Ба саволи аввал мегӯем ки ихтилофе, ки дар ҳадиси шариф аст, як ихтилофи мусбат мебошад. Яъне ҳар яке ба таъмир ва ривоҷи маслаки худ саъю кӯшиш мекунанд. На ба нобуд кардани маслаки якдигар. Балки ба такмил ва ислоҳӣ маслаки якдигар саъю кӯшиш мекунанд. Аммо ихтилофи манфӣ бошад, ғаразкорона, адоваткорона ба тахриби якдигар кӯшиш кардан мебошад, ки аз назари ҳадиси шариф ингуна ихтилофи манфӣ мардуд аст. Чунки, ононе ки бо ҳам ҷангу ҷанчолӣ ва маноқиша мекунанд, наметавонанд, ки бо ҳам ҳаракати мусбат кунанд.

Ба саволи дуюм мегуем ки: Тарафгирӣ агар ба номи ҳақ бошад, ба ҳақдорон метавонад паноҳгоҳе барои аҳли ҳақ бошад. Фақат тарафгирие, ки монанди ҳоли ҳозир ғаразкорона ва ба ҳисоби нафс мебошад, ба но ҳақҳо паноҳгоҳ аст, ки ба онҳо нуқтаи истинод ташкил хоҳад кард. Чунки, як одаме ки тарафгири ғаразкорона кунад, агар назди ӯ як шайтон биёяд ва ба фикри ӯ ёрдам ва кӯмаке кунад, он одам ба он  шайтон раҳмат хоҳад хонд. Агар ба тарафи муқобил ӯ монанди малоика як одам биёяд, ба ӯ ҳошо! Ба дарҷаи лаънат хондан ноҳақӣ ва бе ҳурматӣ нишон медиҳад.