Боби дуввум

1بِسْمِ اللّٰهِ الرَّحْمٰنِ الرَّحٖيمِ

8اِنَّ اللّٰهَ هُوَ الرَّزَّاقُ ذُو الْقُوَّةِ الْمَتٖينُ ۞ وَكَاَيِّنْ مِنْ دَٓابَّةٍ لَا تَحْمِلُ رِزْقَهَا اَللّٰهُ يَرْزُقُهَا وَاِيَّاكُمْ وَ هُوَ السَّمٖيعُ الْعَلٖيمُ  

Эй аҳли имон! Собиқан бо зарар будани душманиро донистӣ. Ҳам бидон, ки ба ҳаёти Исломӣ ба қадари адовату душманӣ як марази бо зарар ва мудҳиши хатарноки дигар низ ҳирс мебошад. Ҳирс сабаби иллату зиллат ва ҳайбат аст ва маҳрумият ва пастиро ба бор меорад. Бале, аз ҳар миллат зиёда бо ҳирс ба дунё ҳамла карда зиллат ва сафолати миллати яҳудӣ, ба ин ҳукм як шоҳиди қатъӣ мебошад. Бале ҳарисӣ, дар олами зиҳаёт аз як доираи васеъ то ба андозаи як фарди ҷузъӣ сӯъи тасир, яъне таъсири бади худро нишон медиҳад. Баръакс талаби ризқ таваккулвор бошад, сабаби роҳат мебошад. Ва дар ҳарҷо ҳусни таъсири худро нишон медиҳад. Инак, як навъи зиҳаёт ва муҳтоҷ ба ризқ, ки дарахтони мевадор ва наботот мебошад, ки таваккулвор, қаноаткорона дар ҷойҳои худ истода ба сабаби ҳирс нишон надодани худ, ризқҳои эшон давида назди эшон меёяд.