Рисолаи Табиат

Ин Рисола, андешаи куфромезеро, ки мумкин аст аз табиат сар барорад, аз байн мебарад ба шакле, ки ҳеҷ гоҳ ҷон нагирад ва аслу асоси куфро зеру забар мекунад.

Ихтор

Воқеияти масире, ки табииюни мункир тай мекунанд, дар ин баёния, таҳти унвони нӯҳ муҳол, ки дар баргирандаи камаш навад муҳол мебошад, баён мегардад. Ва нишон дода мешавад, ки то чи  андоза аз ақл дур ва то чи дараҷа ифлос ва чи қадар хурофа мебошад. Зеро муҳолҳои мазкур, дар рисолаҳои дигар то ҳудуде тавзеҳ дода шудааст. Дар ин ҷо, барои риояи ихтисор, ба баъзе мавридҳо напардохтаем. Бинобар ин, дар як лаҳза ба зеҳн чунин мегузарад: “Чигуна мумкин аст ин файласуфони ақлгарои машҳур, чунин як хурофаи ошкору равшанро пазируфта, ба он роҳ раванд?”.

Бале, онҳо натавонитаанд ботини маслаки хешро бубинанд. Ҳақиқати маслаки онҳо ва лозимаву муқтазои он ба унвони хулосаи мазҳаби ғайри маъқул[1], кареҳу нопокашон, дар ибтидои ҳар муҳол навишташудааст. Ва ман ҳозирам онро барои касоне, ки шубҳа доранд, бо бурҳонҳои бадеҳию қатъӣ, муфассалан баёну исбот кунам.

بِسْمِ اللّٰهِ الرَّحْمٰنِ الرَّحٖيمِ

[2] قَالَتْ رُسُلُهُمْ اَفِى اللّٰهِ شَكٌّ فَاطِرِ السَّمٰوَاتِ وَالْاَرْضِ

Ин ояти карима, бо истифҳоми инкорӣ, эълом медорад, ки дар хусуси Ҷаноби Ҳақ шаке нест ва набояд бошад. Ва нишон медиҳад, ки вуҷуду ваҳдонияти Илоҳӣ, дар мартабаи бадоҳат аст.

      Пеш аз тавзеҳи ин сирр, як тазаккур бояд диҳем.

Дар соли 1338 (1922 м.) ба Анқара рафтам. Дидам, як андешаи куфромези зиндиқӣ, барои нуфуз кардан ба олами фикрии қавии аҳли имон, ки аз ғалабаи лашкари Ислом бар Юнон, дар нишоту сурур буд, барои тахриби он бо дасисаву фиреб, фаъол аст. Гуфтам: Эй воҳ, ин аждаҳо ба аркони имон садама мезанад! Дар он лаҳза ояти каримаи мазкур, вуҷуду ваҳдонияти Илоҳиро комилан бадеҳӣ, ба ман фаҳмонд. Аз оят истимдод кардам ва бурҳони қавии аз Қуръони Ҳакимро, ки метвонист сари он зиндиқро ба санг кубад, дар рисолаи Арабӣ навишта ва дар  матбааи “Йенӣ Гун” дар Анқара мунташр кардам. Афсус, теъдоди касоне, ки арабиро медонанд, кам аст. Ва шумори ононе, ки ин гуна матолиб, барояшон аҳамият дошта бошад, нодир аст. Рисолаи  мазкур, ки як бурҳони қавиро дар ниҳояти иҷмолу ихтисор  баён мекард, таъсири чандоне аз худ нагузошт. Мутаасифона андешаи  бединӣ, густариш ёфт ва қудрати бештар гирифт. Он бурҳони ёдшударо, ночор ба туркӣ баён мекунам. Баъзе аз порчаҳои он бурҳон, дар рисолаҳои дигар, комилан тавзеҳ дода шудааст. Бинобар ин, дар ин ҷо мухтасаран, навишта мешавад. Бурҳонҳое, ки дар дигар рисолаҳо ба кисмҳо ҷудо шудаанд, дар ин бурҳон қисман муттаҳид шуда ва ҳар кадомашон дар ҳукми як ҷузъи аз ин бурҳон, талаққӣ мегардад.

Муқадимма

Эй инсон! Бидон, калимаҳое ҳаст, ки аз даҳони инсонҳо хориҷ шуда, бӯйи бединӣ медиҳанд. Аҳли имон, ногаҳон аз онҳо истифода мекунанд. Се мавриди муҳимтарини онҳоро баён мекунем.

Якум: اَوْجَدَتْهُ الْاَسْبَابُ  Яъне, асбоб ин чизро эҷод мекунад.

Дуюм: تَشَكَّلَ بِنَفْسِهٖ  Яъне, худ ба худ шакл гирифта, вуҷуд меёбад ва ба охир мерасад.

Сеюм: اِقْتَضَتْهُ الطَّبٖيعَةُ  Яъне, табиист ба иқтизои табиат вуҷуд ёфтааст.

Бале, мавҷудот ҳастанд ва ҳастии онҳоро наметавон инкор кард. Ҳар мавҷуде низ ҳунармандона ва бо ҳикмат ба вуҷуд меояд. Ба ҳамин тартиб  мавҷудод чун қадим нестанд тоҷаранд ҳодис маҳсуб мешаванд. Акнун эй мулҳид! Дар бори ин мавҷуд, масалан ин ҳайвонро ё бояд бигуӣ асбоби олам инро эҷод кардааст, яъне ба воситаи иҷтимои асбоб вуҷуд ёфта, ё ин ки худ ба худ мавҷуд шудааст, ё ба иқтизои табиат яъне таҳти таъсири табиат ҳастӣ меёбад ва ё ин ки бо қудрати Қадири Зулҷалол эҷод мешавад.

Ба лиҳози ақлӣ ҷуз ин ҷор роҳ, роҳӣ дигаре вуҷуд надорад. Агар се роҳи аввал яқинан исбот гардад ки муҳолу ботил ва мумтаниъу имконнопазир мебошад, биззарура ва билбадоҳа роҳи чоррум ки тариқи ваҳдоният аст бе шакку шубҳа исбот мегардад.

Аммо роҳи якум ки мегуяд:

Вуҷуди махлуқот ва шаклгирии ашё, ба воситаи иҷтимоъи асбоби олам сурат мегирад. Аз муҳолҳои фаровони ин баҳс, танҳо се тоашро зикр мекунем:

Муҳоли якум: Дар як дорухона, садҳо шишаи маводи гуногун паҳлуи ҳам вуҷуд дорад. Фарз кунем аз доруҳое, ки дар ин дорухонааст, мехоҳанд маъҷуни зиҳаёт таҳия кунанд. Яъне мехоҳанд аз он шишаҳо, подзаҳри олӣ ва дар айни ҳол бархурдор аз ҳаёт ба вуҷуд ояд. Фарз кунем, омадем ва дарон дорухона теъдоди зиёди он маъҷун, ё подзаҳри зиҳаётро дидем ва ҳар кадомашонро мавриди баррасӣ қарор додем. Мебинем, ки ҳар кадоми шишаҳо ба як андозаи махсус, масалан ба вазни ду дирҳам аз ин, се чор дирҳам аз он, шаш ҳафт дирҳам аз дигараш ва ғайраҳо, андозаҳои гуногун, аз ҳар кадомаш бардошта шудааст. Медонем, ки аз ин шиша, масалан аз як дирҳам зиёдтар, ё камтар гирифта шуда бошад, он дармон, дорои ҳаёт намешавад. Яъне он дору, хосияти худро гум мекунад. Агар ҳар як шиша, як модда ба андозаи мушаххас доштабошад, ки агар заррае кам, ё зиёд шавад, дармон хосияти худро аз даст медиҳад. Шумори шишаҳо аз панҷоҳ адад зиёд аст ва аз ҳар як ба мизони мушахасу ҷудогона, дору бардошта шудааст.

Оё аслан имкон ва эҳтимол дорад, ки доруҳои гирифта шудаи аз шишаҳо, ки ба миқдорҳои мухталиф гирифта шудааст, бо пароканда шудани шишаҳо  дар як тасодуфи аҷибу ғариб, ё дар як ҳавои туфонӣ ва рехта шудани мӯҳтавиёташон ба ҳамон вазни  мавриди назари ҳосилшуда ва доруҳо худ ба худ гирди  ҳам ҷамъ шаванд ва маъҷуни мавриди назарро  ба вуҷуд оранд? Оё бепоятар, ботилтар муҳолтар аз ин, чизи дигаре ҳаст? Ҳатто хар агар хартар шавад ва баъд инсон шавад, боз ҳам ин фикрро қабул накарда, мегурезад.

Ҳамаи зиҳаётон ҳамчун мисоли мазкур, бешубҳа маъҷун ё таркиби бархурдори аз ҳаёт мебошанд. Ҳар як гиёҳ, монанди подзаҳр дорои ҳаёт аст, ки аз маводи бисёр мутааддид ташкил шуда ва бо мизону миқёси бисёр дақиқ аз маводи арзшуда, таркиб гардида аст. Ҳамин гиёҳ, агар ба сабабҳо нисбатдода шуда, гуфта шавад: “Сабабҳо ва унсурҳо онро эҷод кардаанд”, монанди ҳамон маъҷуне, ки иддио шуд, бо чаппа шудани шишаҳои дорухона, пайдо шудааст, дур аз ақл ва муҳолу ботил мебошад.

