Элҳосил: Муҳаббат ва дӯст доштан, мизоҷ ва ахлоқи Исломият аст, ва робитаи онҳо аст. Аҳли залолат ва гумроҳ, ба як тифли бадмизоҷ ва бадахлоқ монанд аст, ки гиря кардан мехоҳад, чизеро ҷустуҷӯ мекунад, ки ба баҳонаи он гиря кунад. Як чизи беаҳамият монанди боли магас ба гиря кардан вай баҳона мешавад. Ҳам ба як одами бадбин  ва бадандеш шабоҳат дорад, то вақте, ки имкони суизан бошад ҳусни зан кардан намехоҳад. Бо як гуноҳ ва бадӣ, даҳ ҳасана  мепӯшонад. Ин бошад дуруст нест. Зеро инро инсоф ва ҳусни зан, ки одат ва ахлоқи Исломият аст, рад мекунад.

***

 

Бародарони азиз ва сиддиқам!

Як андешае, ки дар қалбам якбора омада буд, барои шумо баён мекунам.

Аҳли залолат, дар ҳоле, ки бо шамшери алмос монанди Рисолаи Нур муқобила карда наметавонанд, дар дохили шогирдони Рисолаи Нур аз ҷиҳати дарди маишат ва аз ҷиҳати ғафлати мавсими баҳор истифода карда, аз мухолифати машраб, ахлоқҳо ва аз ҳиссиёти шогирдони Рисолаи Нур истифода намуда рагҳои заифияшонро ба даст оварда дар дохили шогирдони Рисолаи Нур тасонуд, иттифоқ ва иттиҳодро барҳам задана хароб карданро мехоҳанд, ки ин кори зишти эшонро ҳис ва дарк кардам.