Гуфтори Ёздаҳум

 بِسْمِ اللّهِ الرَّحْمنِ الرَّحِيمِ

 وَالشَّمْسِ وَضُحَيهَا ٭ وَالْقَمَرِ اِذَا تَلَيهَا ٭ وَالنَّهَارِ اِذَا جَلَّيهَا ٭ وَ الَّيْلِ اِذَا يَغْشَيهَا ٭ وَ السَّمَاءِ وَمَا بَنَيهَا ٭ وَ اْلاَرْضِ وَمَا طَحَيهَا ٭ وَ نَفْسٍ وَمَا سَوَّيهَا ٭ الخ

Эй бародар!  Мехоҳӣ андаке аз асрори ҳикмати олам, ва муаммои офариниши инсон, ва рамзҳои ҳақиқати намоз огоҳ шавӣ, пас ҳамроҳи ман ба ин ҳикояи тамсилии кӯтоҳ бияндеш!

Замоне подшоҳе буд, бисёр сарватманд ва дорои хазинаҳои бешумор, ки ҳамаи навъи ҷавоҳир, алмос ва зумруд дар он ёфт мешуд. Илова бар ин, хазинаҳои бисёр шигифтангези дигаре низ дошт ва аз камолоташ дар бахши санъатҳои ғарибу пешрафта, маҳоратҳои чашмгире дошт, дар мавриди илмҳо ва навовариҳои аҷибу бешуморе иттилоъу иҳотаи ҳамаҷониба ва аз улуму дониши ҷадиди фаровону фарогире бархурдор буд.

Ин аз асрор аст, ки дорандаи ҳар ҷамолу камол дӯст дорад, ҷамолу  камолашро ҳам худ бубинад ва ҳам ба дигарон нишон диҳад, пас ин султони бошукӯҳ низ хост намоишгоҳе барпо кунад ва осорашро ба намоиш гӯзорад ва ба ин тариқ  таваҷҷӯҳи раъияташро ба шукуҳи салтанат, шуълаи сарват, шигифтҳои санъат ва ғароиби маърифаташ ҷалб кунад, ва ҷамолу камоли маънавиашро ба “ду ваҷҳ” мушоҳида намояд:

Ваҷҳи аввал: Шахсан бо нигоҳи жарфандеши худ бубинад.

Дигарӣ: Бо нигоҳи дигарон бингарад.