْيٖى وَ يُمٖيتُ وَ هُوَ حَىٌّ لَا يَمُوتُ بِيَدِهِ الْخَيْرُ وَ هُوَ عَلٰى كُلِّ شَىْءٍ قَدٖيرٌ وَ اِلَيْهِ الْمَصٖيرُ16

Ин ҷумлаи тавҳидӣ зимни ин ки ёздаҳ калимаро дорост, ба ривояти саҳиҳ, мартабаи исми аъзамро низ бо худ дорад ва такрори он баъд аз намози субҳу шом фазилати фаровоне дорад. Дар ҳар як калимаи он, ҳам муждау башорат, ҳам тавҳиду рубубият ва ҳам ба сабаби робитаи он бо исми аъзам як кибриёи ваҳдату як камоли ваҳдоният вуҷуд дорад.

Ин ҳақиқати бузургу воло дар ҳамаи Гуфторҳои “Расоили Нур” шарҳ дода мешаванд, танҳо дар инҷо бино бар ваъдае ки дода будем, ба шакли феҳрист ва ба сурати мухтасару хулоса, зимни як “муқаддима” ва “ду мақом” ба шарҳи он мепардозем.

 МУҚАДИМА

Қатиян бидон, ки “имон ба Аллоҳ” волотарин ҳадафи хилқат ва бузургтарин натиҷаи фитрат аст.

“Маърифатуллоҳ” дарунмои имон ба Аллоҳ, волотарин мартабаи инсоният ва бузургтарин мақоми башарият аст.

“Муҳаббатуллоҳ” дарунмои маърифати Аллоҳ, дурахшондатарин саъодату ширинтарин неъмат барои ҷинну инс мебошад.

“Лаззати рӯҳонӣ” дарунмои муҳаббатуллоҳ, беолоиштарин хурсандӣ барои рӯҳи башар ва поктарин шодӣ барои қалби инсон аст.

 Бале бадурустӣ тамоми саъодатҳои ҳақиқию сурури ноб ва неъматҳои ширину лаззатҳои пок дар “Маърифатуллоҳ” ва “Муҳаббатуллоҳ” мебошад. Бале касби он, бе ин ду имконпазир нест.

Инсони Худошиносу дӯстдори Худованд, ё “би-л қувва” ва ё “би-л феъл” ғарқи саъодат, неъмат, анвору асрор мебошад, шахсе ки Ӯро нашиносад ва дӯстдори Ӯ набошад, ба сахтиҳои фаровону дардҳоу ваҳмҳои – ҳам маънавӣ ва ҳам моддӣ – гирифтор мешавад.

Бале, инсони мискину оҷиз, дар ин дунёи парешонҳол, овора дар байни башарият дар ҳаёти бесамар, бесоҳибу беҳомӣ басар мебарад, гарчи султони тамоми дунё бошад бефоидау беарзиш аст.

Пас ҳама инро дарк хоҳанд кард, ки инсон дар ин дунёи парешонҳолу фонӣ агар соҳибашро нашиносад ва моликашро наёбад, саргардону бечора аст.

Аммо агар соҳибашро биёбаду моликашро бишиносад, инзамон раҳматашро паноҳгоҳ ва қудраташро такягоҳи худ хоҳад кард, дар натиҷа он ваҳшатгоҳи дунё табдил ба тафриҳгоҳ ва маконе барои тиҷорат хоҳад шуд.

Мақоми аввал

Дар ҳар як аз ин “ёздаҳ калима”-и мавҷуд дар ин каломи тавҳидӣ, муждаест ва дар ҳар кадоми аз ин муждаҳо шифо ва дар ҳар кадоми аз ин шифоҳо, лаззати маънавӣ вуҷуд дорад.

Калимаи аввал

لَا اِلٰهَ اِلَّا اللّٰهُ17  “Лоилоҳа иллАллоҳ” мужда медиҳад:

Рӯҳи инсон ки ба ниёзҳои бепоёне гирифтор аст ва дар ҳадафи ҳуҷуми дӯшманони бисёрест, ин лафзи ҷалолуҳу василае барои талаби ёрию истимдоди ӯ мешавад, ки бар ӯ дари ганҷинаи раҳматеро боз карда, ки тамоми ниёзмандиҳояшро таъмин мекунад. Ва такягоҳе мешавад, ки маъбуду холиқи худро – ки соҳиби қудрати мутлақ аст ва рӯҳи инсонро аз шарри тамоми душманонаш наҷод дода амният мебахшад – мешиносонаду муаррифӣ мекунад ва соҳибашро нишон медиҳаду мегуяд, ки Моликаш кист. Бо ирояи он, қалби инсонро аз ваҳшати мутлақу фарогир ва рӯҳи инсонро аз ҳузну андӯҳ наҷот медиҳад ва шодмонии абадиву сурури доимӣ мебахшад.

Калимаи дувум

وَحْدَهُ18 “Ваҳдаҳу” дар ин лафзи ҷалолуҳу муждаи шифодиҳанда ва саъодатбахш вуҷуд дорад.