Натиҷа: Инки дар дорухонаи бузурги олам, маводи ҳаёте, ки бар асоси қазову қадари Ҳакими Азалӣ гирифта машавад, бо ҳикмати бе ниҳоят ва илми бепон ва иродае, ки ҳама чизро  шомил мешавад, метавонанд вуҷуд ёбанд. Бечорае, ки хилқатро кори асбобу табиат ва унсури куллӣ медонад, кӯру кар ва ҳамчун сел дар ҷараён аст. Монанди девонаест, ки бар асари ҳазаён, мегуяд: Он подзаҳри аҷиб, худ ба худ аз дохили шишаҳо берун омада, ба вуҷуд омадааст. Ӯ аҳмақтар аз аҳмақест, ки дар ҳоли мастӣ ба сар мебарад. Бале, куфргуии мазкур дар ҳақиқат ҳазаёни аҳмақона, нохирадона ва аблаҳонааст.

Муҳоли дуюм: Агар ҳамаи чизҳо, ба Қадири Зулҷалоле, ки Воҳиди Аҳад аст, нисбат дода нашаванд, балки ба сабабҳо нисбат дода шаванд, бояд бисёри аз сабабҳо ва унсурҳои олам, дар вуҷуди ҳар зиҳаёт дахолат кунанд. Дар ҳоле, ки дар вуҷуди як махлуқи хурди монанди паша, иҷтимои сабабоҳи мутабойин ва тазод барои эҷоди назми комил ва мизони ҳассос ва пайванди том, чунон муҳолу ошкорест, ки агар касе, ба андозаи боли пашша шуур дошта бошад, хоҳад гуфт: “Ин муҳоли ғайри мумкин аст”.

Бале, ҷисми бисёр хурди паша, бо бисёри унсурҳову сабабҳои олам, дар иртибот аст. Ва ҳатто фушурдаву хулосаи олам аст. Агар хилқати пашша ба Қадири Азалӣ нисбат дода нашавад, сабабҳои моддӣ, ҳамеша мебоист дар ҳастии он ҳузур дошта бошанд. Ва ҳатто  дар даруни ҷисми хурдтаринаш бошанд. Масалан: Бояд вориди ҳуҷайраи чашмаш шаванд,  ки як намунаи хурди аз ҷисмаш аст, зеро агар сабаб моддӣ бошад, бояд ҳамроҳ, дар даруни мусабаб бошад. Ҳоло дар даруни ҳуҷайраи чашме, ки ду банди ангуштони нозуктар аз сӯзани пашша низ, ҷо намегирад, бояд қабул кард, ки аркон ва унсурҳо ва табиати олам, ба таври моддӣ, дар дохили чашм ҳузур доранд ва бо маҳорат низ, кор мекунанд.

Аблаҳтарин суфастоӣ низ, аз қабул кардани чунин ақида шарм мекунад.

Муҳоли сеюм: Бар  асоси қоидаи қатъии اَلْوَاحِدُ لَا يَصْدُرُ اِلَّا عَنِ الْوَاحِدِ  Агар як мавҷуде дорои ваҳдат бошад, бешубҳа аз воҳид содир шудааст. Хоссатан ин, ки он мавҷуд агар аз назми комил ва мизони дақиқ бархурдор буда ва мазари ҳаёти ҷомеъ бошад, яқинан  дониста мешавад, ки дастҳои мутаадиде, ки боиси ихтилофу кашмакаш мешаванд, дар офариниши он мавҷуд дахолат надоштаанд. Балки Холиқи бисёр қудратманду Ҳаким онро офаридааст. Сабабҳои табии беҳаду канор, ҷомид, ҷоҳил, мутаҷовиз, беидрок, кӯр, кар ва ошуфтаанд. кӯрию карӣ дар роҳҳои пур аз имконоти бешумор ва ба воситаи иҷтимоъу ихтилот зиёдтар мешаванд. Бо ин ҳол нисбат додани мавҷуди бархурдор аз ваҳдату инсуҷом ва муназзам, ба онҳо монанди сад муҳолро якбора қабул кардан аз ақлу хирад дуртар мебошад.

Сарфи назар аз амри муҳол, сабабҳои моддӣ ба воситаи мубоширату тамос, таъсири худро мегузоранд. Дар ҳоле, ки тамоси сабабҳои табиӣ, бо зоҳири мавҷудоти зиҳаёт сурат мегирад. Аммо ба равшанӣ мушоҳида мекунем, ботини зиҳаётоне, ки барои асбоби моддӣ қобили дастрас ва тамос нест, бисёр муназзамтар, латифтар ва аз назари сунъ, комилтар аз зоҳири онҳо мебошад.

Мавҷудоти бисёр кӯчак, ё ҳайвоноти кӯчаке, ки сабабҳои моддӣ бо тамоми абзор ва васоилашон, ба ҳеҷ ваҷҳ, ба тасарруфи ботини онҳо қодир нестанд ва ба зоҳири онҳо низ, тамоси комил наметавонанд дошта бошанд; аммо гоҳо аз назари сунъ, аз махлуқоти бузург дида, зиёдтар ҳайратофаринанд. Ва аз назари офариниш, дорои сурати бадеъ ҳастанд. Нисбат додани онҳо, ба сабабҳои кӯр, кар, мутазоди боҳам, асбоби бузург, дур, ҷомид, ҷоҳил ва азим, танҳо дар  сурате имконпазир аст, ки фард сад дараҷа кӯр ва ҳазор дараҷа кар бошад.

КАЛИМАИ ДУЮМ:

 تَشَكَّلَ بِنَفْسِهٖ Яъне, худ ба худ шакл мегирад. Ин иборат низ, муҳоли фаровон дорад. Ва аз ҷиҳоти бисёр, ботилу муҳол аст. Барои намуна, се мавриди аз муҳолоташонро баён мекунем.

МУҲОЛИ ЯКУМ: Эй мункири муонид! Ғурурат чунон сабаби ҳамоқати ту шудааст, ки сад амри муҳолро ба якбора ҳукм ба қабул кардан мекунӣ. Чунки ту мавҷуд ҳастӣ. На як моддаи баситу ҷомид ва бе тағйир. Мудом дар ҳоли таҷаддуду навшудн ҳастӣ. Ҳамчун мошини муназзам ва дақиқ, ё монанди як қасри фавқулодае, ки ҳамеша дар  таҳаввул аст. Заррот ҳамеша дар вуҷуди ту машғули коранд. Вуҷуди ту махсусан дар муносиботи вобаста ба ризқ ва хоссатан бо эътибори бақои навъи худ, бо коинот алоқадор аст ва доду гирифт дорад. Зарроти фаъол, дар вуҷуди ту барои пешгирӣ аз тахриби ин муносибат  ва барои мамониат аз нобудии ин иртибот, диққат карда ва бо эҳтит гом бармедоранд. Гуё назар бар тамоми коинот доранд. Ва муносибати туро дар саросари коинот мушоҳида карда, худро бо он танзим ва ҳамоҳанг мекунанд. Ту ба ҳиссаҳои зоҳириву ботинии хеш, нисбат ба вазъияти фавқулодаи зарроти вуҷудиат истифода мекунӣ.

Агар ту зарраҳои вуҷудатро маъмурони хеле кӯчак надонӣ, ки бар асоси қонуни Қадири Азалӣ ҳаракат мекунанд ва ё қабул надошта бошӣ, ки як лашкар, ё нуги қалами тақдири ӯ, ҳар як зарраи нуги қалам ва ё нуқтаҳои қалами қудрати ӯянд, ҳар як зарраи як нуқта, дар он сурат, ҳар як зарраи фаъол, масалан: дар чашми ту бояд чунон як чашме дошта бошад, ки аввалан битвонад ҳар сӯи пайкари ҷисмониатро бубинад, сониян: саросари коиноте, ки бо он дар иртибот ҳастӣ, зери назар дошта бошад, гузаштаву оянда, наслу асл ва сарчашмаи аносури вуҷудӣ ва манбаъу маъдани ризқу рӯзиатро доанд ва бишиносад ва ба андозаи сад нобиға, ақлу хирад дошта бошад. Ба монанди ту, ки дар ин масалаҳо миқдори як зарра ақл надорад, ба як зарраи он, ба қадри ҳазор Афлотун илму шуур додан, ҳазор дараҷа девонагию хурофааст.

МУҲОЛИ ДУЮМ: Вуҷуди ту ба як қасри боазамати дорои ҳазор гунбадро монанд аст. Сангҳо дар ҳар гунбад, бе сутун, сарбар шонаи якдигар ниҳода, муъаллақан. Вуҷуди ту, албатта аз  ин қаср ҳазорон бор аҷибтар аст. Зеро қасри вуҷуди ту, доимо дар камоли диққату мунтазам, нав мешавад. Сарфи назар аз рӯҳ ки амри бисёр фавқулодааст ва қалбу латифаҳои маънавӣ, ҳар як аз аъзои баданат дар ҳукми хонае бо гунбади зебост. Заррот монанди сангҳои истифода шудаи дар гунбад, дар камоли ҳамоҳангӣ ва таносуб дар канори ҳам, бинои фавқулода, ҳунари ҳайратангез ва мӯъҷизоти қудратмандонае ҳамчун чашму забонро ба намоиш мегузоранд.

