Баъзан инсон ба воситаи нафс ва ғурури худ ва ба гумони инки гӯё, ки ӯ бо ҳақ бошад бо бародари мӯъмини худ душманӣ ва адоват мекунад. Дар ҳале, ки ӯ қатъан ҳақ надорад, ки бо бародари мӯъмини худ адоват ва душанӣ кунад. Бо бародари мӯъмини худ ба ҷои муҳаббат адоват кардан, имон ва исломият, ки дар миёни мӯъминон сабаби муҳаббат мебошад, онро истихфоф ва таҳқир кардан аст. Ва қиматҳои онҳоро танзил кардан ва ба поён овардан аст. Сабабҳои беаҳамияти адоватро ба сабабҳои бисёр боаҳмият муҳаббат тарҷеҳ кардан як девонагӣ аст. Модоме, ки муҳаббат ва адоват зидди якдигаранд, ҷамъ шудани ҳақиқии онҳо мумкин нест. Сабабҳои кадом аз инҳо ғолиб шавад ба сурати ҳақиқӣ дар қалб ҷой хоҳад гирифт. Масалан: Муҳаббат ба сурати ҳақиқӣ дар қалб ҷо бигирад, он вақт адоват ба марҳамат ва шафқат табдил мешавад. Ба муқобили мӯъминон ҳол инаст. Вақте, ки адоват ба сурати ҳақиқӣ дар қалб ҷо бигирад, он вақт муҳаббат ба тасаннӯъ ва тамаллуқ ва чоплуси табдил мешавад. Яъне ба сурати дӯстии зоҳирӣ табдил мешавад. Ин ҳол ба муқобили аҳли залолат дар вақти адами таҷовуз вақеъ шуда метавонад. Чунки имон, исломият, ҷинсият ва инсоният, ки занҷирҳо ва қалъаҳои қавӣ ва нурони мебошад, ки сабабҳои ташкили муҳаббат мешавад. Ба муқобили мӯъминон сабабҳои адоват аз миёни сабабҳои хусусӣ бармехезад, ки он сабабҳои хусусӣ ба сагҳои хурд ва майда шабоҳат дорад. Пас он кас, ки бо маънои ҳақиқӣ бо мусулмон адоват кунад, бо сабабҳои муҳаббате, ки монанди кӯҳҳо мебошад, истихфоф ва таҳқир мекунад. Бисёр як кори зишт ва хато мекунад.