Рӯҳи башару қалби инсон ки бо аксари мавҷудоти дар коинот алоқаманд буда ва дар иртибот аст, ба сабаби ин алоқамандиву иртибот, ба ҳадди хафагӣ дар ин парешониву кашмакаш расида, дар лафзи ҷалолуҳуи وَحْدَهُ18 “Ваҳдаҳу” паноҳгоҳу наҷотдиҳандае меёбад, ки ӯро аз тамоми он парешониҳоу кашмакашиҳо наҷот медиҳад, яъне лафзи ҷалолуҳуи وَحْدَهُ18 “Ваҳдаҳу” дар маъно мегуяд:

“Ҳамоно Худованд яктост, бо паноҳ бурдан ба дигарон худро хаста накун! Ва дар назди онҳо бо хурд кардани худ миннат накаш! Ва гардани худро бо фурӯтанӣ хам накун! Ва бо бароҳ афтодан дар пушти сари онҳо заҳмат бахуд надеҳ! Ва аз тарси онҳо наларз!

Зеро ҳамоно Султони коинот якест, тамоми калидҳо дар дасти Ӯ ва ҳама чиз таҳти маҳори Ӯст, ҳама чиз бо амри Ӯ анҷом мешавад. Агар Ӯро ёфтӣ, тамоми хостаҳоятро хоҳӣ ёфт ва аз зери бори миннату тарси бисёре наҷот меёбӣ.”

Калимаи сеюм

لَا شَرٖيكَ لَهُ19 “Ло шарика лаҳу” яъне, аз онҷое ки дар ӯлуҳияту салтанат шарике надошта, Аллоҳ яка аст ва чандин Аллоҳ вуҷуд надорад, дар рубубияту иҷроиёт ва иҷодоташ низ шарике надорад. Албатта гоҳо дида мешавад бо ин ки султон якест, дар салтанаташ шарике надорад, аммо маъмурҳои иҷроии Ӯ дар қисмати иҷроӣ, шарики Ӯ маҳсуб мешаванд, иҷозаи ҳузур ба ҳар касеро намедиҳанд ва мониъ мешаванду мегуянд: “Ба мо низ муроҷиъат кунед.” танҳо нуктаи қобили зикр ин аст, ҳамон гуна ки Ҷаноби Ҳақ, ки султони азалу абад мебошад, дар салтанаташ шарике надорад, ҳамонгуна низ дар иҷроиёти рубубияташ ба шарику дастёр мӯҳтоҷ нест. Агар амру иродау ҳавлу қуввати Ӯ набошад, ҳеҷ кас наметавонад, дар кори дигаре мудохила кунад. Ва ҳар кас метавонад мустақиму бевосита ба Ӯ муроҷиат кунад, ба хотири набуди шарику дастёр наметавон ба шахси муроҷиаткунанда гӯфт: “Манъ аст наметавонед ба ҳузури эшон биравед.”

Пас ин лафзи ҷалолуҳу ба рӯҳи башар мужда медиҳад, ки рӯҳи башар ки силоҳи имонро дар даст дорад, метавонад бидуни мониъ, бидуни мудохила, бепарда, бидуни ҳеҷ мамониате, дар ҳар ҳолате, бо ҳар орзӯе, дар ҳар замонеу дар ҳар ҷое ба ҳузури Ҷамили зулҷалол ва Қадири зулкамоле ки соҳиби хазинаҳои саъодат ва молики ганҷинаҳои раҳмат аст, бираваду ниёзҳояшро арз кунад. Ва бо ёфтани раҳмату такя ба қудраташ, метавонад камоли суруру хушнудиву фараҳро бадаст оварад.

Калимаи чаҳорум

20لَهُ الْمُلْكُ “Лаҳу-л мулк” яъне, Ӯ соҳиби мулку ҳаронче дар ӯст, мебошад ва шахси ту, мулк ва ҳам мамлуки Ӯ ҳасти, ҳам ин ки дар мулки Ӯ машғул бакор мебошӣ.

Ин лафзи ҷалолуҳ муждаи шифобахш медиҳаду мегуяд:

Эй инсон! Ту худро молики худ ҳисоб накун, зеро қодир ба идораи худ нестӣ, он бори сангинест, ту наметавонӣ аз худ муҳофизат кунӣ, наметавонӣ бо паноҳ бурдан аз балоҳо ниёзҳоятро муҳаё намоӣ, пас худро беҳуда музтариб накуну азоб мадеҳ, соҳиби мулк дигар кас аст, он Молик ҳам Қадир аст ва ҳам Раҳим. Такя ба қудрати Ӯ кун, ба раҳматаш итиҳом набанд, ғамро раҳо куну лаззат бубар, заҳматро дур бияндозу сафоро биёб.

Ва мегуяд: ҳоло ин коиноте – ки дӯстдору алоқаманди он ҳастӣ ва аз ҳоли парешонаш, парешон шудаву қодир ба ислоҳи он набудаӣ – мулки як Қадири Раҳим аст, пас мулкро ба соҳибаш таслим куну ба дасти Ӯ бисупор ва дар ивази ҷафо сафои онро бичаш. Ӯ ҳаким асту Раҳим, ҳарончи бихоҳад, дар мулкаш анҷом медиҳаду идора мекунад, замоне ки тарс вуҷудатро фаро гирифт, ҳамчун Иброҳими ҳаққӣ бигӯ:

Мавло гуралим нелар   неларса гузел елар

Яъне: Дар кардаи ҳақ бингар, ҳарончи анҷом диҳад, ҷилвагару зебо бошад.

