Ин порча бисёр бо аҳамият аст

Нуқтаи аввал: Ҷаноби Ҳақ аз камоли карами худ ва аз марҳамату адолати худ, дар дохили некии дар ҳолӣ, як мукофот ва дар дохили зиштиҳои дар ҳолӣ, як ҷазо дарҷ кардааст. Барои баёд овардани савоби охират дар дохили ҳасанот, лаззатҳои маънавиро, барои эҳсос кардани азоби охират, дар дохили гуноҳҳо чизҳои маънавиро дарҷ кардааст.

Масалан: Дар мобайни мӯъминҳо муҳаббат, барои аҳли имон як ҳасанаи хуб аст. Дар дохили он ҳасана барои баёд овардани савоби моддии охират, лаззати маънавӣ, завқ, кушода шудани қалб дарҷ шудааст. Ҳаркас ба қалби худ муроҷиат кунад, ин завқро ҳис хоҳад кард.

Масалан: Дар мобайни мӯъминон хусумат ва адоват, гуноҳ мебошад. Дар дохили он гуноҳ, қалб ва рӯҳро бо нороҳатиҳои хафа кунанда азоби виҷдониро ба рӯҳҳои олиҷаноб ҳис хоҳад кард. Ман шахсан худам балки аз сад маротиба зиёдтар таҷриба кардаам ки: Агар ба як бародари мӯъмини худ адоват мекардам ба сабаби он адоват он гуна азоб мечашидам, ки шубҳа намегузошт, ки ба ин гуноҳи дар ҳолӣ, як ҷазои дар ҳолист, болои ман кашонида мешавад. Дар он бадӣ, Худо (ҷ) як азоби маънавии хафакунандаи қалбӣ ва рӯҳӣ дарҷ кардааст.

Масалан: Ба зотҳое, ки ба ҳурмат лоиқанд ҳурмат ва ба касоне, ки лоиқи марҳаматанд марҳамат як ҳасана ва некӣ аст. Дар ин некӣ ба дараҷаи эҳсос кардани савоби ухравӣ, онгуна як завқи бо лаззат мавҷуд аст, ки ин завқ ба дараҷаи фидо кардани хаёти худ он ҳурмату марҳаматро ба пеш меорад. Як модар ба хотири хизмат ба фарзандҳояш ва аз марҳамат ва шафқат болои фарзанди худ онгуна як завқ ва лаззат мегирад ва то ба дараҷае мерасад, ки бахотири он авлоди худ, ҷони худро фидо мекунад. Мурғе, ки барои наҷот додани аввлоди худ, худро болои шери дарранда меандозад, аз олами ҳайвонот ба ин ҳақиқат як мисоли бориз (ошкор) мебошад. Пас маълум мешавад, ки дар марҳамат ва ҳурмат як мукофоти дарҳолӣ  мавҷуд аст. Инсонҳои олиҷаноб ва олиҳиммат онро ҳис мекунанд, ки қаҳрамонона як вазъият мегиранд.