Устод низ, суханронии чанд лаҳза қаблашро ба онҳо ёдоварӣ намуд, онҳо низ бо дилу ҷон шуниданду пазирӯфтанд, ва баҳраи шоёне аз он бурданд, ва дар доираи марзиёти подшоҳ ҳаракат карданд. Дар натиҷа подшоҳ аз кирдору рафтори муаддабонаи онҳо хурсанд шуду изҳори ризоият намуд, ва онҳоро ба қасри махсусу олӣ ва васф нопазири дигаре фаро хонд, ва машмули эҳсонҳои худ кард, ба гунае, ки лоиқи ҷавводи малик ва шоистаи аҳолии фармонбардор ва муносиби меҳмонони муаддабу зебанда, чунин қасри бо шукӯҳе буд, ононро гиромӣ дошт ва ба саодати доимӣ муфтахар гардонид.

 

Гурӯҳи дуюм: Онҳое, ки чун ақлҳояшон фосид, ва қалбҳояшон бенур буд, вақте по ба қаср гӯзоштанд, мағлуби хоҳишоти нафсонӣ шуданд ва танҳо ба ғизоҳои лазиз таваҷҷӯҳ карданд, аз дидани тамоми он маҳосин чашм пушиданд ва ба иршоду раҳнамоиҳои устоду шогирдонаш гӯш фаро надоданд, ҳамчун ҳайвон хурданд ва ба хоби ғафлат фурӯ рафтанд ва бар асари зиёдаравӣ дар хурдану нушиданиҳои мамнӯъе, ки барои ҳадафҳои хоссе дар онҷо гузошта шуда буд масту мадҳуш шуданд, ва бо фарёду арбадаашон сабаби азияту озори меҳмонони дигар шуданд, дар баробари қонунҳои зишаън густохию беодобӣ намуданд, аз ин сабаб сарбозони подшоҳ, онҳоро дастгир ва ба зиндоне, ки сазовори чунин густохӣ буд, равона кард.