Бародарони азиз ва сиддиқам!

Дар ин дунё, хусусан дар ин замон, дилтангиҳо, нороҳатиҳо, беҳавсалагиҳо, ғаму ғуссаҳо ва маъюсиятҳои бо даҳшате, ки хусусан ба мусибат афтодагон ва билхосса шогирдони Рисолаи Нур ба он дучор шудаанд, ба муқобили ин маюсиятҳо ва мушкилоти чораи хеле бо таъсир; ба якдигар тасалӣ ва фарох додан ва қувваи маъновиашро тақвия кардан, ва монанди як бародари ҳақиқӣ ва вафодор, ба ғаму ғуссаҳои якдигар марҳам ниҳодан ва бо шафқати том, қалби ғамгин ва маҳзуни якдигарирро навозиш ва дилдорӣ кардан аст. Ухуввати ҳақиқӣ ва ухравие, ки мобайни мо ҳаст, ранҷидан ва тарафгириро намебардорад. Модоме, ки ман ба шумо бо тамоми қуввати худ эътимод карда камари худро баста карда ба хотири шумо на танҳо истироҳати худро ва хайсият ва шарафи худро, балки бо мамнуният ва хушҳолӣ, рӯҳи худро низ фидо кардани маро медонед ва балки ҳам мебинед. Ҳатто бо қасам тамин мекунам, ки ҳашт рӯз мешавад, ки ду шогирди Рисолаи Нур, ки ду рукн ва асос ва пояи Рисолаи Нурро ташкил мекунанд, ба сабаби як воқеаи бе аҳамият зоҳирӣ баҷои ин, ки ба якдигар тасалли бидиҳанд, аз якдигар хафа шудаанд. Ин воқеаи беаҳамият дар ин вақт қалби маро азоб медиҳад ва аз ҷиҳати ин азоб:

Эйво! Эйво! Аламон! Аламон! Ё Арҳамар­роҳимин мадад! Моро муҳофизат кун! Моро аз шарри шайтонҳои инси ва ҷинни наҷот бидеҳ! Қалбҳои бародаронамро ба муқобили якдигар том бо садоқат ва муҳаббат ва бо ухувват ва шафқат пуркун! Гуфта ҳам қалбам ҳам рӯҳам ҳам ақлам фарёд карда гиря карданд.

 Эй бародарони устувори оҳанинам! Ба ман кумак кунед, масъалаи мо бисёр нозук аст. Ман ба шумо бисёр бовар мекардам, ки тамомои вазифаҳои худро бо шахси маънавии шумо супорида будам. Шумо низ бо тамоми қуввати худ ба мадад ва кумаки ман бояд, ки бишитобед. Гар чи ҳодисаатон бисёр хурд ва ҷузъи буд. Фақат як мӯйи борик ва ё як заррае, ки болои чашми мо ва ё болои ақрабаки соати мо биафтад, моро озурда месозад. Ва ин нуқта низ бо аҳмият аст, ки се чизи моддӣ таркида ва се мушоҳидаи маънавӣ тамоман хабар доданд.

Саъид Нурсӣ

***