НОМАЕ, КИ ХУСРАВ БА МУНОСИБАТИ МАСЪАЛАИ ДАҲУМ БАРОИ УСТОДАШ НАВИШТААСТ

Устоди бисёр муҳтарам ва маҳбубам!

Ҷаноби Аллоҳро бениҳоят сипос “Гули Амирдоғ”, ки “Масъалаи Даҳуми Самараи Денизлӣ” ном гирифтааст, ба дастамон расид; изтироби ду моҳ дурию бехабариро кам намуд, зиндагии дубора насиби қалбамон кард, насими хушу тоза ба арвоҳамон арзонӣ дошт. Он навишта, маҳосини такрори дар оятҳои бошукӯҳу азиз ва муҳаббатомезу меҳрубононаи Қуръонро эҳдо намуда, ҳикмат ва лузуми такрору аҳамияти онро шарҳ дода, як дифоияи ҷонона, аз Рисолаи Нур аст. Бо истишмоми ин гул, ки алҳақ шоистаи камолу тақдиру таҳсин аст, иштиёқи рӯҳамон таолӣ ёфт. Ҳамчуноне, ки “Самараи Денизлӣ” бо нӯҳ масъалаи мундариҷи дар он, дар ивази фишори нӯҳ моҳ ҳабс, василаи бузурге барои озодии мо шуд ва зебоиашро ба ин сурат нишон дод. “Гули Амирдоғ” низ, ки даҳумин масъалааш аст, матолиби фавқулода дар эъҷози муҷмали Қуръонро нишон медиҳад ва ба ҳамин нисбат, зебоиашро ба намоиш мегузорад.

Бале, устоди маҳбубам! Ҳамчуноне, ки латофату ҷамоли фавқулодаи гул, иҷозати назар кардан ба хорҳои онро намедиҳад, ин гули нуронӣ низ, фишорҳои нӯҳ моҳ маҳбасро, аз ёди мо бурд. Тавре, ки гуё чунин чиз вуҷуд надоштааст.

Гули нуронии “Самараи Денизлӣ” тавре навишта шудааст, ки касе аз мутолиааш сер намешавад, ақлҳоро ҳайратзада мекунад, он зебоиҳое, ки дорад — махсусан дар муқобила бо иҳонат ба Қуръон, иҳонате, ки бо тарҷумаи Қуръон қасди одисозии Қуръонро дар назари мардум дошт — ва бо нишон додани арзиши дақиқи такрорҳо, бартарии Қуръонро, ки баробари олам аст, дар миён мегузорад.

Нав будани Қуръони мӯъҷиз-ул баёне, ки соликонаш дар ҳамаи асрҳо бо матонати фавқулода ба он даст меёбанд, ба амру наҳйиҳояш комилан гардан медиҳанд. Дар ин китоб, ба наҳве собит шудаст, ки гуё ба тозагӣ нозил шудааст. Қуръон дар ҳама замонҳо золимонро муқарар ба тарзи ваҳшатноку шадид таҳдид мекунад, ба ҳамин тартиб борҳо нисбат ба мазлумон изҳори лутфу раҳмат ва меҳрубонӣ дорад. Махсусан таҳдидҳое, ки мутаваҷҷеҳи золимони асри кунунии мост, намунааш дида нашудааст. Гуё шаш — ҳафт сол пеш бо ҷаҳаннами осмоние, ки як тамсил аз фазаъи акбар (қиёмат) мебошад, боиси фарёду фиғонашон шудааст. Низ, вуҷуди талабаҳои Рисолаи Нур дар канори ҳар як аз мазлумони ин аср. Дар ҳақиқат ин талабагонро монанди наҷоте, ки ба анбиёи умматҳои пешин додашуда буд, мазҳари наҷотҳои бузургу хурд қарор дода, нишон медиҳад, ки бе диноне, ки муоризи ононанд, бо азоби ҷаҳаннамӣ, силӣ мехӯранд. Китобе, ки бо ду ҳошияи латифу зебо хотима меёбад, талабаи фақиратон Хусравро бо чунон сурури азим, ба сӯйи шукри беҳадду канор бурд, ки шодию нишоте, ки аз мушоҳидаи ин гули зебо ҳосил шуд, ҳеҷ гоҳ дар тули умрам эҳсос накардабудам. Инро чунон, ки ба устоди маҳбубам арз кардабудам ба бародаронам низ такрор батакрор гуфтам.

Ҷаноби Ҳақ аз шумо устоди маҳбуб, ки бори сангину бузургеро ба дӯши заифу наҳифатон таҳаммул мекунед, то абад розӣ бошад ва бо сабук кардани ин сангинӣ, то абад рухсоратонро хандон гардонад. Омин!

Бале, устоди маҳбубам! Мо аз Аллоҳ, аз Қуръон, аз ҳабиби зишаън, аз Рисолаи Нур ва аз шумо, ки тарҷумони Қуръон ҳастед, ҳамеша розӣ ҳастем. Аз интисобамон ба шумо ба ҳеҷ ваҷҳ пӯшаймон нестем. Дар вуҷудамон қасд, ҳатто заррае анҷоми кори бад нест. Мо танҳо хостори Аллоҳ ва ризои ӯ ҳастем ва рӯз ба рӯз дар матни ризои ӯ иштиёқи васлашро дар қалбамон мустаҳкамтар мекунем. Мо бидуни истисно ҳамаи касонеро, ки ба мо бадӣ карда ва мекунанд, ба Ҷаноби Ҳақ месупорем, ононро мебахшем ва дар иваз, ба касоне, ки ба мо зулм мекунанд, хубӣ мекунем. Ин кор ба унвони як шиори Ислом дар қалби талабаҳои Рисолаи Нур ҷой гирифтааст. Ва Ҷаноби Ҳақро бениҳоят сипос мегуем, ки ин хислатро бехости мо ба ҳамагон эълон медорад.

 

Талабаи саропо тақсиратон

Хусрав

            

*  *  *