Ҳам дар ҳар сол танҳо як моҳ, як гуруснагие, ки дар он ҳафтод ҳикмат дарҷ шудааст аз мо талаб намуд. Мо ба нафси худ дил сӯзӣ карда, як гуруснагии муваққат ва бо лаззатро таҳамул накардем. Ҷаноби Ҳақ ҷазои онро бо ҳафтод ҷиҳат як навъи рӯзаи бо мусибатро дар зарфи панҷ сол болои мо ҷубран гирифтонд.

Ҳам аз бисту чаҳор соат танҳо як соати онро барои як навъи таълимоти Рабоннӣ, ки хуш ва улвӣ, нуронӣ ва бо фоида буд, аз мо талаб кард. Мо танбали карда он намозро ба ҷо наовардем, яъне одо нанамудем. Он як соатро ба соатҳои дигар илова намуда бефоида гузарондем. Ҷаноби Ҳақ ба ивази каффорати он, панҷ сол болои мо бо таълим ва таълимот ва давониданиҳо як навъи намоз гузаронид.” Гӯфта будам. Баъдан ба худ омадам, андешидам, фаҳмидам, ки дар он хоби хаёли як ҳақиқат бисёр муҳим мавҷуд мебошад. Дар Гуфтори Бисту Панҷум бинобар исбот ва баёни баҳси мувазана байни ҳукми Қуръон ва маданият, сарчашмаи тамоми бадахлоқиҳои ҳаёти иҷтимоии башар ва сарчашмаи тамоми ихтилолҳо ва бе назмиҳо ду калима мебошад.

Якум: “Вақте, ки ман сер бошам дигараш аз гуруснагӣ бимирад ба ман чӣ.”

Дувум: “Ту кор кун ман бихӯрам.”

Идома диҳандаи ин ду калима низ ҷараёни рибо ва тарки закот мебошад. Чораи ягонаи тадовии ин ду марази мудҳиш ва хатарноки иҷтимои, иҷрои закот ба сурати як дастури умумӣ, вуҷуби закот ва ҳурмати рибо мебошад.