Ва аз пушти панҷара нигоҳ куну вориди ҷузъиёт нашав.

Калимаи панҷум

21وَ لَهُ الْحَمْدُ “Лаҳу-л ҳамд” яъне, ҳамду сано мадҳу миннат махсуси Ӯ ва шоистаи Ӯст. Инак ки Ӯ соҳиби неъматҳост, аз хазинаи Ӯ меояд ва хазина низ доимист, пас ин лафзи ҷалолуҳ мужда медиҳаду мегуяд:

Эй инсон! Аз заволи неъмат дард накаш, зеро ганҷинаи раҳматаш беинтиҳост ва ба заволи лаззат фикр накуну доду фарёд баланд накун, зеро он меваи неъмат самараи раҳмати беинтиҳост. Чун дарахти доимист, агар меваи он чида шавад дубора аз нав сабз мешавад. Бо сипосу андеша дар лутфу илтифоти раҳмете, ки дар лаззати неъмат нуҳуфта аст, аз он садҳо бор ширинтар аст, метавони он лаззатро ба якбора чандин баробар кунӣ.

Онгуна ки Подшоҳ бо ҳадяи себе ба тӯ, ҳисси лаззати инояту таваҷҷуҳи шоҳонаи худро – ки аз садҳо балки ҳазорон себ лаззатбахштараст – дар тӯ зинда мекунад ва ба тӯ эҳсон менамояд, ҳамонгуна низ бо лафзи ҷалолуҳуи 21 لَهُ الْحَمْدُ “Лаҳу-л ҳамд” яъне бо ҳамду шукр, яъне бо эҷоди ҳисси инъоми неъмат, яъне бо шинохти Мунъиму тафаккур дар инъом, яъне бо тафаккур дар инояти раҳмату ҷалби таваҷҷуҳ ба шафқату доимӣ будани неъмат, дарвозаи бузурги лаззати маънавиро ки чандин баробар аз худи неъмат лазизтар аст ба рӯйи тӯ боз мекунад.

Калимаи шашум

22يُحْيٖى “Юҳйӣ” яъне, зиндагибахшу ҳаётдиҳанда Ӯст, касе ки ҳаётро бо ризқу рӯзӣ давом мебахшад Ӯст, муҳаёкунандаи ниёзҳои ҳаёт низ Ӯст, ҳадафҳои волои ҳаёт мутаалиқ ба Ӯст ва натиҷаҳои муҳими он назар ба Ӯ дорад ва навадунӯҳ дар сади самараи ҳаёт назар ба Ӯ дорад. Пас ин лафзи ҷалолуҳу башари оҷизу фониро садо мезанад ва мужда дода мегуяд:

Эй инсон! Таклифҳои сангини ҳаётро бадӯш нагир ва худро заҳмат надеҳ, ба нобудии ҳаёт фикр накуну андӯҳгин нашав, дар омадурафти ин дунё танҳо бо фикр кардан ба меваҳои беаҳамияти дунявӣ пушаймонӣ дар пеш нагир. Он мошини ҳаёт мавҷуд дар киштии вуҷуд, мутаалиқ ба Ҳайи Қаюм аст, Ӯ лавозими мавриди ниёзро тадорук мебинад, ва ҳадафҳову натиҷаҳои фаровоне дар ҳаёт вуҷуд дорад, ки ҳама мутаалиқ ба Ӯст.

Тӯ но Худои он киштӣ ҳастӣ, вазифаатро ба хубӣ анҷом бидеҳу подошро бигиру лаззат бубар, ба арзиши он киштии ҳаёт ва ба фоидаҳои зебои он ва ба Кариму Раҳим будани зоти соҳиби сафина фикр куну бо хӯшҳолӣ шукр кун, бидон! Замоне ки вазифаатро бо истиқомат анҷом диҳӣ, дар ҷиҳати дурустӣ тамоми натиҷаҳои он киштӣ дар дафтари аъмоли тӯ сабт мешавад, ҳаёти ҷовидонаро барои тӯ дарпай дорад ва бо эҳёи ҳамешагии тӯ, ба тӯ ҷовидонагӣ мебахшад.

Калимаи ҳафтум

23وَ يُمٖيتُ “Ва юмитӯ” яъне, маргу мирҳо аз тарафи Ӯст, яъне, Ӯст ки аз вазифаи ҳаёт рухсат мекунад, ҷойгоҳи тӯро аз дунёи фонӣ тағйир медиҳад ва аз кулфату хизмат озод мекунад, яъне тӯро аз ҳаёти фонӣ ба ҳаёти боқӣ мебарад. Пас ин лафзи ҷалолуҳу бар ҷинну инси фонӣ фарёд бармекашаду мегуяд:

Мужда ва башорат бар шумо бод! Марг эъдом нест, ҳечу пуч шудан нест, нобудӣ нест, аз миён рафтан нест, хомӯшӣ нест, фироқи абадӣ нест, адам нест, тасодуф нест, нест шудан бидуни фоил нест, балки рухсату табдили маконест аз тарафи Фоили Ҳакими Раҳим, ҷазбу кушишест ба тарафи саодати абадӣ ва ватани аслии онҳо, дарест барои висоли маҷмуъи навадунӯҳ дар сади аз дӯстонамон дар барзах.

