Яъне: “Роҳат ва саломатии ду ҷаҳонро ин ду ҳарф тафсир мекунад, сабаби ба даст овардани нафъи он мешавад. Яъне, ба муқобили дӯстон бо мурувват ва инсоф ва ҷавонмардӣ ва самимият муъошират ва муносибат кардан аст ва ба муқобили душманон сулҳомез муомила кардан аст.”

Агар бигӯӣ: Ихтиёр дар дасти ман нест, адоват дар фитрати ман вуҷуд аст, ин хислати душманиро ман раҳо карда наметавонам.

Алҷавоб: Агар аз бадрафторӣ ва бад ахлоқӣ ва аз хислати бад асаре дида нашавад, ва аз ғайбат ва аз чизҳое, ки боиси иқтизо ва лузуми ғайбат мешавад амал карда нашавад, қусури худро ҳам бидонад, зараре нахоҳад дошт. Модоме, ки ихтиёр дар дасти ту нест ва аз адоват ва душманӣ даст бардошта наметавонӣ, айби худро ва бадрафторӣ ва бадахлоқии худро низ медонӣ, инҳоро донистани ту сабаби як пушаймони маънавӣ, як тавбаи махфӣ ва як истиғфори зимнӣ ва пинҳони мешавад, ки туро аз шарри адоват ва душманӣ наҷот медиҳад. Зотан мо ин мактубро навиштем то як истиғфори маънавиро таъмин кунад, ноҳаққӣ ва ноадолатиро ҳақ ва адолат надонад. Душмании барҳақро, ноҳақ бар сари забон наёварӣ.