Солисан: Ту қусури нафси худро, ки намебинӣ ва дидан намехоҳӣ бубин. Як ҳисса низ ба ӯ биде. Баъдан ба муқобили он ҳиссаи хурди боқимонда бо олиҷаноб ва бо афву, ки бисёр бо саломат ва бисёр тез душмани туро мағлуб хоҳат сохта муқобила намои аз зулм ва аз зарар наҷот хоҳӣ ёфт. Вагарна монанди як яҳудии зарфурӯш ва маст ва девона шуда ва шишаҳо ва порчаҳои яхро ба қиматбаҳои алмос мехарад  ба панҷ пул намеарзидани фонӣ, бедавом ва беаҳмияти умури дунёӣ, гуё абадӣ ва доими баробар дар дунё мемонада бошӣ бо як ҳирси шадид ва бо як кинаи доими давомдор бо адоват муқобила кардан, як золимият аст, ва ё як мастӣ аст, ва ё як навъи девонагӣ аст.

Инак, адоват ва фикри интиқом, ки аз назари шахси инқадар музир мебошад. Агар шахсӣ худро дӯст дорӣ, роҳ маде, ки адоват ва фикри интиқом дар қалби ту ҷо бигирад. Агар дар қалбат ҷо гирифта бошад, гуфтаҳои ӯро гӯш макун. Нигоҳ кун, ҳақиқатбин Ҳофизи Шерозиро гӯш кун:

Дунё на матоъест, ки арзад ба низоъе

Яъне: “Дунё онгуна як мато ва моле нест, ки ба як низоъ ва ситеза биарзад.” Чунки фонӣ ва бе давом аст. Ба сабаби фонӣ будан ва бе давом буданаш бе аҳмият мебошад. Ин дунёи бузург ингуна бе аҳмият бошад, чизҳои ҷузъӣ, ки дар ин дунё мавҷуд аст, чӣ қадар бе аҳмият будани онро худат медонӣ!… Ҳам гуфтааст:

Осоиши ду гетӣ тафсири ин ду ҳарфаст,

Бо дӯстон мурувват бо душманон мудоро.