سُبْحَانَهُ

Дар ин рӯзгори ғариб ҳамчуноне, ки аҳли имон ба «Рисолаи Нур» ва аҳли фанну муаллимони мактаб ба «Асои Мӯсо» бисёр ниёзманданд, қориёну олимон низ, бениҳоят мӯҳтоҷи «Зулфиқор»-анд[1].

Барои намуна, дар ҷойҳое, ки бештар оятҳои вобаста ба баҳси эъҷози Қуръон, маҳали эътироз ва мадори шубҳа будаанд, ламъаҳои эъҷозу нуктаҳои зебои Қуръон исбот гардидааст.

Ба номи умуми шогирдони Рисолаи Нур

Саъид Нурсӣ

***

بِاسْمِهِ سُبْحَانَهُ وَاِنْ مِنْ شَيْءٍ اِلاَّ يُسَبِّحُ بِحَمْدِهِ

اَلسَّلاَمُ عَلَيْكُمْ وَ رَحْمَةُ اللّٰهِ وَ بَرَكَاتُهُ اَبَدًا دَائِمًا

 

Бародарони содиқу азизам!

Модоме, ки густариши Рисолаи Нур ба тариқи таҷҳизоти электронӣ чоп мешавад, инак бисёре аз донишҷӯён ва устодони риштаҳои фалсафа ва ҳикмати ҷадид, ҷазби Рисолаи Нур мешаванд. Албатта лозим аст, ҳақиқате баён гардад.

Фалсафае, ки ҳамеша мавриди сарзаниши Рисолаи Нур буда ва зарбаи муҳкам аз он хурдааст, мутлақи фалсафа дар назар нест, балки қисми музирри он дар назар аст. Зеро бахше аз фалсафа, ки дар хизмати ҳаёти иҷтимоии инсонҳост ва барои ахлоқу тараққии санъатҳои башарӣ, муфид аст, ин гуна фалсафа бо Қуръон созгор мебошад. Ҳатто ходими ҳикмати Қуръонӣ мебошад ва ба он зиддият надорад. Рисолаи Нур низ, бо ин бахши аз фалсафа мухолиф нест.

Рисолаи Нур дар бисёр мавридҳо бо мизонҳои муҳкам ва муқоисаҳои бурҳонӣ бо баъзе аз фалсафа мухолифат мекунад, ки боиси гумроҳию илҳод ва суқут дар ботлоқи табиат мешавад ва сафоҳату лаҳву ғафлат ва залолатро натиҷа медиҳад. Бо дарсҳои сиҳргуна ба муқобили ҳақиқатҳои эъҷозомези Қуръон мепардозад. Рисолаи Нур ба ин бахши аз фалсафа, ки аз масир берун рафтааст, зарба мезанад ва ҳаргиз мутаарризи фалсафаи саҳеҳу фоиданок намегардад. Ба ҳамин иллат аст, ки донишҷӯён беэътироз, ба Рисолаи Нур мепайванданд ва бояд бипайванданд.

 

Аммо мунофиқони пинҳон, ҳамон тавре, ки қисме аз олимонро тамоман ноҳаққона ва бемаврид ба мухолифати Рисолаи Нур, ки моли ҳақиқии аҳли мадрасаву рӯҳониён аст, водоштаанд. Эҳтимолан дар пайи таҳрики ғурури илмии баъзе фалсафадонон омадаанд, то онҳоро низ бар зидди Рисолаи Нур тарғиб кунанд. Аз ин рӯ муносиб аст ин ҳақиқат дар ибтидои маҷмӯаҳои Асои Мӯсо ва Зулфиқор оварда шавад.

 

Саъид Нурсӣ

***

 

بِاسْمِهٖ سُبْحَانَهُ

Имом Алӣ (разияллоҳу анҳу) дар қасидаи “Ҷалҷалутия” наздик ба сароҳату қавӣ, аз Рисолаи Нур ва рисолаҳои муҳимми он ва теъдоду шуморааш, хабар додааст. Ин матлаб дар Партави Бисту ҳаштум Шуоъи Ҳаштум, комилан исбот шудааст. Имом Алӣ (разияллоҳу анҳу) дар қасидаи Ҷалҷалутия бо ибораи зер аз вопасини Рисолаи Нур хабар медиҳад:

 

 “وَ اسْمُ عَصَا مُوسٰى بِهِ الظُّلْمَةُ انْجَلَتْ”

 

Мо як-ду сол пеш гумон мекардем “Оят-ул Кубро” охирин рисолааст. Акнун бо тамоми нигориши куллиёти Рисолаи Нур дар соли “1948-и милодӣ” ва тааммул дар маънои иборати Алавӣ, ки аз рисолае хабар медиҳад, ки зулматро зоил хоҳад кард ва ҳамчун Асои Мӯсо (а.с.) рӯшноӣ мебахшад ва сиҳрҳоро ибтол менамояд. Аз тарафи дигар, чун қисме аз ин маҷмӯъа, ки “Самара” номида мешавад, дар ҳукми як дифоия зулматҳои золимонаву даҳшатангезро, ки бар сарамон ситам шуда буд, аз байн бурд. Бахши “Ҳуҷҷатҳо”-и он низ, торикию зулумоти фалсафии муқобили Рисолаи Нурро аз миён бардошт ва хирадмандону мутафаккирони Анқараро ба таслиму таҳсин водошт. Низ вуҷуди аломатҳои фаровоне, ки нишон медиҳад, дар оянда низ зулматҳоро аз байн хоҳад бурд. Ҳамчунин таваҷҷӯҳ ба ин матлабе, ки Асои Мӯсо (а.с.) дар як санг дувоздаҳ чашма ҷорӣ кард ва мадори ёздаҳ мӯъҷиза гардид, вопасини маҷмӯаи Рисолаи “Самара” низ, ба ҳамон тартиб, дар баргирандаи ёздаҳ масъалаи нуронӣ аст ва бахши “Ҳуҷҷатуллоҳи-л болиға”-и он, шомили ёздаҳ ҳуҷҷати қатъӣ аст, яқин кардем, ки Имом Алӣ разияллоҳу анҳ бо баёни ҷумлаи мазкур мустақиман маҷмӯаи Асои Мӯсоро дар назар дошта ва бо таҳсин аз он хабар медиҳад.

 

Саъид Нурсӣ

***

[1] Зулфиқор: Номи яке аз асарҳои Бадиуззамон аст, ки дар он, ба мӯъҷизаҳои Қуръон ва Ҳазрати Пайғамбар (с.а.в.) мепардозад. (М)