Сипас бо муҳаббату ишқ нисбат ба Парвардигори раҳмоне ки бо меваҳои зебои раҳматаш худро маҳбуб намуда истиқбол карданду гӯфтанд:  إِيَّاكَ نَعْبُدُ وَإِيَّاكَ نَسْتَعِينُ

 

Сипас бо ибрози шукру сипос ба пешвози Мунъими Ҳақиқӣ рафтанд, ки бо додани неъматҳои покаш лутфу марҳаматашро изҳор мекунад ва бо ҳузур дар остони ӯ чунин ба ниёзаш пардохтанд: وَبِحَمْدِكَسُبْحَانَكَ “Чигуна метавонем аз уҳдаи шукрат бароем?! Ту сазовори чунон шукре ҳастӣ, ки ҳамаи эҳсонҳои парокандаат дар гетӣ бо забони ҳоли худ, шукру санои туро мегуянд, тамоми неъматҳои мавҷуда дар бозори олам ва парокандаи рӯйи замин бо эълони номаҳои худ тӯро меситоянд, ва меваҳои мунзами раҳмату меваҳои мавзуни неъматат бо гувоҳиву шаҳодат ба ҷуду карамат шукру сипоси туро дар назари махлуқот ба ҷо меоваранд”.