Аҷабо, аз як чизе, ки ба душманӣ як рӯза наарзад, як сол бо кина ва душманӣ муқобила карданро кадом инсоф қабул хоҳад кард, ба кадом виҷдон хароб нашуда ва солим ҷой хоҳад гирифт? Дар ҳоле, ки як бадӣ ва ё зиште, ки аз бародари мӯъмини ту ба ту содир шавад, тамоми он бадӣ ва зиштиҳоро ба ӯ ҳавола карда ӯро маҳкум карда наметавонӣ. Чунки:

Аввалан: Дар он қадари Илоҳиро ҳиссае мебошад. Он ҳиссае қадарро ҷудо карда ба муқобили он ҳиссае қадар ва қазо бо ризо муқобила кардан лозим аст.

Сониян: Дар он қусур нафс ва шайтонро низ ҳисса мебошад, пас бояд ту ҳисси нафси шайтониро низ дар назар бигирӣ. Ба ҷое, ин ки ба ӯ душмани кунӣ, ба ӯ дилсӯзӣ ва марҳамат кун. Чунки, нафс ва шайтони ӯ болои ӯ ғолиб омадааст. Пас бояд, ки ту ба надомат (тавба) ва пушаймони ӯ интизор шавӣ.