Якум: Адои шукри куллӣ ва санҷидани неъматҳои захиршуда дар анборҳои раҳмати илоҳӣ ба василаи тарозуҳои ҳавосси мавҷуд дар вуҷудат.

 

 Дуюм: Кушодани ганҷҳои пинҳони асмои қудсии илоҳӣ ба василаи калиди ҷиҳозоти ниҳодашуда дар фитратат ва шинохти Зоти ақдаси Парвардигор тавассути он исмҳо.

 

 Сеюм: Огоҳона, санъатҳои ғарибу ҷилваҳои латиферо, ки асмои илоҳӣ ба тӯ додашуда, дар намоишгоҳи дунё ва дар назари махлуқот изҳор куниву дар зиндагиат ба намоиш гузорӣ.