Хотима

ДАР ҲАҚҚИ ҒАЙБАТ

بِاسْمِهٖ وَ اِنْ مِنْ شَىْءٍ اِلَّا يُسَبِّحُ بِحَمْدِهٖ

Дар Мақоми Нуқтаи Панҷуми Шуоъи Якуми Шӯълаи Якуми Калимаи Бисту Панҷум аз мисолҳои зам ва заҷр, яъне бад гӯӣ ва айбҷӯйӣ, ки дар як ояти муҷизона бо шаш тарз аз ғайбат нафрат намуда дар назари Қуръон чӣ қадар  зишт ва палид будани ғайбатро тамоман нишон дода ба баёноти дигаре эҳтиёҷ нагузаштааст. Бале баъд аз баёни Қуръон баёни дигар набояд бошад ва эхтиёҷ ҳам нест.

Инак дар ояти 10 اَيُحِبُّ اَحَدُكُمْ اَنْ يَاْكُلَ لَحْمَ اَخٖيهِ مَيْتًا  бо шаш дараҷа замро яъне бадгӯӣ ва айбҷӯӣро накӯҳиш мекунад. Аз ғайбат дар шаш мартаба бошиддат заҷр мекунад. Ин оят билфеъл, яъне амалан ба ғайбат кунандагон мутаваҷҷеҳ шавад, маънояш ба тарзе, ки дар поён зикр шудааст мебошад. Ингуна ки: