Ба саволи сеюм мегӯем ки: Тасодуми афкоре, ки бо номи ҳақ ва ба ҳисоби ҳақиқатро изҳор карда ва ба ҳисоби ҳақиқат мебошад, дар мақсад ва асос баробар ва бо иттифоқ, дар сабабҳо ихтилоф мекунад. Ҳар гӯшаи ҳақиқатро изҳор карда, ба ҳақ ва ҳақиқат хизмат мекунанд. Фақат аз як тарз тасодуми афкоре, ки тарафгирона ва ба ҳисоби нафси аммораи фиръавнона ва худфурӯшона ва шӯҳратпарварона мебошад, на дурахшишу нуроният  ва нури ҳақиқат, балки аташҳои фитна пайдо мешавад. Чунки, дар мақсади иттифоқ лозим бояд бошад, вале боиси сабаби оташи фитна мешавад. Барои афкори ингуна ашхос, ки сабаби оташи фитна мешаванд, дар кураи замин низ нуқтаи висол ва расидан ба мақсад пайдо нахоҳад шуд. Барои ин ки ба номи ҳақ намебошад. Бениҳоят муфритона ва аз ҳад гузаштагӣ ва беандоза бо туғён ҳаракат мекунанд. Ва ба иншиқоқҳои илтиёмнопазир сабабитият медиҳанд. Яъне ба иншиқоқ ва ҷудоиҳое, ки монанди захмоҳои хуб нашудани боис мешаванд. Ҳоли олам ба ин шоҳид аст.