Дар сурате, ки ҳар як аз ин заррот, маъмури тобеъ ба амри устои ин олам набошад, ҳар зарра мебоист ҳокими мутлақ ва дар айни ҳол маҳкуми мутлақи ҳамаи зарроти бадан бошад. Бояд шабеҳи тактаки онҳо буда ва дар айни ҳол аз назари ҳокимият, бояд бо онҳо тазод дошта бошад. Ҳамчунин мебоист, масдару манбаъи аксари сифате бошад, ки хоси Воҷибул-вуҷуд аст, низ комилан муқаяд ва дар айни ҳол комилан  мутлақ бошад. Ба зарроти бешумор нисбат додани як маснӯъи воҳиду мунтазамеро, ки бар асоси сирри ваҳдат, танҳо як асари Воҳиди Аҳад метавонад бошад, матлабест, ки агар касе миқдори зарра шуур дошта бошад, дарк мекунад, ки як муҳоли зоҳиру ошкор, балки сад муҳол будани инро дарк мекунад.

МУҲОЛИ СЕЮМ: Агар вуҷуди ту бо қалами Қадири Азалие, ки Воҳиди Аҳад аст, мактуб нашавад ва тобеъу мансуби асбобу табиат бошад, лозим меояд қолабҳои табиат барои ҳуҷайраҳои вуҷудат гирифта то ҳазорон чизи мураккаб – монанди доираҳои даруниҳам – вуҷуд дошта бошад. Зеро масалан ҳамин китобе, ки дар даст доред, агар мактуб бошад, қалами воҳид ҳамаи онро бо истинод ба илми котибаш хоҳад навишт. Аммо агар мактуб набошад ва ба қалами ӯ супоридан нашавад ва бигуянд худ бахуд ба вуҷуд омадааст, ё онро ба табиат нисбат диҳанд, дар он сурат монанди китоби чопшуда, барои ҳар як ҳарфаш як қалами оҳанин лозим аст то мунташир гардад.

Ҳамон тавре, ки дар ҷопхона ба теъдоди ҳуруф, қолабҳои оҳанин вуҷуд дорад ва ба воситаи онҳост, ки  ҳарфҳо дар китоб пайдо мешаванд. Дар он сурат дар муқобили танҳо як қалам, ба теъдоди ҳарфҳо бояд қаламҳо вуҷуд дошта бошад. Мумкин аст дар байни ҳарфҳо, дар даруни як ҳарфи бузург ба қалами рез як саҳифа бо хати рез навишта шавад – чуноне, ки чунин мавридҳо пеш меояд – дар ин сурат барои як ҳарф, ҳазорон қалам лозим аст. Агар махлуқи мавриди назар, монанди ҷисми ту, дорои вазъияти мунтазаму дарун ба дарун бошад, мебоист дар ҳар доира барои ҳар як ҷузъ, ба теъдоди ҳамаи мураккабҳо, қолаб дошта бошем.

Бинобар ин, агар ин матлабро низ, ки садҳо бор муҳол аст, мумкин бидонӣ,  мебоист ҳарфҳои оҳанини ҳунармандона ва мунтазам ва қолабҳову қаламҳои дақиқро, боз ҳам ба як қалами воҳид вогузор кард. Дар ғайри ин сурат, барои сохтани қаламҳо, қолабҳову ҳарфҳои оҳанини мавриди ниёз, ба теъдоди худашон қаламу қолаб ва ҳарф лозим буд, зеро онҳо низ, маснуоти сохташудаву мунтазам ҳастанд. Ва ҳоказо силсила ба ҳамин шакл идома меёбад…

Инак ту низ дарёб! Чунин як андеша, ба теъдоди зарроти вуҷудат бо муҳолот ва масоили беҳда омехтааст. Эй инкоркунандаи муонид! Шарм кун! Даст аз ин залолат бардор.

 

КАЛИМАИ СЕЮМ:

اِقْتَضَتْهُ الطَّبٖيعَةُ Яъне, иқтизои табиат аст, табиат ба вуҷуд меоварад. Ин ҳукм, муҳолҳои фаровон дорад, ки ҳамчун намуна се мавриди онро баён мекунем.

МУҲОЛИ ЯКУМ: Агар санъату эҷоди басиронаву ҳакимонае, ки дар мавҷудот, махсусан мавҷудоти зиҳаёт мушоҳида мешавад, ба қалами тақдир ва қудрати Шамси Азалӣ нисбат дода нашуда, онро аз табиат ва қудрати куру кар ва беандеша бидонем, табиат бояд барои эҷоди ҳар чиз, мошинҳо ва чопхонаҳои маънавии бешумор дошта бошад, ё дар ҳа чиз, қудрату ҳикмате қарор диҳад, ки  ба халқ кардан ва идораи коинот қодир бошад.

Чунки, ҷилваҳо ва инъикоси офтоб дар порчаҳои хурди рӯйи замин, ё дар қатраҳо дида мешавад. Агар ин офтобакҳои кӯчаки мисолие, ки бо инъикос ба вуҷуд омадаанд, ба офтоби аслии осмон нисбат дода нашавад, бояд дар порчаи шишаи кучаке, ки ба андозаи сари як гугирд ҳам нест, вуҷуди зоҳирии хуршеди табиӣ, фитрӣ, зоҳиран кучак, аммо ба лиҳози маъно бузургу амиқ ва дорои хусусиятҳои марбутаро бипазирем ва ночор қабул кунем, ки ба теъдоди зарроти ташкилдиҳандаи шишаҳо, хуршедҳои табиӣ вуҷуд дорад…

Дуруст, монанди ҳамин мисол, агар мавҷудот ва зиҳаётонро мустақиман ба таҷаллии асмои Шамси Азалӣ, нисбат надиҳем, дар ҳар як мавҷуд, махсусан дар ҳар як зиҳаёт, бояд табиат ва як нерӯи дорои қудрату иродаи бепоён ва як илму ҳикмати беинтиҳо вуҷуд дошта бошад, ки дар ҳақиқат ба маънеи пазириши вуҷуди як илоҳе дар онҳост. Ин тарз, талаққии ботилтарин муҳолот ва бепоятарин фикр дар олам аст. Касе, ки сунъи Холиқи коинотро ба табиати мавҳум ва беаҳамияту беидрок нисбат медиҳад, нишон медиҳад, ки аз ҳайвонот садбор ҳайвонтару беидроктар аст.

МУҲОЛИ ДУЮМ: Агар мавҷудоти комилан мутавозину мунтазамеро, ки бар асоси ҳикмату сунъ офарида шудаанд, ба Қадири беинтиҳо ва зоти Ҳаким нисбат надода, эҷоди онҳоро аз табиат бидонем, табиат бояд дар ҳар як тика хок, мошинҳо ва матбааҳо ба теъдоди тамоми чопхонаҳо ва корхонаҳои аврупо дошта бошад; то ин ки он тика хок, битавонад маншаъу маҳали рушду нумӯи гулҳову меваҳо гардад.

Зеро билфеъл мушоҳида мешвад, ҳама гулҳое, ки донаҳояшон ба навбат дар хоки гулдон ниҳода мешавад, шаклу шамоили тамоман гуногун меёбанд.

Агар (офариниши мавҷудотро) ба Қадири Зулҷалол нисбат надиҳем, дар хоки гулдон ва барои ҳар як гул, бояд мошини табиӣ, маънавӣ ва ҷудогона, тадорук бубинем. Дар ғайри ин сурат ҳеҷ гуле ба вуҷуд намеояд. Зеро моддаи донаҳо низ, монанди нутфаҳо ва тухмиҳо якест. Яъне, аз махлути бешаклу номуназзам иборат аст ва хамирмонанде аз гидрогену оксиген ва карбону азот. Аз тарафи дигар ҳамчун ҳаво, об,  ҳарорат ва нур, баситу беидроканд ва дар баробари ҳар чиз ҳамчун сел ҷараён меёбанд, барои он ки гулҳои бешуморе вуҷуд ёбанд ва ҷудогонаву мунзам ва ҳунармандона сар аз хок бароранд билбадоҳа ва биззарура бояд дар хоке, ки дар он коса ё гулдон аст, ба лиҳози маъно ба андозаи аврупо, матбааҳову корхонаҳои маънавӣ ва дар як миқёси кӯчак вуҷуд дошта бошад ва ин миқдор порчаи зиҳаёт ва мансуҷот бо ҳазорон нақш таҳия гардад.

Акнун мизони инҳирофи андешаи куфромези табиатпарастонро аз доираи ақл худ қиёс кун ва аҳмақҳои сархуши ба зоҳир инсонро бубин, ки гумон кардаанд табиат офаринанда аст. Инҳо идио мекунанд донову хирдаманданд ва ту бубин, ки то чи ҳад аз ақлу дониш дуранд ва андешаи бепоя, мумтаниъу ғайри мумкинро маслаки хеш қарор доданд. Бар онҳо биханду туф кун.

Агар гӯӣ: Дар сурате, ки хилқати мавҷудот ба табиат нисбат дода шавад, чунин муҳолҳои аҷиб ҳосил мегардад ва мушкилот дар ҳадди имтиноъ рух менамояд. Агар ба зоти Аҳаду Самад нисбат дода шавад, мушкилоти мазкур чигуна аз миён меравад? Ва имтинои саъб табдил мешавад?

Посух: Дар аввалин мавриди муҳол ҳамчуноне, ки дидем, ҷилваи инъикоси хуршед бо камоли суҳулат ва бе мушаққат файзу таъсирашро аз хурдтарин зарраи ҷомид гирифта то сатҳи дарёи бузург, бо хуршедҳои мисолӣ ва дар ғояти суҳулат нишон дод. Акнун агар иртиботи ҷилваи инъикоси мазкур бо хуршед қатъ шавад дар он сурат бояд бипазирем ки вуҷуди хориҷии хуршеди табиӣ ва биззот дар ҳар заррача бо як суубат дар ҳадди имтиноъ имконпазир аст.

