Ин устоди муъарриф, ки дар ҳар яке аз табақот ҳамкороне дорад, худ дар бузургтарин табақаи қаср ва дар байни шогирдонаш истода  хитоб ба ҳамаи тамошогарон карда чунин гӯфт:

Эй аҳолӣ! Мавлои мо, соҳиби ин қаср, бо сохтани ин қаср ва бо намоиши чизҳои он, мехоҳад худро ба шумо муъаррифӣ кунад, шумо низ ӯро бишиносед  онгӯна, ки шоиста аст, барои шинохтани ӯ кушишу талош кунед.

Ӯ бо ин зиннатҳо мехоҳад, худро маҳбуби шумо кунад, шумо низ корҳояшро таҳсину санъаташро қадрдонӣ кунед, ба ин васила худро маҳбуби ӯ гардонед.

Ҳам бо ин ҳама неъматҳо ва эҳсонҳое, ки ба шумо арзонӣ дошта нишон медиҳад, ки дӯстатон дорад, шумо низ бо итоат аз фармудаҳояш, муҳаббати худро нисбат ба ӯ изҳор доред ва бо ин ҳама икрому инъом, ошкору аён, ва шафқату раҳматашро ба шумо иброз медорад, шумо низ бо шукру сипос, ҳурмати ӯро нигоҳ доред.

 

Ӯ мехоҳад бо осору камолаш дар ин маснуоти зебо, ҷамоли маънавиашро изҳор кунад, пас шумо ҳам шавқу рағбати худро барои мулоқоту дидор ва касби ризоияташ нишон диҳед.

Ӯ бо гӯзоштани муҳри махсус, хотами махсус ва турраи қобили тақлидаш рӯйи тамоми маснуъот ва зиннатҳое, ки дидем мехоҳад бо шумо бигӯяд, ки ҳамаи он чиро дидед, махсуси худи ӯст, ва аз осори дасти худи ӯ буда ва яккаву танҳо ва мустақиллу мунфарид аст ва шумо ҳам ӯро ягона ва якто, бе мислу монанд ва беҳамто бидонед ва бовар кунед.