Акнун ҳар оқиле медонад, ки аз додани ин ҳама пул танҳо хариди либос нест, чун хизматгори якумӣ фақат бо бист сиккаи он аз беҳтарин навъи либос харида буд, акнун агар ин хизматгори дуюм бо беэътиноӣ ёддоштеро ки ба ӯ додашудааст нахонад ва бо тақлид аз хизматгори якум тамоми сармояашро ба дӯкондор бидиҳаду аз кӯҳнатарин ва  панҷоҳ мартаба либоси арзонтар  нисбат ба дусти худ бихарад, ин кори ӯ бениҳоят аҳмақист, аз ин ҷиҳат бояд башиддат танбеҳ шавад.

 

 Эй нафсам ва эй дӯстам! Ақлатонро ба саратон гиред ва сармояи умр ва истеъдоди ҳаётиатонро ҳамчун ҳайвон, ҳатто баттар аз ҳайвон барои ин ҳаёти фонӣ ва лаззати моддӣ сарф накунед. Дар ғайри ин сурат бо ин, ки сармояи фаротар аз ҳайвон доред, ба мақоми поинтар аз пастарин ҳайвонот хоҳед расид.

 

 Эй нафси ғофилам! Агар мехоҳӣ гӯшае аз ҳадафҳо, ҳам аз моҳияти ҳаёт, ҳам аз сурати ҳаёт, ҳам аз сирри ҳақиқатҳои ҳаётат ва роҳи расидан ба камоли саъодати ҳаётро як дараҷаи онро бифаҳмӣ:

Бидон, ки ҳадафҳои ҳаёти ту дар нӯҳ амр ба тартиби зер хулоса шудааст: