Инҳо аз ҳайвонот зиёд авлод мепарваронанд. Ҳайвонот бошад, ба сабаби инки бо ҳирс ба суӣ ризқҳои худро медаванд, бо бисёр заҳмат ва бо нуқсоният ризқҳои худро ба даст  оварда метавонанд. Ҳам дар дохили доираи ҳайвонот таваккул кардани атфоли ҳайвонот бо лисони заъф ва аҷзашон ва ба ин сабаб дода шудани ризқи эшон ба сурати машрӯъ ва мукаммал ва латиф аз хазинаи раҳмат, ва ҷонвароне, ки бо ҳарисӣ ба разоқҳои худ ҳамла карда ва ғайри машрӯъ, бо заҳмати бисёр бадаст овардани ризқи нохушияшон нишон медиҳад, ки ҳирс сабаби маҳрумият аст. Таваккул ва қаноат бошад, василаи раҳмат аст.

Ҳам дар доираи инсонӣ аз ҳар миллати дигар зиёда бо ҳирс ба дунё часпидан ва бо ишқ ба ҳаёти дунявӣ дил додани миллати яҳудӣ, манфиате ки бо заҳмати зиёд бадаст меорад, фоидааш барои худаш кам, танҳо ба сабаби хазинадори намудааш бо як сарвати рибоӣ, яъне фоизӣ ва ғаёри машрӯъ ва хурдони шаллоқи зиллату пастӣ аз тамоми миллатҳо, қатл ва хиёнат нишон медиҳад, ки ҳирс маъдани зиллат ва ҳасорат мебошад. Ҳам як инсони ҳариз, ҳар вақт доир ба афтодани ӯ ба ҳисорат онқадар воқеъҳо мавҷуд аст ки اَلْحَرٖيصُ خَائِبٌ خَاسِرٌ ба ҳукми зарбул масал гашта дар назари умум бо сурати як ҳақиқати омма қабул шудааст.