Якум: Ҳисси дарку шуури шукргузориро дар баробари якояки неъматҳои мунъими ҳақиқие, ки ба шумо медиҳад, шумо низ бояд онро эҳсос намуда ва ба шукру ибодаташ бипардозед.

 

Дуюм: Заминаи маърифату шинохти як ба як ҳамаи анвоъи таҷаллиёти асмои қудсияи илоҳиро ки дар ҳастӣ таҷаллӣ намудааст, тавассути он таҷҳизот барои шумо фароҳам кунаду бифаҳмонад, ва бичашонад. Шумо низ бо чашидани он кушиш ба шинохти он исмҳо кунеду имон биёред.

 

Аз ин рӯ бар мабнои ин ду асос, камолоти инсонӣ нашъу нумо карда ва ба василаи он аст, ки инсон, инсони ҳақиқӣ мешавад.

 

Акнун мисоле меорем то бидони, ки имконоту ҳиссиёт ва аъзои додашуда ба инсон ба хилофи ҳайвон, фақат барои ба даст овардани ҳаёти дунявӣ нест.

 

 Масалан, як зот ба яке аз хизматгоронаш бист сикка тилло дод, то аз навъи порчаи махсусе як либос барои худ бихарад, хизматгор рафту либосе аз ҷинси аъло барои худ хариду пӯшид ва боз ҳамин зот ба хизматгори дигараш ҳазор сикка дод, ва қоғази ёддоштеро низ дар кисааш гузошту ӯро барои тиҷорат фиристод.