Маълум аст: Алиф, ба ибораи дигар ҳамза, ки дар аввали оят қарор дорад, савол кардан, яъне (оё)ро ифода мекунад. Он савол кардан яъне (оё) монанди об ба тамоми калимаҳои оят дохил мешавад. Дар ҳар калима як ҳукми зимнӣ (махфӣ) мебошад.

Инак, якум: Бавоситаи ҳамза мегӯяд, ки оё шумо ақл, ки маҳали савол ва ҷавоб мебошад, надоред, ки ин қадар як чизи зиштро намедонед?

Дуюм, бо лафзи  يُحِبُّ мегуяд ки: Оё қалби шумо, ки маҳали дӯст доштан ва нафрат мебошад, хароб шудааст, ки ин қадар як кори манфур (нафратшуда)-ро дӯст дорад?

Сеюм: Бо калимаи اَحَدُكُمْ мегӯяд ки: Ҳаёти маданият ва иҷтимои шуморо, ки ҳаёти худро аз ҷамоат гирифта ва қатъ кардааст, чӣ шудааст ки ингуна амале, ки ҳаёти шуморо заҳролуд сахтааст қабул мекунад?

Чорум, бо каломи يَاْكُلَ لَحْمَ мегӯяд ки: Инсонияти шуморо чӣ шуда аст, ки гӯё монанди ҷонварони дарранда дӯст ва рафиқи худро бо дандон пора мекунад.

Панҷум, бо калимаи اَخٖيهِ мегӯяд ки: Оё ҳеҷ риққати ҷинси, яъне силлаи раҳм ва шафқати ҷинси надоред, ки як шахси мазлумро, ки аз бисёр ҷиҳатҳо бародари шумо мебошад шахсияти маънави вайро бо беинсофи дандон мекунед? Ва ҳеҷ ақл надоред, ки аъзои худатонро худатон девонавор дандон мекунед?

Шашум, бо каломи مَيْتًا  мегӯяд ки: Виҷдони шумо куҷост? Оё сиришт ва фитрати шумо хароб шудааст, ки ба муқобили бародари муҳтарами худ ингуна амали зиштро анҷом медиҳад? Яъне гӯё гӯшти ӯро бо дандон мегазед ва мехӯред.