Матлаби зер, мактубест, ки ба муносибати табрики рамазон ба номи ҳамаи талабаҳои Рисолаи Нур дар Испорто навишта ва дар сездаҳ банд танзим шудааст.

بِاسْمِهٖ سُبْحَانَهُ وَ اِنْ مِنْ شَىْءٍ اِلَّا يُسَبِّحُ بِحَمْدِهٖ

Ҳазрати устод ва сарвари гиромӣ!

Эй ки барои саломатии ҷаҳони Ислом дар дунёву охират, ба воситаи файзи Қуръон ва ҳақиқати Рисолаи Нур ва ҳиммати шогирдони содиқ, бо чашмони мубораки хеш ба ҷойи ашк, хун мегирйед

Ва эй, ки дар буҳбуҳаи пурдағдағаю туфони фитнаи охируззамон беш аз ҳазрати Аюб алайҳиссалом гирифтори бемориҳову дардҳо ҳастед

Ва ба нури Қуръон ва бурҳонҳои Рисолаи Нур ва талоши шогирдон, амрози моддию маънавии олами Исломро монанди Луқмони Ҳаким, табобат мекунед

Ва эй касе, ки бо каромоти алавия ва ғавсия, ба сиюсе оят аз оятҳои Қуръон собит кардед, ки аҷзҳои нуре, ки дар дастони мубораки худ доред, ҳаққу ҳақиқат аст.

Ва эй касе, ки бо ҳоли солмандӣ ва зору наҳиф ва заифу тараҳҳумангези худ, бештар аз ҳар кас, то ҳадди фидо кардани ҷони хеш, нигарони ҷаҳони Ислом ҳастед ва барои касоне, ки дар пайи озордоданатон ҳастанд бо ҳақиқати Қуръон ва бурҳонҳои Рисолаи Нур ва садоқату ростии талабаҳои Нур, дуои хайр мекунед ва посухашонро ба некӣ медиҳед

Худ ва талабаҳоятон ба сабаби интишори “Ояту-л Кубро” аз осори муҳиматон, мусибат дидед ва зиндонӣ шудед

Ва шумо таҳти иршодоти Қуръон ва дарсҳои Рисолаи Нур ва иштиёқи шогирдон, зиндонро ба мадрасаи Юсуфия табдил намудед ва онро як дарсхона кардед

Ва сабаб шудед ҳама ҷоҳилоне, ки дар байни мо буданд, дар он дарсхона, Қуръонро хатм кунанд ва озод шаванд

Ва он мусибат, бо нерӯи Қудсии Қуръон ва тасаллии Рисолаи Нур ва таҳаммули бародарон бо вуҷуди ин, ки заифу солманд будед, ҳама дардҳо ва мусибатҳоямонро ба душ кашидед

Ва бо “Рисолаи Самара” ва “Мудофианома”, ки таҳрир намудаед, ба воситаи эъҷози Қуръони мӯъҷиз-ул баён ва бурҳонҳои мустаҳками Рисолаи Нур ва ихлоси шогирдон ва ба изни Илоҳӣ, дарҳои зиндонро кушодед ва боиси озодии маҳбусон шудед

Он рӯзро барои мо ва барои олами Ислом ид кардед

Ва ҳақиқатан исбот намудед, ки Рисолаҳои Нур “Нурун ало нур” аст ва ҳаққи навишта ва хонда шудани озодонаашро то қиёмат касб намудед

Ва исбот кардед, ки олами Ислом, бо ғизои қудсии Қуръони азимушаън ва таоми ухравии Рисолаи Нур ва иштиҳои шогирдон, ҳамчун обу нон ва ҳаво ба ин Рисолаҳо мӯҳтоҷанд. Ҳазорон фард бо хондану навиштани ин Рисолаҳо, мӯъминона аз дунё мераванд.

Эй, ки талабаҳои худро ҳеҷ куҷо мағлуб ва маҳҷуб (шарманда) намекунед

Ва имрӯз бо дарсҳои Қуръони осмонӣ ва асоси Рисолаи Нур ва заковати шогирдон ва ҳамчунин, бо масъалаҳои даҳуму ёздаҳум ва гулҳои Рисолаи Самара, ташнагии қалбҳоямонро, ки дар оташи фироқатон месӯзад, бо “Масала” ва “Гул”-и мубораки он, ҳамчун оби ҳаёту шароби кавсар, фурӯ менишонед ва ба сӯйи шодию сурур савқ медиҳед

Ва эй, ки маргро бар асоси ваъду ваъидҳои қатъии Қуръони Азимушаън ва кашфи қатъии Рисолаи Нур ва мушоҳидаи шогирдон дар гузашта ва мушоҳидаҳои соҳибони кашфу-л қубур дар назари аҳли имон, наҷот аз нобудии абадӣ, хондед ва тазкирае барои раҳоӣ аз ноумедӣ; маргеро ки ҷаҳониён зиёдтар аз ҳар чизи дига аз он воҳима доранд; исбот кардед, ки зеботарин сафар барои рафтан ба сӯйи Нур аст. Дар айни ҳол барои куффор ва мунофиқон, ғайр аз нобудии ҳамешагӣ, чизи дигаре нест.