Ба ҳамин тартиб агар вуҷуди ҳар мавҷудро мустақиман ба зоти Аҳаду Самад нисбат дода шавад, суҳулате дар ҳадди вуҷуд, бо осонӣ ва бо интисобу таҷаллӣ, эҳтиёҷоти ҳар мавҷудро барояш таъмин мекунад.

Ин нисбат, агар қатъ шавад ва он маъмурият агар раҳо гардад ва ҳар як мавҷуд ба худ, ё ба табиат нисбат дода шавад, бо садҳо ҳазор мушкилу сахтии дар ҳадди имтино мебоист пазируфт. Он чи ба як ҷондоре ҳамчун пашша, ки як хулосае аз олами ҳастист, ҳаёт бахшида ва мошини фавқулодаи вуҷудашро ба кор андохта, табиати курест, ки аз қудрату ҳикмат бархурдор мебошад ва коинотро халқ карда ва идора мекунад. Ин низ на як бор, балки ҳазорон бор муҳол аст.

Натиҷа: Ҳамчуноне, ки қоилшудани шарик барои зоит Воҷибул-вуҷуд мумтанеъ ва муҳол аст, қабули мудохилаи дигарон дар рубубияти Ӯ ва эҷоди ашё низ, монанди шарики зот, мумтанеъу муҳол аст.

Ҳамон тавре, ки мушкилоти муҳоли дуюм дар рисолаҳои мутааддид исбот шудааст, агар вуҷуди ҳамаи ҷизҳо ба Воҳиди Аҳад нисбат дода шавад, офариниши ҳамаи онҳо, монанди офаридани як чиз, саҳлу осон хоҳад буд. Аммо агар ба асбобу табиат дода шавад, хилқати танҳо як чиз, монанди офариниши ҳамаи мавҷудот душвор хоҳад буд. Ин матлаб бо бурҳонҳои мутааддиду қатъӣ ба исбот расидааст. Хулосаи яке аз бурҳонҳо ин аст:

Агар касе ба лиҳози низомӣ ё маъмурият ба подшоҳ интисоб ёбад, ба муҷиби тавону қудрати ҳосил шудаи аз он, ба анҷоми корҳое қодир мешвавад, ки садҳазор бор аз қудрати шахсиаш зиёдтар аст. Ва ҳатто мумкин аст ба номи подшоҳаш, подшоҳи дигареро ба асорат дароварад. Зеро қудрату имконоти мавриди ниёзи корҳое, ки мекунад ва осоре, ки анҷом медиҳад, аз худаш нест ва маҷбурӣ ҳам нест, ки аз худаш бошад. Ба сабаби интисоби мазкур аст, ки хазинаи подшоҳ ва лашкари султоне, ки нуқтаи такияи ӯ мебошад, ҳомили он қудрату ҷиҳозот аст. Пас корҳое, ки он фард анҷом медиҳад, метавонад шоҳона буда ва осоре, ки нишон медиҳад, метавонад монанди кори як лашкар, таъсироти бузург дошта бошад.

Ҳамон тавре, ки мурча маъмурияте, ки дошт, тавонист қасри Фиравнро вайрон кунад ва пашша ба далели интисобаш ба Худованд, Намрудро мекушад. Бо ҳамин интисоб, донаи дарахти санавбаре, ки ба андозаи донаи гандум аст, ҳама лавозимоти мавриди ниёзи он дарахти бузурги санавбарро таъмин мекунад.[3]

Акнун агар ин интисоб қатъ шавад ва маъмурияти он фард ба поён расад, маҷбур аст лузумоти корҳое, ки мехоҳад анҷом диҳад ва қудрати лозим барои онро худ дошта бошад. Дар ин сурат, ба мизони қудрати андак ва муҳимоти мухтасараш, коре карда метавонад. Корҳое, ки дар вазъияти нахуст, бо суҳулати том ба анҷом мерасоанд, ҳоло агар аз ӯ бихоҳанд анҷом диҳад, ба ӯ лозим аст аз қудрати як лашкари бузург бархурдор бошад ва корхонаи аслиҳасозии султонро бо худ бардорад. Масхарабозҳое, ки барои хандонидани дигарон достонҳову афсонаҳои аҷиб нақл мекунанд низ, аз тасаввури ин матлаб шарм мекунанд.

Натиҷа: Нисбат додани ҳар як мавҷуд ба Воҷибул-вуҷуд дорои суҳулати дар ҳадди вуҷуб аст. Аммо нисбат додан ба табиат, як мушкилоти дар ҳадди имтиноъ дорад ва аз доираи  ақл берун аст.

МУҲОЛИ СЕЮМ: Ду мисолеро ки дар тавзеҳи ин матлаб дар рисолаҳои дигар омадааст, инҷо баён мекунем.

Мисоли Якум: Як шахси бадавӣ, вориди як қасре мешавад, ки дар саҳрои бараҳут сохта шуда ва бо тамоми осори маданият тазйин гардида аст; нигоҳ мекунад, ҳазорон ашёи зеборо дар онҷо мебинад. Бар асари даҳшату ҳамоқат, мудаӣ мешваад, ки касе аз берун мудохила надошта ва яке аз ашиёи дохили қаср, муҷиби пайдоиш ва эҷоди он ва эҷоди тамоми васоилаш шудааст. Ба ҳар чизе, ки нигоҳ мекунад, ақли ҳайратзадааш намепазират, ки он чиз созандаи ҳамаи инҳо бошад.

Онгоҳ дафтарчаеро мебинад, ки барномаи созмонӣ, феҳристи амвол ва муқаррароти мудирияти қаср дар он навишта шудааст. Дафтарча низ, чунон бе дасту бе чашм ва бе абзор аст, ки монанди ашёи дигар, наметавонад муҷиб ва тазйинкунандаи қаср бошад. Аммо ӯ дармондаву ночор, дафтарчаеро ки метавонад унвонӣ қавонини илмиро низ дошта бошад, нисбат ба маҷмӯъи ашёи дигар муносибаттар дида, мегуяд: “Ҳамин дафтарча аст ки қасрро эҷод кардааст ва васоили дохилашро танзиму тазйин намуда ва ҳар чизро дар ҷойи худ гузоштааст.” Ба ин тартиб, ҳайрати худро ба ҳазаёни бехирадон ва сархушон табдил мекунад.

Дуруст монанди ҳамин мисол, як инсони бадавие, ки аз андешаи табиатпарастон ҷонибдорӣ мекунад ва роҳ ба сӯйи инкори улуҳият дорад, вориди қасри ин олам мешавад, ки комилтару мунтазамтар аз он қасри зикр шудаи тамсилист ва ҳама ҷонибҳояш пур аз ҳикматҳои эъҷозомез аст. Бе он ки биандешад, ин олам аз сари сунъи зоти Воҷибул-вуҷудест, ки хориҷ аз доираи мумкинот мебошад. Ва бо эърози аз ҳақ, бо як маҷмуъае аз қавонин ва одоти илоҳие, ки ба хато ва иштибо номи “Табиат” бар он ниҳодаанд ва як хулоса аз офариниши Раббонист, мувоҷҷеҳ мешаванд. Табиате, ки дар доираи мумкинот дар ҳукми як лавҳе барои навиштан ва поккарданиҳои муқаддароти илоҳист. Табиате, ки монанди як дафтар барои сабти тағйиру табдили қонунҳои қудратмандонаи Илоҳӣ ва иҷрои онҳост. Ва мегуяд:

“Модоме, ки ин чизҳо як сабаб мехоҳанд, ҳеҷ чизи муносибтар аз ин дафтар “Табиат” ба назар намерасад. Гарчи ақл ба ҳеҷ ваҷҳ намепазирд чунин дафтари бечашму нотавон ва бешуур, аз паси хилқате барояд, ки кори рубубияти мутлақ аст ва иқтизои қудрати бе ҳадду канорро дорад. Аммо ман, ки Сонеъи Қадимро қабул надрам, муносибтар ин аст, ки бигуям: ҳамин дафтар (табиат) ҳама чизро халқ карда ва халқ мекунад.” Мо низ мегуем:

Эй аҳмақи сархуше, ки дарси ҳамоқат аз аҳмақи аҳмақон гирифтаӣ! Сар аз ботлоқи табиат бардор, пушти саратро бубин ва ба пасат нигар ва бар Сонеъи Зулҷалоле назар кун, ки ҳамаи мавҷудот, аз заррот то сайёрот бо забонҳои гуногун, бар вуҷудаш шаҳодат медиҳанд ва ба ӯ ишора доранд. Ҷилваи наққоши Азалиро бубин, ки қасри оламро офарид. Ва барномаи онро дар дафтари (табиат) навишт. Ба фармонаш назар кун, Қуръонашро бишнав… ва худро аз ҳазаёнҳо наҷод деҳ!

Мисоли дуюм: Фарди бадавие вориди гарнизон мешавад. Ҳаракоти мунтазами низомиёнро мебинад, дастаҷамъона, дар омӯзишанд. Бо ҳаракати як нафар, як баталён бар мехезад, менишинад ва меравад. Мебинад, ки бо фармони як нафар, ҳамаи онҳо, оташ мекушоянд. Ӯ бо ақли бадавию ақибмондааш, наметавонад маънеи дастуроти фармондеҳӣро, ки бар асоси низоми ҳукуматӣ ва қонунҳои подшоҳӣ сурат мегирад, бифаҳмад. Аз ин рӯ, онро инкор карда, чунин мепиндорад, ки сарбозон бо як таноб ба ҳамдигар баста шудаанд. Ба таноби хаёлиаш меандешад, ҳайрон шуда мегуяд: Чи қадар хориқулодааст.

