Нуқтаи сеюм

Як дасисаи шайтоние, ки ҳаёти иҷтимоии инсонро фасод мекунад инаст, ки: Танҳо бо як гуноҳ ва бадӣ як мӯъмин, тамоми некиҳо ва ҳасаноти вайро мепӯшонад. Он беинсофҳое, ки ба гапҳои шайтон гӯш медиҳанд, ба мӯъмин адоват мекунанд. Дар ҳоле, ки Ҷаноби Ҳақ дар ҳашр бо адолати мутлақ дар мизони акбари худ дар вақти вазни аъмоли мукаллафон, ҳасанотро, ба гуноҳҳо ғолибиятро, аз нуқтаи мағлубият содир мекунад. Ҳам сабаби зиёд будани асбоб ва осон будани вуҷуди гуноҳҳо, баъзан Ҷаноби Ҳақ барои як ҳасана бисёр бадиҳоро мепӯшонад, яъне афв мекунад. Пас дар ин дунё низ аз нуқтаи он адолати мутлақ, ки Ҷаноби Ҳақ ба он амр кардааст муомила кардан лозим мебошад. Агар некии як шахс назар ба бадияш, аз назари каммият ва ё кайфият зиёд биёяд, пас он шахс лоиқ ба муҳаббат ва ҳурмат мебошад. Ҳатто ба сабаби кардани як некии бо арзиши вай балки бо як некӣ ва ҳасанаи қиматдор, бисёр гуноҳҳо ва бадиҳои вай бо назар афв нигоҳ кардан лозим мебошад. Дар ҳоле, ки инсон он раги зулме, ки дар фитрат ва сиришти ӯ мебошад ва ба воситаи талқини шайтон сад некии як шахсро ба сабаби як бадии ӯ фаромӯш мекунад, ва ба он бародари мӯъмини худ адоват мекунад, ба он сабаб муртакиби гуноҳ мегардад. Читавре, ки боли як магас болои чашм раҳо шавад, як кӯҳро сатр мекунад ва нишон намедиҳад. Он тавр низ инсон бо он раги ғаразкоронаи худ як бадие, ки ба андозаи боли магас мебошад, ба сабаби он бадӣ як некии бузург монанди кӯҳро мепӯшонд ва фаромӯш мекунад. Ба бародари мӯъмини худ адоват мекунад. Дар ҳаёти иҷтимоии инсонҳо як олати фасод мегардад.

***