Чорум: Эълони бандагиат дар даргоҳи Рубубияти Парвардигор бо забони ҳолу қол кирдору гуфтор.

 

 Панҷум: Бале, ҳамон гуна ки сарбоз дар муносибатҳои расмӣ медалҳоро пӯшида, ки подшоҳ ба ӯ додааст ва бо убур аз пеши чашми подшоҳ осори латиф ва таваҷҷуҳи ӯро нисбат ба худ нишон медиҳад, ту низ бо таҳаммул ва ороста шудан ба латоифи инсонӣ, ки ҷилваҳои асмои илоҳӣ ба тӯ додааст дар назари дидагони Шоҳиди Азалӣ ва ба унвони гувоҳӣ, Шоҳиди Азалӣ худро ба намоиш бигӯзорӣ.

 

 Шашум: Бо тафаккуру мушоҳидаи огоҳонаву басирона ба таҳиёти завилҳаёт ба холиқи якто, ки онро тазоҳуроти ҳаётия меноманд ва ҳам ба тасбиҳҳоти онҳо ба Сонеъи Воҳид, ки онро рамзҳои ҳаётия меноманд, ва ҳам ба арзи убудияти онҳо ба Воҳибу-л ҳаёт, ки онро ғоятҳои ҳаётӣ меноманд, арзи убудияти завилҳаётро ба пешгоҳи Худованд тақдим карда ва шаҳодат бидиҳем.