Бо ахбори қатъии Қуръони мӯъҷиз-ул баён, таҳти  тасдиқи чил ваҷҳи эъҷозияаш ва ҳазорон мӯъҷизаи Аҳмадӣ алайҳиссалоту вассалом ва бо ҳуҷҷатҳои Рисолаи Нур, ки аз он (Қуръон) баромада, муонидтарин душманонро мағлуб мекунад. Ва бо нишонаҳову таҷрибаҳо ва эътиқодоти фаровони шогирдони Рисолаи Нур, исбот намудед, ки гӯри тангу сард ва торику тарснок, барои мӯъминон як маъвое дар биҳишт ва даре ба бӯстони ҷаннат аст. Барои куффор ва зиндиқони мунофиқ бошад, долоне аз ҷаҳаннам ва пур аз мору ақраб ва ду фаришта Накиру Мункар, ки ба он ҷо меоянд, мунису рафиқ барои раҳравони тариқи ҳаққу ҳақиқатанд

Эй касе, ки талабаҳои Рисолаи Нурро аз синфи талабаҳои улум дониста ва бо даргузашти марҳуми шаҳид  қаҳрамон Ҳофиз Алӣ кашф намудед, ки онон саволҳои Накиру Мункарро бо Рисолаи Нур посух медиҳанд.

Ва аз даргоҳи раҳмати Илоҳӣ масъалат кардед, ки зиндагонамон низ, посухҳои лозимаро бар асоси Рисолаи Нур диҳанд.

Эй, ки нишон додаед, ки Қуръон барои ҳар табақаи аз табақаҳои чилгонаи (башар) дорои мӯъҷиза аст ва каломи азалист, ки нозир бар ҳамаи коинот аст. Инро дар Рисолаҳои мӯъҷизоти Қуръония ва Рисолаи Самонияи Рисолаи Нур — ки тафсири Қуръон аст — исбот кардед; ва бо иноят ба ғайрату ҳамияти фавқулодаи бародарон ва шогирдон, ки ҳамчун  гардонандагони коргоҳи нуранд, аз онҳо хостед рисолаҳо нигошта шаванд; нигорише, ки аз замони Расулуллоҳ алайҳиссалоту вассалом то кунун, касе инчунин ба анҷоми эъҷозомези он қодир набудааст. Бо ин ҳол ба Хусрав котиби қаҳрамони Рисолаи Нур гуфтед “Навис” ва Қуръоне ҳамонанди он, ки дар лавҳи маҳфуз навишта шуда, навишта шуд; ва ба сурати беназиру зебо ва хориқулода, ки назири он, на дидашуда ва на шунида, таърифу исбот кардед, ки Қуръони Азимушаън, ҳақиқатан Каломуллоҳ аст ва дар мартабаи болотар аз ҳама китобҳои осмонии дигар қарор дорад ва аз ҳамаи онҳо  бофазилаттар аст. Дар як Фотиҳаи он, ҳазорон фотиҳа ва дар як сураи Ихлосаш ҳазорон ихлос аст ва бо ҳар ҳарфаш даҳ ва сад ва ҳазор ва ҳазорон савобу ҳасана насиби инсон мешавад. Бо нишондодани мӯъҷизоти Қуръони мӯъҷиз-ул баён, ки аз ҳазору сесад сол то кунун идома дошта, бо шикаст додани мухолифони он ва бо далоили ошкор, ҳамон тавре, ки чашм нурро ташхис медиҳад ва бо қаламҳои алмоси  шогирдони Рисолаи Нуре, ки то кунун ҳамтояш дида нашуда бо “Бисту Панҷумин Гуфтор” ва замимаҳояш, ки оламро таҳти фармони худ мехонад ва мутамарридтарину  муонидтарин афродро водор ба сукут мекунад, ба чил ваҷҳи эъҷоз, Қуръонро исбот менамоед.

