Ҷои таассуф ба як ҳолати иҷтимоӣ ва ба як марази мудҳиши ҳаёти иҷтимое, ки қалби Исломро ба гиря оварда аст:

Дар вақти ҳуҷум кардани душманони хориҷӣ, адовату душманиҳои дохилиро фаромӯш карда душманиҳоро раҳо кардан, ки як маслиҳати иҷтимоӣ мебошад, ин маслиҳатро ақвоми бадавӣ, яъне қавмҳои бодиянишин чодарнишин низ тақдир, таҳсин ва татбиқ кардаанд. Яъне он ақвоми бодянишин ва чодарнишин низ ба муқобили ҳуҷумҳо ва зуҳури душманони хориҷӣ аз адовату душмании дохли дасткашида ва иттиҳоду иттифоқ кардаанд. Ин маслиҳати иҷтимоиро татбиқ кардаанд. Пас дар ин ҳол ва аҳволи ононе, ки даъвои хизмат ба Исломро мекунанд чӣ шудааст, ки бо вуҷуди ин қадар душманони беҳаду канор, ки яке паи дигире вазъияти ҳуҷум карданро гирифтанд, адоватҳо ва душманҳои ҷузъии хешро фаромӯш накарда барои ҳуҷуми душманон, заминро омода мекунанд. Ин ҳолат суқут буда ва ваҳшатовар аст. Барои ҳаёти иҷтимои ислом хиёнат аст.

Мадори ибрат ба як ҳикоя: Аз қабилаҳои чодарнишин як қабилае, ки ба номи қабилаи «Ҳасанон» ёд мешуд. Ба сабаби душмани ба ду тоифа тақсим шуда зиндагӣ мекарданд. Дар ҳоле, ки ин ду тоифа аз якдигир аз панҷоҳ нафар зиёдтар кушта буданд. Бо вуҷуди ин ҳам вақти бо яке аз қабилаи дигаре, ки ба номи «Сепкон» ва ё «Ҳайдарон» муқобил мешуданд, он ду тоифа душманиҳои собиқи худро фаромӯш карда шона ба шона дода то рафъ кардани қабилаҳои хориҷӣ душманиҳои дохилии худро ба хотир намеоварданд.