Калимаи ҳаштум

وَ هُوَ حَىٌّ لَا يَمُوتُ24 “Ва ҳува ҳаюу лоямут” яъне, дар ивази камолу ҳусну эҳсоне ки дар тамоми мавҷудоти ҳастӣ дида мешавад ва далели муҳаббат доштан ба онҳост, соҳиби ҷамолу камоли эҳсони бепоёну чандин мартаба волотари дигаре вуҷуд дорад ва маъбуди лам язалу маҳбуби лоязолуи дигаре ҳаст, ки танҳо як ҷилва аз ҷамоли ӯ дар баробари тамоми он маҳбубон кофӣ меояд ва соҳиби ҳаёти доимие – ки азаливу абадист – буда, муназзаҳ аз завол – ки нишонаи нуқсоният аст – мебошад ва аз фанову нишонаҳои нақсу қусур мубаррост. Пас ин лафзи ҷалолуҳу ба ҷинну инс ва тамоми бошуъурону аҳли муҳаббату ишқ эълон медорад:

Бар шумо мужда бод! Як маҳбуби боқӣ доред, ки дарди ҷудоиро дармон мекунад ва бар он марҳам мениҳад. Акнун ки Ӯро дореду абадист, ба чизҳои дигар фикр накунед ва нигарон нашавед, ҳусну эҳсон, фазлу камоле ки сабаби муҳаббататон ба маҳбубонатон шуда буд, сояи заифе аз сояи он маҳбуби боқист, ки он соя дар пушти пардаҳои ҷилваи ҷамоли боқии Ӯ пинҳон мебошад. Заволу нобудии онҳо шуморо андӯҳгин накунад, зеро онон ба манзалаи оинаҳое ҳастанд, ки иваз кардани ин оинаҳо барқи ҷилваҳои ҷамолро тозау зеботар мекунад. Ҳоло ки Ӯ ҳаст, ҳама чиз ҳаст.

Калимаи нуҳум

بِيَدِهِ الْخَيْرُ25 “Биядиҳи-л хайр” яъне, ҳама хайр дар дасти Ӯст. Тамоми аъмоли хайратон дар дафтари Ӯ ворид шуда ва ҳама аъмоли солиҳатон дар назди Ӯ сабт мешавад. Пас ин лафзи ҷалолуҳу ҷинну инсро садо мезанад ва мужда медиҳад:

Эй бечораву дармондагон! Замоне ки ба қабристон кӯч кардед, нагуед: “Эйвоҳ! Сармояамон бабоди ҳаво рафт, кӯшиши ноҷо кардем, танҳо як ваҷаб хок аз ин дунёи зебоу бузӯрг насибамон шуд.” бо нолау фарёд ноумед нашавед, зеро аз тамоми ончи доштаед муҳофизат хоҳад шуд ва аъмолатон навишта шудааст, ҳамаи хизматҳоятон сабт шудааст. Зоти Зулҷалое ки подошдиҳандаи хадамот Ӯ буда ҳамаи хайр дар дасти Ӯст ва ба анҷоми ҳар хайр қодир аст, шуморо ба сӯи худ мекашад ва муваққатан дар зери замин нигоҳ медорад, сипас баҳузури худ мепазирад. Хушо ба саодати шумо ки хадамоту вазифаи худро баитмом расонидед, заҳмататон бапоён расиду ба сӯйи осоишу раҳмат  меравед, хидмату сахтиву ранҷ тамом шуд, меравед то подош бигиред. Бале, Қадири Зулҷалоле ки базру ҳастаи баҳори гузаштаро, ки дар ҳукми варақаҳои дафтари аъмолу сандуқчаи хадамоти он башумор меравад муҳофизат мекунад ва дар баҳори баъдӣ ба сурати хиракунанда, ҳатто чанд мартаба пурбаракаттар аз асли он ҳифз карда ва сабаби рушду нумуи он мешавад, албатта натиҷаи ҳаёти шуморо низ ҳамчун он муҳофизат карда ва подоши хидматҳоятонро басурати густурда хоҳад дод.

Калимаи даҳум

وَ هُوَ عَلٰى كُلِّ شَىْءٍ قَدٖيرٌ26  “Ва ҳува ъало кулли шайин қадир” яъне, Ӯ Воҳид асту Аҳад, Ӯ бар ҳар чиз тавоност, ҳеҷ чиз барои Ӯ сангинӣ надорад, барои Ӯ халқи як баҳор ба андозаи халқи як гул осонаст ва халқи Биҳишт низ ба андозаи халқи баҳор барояш саҳл аст. Маснуоти поённопазире ки дар ҳар рӯзу ҳар солу ҳар аср яке пас аз дигаре эҷод кардааст, қудрати бениҳояти Ӯро бо забонҳои бисёре шаҳодат медиҳанд. ин лафзи ҷалолуҳу низ мужда медиҳад:

Эй инсон! Хизматҳо ва бандагие, ки анҷом дода будӣ, бесамар нахоҳад буд, бароят дори мукофоту дори саодат ҳозир шудааст. Дар ивази ин дунёи фонӣ, биҳишти боқӣ мунтазири туст. Ба ваъдаҳои Холиқу Зулҷалоле ки ибодаташ кардаӣ ва Ӯро мешиносӣ, имон дошта бош ва иътимод кун. Муҳол аст хилофи ваъдааш амал кунад. Қудраташ аз ҳар назар бенуқсу бе айб аст, аҷз қудрати мудохиларо дар корҳояш надорад. Ҳамон гуна ки боғчаи хонаатро халқ кардааст, биҳиштро низ метавонад бароят халқ кунад ва халқ кардаасту ваъда додааст, чун ваъда додааст, бешак туро низ ба он ҷо хоҳад бурд.