Ва эй, ки собит мекунед, ҳазрати Пайғамбар алайҳиссалоту вассалом расули барҳақ аст  ва афзали яксаду бисту чор (124) ҳазор паёмбари пешин, ва сайиди онон аст ва ҳазорон мӯъҷизаи ӯро дар Рисолае ба номи “Мӯъҷизоти Аҳмадия” алайҳиссалоту вассалом ба шакли неку мешуморед. Ва низ таваҷӯҳ ба ин, ки Қуръони азимушаън Расули Акрам алайҳиссалоту вассаломро раҳматан лил оламин хонда ва Рисолаи Нур аз ибтидо то ба интиҳо, ин матлабро бо ҳуҷҷатҳо исбот мекунад, ҳамеша баён медоред, ки афъолу аҳволи Расули Акрам алайҳиссалоту вассалом бояд намунаи ҳама бошад. Зеро мутмаинтарин ва комилтарин раҳбару ҳидояткунанда, ӯст. Инро ҳатто ба нобиноён низ мерасонед. Азбаски ҳангоми интишори Рисолаи Нур дар Анадолу ва мамлакатҳои дигар, ҳамеша балоҳо дур ва замони мамониати интишораш, мардум бо мусибатҳо рӯ ба рӯ мешуданд ва шогирдони Рисолаи Нур бо вуҷуди рӯ ба рӯ шудан ба мушкилоти воқеан сангин ва бо камоли матонат, ба хизматашон идома дода ва бо иртиботашон аз суннати санияи Паёмбар алайҳиссалоту вассалом пайравӣ кардаанд, гӯшзад кардаед, ки ин кор то чи андоза судманду муфид аст; мегуед пайравӣ аз суннати Расул, дар замонаи кунунӣ, подоши сад шаҳидро дорад

Ва ҳамон тавре, ки садақа дафъ кунандаи қазову балост, Рисолаи Нур низ, бист сол аст, ки қазову балоеро, ки мумкин буд Анадолуро гирифтор кунад, дафъ кардааст. Инро ба айналяқин исбот кардаед, эй устоди арҷуманд ва сарвари гиромии мо!

Инак, рафъи тавқифи Рисолаи Нур, шумо устоди маҳбуб ва баъд мо талабаҳои оҷизу гунаҳкор, сипас олами исломро бисёр шоду хурсанд кард; тавре, ки имрӯз дуюмин иди бузургамон башумор меравад. Ин иди шарифро ба устоди азизамон табрик мегуем. Иди сеюматон, яъне Рамазони муборак ва Лайлату-л-Қадратонро гиромӣ медорем. Аз Худованд мехоҳем, ин гуна идҳоро фаровон кунад ва аз тақсироти мо қосирон дар  гузарад. Ҳама дӯстон ба шумо салом мерасонанд ва дастони муборакатонро мебӯсанд ва аз сарвари гиромии худ илтимоси дуо доранд.

Талабаҳои Нур дар Испорто ва атрофи он

 

 * * *

Қабул накардани мутавозионаи матлабҳои ин нома, ки садбор зиёда аз ҳадду андозаи ман аст, куфрони неъмат ва дар назар нагирифтани гумони неки ҳамаи шогирдони азиз аст. Дар айни ҳол, пазириши он низ, шояд боиси ғуруру такаббур гардад. Бинобар ин, тасвире аз ин мактуби муфассалро, ки котиби Рисолаи Нур ба номи ҳамаи шогирдон нигошта, ба иловаи сездаҳ бандеро, ки изофа кардаам, бароятон ирсол мекунам, то шукру сипосгузорӣ кардабошам. Инчунин, дучори ғуруру куфрони неъмат нашуда бошам. Онро таҳти унвони “Номае аз талабаҳои Рисолаи Нур дар Испорто ва ҳаволӣ” дар поёни Масъалаи Ёздаҳуми Рисолаи Самара қарор диҳед.

Вақте машғули ҷарҳу таъдил ва нигориши ин нома будам, кабутаре ду мартаба ба панҷараи канори ҳуҷраам нишаст. Мехост дохил биёяд, аммо сари Ҷайлон (Ҷайлони Чалишкан яке аз шогирдони Бадиуззамон)-ро дида, наёмад. Чанд дақиқа баъд кабутари дигаре ба ҳамин шакл омада дар он ҷо нишаст, боз ҳам котибро дида, ворид нашуд. Гуфтам: Ҳатман монанади парандаи қуддуси якум, башоратдиҳанда аст. Ва ё ин, ки мактубҳои мутааддиде монанади ин мактубро менависем, омадааст то мубораки ҷарҳу таъдилҳоро табрик гуяд.

 

Саъид Нурсӣ