Утоқҳои он қаср, ҳаждаҳ ҳазори оламаст, ки ҳар кадом муносиб бо шароите, ки дорад зиннату танзим шудаанд. Ва санъатҳои аҷиби даруни қаср мӯъҷизоти қудрати Илоҳӣ ҳастанд, дар ин олам намоёнанд. Ва ғизоҳои лазизе, ки дар қаср мушоҳида намудӣ ба раҳмати Илоҳӣ дар ин олам ишора дорад аз қабили: Самараҳои хориқулоддае, ки ошкоро дар тамоми фаслҳои сол хоссатан дар тобистон хусусан дар боғҳои Барла дида мешавад. Ошпазхона ва он шуълаҳо низ сатҳи замин аст, ки қалбаш пур аз оташ мебошад.

 

Ҷавоҳироте, ки дар ганҷҳои пинҳон дида будӣ, дар воқеъ таҷаллиёти асмои қудсияи Илоҳист ва нақшу нигорҳое, ки ҳамроҳ бо рамзҳои он дидем маснуъоти зиннатбахши ин ҳастӣ ва нақшҳои мавзуни қалами қудрати илоҳист, ки ба номҳои Қадири Зулҷалол далолат доранд. Он устод, Сайидамон ҳазрати Муҳаммад (с.а.в) аст, ҳамкоронаш Анбиё алайҳимуссалом мебошанд ва шогирдонаш Авлиёву Асфиё ҳастанд. Хизматгузори он подшоҳ ба малоика алайҳимуссалом ишора дорад, ки дар ин оламанд. Манзур аз ононе, ки ба тафриҳу меҳмонӣ даъват шуда буданд, ҳам ба ҷинну инс ва ҳам ба ҳайвоноте, ки дар ин мусофирхонаи дунё дар хизмати инсон ҳастанд, ишора дорад.

 

Аммо он ду гурӯҳ: Гурӯҳи якум аҳли имонанд, ки шогирдони остони Қуръони Ҳакиме ҳастанд, ки муфассири оёти китоби коинот аст. Ва гурӯҳи дигар аҳли куфру саркашанд, ки бо пайравӣ аз нафсу шайтон ҷӯз зоҳири зиндагонии дунё дигар чизеро нашинохтанд, онҳо ҳамчун ҳайвонот балки аз онҳо пастар, карон, гунгон ва гурӯҳи золлин (гумроҳон) ҳастанд.