Ҳоло ки ба хубӣ дида истодаем Ҷаноби Ҳақ бештар аз сесад ҳазор навъи миллатҳои мухталифи ҳайвоноту набототро дар ҳар сол ва бар рӯйи замин бо камоли интизому мизон ва бо камоли суръату суҳулат ҳашр мекунаду нашр медиҳад, пас бешак чунин Қадири Зулҷалол ба анҷоми ваъдаҳояш муқтадир аст.

Ва ҳам ин ки он Қадири мутлақ дар ҳар сол намунаҳои ҳашру биҳитро ба тарзи гуногуну мухталифе эҷод мекунад. Ва ҳам ин ки бо фармонҳои осмонӣ саодати абадиро ваъда карда муждаи биҳишт медиҳад.

Ва ҳам ин ки тамоми иҷроиёту корҳои Ӯ, ҳаққу ҳақиқат аст ва бо сидқу ҷиддият аст.

Ва ҳам ин ки бо шаҳодати осораш тамоми камолот ба камолоти бениҳояти Ӯ шаҳодат медиҳанду далолат мекунанд. Дар Ӯ ҳеҷ гуна айбу кутоҳие нест.

Ва ҳам ин ки медонем, бадқавлӣ, хилоф, кизбу фиреб аз бадтарин хислатҳост ва айбу камбудӣ башумор меравад, пас албатта ва ҳатмӣ он Қадири Зулҷалолу Ҳакими Зулкамол ва Раҳими Зулҷамол ба ваъдааш амал карда ва дарвозаҳои саодати абадиро боз хоҳад кард ва шуморо ба биҳишт ба ватани аслии падаратон Ҳазрати Одам – эй аҳли имон – дохил хоҳад кард.

Калимаи ёздаҳум

وَ اِلَيْهِ الْمَصٖيرُ27 “Ва илайҳи-л масир” яъне, инсонҳо ки барои тиҷорату анҷоми маъмурият ба ин дунё – яъне ба ин дори имтиҳон – фиристода шудаанд ва вазифаҳои муҳим бадуш доранд, тиҷораташонро анҷом медиҳанд ва вазифаҳояшонро ба итмом мерасонанд ва баъд аз бапоён расонидани хадамоташон, дубора ба назди Холиқи Зулҷалол бархоҳанд гашт, ки фиристонандаи онҳо буд ва бо Мавлои Карими худ мулоқот мекунанд, яъне аз ин дори фонӣ гузашта, дар макони боқӣ ба ҳузури Кибриёи Парвардигор мушарраф хоҳанд шуд, яъне аз муҷиботи парешонӣ наҷот меёбанд ва пардаҳои торики восита бардошта хоҳанд шуд ва дар макони салтанати абадӣ бепарда бо Рабби Раҳимашон мулоқот хоҳанд кард, ҳар кас мустақиму бевосита Холиқ, Маъбуд, Раб, Сайиду Молики худро шинохта ва меёбад, пас ин лафзи ҷалолуҳу болотар аз тамоми муждаҳои додашуда, башорате медиҳаду мегуяд:

Эй инсон! Оё медонӣ ба куҷо меравӣ ва ба куҷо кашида мешавӣ? Ҳамон тавр ки дар қисмати охири “Гуфтори сию дуюм” гуфта шудааст, бидон! Як соати зиндагӣ дар биҳишт бо ҳазор сол зиндагии саодатмандонаи дунё баробар аст ва як соат дидани ҷамоли ҷамили Зулҷалол, бо ҳазор сол зиндагӣ дар биҳишт баробарӣ мекунад ва инак тӯ барои ноил шудан ба мақоми дидори ҷамолу ба доираи раҳмати он зоти Ҷамили Зулҷамол меравӣ, ба ҷойгоҳи ҳузури Маъбуди ламязол ва Маҳбуби лоязол меравӣ ки ҳусну ҷамоли тамоми мавҷудоти дунёву тамоми маҳбубони маҷозие ки мубталову мафтуну муштоқи онҳо ҳастӣ, танҳо сояе аз ҷилваи ҷамолу ҳусни асмои Ӯст, тамоми Биҳишт бо ҳамаи нозукияш, як ҷилваи раҳмати Ӯст, тамоми иштиёқҳо, муҳаббатҳо, ҷаззобиятҳоу ҷозибаҳо, партаве аз муҳаббати Ӯ мебошад ва ба Биҳишт ба зиёфатгоҳи абадии худ даъват мешавед, вақте ки чунинаст, на ин ки гирён, балки хандон ба дарвозаи қабр ворид шавед.