Сипас рафта, дар рӯзи ҷумъа вориди як масҷиди бузурге монанди Аясофия мешавад. Мебинад, ки як ҷамоати муслимин бо садои як нафар бармехезанд, хам мешаванд, саҷда мекунанд ва мешинанд. Чун аз шариате, ки аз маҷмӯъи қонунҳои осмонӣ иборат аст ва аз дастуроти маънавии соҳиби шариат чизе намедонад, хаёл мекунад ин намозгузорон, бо таноб ва бо як пайванди моддӣ, ба якдигар муттасиланд ва ин таноби аҷиб, онҳоро ба банд кашида, ба дилхоҳи худ, ба харакат дар меоварад. Онгоҳ бо чунин як андешаи масхарае ки ваҳшитарин ҷонварони ба сурати инсонро низ, ба ханда дароварда, хориҷ шуда меравад.

Бале дуруст, монанди ин мисол, мункири табиатгаро, ки ваҳшати маҳз аст, ба ин оламе, ки гарнизони бо азамати лашкариёни бешумори Сулотони азалу абад мебошад. Ин коиноте, ки масҷиди зебои он Маъбуди азалист, ворид мешавад. Ҳар як аз қонунҳои маънавии низоми коинотро, ки аз ҳикмати он Султони Азалӣ, моддӣ тасаввур мекунад ва бо хаёли ин, ки ҳар як аз аҳкому дастуроти маънавӣ ва қонунҳои эътибори салтанати рубубӣ ва шариати фитрию куброи он Маъбуди азалие, ки дорои вуҷуди илмист, мавҷудоти хориҷию моддӣ мебошанд, баҷои қудрати Илоҳӣ дар садади иқомаи ҳамон қавонине бар меояд, ки реша дар он илму калом доранд ва сирфан дорои вуҷуди илмӣ мебошанд. Онгоҳ амри эҷодро ба онҳо нисбат медиҳад ва номи “табиат” бар онҳо мегузорад ва қувватеро, ки як ҷилва аз қудрати Раббонист “қадир” талаққӣ мекунанд. Ваҳшати чунин матлаб, ҳазор бор зиёдтар аз он чизест, ки дар мисоли мазкур буд.

Натиҷаи якум: Барои амри мавҳум ва дур аз ҳақиқате, ки табиатпарастон табиат меноманд, агар ҳақиқати хориҷӣ қоил шавем, дар ниҳоят метавонад сунъи Холиқ бошад, на ин ки онро сонеъ бидонем. Нақш аст на наққош. Ҳукм аст на ҳоким. Шариати фитрист, на шореъ. Пардаи иззатест махлуқ, наметавонад холиқ бошад. Фитрати мунфаъил аст, наметавонад фоили фотир бошад. Қонун аст на қудрат, наметавонад қодир бошад. Меъёру миқёс аст, наметавонад масдар воқеъ шавад.

Натиҷаи дуюм: Мавҷудот ҳастанд. Ва чуноне, ки дар ибтидои ёддошти шонздаҳум баён шуд ба тақсими ақлӣ барои ҳастии мавҷудот ҷуз чорроҳ дигар нест. Аз чор кисми мазкур, бутлони се маврид, исбот гардид. Ва ҳар як маврид, бо се амри муҳоли зоҳир ба сурати қатъӣ исбот гардид. Албатта роҳи чорум низ, ки роҳи ваҳдат буд, биз-зарура ва бил-бадоҳа исбот мегардад.

Ояти [4] اَفِى اللّٰهِ شَكٌّ فَاطِرِ السَّمٰوَاتِ وَالْاَرْضِ Дар иртибот бо роҳи чорум, бешубҳа ва яқинан, улуҳияти зоти Воҷибул-вуҷудро нишон дода ва мушаххас мекунад, ки ҳама чиз ба таври мустаким, аз дасти қудрати ӯ содир мешавад. Ва осмонҳову замин дар зери қабзаи ӯянд.

Эй бечораи асбобпараст ва ибодаткунандаи табиат! Модоме, ки табиати ҳар чиз монанди худи он чиз махлуқ аст, зеро ба вуҷуд омада ва ҳодис мебошад. Ва иллааит зоҳири он низ, монанди ҳар маълул, маснуъ аст. Ва вуҷуди ҳар чиз, ниёзманди абзор ва ҷиҳозоти бисёр зиёдест. Пас як Қадири мутлақе ҳаст, ки табиату иллати мазкурро меофарад. Ва ӯ чи ниёзе дорад, ки васоили оҷизро дар рубубият ва офариниш шарики худ қарор диҳад?! Ҳошо! Ӯ иллат ва маълулро мустақиман ва ҳамроҳ бо ҳам меофарад ва барои зуҳури ҷилваҳои асмо ва ҳикмати худ, бо тартибу танзим, муқоринат ва сабабияти зоҳирӣ ба ашё медиҳад ва асбобу табиатро пардаву ҳиҷоби қудрати хеш мекунад, то марҷаи қусурҳо ва номеҳрубониҳо ва ноқисоти зоҳирӣ шаванд ва иззати ӯ ҳифз гардад.

Оё ин содатар аст, ки як соатсоз, чарҳи соатеро бисозад ва онҳоро танзим кунад, ё ин, ки як  дастгоҳи шигифтангез дар дохили чарх насб кунад ва баъд,  сохтани соатро ба дастгоҳи беҷони мазкур бисупорат? Оё ин хориҷ аз доираи имон нест? Ба ақли беинсофат руҷӯъ кун,  худ қазоват намо!

Ё масалан як котиби муракаб, ё коғазу қалам меоварад. Оё ин содатар аст, ки худ бо васоили мазкур, як китоб бинависад, ё ин, ки бо машаққату сахтии зиёдтар як дастгоҳ барои навиштан бисозад, ки махсуси ҳамун китоб бошад ва баъд ба дастгоҳи беидрок бигуяд: “Акнун ту бинавис” ва худаш низ, дахолат накунад? Кадом осонтар аст? Оё садбор мушкилтар аз навиштан нест?!

Агар бигуӣ: Бале эҷоди дастгоҳе, ки китоб менависад, сад баробар душвортар аз он китоб аст. Аммо  дар дастгоҳи мазкур аз ин назар, ки воситаи нигориши нусхаҳои мутааддиди китоб мешавад эҳтимолан суҳулате вуҷуд дорад.

Посух: Наққоши Азалӣ бо қудрати беинтиҳои худ таҷаллиёти бениҳоти асмояшро ҳамеша нав мекунад, то дар шаклҳои мухталиф бирасонад. Аз ин рӯ, мушаххас кардан ва суратҳои хоси ашиёро ба тавре халқ кардааст, ки ҳеҷ мактуби Самадонӣ ва ҳеҷ китоби Раббонӣ ҳамчун китобҳои дигар намебошад. Барои ифодаи маънеҳои ҷудогона, мебоист суратҳои ҷудогонае бошад.

Агар чашм дошта бошӣ, ба симои инсон нигару бубин, ки аз замони ҳазрати Одам то кунун ва балки то абад, ин чеҳраи кӯчак, бо инки аъзои аслии он мушобеҳи аъзои аслии чеҳраҳои дигар аст, аммо ҳар чеҳра нисбат ба чеҳраҳои дигар қатъан аломату вижагии хос дорад.

Инаст, ки ҳар як чеҳра, китоби ҷудогона аст. Лекин танзими сунъ, мусталзами нигориш ва таълифу тартиби ҷудогона аст. Ва барои таъмини маводи лозим ва қарор додани он дар ҷои муносиб ва дарҷи ҳар чизи мавриди ниёз барои вуҷуд, як дастгоҳи комилан ҷудогона лозим аст.

Агар ба фарзи муҳол, табиатро як матбаа бидонем; танзими умури интишор, яъне қарордодани интизоми муайянаш дар қолаб, аз масъалаҳои аслии як чопхона хоҳад буд. Ҳоло эҷоди маводи мавҷуд дар бадани зиҳаётон, ки сад баробар мушкилтар аз эҷоди назм ва қолаббандии муайян дар матбаа аст. Ва ҷамъоварии ин мавод аз гушаҳои мухталифи олам бо мизони махсус ва сару сомон доданим мунтазам ба онҳо ва дар ихтиёри матбаа қарор доданашон, боз ҳам ниёзманди як қудрат ва иродаи Қадири Мулақе хоҳад буд, ки он чопхонаро эҷод кардааст. Ба ин тартиб, эҳтимол ва фарзи матбаа будани табиат, комилан бемаънову беҳудааст.

Сонеъи Зулҷалол ва Қодири кулли шай, монанди он чи дар мисоли китоб ва соат буд, сабабҳоро халқ кард, мусибатҳоро низ халқ мекунад. Ӯ бо ҳикмати хеш, мусибаҳоро ба сабабҳо пайванд медиҳад. Як ҷилва аз шариати фитрии куброи илоҳиро, ки аз қонунҳои одатуллоҳ иборат аст – барои танзими ҳаракоти коинот – таъин карда. Ва дар муқобиили он ҷилва дар ашё, табиати ашиёро танҳо ба унвони як оина ва маъкас, бо иродаи хеш таъйин кардааст. Ва як ваҷҳ аз табиати мазкурро, ки мазҳари вуҷуди хориҷист, бо қудрати хеш эҷод кард. Ва ашиёро дар матни табиат офарид ва дар якдигар омехт. Оё пазириши ин ҳақиқат, ки комилан маъқул ва натиҷаи бурҳонҳои бешумор аст, осон аст (дар ҳадди вуҷуб лозим нест?), ё ин ки бигуем моддаи беҷон, беидрок , махлуқ, маснӯъ ва басите, ки шумо онро сабаб ва табиат меномед, ҳама ҷиҳозот ба васоили бешумор ва мавриди ниёз барои ҳастии мавҷудотро дар ихтиёрашон гузошта ва аз онҳо мехоҳад корҳои ҳакимонаву басиронаро худ анҷом диҳанд? Оё ин амр мумтаниъ ва аз доираи имкон хориҷ нест? Матлабро ба инсофи ақли беинсофи ту ирҷоъ медиҳем.

