Дар ҳоле, ки закот барои ҳар шахс сабаби баракат ва дафъи балоҳо мебошад. Касе, ки закот намедиҳат ба ҳар ҳол аз дасташ ба миқдори закоти молаш берун хоҳад шуд. Ё ба ҷои ғайрилозим сарф хоҳад кард. Ва ё як мусибат омада хоҳад бурд.

Дар як хоби хаёли бо ҳақиқат, дар соли панҷум, ҷанги ҷаҳонии яукум, дар як хоби аҷиб аз ман савол шуд:

“Ин гуруснагӣ, ин аз байн рафтани мол ва машақатҳои бадани болои мусулмонон аз барои чист?”

Дар хоб гуфта будам:

“Ҷаноби Ҳақ аз баъзе молҳо аз даҳ як ([1]) ва ё аз баъзе молҳо аз чил як ([2]), аз он чил ҳисса  як ҳисса мехоҳад. Аз молҳое, ки худи Ҷаноби Ҳақ барои мо дода буд аз он якеро хост то, ки барои мо сабаби бадаст овардани дуоҳои фақирҳо шавад ва кина ва ҳасадҳои эшонро аз мо манъ кунад. Мо аз барои ҳирси худ тамаъкори намуда надодем. Ҷаноби Ҳақ закоти мутарокими худро яъне закоти ҷамъ шударо аз чил сий, аз даҳ ҳашт ҳиссаро гирифт.

[1]    Ҳошия: Яъне дар ҳар сол аз малҳои тоза монанди гандум аз даҳ яки.

[2]    Ҳошия: Яъне аз молҳоие ки собиы дода аст, аз чил  яки: монади гов, гӯсфанд, шутур ва дигар ки, дар ҳар соли щолибан аз ҷиҳати рибҳи тиҷорӣ ва насли ҳайвони аз он чил даҳ дона тоза медиҳад.