Одами ҳасуд, бояд ба чизҳое, ки ҳасад мекунад, оқибати онро бояд биандешад. То бидонад, ки сарват, мартаба, мақом, қувват, ҳусн ва зебои дунёие, ки рақиби ӯ дорад, фонӣ аст, муввақат аст. Фойдааш кам, заҳматаш бисёр аст. Агар мазияти ухравӣ, яъне ҳаркати нек ва шоиста ӯхравӣ бошад, зотан дар он ҳаракоти ӯхравӣ, ҳасад вуҷуд надорад. Агар дар онҳо низ ҳасад кунад, ё худаш риёкор аст моли ва дорои ӯхравии худро дар дунё маҳв ва нобуд кардан мехоҳад, ва ё ин ки маҳсудро яъне шахси муқобилро риёкор тасаввур мекунад, ба ин сабаб ӯ бе ҳаққӣ, бе адолатӣ ва зулм мекунад.

Ҳам аз мусибатҳое, ки ба шахси муқобили ӯ меояд мамнун ва хушҳол шуда, аз неъмат ва эҳсоноте, ки ба нафари муқобили ӯ меояд маҳзун шуда ба қадру раҳмати Илоҳӣ дар ҳаққи ӯ қаҳр мекунад. Одато ба қадари Илоҳӣ танқид мекунад, ва ба раҳмати Илоҳӣ эътироз мекунад. Касе, ки ба қадари Илоҳӣ танқид кунад, монанди он аст, ки сари худро ба сангдони оҳангаре мезанад ва сари худро мекафонад. Яъне ҳар чӣ қадар, ки сари худро ба сангдони оҳангарӣ бизанад ва ё ба девор ҳам бизанад, қадари Илоҳиро тағир дода наметавонад. Касе, ки ба рахмати Илоҳӣ эътироз кунад, аз раҳмати Илоҳӣ маҳрум хоҳад монд.