Табиатпарасту мункири Ҳақ, мегуяд: Модоме, ки манро беинсоф мегуӣ, бояд бигуям: Эътироф мекунам роҳи хатое, ки то кунун тай кардаам, як маслаки бениҳоят паст будааст ва сад баробар муҳолу зиёновар. Касе, ки аз ақлу шуур, андак баҳраманд бошад, бо назар ба таҳқиқоти собиқи шумо, дар меёбад, ки нисбат додани вуҷуд ба асбоби табиат, амри мумтаниву муҳол буда ва нисбати мустақими ҳар чиз, ба Воҷибул-вуҷуд воҷиб ва зарурист. Бинобар ин, бо гуфтани “Алҳамду лиллоҳи ала-л имон” имон меорам.

Шубҳаи якум: Холиқ будани Ҷаноби Ҳақро қабул мекунам. Аммо пазируфтани ин, ки баъзе асбоби ҷузъӣ дар эҷоди чизҳои беаҳамият дахолат доранд ва мадҳу санои онҳо, барои салтанати рубубӣ чи зарар метавонад дошта бошад? Магар мумкин аст салтанати Ҳақ дучори нуқсон гардад?

Посух: Ҳамчуноне, ки дар баъзе рисолаҳо ба таври қатъӣ исбот кардаем, шаъни ҳокимият рад кардани мудохилааст. Ҷузъитарин ҳоким, ё маъмур низ, ҳатто писарашро дар қаламрави ҳукумати худ намепазирад. Баъзе подшоҳони диндор (бо ин, ки халифа буданд)  фарзандони бегуноҳашонро бо таваҳуми мудохила дар ҳокимият, ба қатл расонидаанд. Инҳо нишон медиҳад, ки “қонуни радди мудоҳила” то чи ҳад ҳукми асосӣ дар ҳокимият аст. Аз вуҷуди ду мудир дар як ноҳия гирифта, то вуҷуди ду подшоҳ дар як кишвар, истиқлол дар ҳокимият, “қонуни манъи иштирок”-ро  тақозо дорад. Ин қоида, бо ҳарҷумарҷҳои фаровон қудрати худро дар таърихи башар нишон додааст.

Сояе аз ҳокимияту амириятро дар инсонҳои дармондаву ниёзманд, бубин, ки чигуна бо мудохила кардан зид ҳастанд ва дахолати дигаронро намехоҳанд ва дар ҳокимияти хеш, шарик намепазирад ва дар мавқеъу мақоми худ, бо ниҳояти ҷиддият аз истиқлолаш муҳофизат мекунад. Сипас онро дар зоти Зулҷалол бо ҳокимияти мутлақ дар дараҷаи рубубият ва омирияти мутлақ дар дараҷаи улуҳият ва истиқлоли мутлақ ва дар дараҷаи аҳадият ва истиғнои мутлақ дар дараҷаи қодирияти мутлақ, муқоиса кун. Ва дарёб, ки радди мудохила ва манъи иштирок ва радди шарик барои он ҳокимият, то чи ҳад муқтазои  лозим, воҷибу зарурист.

Шубҳаи дуюм: Агар баъзе аз асбоб, марҷаи баъзе убудиятҳо дар як даста аз ҷузъиёт бошанд, чи нуқсоне мутаваҷҷеҳи убудияти махлуқоти аз заррот то сайёрот мешавад, ки рӯ ба суӣ зоти Воҷибул-вуҷуде доранд, ки маъбуди мутлақ аст?

Посух: Офаринандаи Ҳаким, коинотро ба монанди дарахт офарид ва зишууронро комилтарин меваи он офарид. Ва ҷомеътарин мева дар миёни зишууронро низ, инсон қарор дод. Акнун Худованде, ки ҳокими мутлақ ва омири мустақил аст, Худое, ки Воҳиду Аҳад аст ва коинотро офарида, то худро бишиносонад, то  дӯсташ дошта бошанд. Оё мумкин аст инсонро, ки меваи коинот аст ва шукри ибодатро, ки олитарин меваи инсон мебошад, шукру ибодатеро, ки муҳимтарин самараи инсон, балки ғояти фитрат ва натиҷаи хилқати ӯст, ба дастони дигаре бисупорад? Оё мумкин аст натиҷаи хилқат ва самараи коинотро дар зиддияти комил бо ҳикматаш, беҳудаву абас кунад? Ҳошо ва калло… Оё мумкин аст розӣ шавад, ки ибодати бандагонашро ба дигарон диҳанд ба тарзе ки ҳикмату рубубияташ дучори инкор гардад? Оё Худованд чунин иҷоза медиҳад? Низ худованде, ки бо афъоли хеш нишон медиҳад, дар пайи муаррифии худ аст ва мехоҳад ӯро дӯст бидоранд, оё мумкин аст шукргузорӣ ва эҳсоси дин ва дӯстӣ ва бандагии комилтарини махлуқашро ба сабабҳои дигар дода ва муҷиби фаромушии хеш гардад, то мақсадҳои олии дар коиноташро инкор кунанд? Эй дӯсте, ки аз табиатпарастӣ даст бардоштӣ, ту бигӯ!

Ӯ мегуяд: Алҳамдулиллоҳ, ду шубҳаи ман ҳал шуд, дар хусуси ваҳдонияти Илоҳӣ ва ин, ки маъбуди ҳақ Ӯст ва ҷуз Ӯ касе шоистаи парастиш нест. Ду далели муҳкам ва равшан баён кардӣ, ки лозими инкор кардани онҳо, ҳамчкн инкори хуршед ва инкори рӯзи равшан, такаббури бузург аст.

Ҳотима

Шахсе, ки маслаки куфромези табиатгарои худро раҳо карда, имон оварда буд, гуфт: Худоро шукр ҳеҷ шубҳа бароиям боқӣ намонд, аммо чанд савол сабаби кунҷковиям мешавад:

Саволи якум: Аз тамбалҳо ва ториксалотҳо мешунавем, ки мегуянд: Ҷаноби Ҳақ чи ниёз ба ибодатҳои мо дорад, ки дар Қуръон бо таъкид, таҳдид карда, мегуяд: Ҳар кас тарки ибодат кунад муҷозот мешавад ва бо ҷазое ҳамчун ҷаҳаннам азоб мешавад. Оё шоиста аст Қуръони саҳеҳу муътадил ва одил, бо як хатои ҷузъӣ чунин бархурди шадид кунад?

Посух: Бале Ҷанби Ҳақ на танҳо ба ибодати ту, балки ба ҳеҷ чиз ниёз надорад. Аммо ту муҳтоҷи ибодатӣ, зеро аз лиҳози маъно беморӣ. Мо дар рисолаҳои гуногун собит кардем, ки ибодат ба амрози маънавӣ, чун тарёқу подзаҳр аст. Чи қадар бемаъност, фарди бемор ба ҳакими мушвиқе, ки исрор мекунад доруҳои нофеъ истеъмол кунад, хитоб карда гуяд: Ту чи ниёзе ба ин матлаб дорӣ, ки то ин андоза ба ман исрор мекунӣ?

Аммо дар ин бора, ки далели таҳдидҳои шадид ва ҷазоҳои ваҳшатноки Қуръон, дар хусуси тарки ибодат чист? Бояд гуфт: Ҳамон тавре, ки як подшоҳ барои муҳофизат аз ҳуқуқи раият, фардеро, ки бо хатои худ ба ҳуқуқи раияташ таҷовуз мекунад, ба шиддад ҷазо медиҳад.

Касе, ки тарки намозу ибодат мекунад низ дар ҳақиқат нисбат ба ҳуқуқи мавҷудот, ки дар ҳукми раияти Султони азалу абад мебошанд, таҷовузи муҳим намуда ва ситами маънавӣ раво медорад. Зеро камоли мавҷудот бо тасбеҳу ибодат дар чеҳра рӯ ба Холиқашон намоён мегардад. Шахсе, ки тарки ибодат мекунад, мавҷудотро намебинад ва наметавонад бубинад ва усулан ӯро инкор мекунад. Дар он сурат, мавҷудотеро, ки аз назари ибодату тасбеҳ, мақомҳои олӣ доранд ва ҳар кадоми онҳо дар ҳукми мактуби Самадонӣ ва як оинае барои асмои Рабонӣ ҳастанд, таҳқир карда ва вазъияти онҳоро беаҳамият ва худашонро бемасъулияту ҷомид ва парешон қаламдод мекунад. Ӯ чунин мавҷудотро таҳқир карда ва камолоташонро инкор ва ба ҳуқуқашон таҷовуз мекунад.

Бале, ҳар кас коинотро бо инои хеш мушоҳида мекунад. Ҷаноби Ҳақ инсонро барои олам ба як сурати миқёсу мизон офарида аст. Як олами хосе аз ин олам ба ҳар инсон дода шуда, ки ранги он нисбат ба эътиқоди қалби инсон мушаххас мешавад.