Ҳамҷунин ин лафзи ҷалолуҳу мужда медиҳаду мегуяд:

Эй инсон! тасаввур накун ба фано ба адам, ба нестӣ, ба зулумот, ба нусён, ба пӯсидагӣ, ба вайрониву нобудӣ меравӣ ва дар такопую касрат ба нобудиву хафагӣ маҳкумӣ! Шумо на ба фано, балки ба бақо меравед ва на ба адам, балки ба сӯйи вуҷуди доимӣ кашида мешавед ва на ба зулумот, балки ба олами нур ворид мешавед ва ба сӯйи соҳибу молики ҳақиқӣ меравед ва ба пойтахти Султони Азалӣ бармегардед ва дар будану касрати маҳкум ба набудану хафагӣ нестед, балки дар доираи ваҳдат нафас хоҳед кашид. Ва на ба ҷудоӣ, балки ба висол хоҳед расид.

Бахше аз канфронси иҷроя шуда ба донишҷуён ва талабаҳои Рисолаи Нур

بسم الله الرحمن الرحيم

Эй азизони арзишманду ташна ба оби ҳаёти имон!

Пеш аз ҳар чиз бояд эътироф кунам, ҷойгоҳи ман дар ин канфронс ва ин курсӣ сабаб намешавад, то худро болотар аз шумо бубинам, бидонед, Худро бародари шумо медонам, ин канфронс, аз сабаби бисёр мӯҳтоҷ буданам, ба ман дарси нафеъ (фои-дабахш) мебошад. Мухотаби он худам ҳастам, дарсамро ба унвони музокира бо шумо дӯстони пок қалбам хоҳам хонд, агар камбудие дидед, аз ман аст ва камолоту зебоиҳои он махсуси Рисолаи Нур аст, ки дар суханонам аз он баҳра гирифтаам. Аввалин канфронси диниамон, ки аз имрӯз шурӯъ кардем, агар иттифоқи хоссе пеш наояд, ҳафтае як бор идома хоҳем дод, дар мавриди имон аст. Зеро ҳамон тавр ки Устоди арҷмандамон “Бадиуззамон Саъид Нурсӣ” дар аввалин давраи маҷлис баён карда буданд: “Волотарин ҳақиқати ҳастӣ, имон аст ва баъд аз имон, намоз аст.”

Пас мо низ муносиб дидем, ки дар ин канфронс, аз Қуръон, имон ва Расули Акрам (с.а.в.) сӯхан бигӯем, ИншоАллоҳ дуюмин ҷаласаи дарсамон дар мавриди “ибодату намоз” баргузор мешавад. Ба ҳамин далел ба дунболи асаре рафтам то ин дарсҳоро биомӯзам, дар ниҳоят Рисолаи Нурро баргузидам, зеро иҳтиёҷоти ҳаётӣ ва абадиро ба шеваи муносиб бо фаҳми авом таълим дода, зиёда панҷоҳ сол мешавад, ки мавриди эътимоду итминон аст ва муътабартарин асри динӣ башумор меравад.

Акнун сабаби интихоби имонро ба унвони мавзӯъи канфронс шарҳ медиҳам, барои ин кор матлабе дар мавриди ин асар ва муалифи он баён мекунам:

Душманони дини Ислом дар ин аср, нахуст нақшау барномаи нобудӣ ва суст кардани пояи (аркони) имонро сарлавҳаи кори худ қарор додаанд. Суиқасд барои нобудии арконҳои имонӣ, бо нифоқ ва дар зери ниқобҳои гуногун дар ин бисту панҷ сол (ин ҷумла дар таърихи 1950 милодӣ гуфта шудааст) бисёр ваҳшатнок буда аст. Ва шакли вайронгаре ба худ гирифта аст, ҳатто ба гунае ки таърих ба худ надида аст. Ҳамон тавр ки медонем, шубҳау инкор дар яке аз аркони имон аз бемасъулиятӣ дар қиболи фурӯъи динӣ чандин мартаба кушандау зиёнмандтар аст, бадин сабаб муҳимтарин вазифаи мо табдили имони тақлидӣ ба имони таҳқиқӣ, қуввату нерӯ бахшидан ба имон ва наҷоти он мебошад, пас нисбат ба чизҳои дигар пардохтан ба аркони имон, амри заруриву ниёзи мубрам ҳатто амри воҷиб шудааст. Ин натанҳо барои Туркия балки шомили тамоми дунёи Ислом мешавад.

Бале кушиш барои таъмиру зиннат додани хонае ки пояҳои он пӯсида дар ҳоли фурӯ рафтан аст, барои вайрон нашудани он бино, чӣ кумаке метавонад кунад?! Оё талошу тадбир барои хӯшк нашудани шоху баргҳои дарахте, ки решаҳои он пӯсида аст фоида дорад?

Инсон ба қасре монанд аст, ки пояҳояш аркони имонӣ буда ва дарахтест ки решааш асоси имон аст. Муҳимтарин рукни имон низ “имони ба Аллоҳ” яъне имон ба Худост, баъд аз он “нубувват” ва “ҳашр” мебошад.

Пас инсон аввалин илме ки бояд кӯшиш ба омӯхтани он кунад, улуми имонест ва улуми имони дар ҳукми шоҳу подшоҳи асосии ҳамаи илмҳост.

