Тарҷумаи кӯтоҳи маънои оятҳои Қуръони Карим

  1. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон
  2. Ҳар оина (Албатта) мӯъминон бародаронанд. Миёни бародаронатон оштӣ андозед … (сураи «Ҳуҷурат» ояи 10) …Ҳамеша ба некӯтарин тарзе ҷавоб деҳ, то касе, ки миёни туву ӯ душманӣ аст, чун дӯсти меҳрубони ту гардад. (сураи «Фуссилат», ояи 34) Он касон, ки дар тавонгариву тангдастӣ эҳсон мекунанд ва хашми худ фурӯ мехӯранд ва аз хатои мардум дармегузаранд. Худо накӯкоронро дӯст дорад! (сураи «Али Имрон» ояи 134)
  3. …ва ҳар кас танҳо ҷазои кори худро мебинад. Ва касе бори гуноҳӣ дигареро бар душ намекашад… (сураи «Анъам», ояи 164)
  4. … дар ҳақиқат одами ситамкор ва кофири неъмат аст! (сураи «Иброҳим», ояи 34)
  5. Ва онон, ки ба дурӯғ шоҳидӣ намедиҳанд ва чун бар нописандӣ бигзаранд, ба шитоб аз он дурӣ меҷӯянд. (сураи «Фурқон», ояи 72) … Ва агар афв кунед ва чашм бипӯшеду гуноҳашон пӯшида доред, Худо бахшояндаву меҳрубон аст! (сураи «Тағабун», ояи 14)
  6. Ба Худо паноҳ мебарам аз шайтон ва сиёсат.
  7. Ҳар оина (Албатта) мӯъминон бародаронанд… (сураи «Ҳуҷурат» ояи 10)
  8. Худост рӯзидиӣанда. Ва Ӯст соӣиби қуввате сахт устувор. ( сураи «Аззарият» ояи 58) Чӣ бисёр ҷунбандагоне, ки тавони таҳсили рӯзии худ надоранд ва Худо онҳоро ва шуморо рӯзӣ медиҳад. Ва Ӯ шунавову доност! (сураи «Анкабут» ояи 60)
  9. Муназзаҳӣ (покӣ) Ту. Моро ҷуз он чӣ Худ ба мо омӯхтаӣ, донише нест. Тӯӣ донои ҳаким! (сураи «Бақара» ояи 32)*
  10. … Оё ҳеҷ як аз шумо дӯст дорад, ки гӯшти бародари мурдаи худро бихӯрад?.. (сураи «Ҳуҷурат» ояи 12)
  11. …ва бо якдигар ба низоъ бармахезед, ки нотавон шавед ва қуввати шумо биравад. (сураи «Анфал» ояи 46)