Масалан: Инсоне, ки маъюсу мотамзада аст ва мегиряд, мавҷудотро гирёну маъюс мебинад. Ва касе, ки шоду хушҳол аст ва ба сабаби муждае, ки ба ӯ додаанд, шодмон механдад. Оламро шоду хурам ва хандон мебинад. Касе, ки мутафаккиронаву ҷиддӣ ибодат мекунад ва тасбеҳ мегуяд, ибодату тасбеҳ ҳақиқатан мавҷуди махлуқотро ба воситаи мартаба кашфан мушоҳида мекунад. Касе, ки бар асари инкору ғафлат ибодатро тарк кардааст, мавҷудотро зидду мухолиф, бар хато ва дар зиддият бо ҳақиқати камолоташон таваҳум карда ва ба лиҳози маъно ба ҳуқуқашон таҷовуз мекунад.

Торикус-салоти мазкур, ба нафси худ аз ин лиҳоз, ки махлуқи Худост ва моликияте бар он надорад низ ситам мекунад. Моликаш барои нагирифтани ҳаққи махлуқи худ аз нафси аммораи ӯ, ба шиддат таҳдидаш мекунад. Ӯ ибодатро ба натиҷаи хилқат ва ғояти фитрат тарк намудааст. Бинобар ин коре, ки мекунад дар ҳукми таҷовуз ба ҳикмати Илоҳӣ ва машийяти Раббонист. Инаст, ки муҷозот мешавад.

Ҳосили Калом: Тарккунандаи ибодат, ҳам ба худ зулм мекунад — зеро нафсаш абд ва мамлуки Ҷаноби Ҳақ аст — ва ҳам дар баробари ҳуқуқи камолоти коинот, муртакиби таҷовузи зулм мешавад. Бале, ҳамчуноне, ки куфур таҳқири мавҷудот аст, тарки ибодат низ инкор кардани камолоти олами коинот аст. Ва ҳам дар ҳукми таҷовуз ба ҳикмати Илоҳист, чунин кас мустаҳиққи таҳдидҳои даҳшатнок ва ҷазоҳои шадид мебошад.

Барои баёни ин истеҳқоқ ва ҳақиқати мазкур аст, ки Қуръони муъҷизул-баён ба як сурати эъҷозомез, лаҳни бошиддатро бармегузинад. Ва чун ҳақиқати балоғат аст бо тақозои ҳол мутобиқат мекунад.

Саволи дуюм: Шахсе, ки аз табиат даст кашида, ба сӯи имон омад, мегуяд:

Ҳақиқати бузургест, ки ҳар мавҷуд дар ҳар мақому шароит тобеъи машийяти Илоҳӣ ва қудрати Раббонист. Ин ҳақиқат, он қадар азим аст, ки зеҳни мардуди мо гунҷоиши онро надорад. Фаровонии густурда, ки бо чашмони худ мебинем ва суҳулати бениҳояте, ки дар хилқату эҷоди ашё вуҷуд  дорад. Ва дар масири ваҳдат, дар эҷоди ашё, осонии бениҳоят аст, дар оятҳои монанди

 [5]  مَا خَلْقُكُمْ وَلَا بَعْثُكُمْ اِلَّا كَنَفْسٍ وَاحِدَةٍ ۞

  [6]۞ وَمَٓا اَمْرُ السَّاعَةِ اِلَّا كَلَمْحِ الْبَصَرِ اَوْ هُوَ اَقْرَبُ

сароҳатан аз як суҳулати бениҳояти он, баҳс мешавад. Инҳо нишон медиҳанд, ки ҳақиқати бузурги мазкур, мақбултарин ва маъқултарин масъалааст. Сирру ҳикмати ин суҳулат чист?

Посух: Дар баёни وَهُوَ عَلٰى كُلِّ شَىْءٍ قَدٖيرٌ ки калимаи даҳуми аз Мактуби Бистум аст, сирри  мазкур комилан возеҳ, қатъӣ ва қонеъкунанда баён гардида аст. Хусусан дар зайли он мактуб, возеҳан собит шудааст, ки ҳамаи мавҷудот, вақте ба Сонеъи Воҳид нисбат дода шаванд, хилқаташон ҳамчун офариниши яке аз мавҷудот, саҳлу осон хоҳад буд. Акнун агар ин нисбат ба Воҳиди Аҳад дода нашавад, офариниши танҳо як мавҷуд, ҳамчун хилқати ҳамаи мавҷудот душвор мешавад. Ва эҷоди як дона, суубати як дарахтро хоҳад дошт.

Агар эҷодҳо ба Сонеъи Ҳақиқӣ нисбат дода шавад, дар ин сурат офариниши коинот ҳамчун офариниши як дарахт,  осон хоҳад буд. Ва дарахт ҳамчун ба мисли дона, биҳишт ба мисли баҳор ва баҳор ба монанди як шохаи гул, осон хоҳад буд. Базлу бахшиши фаровон, ба хубӣ қобили мушоҳида аст ва ин ки бисёре аз офроди як навъ ба суҳулат ёфт  мешавад. Ва халқи мавҷудоти маснуъу бо арзиш он ҳам бо суҳулати тамом ва бо сурат,  далолати фаровоне дорад, ки мадори суҳулати мазкуранд ва ҳикмату рози онро нишон медиҳанд. Мо дар рисолаҳои дигар ба онҳо пардохтаем. Бинобар ин, дар инҷо  танҳо ба ду намуна, он ҳам ба ихтисор ишора мекунем.

Масалан: Агар сад сарбозро тахти амри як афсар қарор  диҳанд, бисёр осонтар аст аз ин, ки як сарбозро ба сад афсар бисупоранд. Ба ҳамин тартиб, вақте таҷҳизоти низомии як артиш ба як қонун, як корхона ва таҳти амри як подшоҳ дода шавад, ба таври маъмул ва аз назари камияту кайфият, ба андозаи умури таҷҳизоти як сарбоз, осону сода хоҳад буд. Акнун агар таҷҳизоти низомии як сарбозро ба марказҳои гуногун бисупоран ё мутаваҷҷеҳи корхонаҳои мутааддид кунанд ва ба фармондеҳони  гуногун ирҷоъ диҳанд аз назари каммият, мушкили таҷҳизоти як артишро дорад, зеро дар он сурат барои таҷҳизи танҳо як сарбоз, ба корхонаҳои мавриди ниёзи як артиш эҳтиёҷ хоҳад буд.

Ё дарахтеро дар назар гиред, ки ба сабаби сирри ваҳдат, маводи ҳаётиаш дар як реша, дар як марказ ва бо як қонун таъмин мегардад. Бинобар ин, мушоҳида мешавад, ки хилқати ин дарахт бо он, ки ҳазорон мева медиҳад, ба андозаи офариниши як мева осону сода аст. Агар ҷиҳати ҳаракат аз ваҳдат ба сӯи касрат бошад ва маводи ҳаётие, ки барои ҳар мева лозим аст аз ҷойҳои дигар таъмин шавад, ҳар мева ба андозаи як дарахт мушкил хоҳад шуд. Шояд дона низ, ки як хулосаву намунаи аз дарахт аст, ба андозаи дарахт мушкилсоз шавад, зеро тамоми маводи ҳаётии мавриди ниёзи як дарахт, барои як дона низ лозим аст.

Садҳо мисоли дигар, монанди ҳамин чанд мисол, нишон медиҳанд, хилқати ҳазорон мавҷуде, ки дар ваҳдат, бениҳоят саҳлу сода офарида мешаванд, аз хилқати воҳид, ки дар ширк ва касрат ба сар мебарад, чанд мартаба осонтар аст.

Дар рисолаҳои дигар, ин ҳақиқатро монанди ду зарби ду баробари чор исбот кардаем. Бинобар ин, хонандаро ба онҷо ирҷоъ медиҳем ва дар инҷо танҳо рози бисёр муҳимеро аз манзари суҳулату осонӣ дар илму қадари Илоҳӣ ва қудрати Раббонӣ баён мекунем:

Аввалан ту як мавҷуд ҳастӣ. Агар худро ба Қадири Азалӣ вогузор кунӣ, туро ба сурати шуълавар шудани гӯгирд, аз ҳеҷ, аз адам, бо як фармон ва бо қудрати бениҳояташ дар як лаҳза меофарад. Ва агар худро ба ӯ во нагузорӣ ва ба асбоби моддиву табиат нисбат диҳӣ, дар он сурат ҳамчун хулосаву мева ва фушурдаву мухтасари коинот ҳастӣ. Ва барои офариданат мебоист олами коинот ва ҳама унсурҳоро аз ғилболи зариф гузаронида ва бо миқёсҳои дақиқ маводи вуҷуди туро аз саросари олам ҷамъовари кунанд.

Зеро асбоби моддӣ, сирфан ҷамъоварӣ ва таркиб мекунад. Ҳамаи оқилон тасдиқ мекунанд ки асбоби моддӣ ончиро дар худ надоранд наметавонанд ба вуҷуд оваранд. Бинобар ин, барои эҷоди ҷисми як зиҳаёти кӯчак, маҷбуранд  унсурҳои ташкилдиҳандаашро аз саросари олам ҷамъовари кунанд. Инак дарёб, ки дар ваҳдату тавҳид, то чи андоза суҳулат аст ва  дар ширку гумроҳӣ, то чи ҳад мушкилот вуҷуд доранд.