Имон танҳо тасдиқи забонӣ нест, имон шомили мартабаҳои фаровонест. Имони тақлидӣ ба хусус дар ҷоҳилияти ин замон ва дар баробари амвоҷи туфони бединӣ, зуд хомуш хоҳад шуд. Аммо имони таҳқиқӣ нерӯи тағирнопазиру хомуш нашуданист. Касоне ки имони таҳқиқӣ доранд, ҳатто агар имону динашон дар маърази гирдбоди бединӣ қарор гирад, қудрати он гирдбод дар баробари нерӯи имонашон бетаъсир хоҳад буд, касе ки имони таҳқиқиро ба даст оварад ҳаргиз гирифтори васваса, шакку шубҳаи бединтарин файласуфон низ нахоҳад шуд. Мо низ бешубша ба ин натиҷа расидем, ки бино бар ҳақиқатҳои мавҷуд бо таълими имони таҳқиқӣ, ба имон нерӯ мебахшем ва суботу давому диққат дар хондани асари ҷомиъ аз ҳақиқатҳои Қуръону имон – ки саодати абадиву озодиро ба инсонҳо мебахшад – лозиму зарурист, мутаасифона бар акси он ба вазъияте гирифтор шудаем, ки дар мусибатҳои ваҳшатноки дунёиву ухравӣ маҳбус мондаем, бешубҳа ин ҳақиқати ҳоли мост, ягона чораи наҷотамон паноҳ бурдан ба оятҳои имонии Қуръони ҳаким ва ба тафсири волое аз оёти карима мебошад, ки он мутобиқ бо ин аср тафсир шудааст.

Акнун мебинем ҳаяҷоне аз нуру ангеза барои пай бурдан ба суоли “оё чунин асаре дар ин аср вуҷуд дорад?” дар чеҳраҳоятон дида мешавад.

Бале, барои ёфтани чунин асаре ки ба ниёзҳои мухталифи мо ҷавоб диҳад, бо диққату аҳаммият ҷустуҷӯ кардем, саранҷом ба ин натиҷа расидем, ки “Расоили Нур” асари Бадиуззамон Саъид Нурсӣ ҳамон асарест, ки дар пай он будем, ин асари муршид раҳбару раҳнамои комиле аз сӯйи Қуръон, барои ҷавонони Турк ва уммати мусулмону башарият мебошад. Ҳазорон каси дигар низ ҳамроҳ бо мо ба ин ҳақиқат, ки Расоили Нур наҷотдиҳандаи имон аст, шаҳодат медиҳанд.

Мо низ асоси кори худро бар ин мабно қарор додем, ки муалифи чунин асаре – ки вазифаи ҳидоятро дар қарни бистум ба уҳда мегирад – бояд дорои чунин хусусиёте бошад, тамоми ин хусусиятҳоро дар Расоили Нур ва муаллифи он Бадиуззамон Саъид Нурсӣ дидем.

Ин хусусиятҳо иборатанд аз:

  1. Муалифи он Қуръони ҳакимро устоду раҳбари худ қарор дода бошад…
  2. Қуръони ҳаким китоби муқаддасест, ки ҳовии улуми ҳақиқист ва хутбаи азалист, ки дар ҳар аср умуми табақоти иҷтимии инсонҳои он асрро мухотаби худ қарор медиҳад, бадин сабаб касе ки Қуръонро тафсир мекунад, дуруст бояд айни ҳақиқатҳои онро баён кунад ва барои анҷоми чунин тафсире, тафсиркунандаҳо набояд таҳти таъсири маслаку машраби худ қарор бигиранд ва набояд ҳавоу ҳаваси ӯ дар он мудохила кунад ва ҳамчунин барои исботи ҳақиқатҳои Қуръоние ки маъноҳои Қуръонро кашфу нишон медиҳанд лозим аст, ки он муфассир дорои шохисаҳое бошад, аз ҷумла алломаи мутахассис дар тамоми фанҳо ва соҳиби фикри бозу диди равшан ва ихлоси ҳақиқӣ бошад, илова бар он дорои заковати беназиру соҳиби иҷтиҳод бо қудрати нуфузу амиқ ва нерӯи қудсӣ бошад…
  3. Тафсири Қуръон бояд бо ихлосе таълиф шавад, ки дар тафсири он, муалиф набояд ба ҷуз ризои Ҷаноби Ҳақ ҳеҷ гуна манфиати моддиву маънавиро мадди назар дошта бошад, бояд ин кирдори шоистау воло дар тули ҳаёти ин муалиф ошкоро мушоҳида шуда бошад…
  4. Аз бузургтарин муъҷизоти Қуръон, муҳофизат аз ҷавониву тозагии худ дар ҳар замон аст, бояд Қуръон вижагӣ ҷавобгӯе ба тамоми иҳтиёҷотро дар ҳар замону асре дошта бошад, гӯё дар он аср нозил шудааст.  Пас тафсире ки ба ҷомеъа пешкаш мешавад, бояд бо кашфи ибъоде аз Қуръон ки назар ба асрамон дорад, тавре исботу шарҳ дода шавад, ки тамоми табақаҳои ҷомиъа аз авом то хавос битавонанд аз он баҳраманд шаванд.
  5. Муфассир бояд ба шевае ҳақиқатҳои имону Қуръонро исбот кунаду таълим диҳад, ки сабабу далелҳои ӯ касеро озурдахотир накунад, яъне исботгароӣ бо диди мусбатро яке аз асосоти кори худ  бидонад.
  6. Бояд касе ки ҳақиқатҳои Қуръонро дарс медиҳад, чунон нерӯманд, балиғ, нофизу муассир бошад, ҳам ба Ақлу ҳам ба Қалб ва ҳам ба Рӯҳу ҳам ба Виҷдон, нуру итминон бубахшад ва нафсро ба зонӯ шинонад ва ҳатто ба шайтон низ қабул кунонад…
  7. Инсонро аз хислатҳои баде ҳамчун худбин, ғурӯр, уҷб (мағрӯр ба амалҳо шудан) ва иноният наҷот дода, ахлоқҳои писандидау волое ҳамчун тавозӯъ ва фурӯтаниро ҷойгузини он кунад.
  8. Он олиме ки Қуръонро тафсир мекунад, бояд аз суннати Расули Акрам (с.а.в.), пайравӣ кунад, бояд зуҳду тақвои аъзам, ихлоси аъзам, суботи аъзам дар хизмат ба Дин, дурустиву садоқати аъзам, фидокориву иқтисоду қаноати аъзам дошта бошад. Хулоса ин ки муфассири Қуръон зоти хизматгоре бошад, ки навиштаҳояш бо нерӯи қудсӣ ва убудияти аъзаму тақвои азими рисолаи Аҳмадӣ намоёнгари партави вилояти Аҳмдӣ бошад.
  9. Муфассири Қуръон бояд ҳамчун мусулмони воқеъӣ шуҷоъву ҷасур бошад, чун замоне ки ӯ дар ҳоли баёни масъалаҳои шаръиву Қуръонист, набояд азобу шиканҷаҳои дигаронро мадди назар гирифта ва набояд таҳти таъсири он иттифоқот қарор бигираду фатвое диҳад. Бояд бо хурд шумурдани марг ва бо нерӯе аз имон ки битавонад ба василаи он дунёро ба мубориза биталабад, бепарво ҳақиқатро иброз намояд.

