Ҷиҳати якум: Аз дидгоҳи ҳақиқат зулм аст.

Эй одами бе инсофе, ки бо бародари мӯъмини худ, кинаву адоват ва душманӣ мекунӣ!

Ҳамон гунае, ки ту дар як киштӣ ва ё дар як хона бошӣ, ҳамроҳ бо ту нӯҳ нафар инсони бе гуноҳ ва як ҷинояткор бошад, як одаме, ки ба ғарқ кардани он киштӣ ва ё ба сӯзондани он хона кӯшиш кунад, чӣ дараҷа зулм кардани ӯро медонӣ, ва аз зулми ӯ он қадар доду фарёд хоҳӣ кард, ки садои худро ба осмонҳо хоҳӣ шунавонид. Ҳатто танҳо як маъсум бе гуноҳ ҳамроҳ бо нӯҳ нафари ҷонӣ ҷинояткор бошад боз ҳам ба ғарқ кардани он киштӣ ҳеҷ як қонуни адолат иҷозат нахоҳад дод.

Айнан ингуна ту, вуҷуди як мӯъмин, ки хонаи Раббонӣ ва киштӣи илоҳӣ гуфта мешавад, ки дар он монанди имон, исломият ва ҳамсоягӣи нӯҳ не, балки бист сифати маъсумона дар ӯ мавҷут аст. Аз рӯи як сифати музир ва ҷонии вай, ки хуши ту намеояд, ба хотири он ба  хароб кардани он хонаи маънавӣ ва ғарқ кардани он киштии маънавие, ки вуҷуди ӯ мебошад, ташаббус ва иқдом ва ё орзу кунӣ, ин кори ту низ монанди кори он шахс, зишт, душманона ва як зулми золимона мебошад.

Ҷиҳати дуюм: Аз диди ҳикмат низ зулм аст.

Зеро маълум аст, ки адоват ва муҳаббат, монанди нур ва зулумот ба як дигар зид ҳастанд. Ҳар дуи онҳо аз назари маънои ҳақиқӣ якҷоя ҷамъ шуда наметавонанд.

Агар муҳаббати ҳақиқӣ, аз назари сабабҳои баланд будани худ дар як қалб пайдо шавад, он вақт адоват маҷозӣ хоҳад шуд, ва шакли дилсӯзӣ ба худ мегирад. Бале, мӯъмин бародари худро дӯст дорад ва бояд, ки дӯст бидорад. Ба хотири ҳоли бад ва зишти ӯ танҳо дил бисӯзонад. На аз рӯйи таҳаккуму зӯроворӣ, балки аз рӯи лутфу марҳамат ба ислоҳ ва тарбияти вай саъю кӯшиш кунад. Ба хотири он бо насси ҳадиси шариф гуфта шуда аст, ки «як мӯъмин бо мӯъмини дигар аз се рӯз изофа набояд, ки қаҳр кунад ва биранҷад ва набояд, ки қатъи муколама намояд».