Сониян: Дар илм суҳулати бепоён вуҷуд дорад. Ин гуна, ки:

Қадар, як навъи илм аст, ки дар ҳукми қолаби махсус ва маънавии ҳар чиз, як миқдори мушаххас таъйин мекунад. Миқдори қадарӣ барои вуҷуди  он чиз, дар ҳукми як тарҳ, ё як намуна мебошад. Ҳангоме, ки қудрат даст ба эҷод мезанад, бениҳот осон бар асоси миқдори қадарӣ таъйиншуда эҷод мекунад.

Агар чизи мазкур ба Қадири Зулҷалоле, ки соҳиби илми азалӣ беинтиҳову муҳит аст, нисбат додан нашавад, — ҳамчуноне, ки пештар гуфтем — натанҳо ҳазорон мушкиле, ки муҳолҳои фаровон ошкор мегардад, зеро агар миқдори қадарӣ ва миқдори илмӣ набошад, лозим мешавад ҳазорон қолаби моддию хориҷӣ, дар бадани як ҳайвони бисёр хурд, истифода бурд.

Суҳулати бениҳоятеро, ки дар ваҳдат вуҷуд дорад ва мушкилоти фаровоне, ки дар ширку залолат ҳаст, дарёб ва таваҷҷӯҳ кун, ки ояти

وَمَٓا اَمْرُ السَّاعَةِ اِلَّا كَلَمْحِ الْبَصَرِ اَوْ هُوَ اَقْرَبُ []7  чи ҳақиқати дуруст, воқеъӣ ва олиро баён медорад.

Саволи сеюм: Ҳидоятшудае, ки пештар душман буд ва инак дӯст шудааст, мегуяд: Файласуфҳои бисёр машҳури замонаи мо мегуянд: Аз адам на чизе ба вуҷуд меояд ва на чизе аз байн меравад. Сирфан як таркибу таҳлилест, ки дастгоҳи олами коинотро ба кор меандозад.

Ҷавоб: Машҳуртарин файласуфоне, ки бо нури Қуръон ба мавҷудот нигоҳ намекунанд, дидаанд, ки вуҷуд ёфтани мавҷудот ба воситаи табиату асбоб — ҳамон тавре, ки пештар исбот кардаем — дорои мушкилоти дар ҳадди имтиноъ мебошад. Бинобар ин, ба ду гурӯҳ тақсим шуданд:

Як қисми онҳо суфастоӣ шуданд, даст аз ақл ки хосаи инсон аст, шустанд ва аз ҳайвонот низ пастар шуда ва вуҷуди олами ҳастиро инкор намуданд. Онҳо ҳатто мункири вуҷуди худ шуданд ва ин назарро саҳлтар аз қоилшудани фоилияти асбобу табиат ёфтаанд. Бинобар ин, бо инкор кардани худ ва коинот, дучори ҷаҳли мутлақ гардидаанд.

Гурӯҳи дуюм диданд эътиқод ба фоиляти асбоби табиат дар масири залолат, масалан эҷоди як пашша, ё як дона мушкилоти фаровоне вуҷуд дорад ва ин амр ниёзманди иқтидори берун аз доираи ақл аст. Ба ҳамин хотир, ночор ба инкори масъалаи эҷод пардохта, мегуянд, “Аз нест, ҳаст ҳосил намешавад.” ва адамро низ муҳол номида, мегуянд: “Ҳаст, нест намешавад.” ин дастаи файласуфон дар таваҳҳуми худ ба як вазъияти эътиборӣ ба сурати таркибу таҳлил ва омехтагию таҷаммуъ қоилан, ки бар асари тасодуфу ҳаракати заррот, ҳосил мешавад.

Акнун биё, касонеро мушоҳида кун, ки дар пастарин сатҳи ҳамоқату ҷаҳолат ҳастанд ва худро оқилтарин афрод гумон кардаанд. Ин ҳақиқатро дарёб, ки залолат инсонро то чи ҳад масхара ва пасту нодон мекунад ва аз он ибрат гир!

Ҷаноби Ҳақ солона чорсад ҳазор навъро ба якбора ба рӯйи замин халқ мекунад. замину осмонҳоро дар шаш рӯз офарид, қудрати азалие, ки дар ҳар баҳор, дар шаш ҳафта, олами зинда, бар асоси санъату ҳакимонатар аз пеш эҷод мекунад.

Мавҷудоти илмияе, ки тарҳу миқдорашон дар доираи илми азалӣ, муайян гардида ва фоқиди вуҷуди хориҷианд, ба осонии том тавассути қудрати азалӣ, вуҷуди хориҷи меёбанд. Мисли молидани як модда бар коғазе, ки дида намешавад ва мушаххас шудани навиштаҳои он. Номумкин донистани матлаб аз қудрати азалии ҳақ ва инкор кардани офариниш, ба маротиб аҳмақонатар ва ҷоҳилонатар аз тарзи фикри гурӯҳи аввал, яъне суфастоиён аст.

Ин бечорагону оҷизони мутлақ, чизе ҷуз иродаи махдуд дар ихтиёрашон нест. Ва чун нафси фиръавнияшон ба нобдӣ ва аз байн бурдани чизе қодир намебошад ва чун наметавонанд зарра, ё моддаеро аз ҳеҷ ва адам, мавҷуд кунанд ва асбобу табиат низ, ки мавриди эътимодашон аст қодир ба эҷод чизе намебошад,  аҳмақона мегуяд: “Вуҷуд аз адам ҳосил намешавад ва мавҷуд низ ҳеҷ гоҳ маъдум намешавад.” Ва мехоҳанд Қадири Мутлақро низ, шомили ин қоидаи ботилу хато кунанд.

Бале, Қадири Зулҷалол ду навъ эҷод мекунад: Яке бо ихтироъу ибдоъ аст. Яъне аз ҳеҷ ва нестӣ пайдо мекунад ва ҳар чизи лозими барои ин мавҷудро низ, аз ҳеҷ эҷод карда дар ихтиёраш мегузорад. Навъи дигар, бо иншо ва бар асоси санъатгарист. Яъне барои ҳикматҳои дақиқ, ҳамчун нишондодани камоли ҳикмат ва ҷилваҳои асмои худ, як қисми мавҷудотро аз унсурҳои олам пайдо мекунад  ва зарроту маводро, ки тобеъи амрҳояш ҳастанд, ба воситаи қонуни раззоқият, ба сӯи онҳо гусел мекунад ва дар онҳо истифода мекунад.

Бале, Қодир Мутлақ ба ду сурат, яъне ибдову иншо эҷод мекунад. Нест кардани ҳаст ва ҳаст кардани нест, осонтарину содатарин ва умумитарину доимитарин қонуни Ӯст. Соҳиби қудратест, ки дар ҳар баҳор тамоми аҳволу кайфиёти шаклҳову сифот ва зарроти сесад ҳазор навъи махлуқотро аз нестӣ ҳаст мекунад. Касе, ки дар мавриди чунин Парвардигор бигуяд: “Қодир ба ҳасткардан нест.” худ бояд маъдум шавад!

Шахсе, ки табиатро раҳо карда ва вориди ҳайтаи ҳақиқат шуда буд, мегуяд: Ҷаноби Ҳақро ба рақами ҳамаи заррот, шукру ҳамд ва сано мегуям, ки камоли имонро ба даст овардам ва аз авҳому залолат наҷот ёфтам ва ҳеҷ шубҳа низ боқӣ намонд.

 

اَلْحَمْدُ لِلّٰهِ عَلٰى دٖينِ الْاِسْلَامِ وَ كَمَالِ الْاٖيمَانِ

سُبْحَانَكَ لَا عِلْمَ لَنَٓا اِلَّا مَا عَلَّمْتَنَٓا اِنَّكَ اَنْتَ الْعَلٖيمُ الْحَكٖيمُ

***

 

[1]  Сабаби таълифи ин рисола, муқобила бо тазъифи беасоси ҳақоиқи имония ва муқобила бо ҳуҷуми ба Қуръон ва ононест, ки ҳар он чиро, ки ақли бехирад ба тарки он қодир нест, хурофа мехонанд. Ҳамлаи ба Қуръон, хашми шадидро дар қалбам, қаламам эҷод кард. Ва сабаб шуд силиҳои муҳкаму шадид бар мулҳидон ва мазҳабҳои ботили онҳо, варид кардад; вагарна шеваи Рисолаи Нур риояти виқор ва матонат ва истифода аз сухани нарм аст.

[2] сураи Иборҳим: 10

[3]  Бале агар интисоб матраҳ бошад, дона аз қадари Илоҳӣ дастур мегирад ва мазҳари умури хориқулода мегардад. Агар дар он интисоб, инқитоъ ҳосил шавад, хилқати он дона, беш аз офариниши дарахти бузурги санавбар, ниёзманди ҷиҳозот, қудрат ва санъат хоҳад буд. Зеро дарахти санавбар, дар кӯҳистоне, ки асари муҷассами қудрат аст, бо тамоми аъзову ҷиҳозот, бояд дар дарахти маънавии мундариҷ дар донае, ки асари қадари Илоҳист мавҷуд бошад. Чаро ки корхонаи тавлидкунандаи он дарахти бузург, ҳамин дона аст. Дарахти муқаддаре, ки дар дохили донааст, ба воситаи қудрати Илоҳӣ дар хориҷ зҳур меёбад ва сурати ҷисмонии дарахти санавбар ҳосил мегардад.

[4] Сураи Иброҳим:10

[5] Сураи Луқмон: 28

[6] Сураи Наҳл:77

[7] Сураи Наҳл:77