Ҳам масалан: Дар ҳирс ва исроф онгуна як ҷазое мавҷуд аст, ки боиси як ҷазои қалбӣ, маънавӣ, шикояти кунҷковӣ ва нигарони мегардад, ки инсонро сарсом ва аблаҳ месозад. Ва дар ҳасад онгуна як ҷазои дарҳолӣ мавҷуд аст ки: Он ҳасад, ҳасад кунандаро месӯзонад.

Ҳам дар таваккул ва қанот онгуна мукофот мавҷуд аст ки: Он савоби бо лаззати дарҳолӣ, балои фақру ҳоҷатро дафъ мекунад.

Ҳам масалан: Дар ғурур ва кибр онгуна як бори сангин мавҷуд аст ки: Одами мағрур аз ҳар кас ҳурмат мехоҳад, аз сабаби он талаби ҳурмат, вақте ки беаҳамиятӣ бубинад, доимӣ азоб мекашад. Бале ҳурмат дода мешавад, хоста намешавад.

Ҳам масалан: Дар тавозуъ ва дар тарки аноният ва худхоҳӣ ва худбинӣ онгуна як мукофот мавҷуд аст, ки инсон худро аз зери бори сангин ва шахс худро аз хунук назарӣ ба дигарон наҷот медиҳанд.

Ҳам масалан: Дар суизан ва суитаъвил яъне дар гумони бад, ва таъвили бад дар ин дунё як ҷазои дарҳолӣ мавҷуд аст бо қоидаи «Ман даққа дуққа» касе, ки суизан кунад ба суизан дучор мегардад. Касоне, ки ҳаракоти бародарони мӯъмини худро таъвили суъ карданд, дар замони бисёр наздик ҳаракоти эшон ба тавил суъ дуҷор мешаванд, ҷазоашро хоҳанд кашид. Ва ҳоказо… тамоми ахлоқи ҳасана ва бад бо ин муқоисаҳо андоза бояд шавад.

Ман аз раҳмати Илоҳӣ умед мекунам, ки он зотҳое, ки аз эъҷози маънавии Қуръон, ки дар ин замон ба воситаи Рисолаи Нур зуҳур кардааст. Ин завқи маънавиро ҳис карда, ба бадахлоқӣ мубтало нахоҳанд шуд, Иншоаллоҳ

***