Илова бар ин дар чунин асри ваҳшатангезе, ки Уламоро ба дор меовезанд ва иҷозати нашри китобҳои диниро намедиҳанд, бахусус замоне ки қасди аз миён бардотани Қуръон ва хомуш шудани онро доранд, дар саҳна будани муршиди комил ки дастуроти шаръиро нашру таълиф карда бошад ва як муфассири аъзаму муътабари Қуръон ва як раҳбари комилу ҳақиқии ин асри Ислом, лозиму зарӯрист.

 Бале дар ин аср ҳамчун рӯз равшан аст, ки он нуҳ шарт дар “Расоили Нур” ва муалифи он Саъид Нурсӣ бахубӣ дида мешавад ва он ба иттифоқ, тавотуру иҷмоъи уламои Ислом собит шудааст, илова бар он ҳам миллати ҳушёри Мусулмон ва ҳам Амрикову ҳам Аврупо онро қабулу тасдиқ мекунанд.

 Бале дӯстони ман! Мо ба дунболи чунин тафсире аз Қуръон будем ва чунин муфассире мехостем.

***

Пас манзалату ҷойгоҳи додашуда ба инсон ва пешрафтҳои башариву камолоти мадании машҳуд, натиҷаи манфиатталабиву ғалабау бартариҷӯӣ ва қуввати ҷидолу муноққашаи ӯ нест, балки ба сабаби заъф дар ихтиёри ӯ гузошта шуда ва ба хотири аҷзаш ба ӯ кумак шуда ва ба ҷиҳати фақраш ба ӯ эҳсон ва ба сабаби ҷаҳлаш ба ӯ илҳом шуда ва барои рафъи ниёзҳояш ба ӯ икром гардида аст.

 

Тарҷумаи кўтоҳи маънои оятҳои Қуръони Карим ва ҳадисҳо

16. Ба номи Худованди пок аз ҳамаи норасоиҳо. ”… Ҳеҷ мавҷуде нест, ҷуз он ки Ӯро ба покӣ меситояд…” (сураи Исро ояи 44)  Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон. “Нест маъбуде ғайри Худо, Худованд яктост, шарике надорад. Ҳама мулк ва ҳастӣ аз они Ӯст. Ва ситоиш аз они Ӯст. Диҳандаи ҳаёт. Гирандаи ҳаёт. Ва Ӯ намурдааст, Ӯ зиндааст. Хайр дар дасти Ӯст. Бар ҳама чиз қодир аст. Ва ба сӯи Ӯ бармегардем. (ва ба сӯи Ӯст бозгашт) ” (Бухори Азон 155, Таҳаҷҷуд 21, Муслим Зикр 28, Тирмизи Мевакит 108, Муснад 1:47)

17. Нест маъбуде ғайри Худо.

18. Худованд яктост.

19. Шарике надорад

20. Ҳама мулк ва ҳастӣ аз они Ӯст.

21. Ситоиш аз они Ӯст.

22. Диҳандаи ҳаёт.

23. Гирандаи ҳаёт.

24. Ва Ӯ намурдааст, Ӯ зиндааст.

25. Хайр дар дасти Ӯст.

26. Бар ҳама чиз қодир аст.

27. Ва ба сӯи Ӯ бармегардем. (ва ба сӯи Ӯст бозгашт)