Аҳли қаноат ва аҳли ҳирс, ба ду шахсе мемонанд, ки дар меҳмонхона як одами бузурге дохил мешаванд. Аз он ду шахс яке дар қалби худ мегӯяд “маро танҳо қабул кунда то аз сармои берун наҷот ёбам кофист. Ҳатто агар поёнтарин ҷойгоҳро низ ба ман бидиҳанд, лутфи бузург дар ҳаққи манааст.”

Аз он ду шахс, одами дуюмӣ гӯё ҳаққе дошта бошад, ки ҳар кас маҷбур ба ҳурмат кардани ӯ бошад, мағрурона мегӯяд, ки “бояд болотарин ҷойгоҳро ба ман диҳанд.” Бо он ҳирс дохил мешавад, чашми худро ба мавқеъҳои боло медӯзад. Мехоҳад ба он мавқеъҳо биравад, фақат соҳиби меҳмонҳона ӯро баргардонда ба поин менишонад. Дар сурате, ки ба соҳиби меҳмонхона ташаккур кунад, баҷои ташаккур аз қалби худ қаҳр мекунад ва асабонӣ мешавад. Ташаккур накарда, баръакс соҳиби хонаро танқид мекунад.

Соҳиби хона низ аз ӯ истисқол мекунад. Яъне ба ӯ аҳмият намедиҳад.

Шахси якум, мутавозиона (хоксор) дохил мешавад. Мехоҳад, ки дар поён бинишинад, соҳиби меҳмонхона аз ин қаноати шахси якум хушаш меояд. “Ба ҷойгоҳи боло бифармоед” мегӯяд. Ӯ низ ба дараҷа дараҷа ташаккуроти худро баён мекунад, мамнунияташ зиёда мешавад. Инак, дунё як меҳмонхонаи Раҳмонӣ аст. Рӯйи замин як суфраи Раҳмат аст. Дараҷаҳои ризқҳо ва мартабаҳои неъмат низ ба ҳукми ҷойгоҳҳо мебошад. Яъне дараҷоти ризқҳо ва мартабаҳои неъмат низ, аз худ мартабаҳо дорад. Ҳам дар корҳои хеле ҷузъӣ низ ҳар кас таъсири бадии ҳирсро ҳис мекунад.