Агар сабабҳои адоват ва хусумат ва душманӣ ғалаба кунад, адоват ва душманӣ ба сурати ҳақиқӣ дар як қалб пайдо шавад, он вақт муҳаббат маҷозӣ ва ғайри воқеъи хоҳад шуд, ба сурати тасаннӯъ  ва сохтагӣ ва зоҳирӣ ва тамаллуқ дар хоҳад омад.

Эй одами бе инсоф! Ҳоло нигоҳ кун, ки барои бародари мӯъмини худ кина ва адоват чӣ қадар зулм аст. Чунки, ҳамон тавре ту сангҳои хурди оддиро аз каъба бисёр бузург ва бо аҳмият ва аз кӯҳи Уҳуд бисёр баланд бигуйи, як бе ақлии зишт мекунӣ. Айнан ин тавр: Имони як мӯъмин, ки ба андозаи Каъбаи Шариф шараф, ҳайсият ва ҳурмат дорад, ва исломияте, ки монандӣ кӯҳи Уҳуд бисёр авсофи исломии бузург ва бо азамат дорад. Дар ҳоле, ки имон ва исломият муҳаббат ва иттифоқро мехоҳад, баъзе қусуроте, ки монанди сангҳои оддӣ ва сабаби адоват ва душманӣ ба муқобили мӯъмин мегардад, ва он қусуротро ба муқобили имон ва исломият тарҷеҳ кунад, чӣ дараҷа бе инсофӣ ва беақлӣ ва як зулми бузург будани онро агар ақл ва фаросат дошта бошӣ хоҳӣ донист.

Бале тавҳиди имони албатта тавҳиди қалбҳоро мехоҳад, ва тавҳиди эътиқод низ тавҳиди иҷтимоиро талаб мекунад ва зарури мешуморад. Бале ин кор карда нахоҳӣ тавонист ки: Ту дар як қитъи аскари баробар бо як одами дигар бошӣ, ба муқобили он одам ба як робитаъи дӯстона зарурат ҳис хоҳӣ кард. Ва ба хотире, ки таҳти амри як фармондеҳ мебошед, ба як робитаи рафиқона ва дӯстона алоқаи эҳсос хоҳӣ кард. Ба хотире, ки дар як мамлакат зиндагӣ мекунед, ба як муносибати уҳувваткорона ва дӯстона ҳис пайдо хоҳӣ кард. Зеро нур ва шуури имон ва ислом ба андозаи  номҳои илоҳӣ алоқаҳои ваҳдат ва як порчагӣ ва робиттаҳои иттифоқ ва муносиботи ухувват ва бародарӣ мавҷуд аст. Масалан: